АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ЗАН - МОДАР МУҶАССАМАИ ГӮЁИ ЗИНДАГӢ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

   «Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рӯҳу ҷони инсон мебошад».
Эмомалӣ Раҳмон
   Модар гаҳвораву оламро бо ҳам мепайвандад, рисолати пурзаҳмати парвариши наслҳоро ба дӯш кашида, бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд.
   Баробари ин, дар сари гаҳвораи тифлаш шабзиндадорӣ карда, камолоти ӯро интизор мешавад ва тамоми ҳастиашро ба парвариши ҷигарбандаш сарф намуда, аз роҳи сидқ мададгораш мегардад. Ин рисолати бузурги инсонӣ мақому мартабаи модарро боз ҳам муқаддасу беназир гардонидааст. Ба қадри шири поки модар нарасидан, заҳмати бедорхобиҳои ӯро фаромӯш кардан, ба падару модар ситам кардан ва дар пириву дармондагӣ ба қадри ранҷу азоби онҳо нарасидан бузургтарин гуноҳ аст. Мо фарзандон агар тамоми умр ба модари худ хизмат кунем, бо ранҷи шабзиндадорӣ ва заҳмати ӯ ба хотири тарбияву ба камол расонидани мо баробар шуда наметавонад. Аз ин рӯ, мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин офаридаи беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд. Халқи тоҷик низ бо ҳамин сабаб ҷашни фархундаи Рӯзи модарро бо фарорасии баҳор ва Соли нави аҷдодӣ Наврӯзи хуҷастапай мутобиқ карда, ин ду рамзи некиву саодатро пайи ҳам таҷлил менамоем. Зеро меҳру муҳаббат ва файзу сафои модарон бо айёми эҳё шудани табиат таҷассумгари идомаи ҳаёт ва фардои нек мебошад. Зан – модар худ гул ва баҳори зиндагии башар аст. Дар ин маврид яке аз бузургони гузашта барҳақ фармудааст: “Ҳеҷ гуле атр, ранг ва зебоии модарро надорад”.    Дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди халқ, давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон мебошад, зеро нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ободӣ ва пешрафти Тоҷикистони азиз парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст. Модарону хоҳаро, тараннумгари зебоӣ, нигаҳдорандаи меҳру муҳаббат ва идомабахши анъанаҳои неки гузаштагони буда, дар замири фарзандон меҳри Ватан, падару модар, эҳтироми калонсолон ва арҷ гузоштан ба инсониятро ҷой медиҳед ва онҳоро чун боғбони насли одамӣ парвариш менамоед. Шоир низ бо дарназардошти ҳамин фазилатҳои модарон гуфтааст:
   Файзи ҳастӣ аз вуҷуди меҳрубони модар аст,
   Асли мо, ному нишони мо забони модар аст.
   Суруди аввалине, ки ба гӯши фарзанд расида, ӯро хоби роҳат мебахшад, аллаи рӯҳнавози модар аст. Меҳри модари мушфиқу ғамхор барои ҳар як фарзанд аз оғӯши гаҳвора ва айёми тифлӣ оғоз ёфта, ӯро то лаҳзаҳои вопасини умр раҳнамоӣ мекунад ва мадору қувват медиҳад. Яъне бӯи биҳиштии модар ва лаззати шири поку сафедаш аз машоми фарзанд ҳаргиз зудуда намегардад. Расули Акрам мефармоянд, «биҳишт зери қадами модарон аст». Аз ин бармеояд, ки Рӯзи модар муборактарин рӯз аст ва хизмати фарзанд дар қиёси ранҷу заҳматҳои модар фақат қатрае аз баҳрро мемонад. Дар ақсои олам низ сатҳи фарҳанги ҳар қавму миллатро вобаста ба муносибати он ба занону модарон муайян менамоянд.
   Имрӯз бо қаноатмандӣ метавонем изҳор намоем, ки занону модарони мо дар ҷомеа мақому мавқеи сазовор доранд ва арзишҳои оиладорӣ, инсонӣ ва миллиро дар миёни фарзандони худ ва ҷамъият бо масъулияти баланд тарғиб менамоянд.
Дар урфият мегӯянд, ки зани соҳибмаърифату боиффат гавҳар ва зани ҳунарманду кадбонуи сариштакор хазина аст. Ба ин маънӣ, занону модарони мо хазинаи бебаҳое мебошанд, ки тамоми қувваи худро барои тарбияи фарзандони соҳибмаърифату ватандӯст, дорои ахлоқи ҳамида ва ба ҳаёти мустақилона омода намудани онҳо сарф месозанд.
  Модари тоҷик ҳазорон нафар фарзандони бонангу номус, ҷасуру ватандӯст, абармардони хирадманду фарзона, сиёсатмадорони номдору фидокор ва номбардори миллатро ба дунё оварда, дар оғӯши пурмеҳри худ ба камол расонидааст ва онҳоро дар роҳи хизмат ба халқу Ватан раҳнамоӣ кардааст. Агар ободиву суботи ҷомеаро осоишу оромии ҳар як оила таъмин намояд, дар навбати худ, ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифат ва тандурустии зан – модар сарчашма мегирад.
   Таҷрибаи ҳаёт ва таърихи башарият собит месозад, ки дар ҳар кишваре, ки ба модарону бонувон арҷи бештар мегузорад, аҳолии он осудаву пешрафта мебошад. Дар воқеъ, ба шарофати модар ҳаёт дар рӯи замин бардавому пойдор, сулҳу субот ҳукмрон ва маҳз ӯ олитарин муқаддасоти башарӣ мебошад.Модар бароямон натанҳо азизтарин шахс, балки гаронбаҳотарин сарвати миллату давлатамон ба шумор меравад. Дили тавонои модар муҳаббатро мепарварад, рӯҳафтодаву дилшикастагонро умед мебахшад, ба ҳар кадоми мо боли парвоз ва нерӯи зиндагӣ ато мекунад. Бинобар ин, мо вазифадорем, ки қадру манзалати занону модаронро ба таври шоиста ба ҷо орем ва дар хотир дошта бошем, ки сарчашмаи бузургии кулли бузургони ҷаҳон модар аст.
   Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи дастгирии занону духтарон аҳамияти аввалиндараҷа дода, ин иқдомро ба яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии давлат табдил додааст. Дар Паёми имсолаи худ Асосгузори сулҳу вадати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо дарназардошти хизматҳои арзандаи занону духтарони мамлакат дар рушду инкишофи ҷомеа якчанд пешниҳод ироа кардид, ки ҳадафи онҳо низ ҳимояи мақоми ин табақаи фаъоли иҷтимоии кишвар мебошад. Аввалан, таъкид гардид, ки Ҳукумати кишвар ва ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ ҷиҳати муқаррар намудани квота ва имтиёзҳо дар зинаҳои гуногун барои занону духтарон чораҷӯӣ намоянд. Ин иқдом имкон медиҳад, ки аз сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот то зинаҳои болоӣ духтарону бонувони бомаърифат, фаъолу ташкилотчӣ ва пешқадаму ташаббускор ба кор ҷалб карда шаванд ва ба халқу Ватан хизмат намоянд.
   Дуюм, бо мақсади ҷалб кардани занону духтарон ба кор дар муассисаҳои низоми бонкӣ, хадамоти алоқа, соҳаи маориф ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ ба мақомоти марказӣ ва маҳаллии давлатӣ дастур дода шуд, ки минбаъд ба кор ҷавондухтарону бонувони болаёқату соҳибкасбро даъват намоянд, то дар ин сохторҳо низому тартиботи кор боз ҳам тақвият ёбад.Ин пешниҳодҳо ба хотири он аст, ки мо дар оянда аз нерӯи созандаи бонувону духтарон боз ҳам бештар истифода бурда, ба амалӣ гардидани ташаббусҳои онҳо мусоидат намоем.
   Аз солҳои аввали истиқлолият масъалаи беҳбуд бахшидан ба шароити кору зиндагии занон ҳамеша дар мадди назари Роҳбари давлат қарор дошт ва бо дарназардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву суннатӣ дар ин ҷода беш аз 20 санади муҳими давлатӣ қабул гардид. Аз ҷумла, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи миллии тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар солҳои 1999-2005» (аз 10 сентябри соли 1998, №363), «Дар бораи барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010» (аз 8 августи соли 2001, №391) ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» (№5 аз декабри соли 1999) ба тасвиб расиданд.
   Ҳамчунин, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2010 «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» тасдиқ гардид, ки барои рӯи кор омадани даҳҳо санади дигари марбут ба беҳдошти вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву маънавии хонаводаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, омода кардани кадрҳои боистеъдод аз ҳисоби духтарон ва беҳтар намудани вазъи сиҳатии модару кӯдак замина гузошт. Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» шумораи зиёди занон ба вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешбарӣ шуданд. Имрӯз шумораи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занон 13 ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 нафарро ташкил медиҳад.
   Имрӯз теъдоди ҳарчи бештари занон ба вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаро гирифта мешаванд. Масалан, агар соли 1995 дар мақомоти марказӣ 123 нафар занон дар вазифаи роҳбарӣ фаъолият дошта бошанд, Шумораи умумии занон дар хизмати давлатӣ имрӯз 3 612 нафарро (23,4 %) ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ 1 975, дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 1 637 нафар занон фаъолият доранд. Ҳиссаи занон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз интихоботи соли 2015 11 нафар ва дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 нафарро ташкил медод. Нишондиҳандаҳои иштироки занон дар мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ низ беҳтар гардидааст. Теъдоди занон - вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ имрӯз аз 517 нафар иборат аст.
   Соли 2017 дар мансабҳои роҳбарикунандаи вазорату идораҳо занон - 15,5% ва дар мансаби муовинони раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 92,3%-ро ташкил додаанд. Шумораи занон - раисони шаҳру ноҳияҳо иборат аз 2 нафар мебошад.
   Ҳукумати ҷумҳурӣ ба фаъолияти самараноки меҳнатӣ ҷалб кардани духтарон ва занон диққати махсус медиҳад. Ба хотири рушди соҳибкории хурду миёна ва ташкили ҷойҳои нави корӣ барои занону духтарон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2006 ҳар сол 20 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо мешавад. Баъди қабули Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 сентябри соли 2008 «Дар бораи таъсиси грантҳои президентӣ оид ба фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2008 – 2010» барои занони соҳибкор имкониятҳои бештар фароҳам омад. Натиҷаи лоиҳаҳои татбиқшуда буд, ки занони тоҷик дар таъсиси коргоҳҳои хурду бузург ҷиҳати пешрафти соҳаи кишоварзӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ - қолинбофӣ, сабадбофӣ, кашидадӯзӣ, дӯзандагӣ имрӯз фаъолона ширкат меварзанд ва дар ташаккули иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми сазовор мегузоранд.
   Соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардида буд, ки он самараи хуб ба бор овард. Сафари сайёҳони хориҷӣ ба кишвари биҳиштосои мо ба маротиб афзуда теъдоди онҳо беш аз 200 ҳазорро ташкил дод. Ин амр барои рушди сайёҳи, таъсис ва бунёди мавзеъҳои нави сайёҳӣ, тармим ва таҷдиди инфрасохтори минтақаҳои кишвар, ободу зебо гардидани шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ, дар айни замон барои эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ такони ҷиддӣ бахшид. Занон ва модарони мо дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ нақши созанда дошта, ба рушди анъанаҳои мардумӣ саҳми арзанда мегузоранд.
   Ҳукумати ҷумҳурӣ ба тарбия ва таълими духтарон дар зинаҳои гуногуни муассисаҳои таълимӣ диққати ҷиддӣ медиҳад.Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2001 «Дар бораи ба низом даровардани қабули духтарон ба мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи квотаи Президентӣ барои солҳои 2001-2005» ҷалби духтарони ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ба таҳсил пешбинӣ гардид. Мутобиқи ин қарор то ин дам ҳазорҳо нафар духтарони лаёқатманди куҳистон ба таҳсил ба макотиби олии кишвар ҷалб карда шудаанд. Аз соли 1997 то соли 2017 тибқи квотаи президентӣ беш аз 10-ҳаз. нафар духтарони деҳоти дурдасти Ҷумҳурӣ ба тариқи сӯҳбат дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
   Дар давоми бисту ҳафт соли истиқлолият муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбиро қариб 360 ҳазор нафар духтарон хатм карда, ҳоло дар мактабҳои олӣ, коллеҷу литсейҳои касбӣ 115 ҳазор нафар ва дар муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ қариб 5 ҳазор нафар духтарон таҳсил мекунанд.
   Яке аз армуғонҳои истиқлолияти кишвар барои донишҷӯдухтарони ятиму бепарастор бо дастгирии Президенти кишвар таъсис додани Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» буд, ки имрӯз дар он зиёда аз 100 нафар духтарон иқомат доранд.
   Ба хотири рушди соҳибкории хурду миёна дар байни занону духтарон ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, тақвияти ҳамкории иҷтимоӣ байни ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва барномаҳои омӯзишии онҳо барои занону духтарон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2006 то соли 2010 ҳамасола 20 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз он 10 грант ба маблағи 10 000 сомонӣ ва 10 грант ба маблағи 5 000 сомонӣ) ҷудо гардид. Ин иқдом барои занони соҳибкор имкониятҳои бештар фароҳам овард. Бо мақсади мусоидат ба рушди фаъолияти соҳибкории занон Қарори нави Ҳукумати мамлакат “Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2016-2020” қабул шудааст. Дар ин асос тайи се сол тавассути сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ қариб ба 6000 нафар занон дар ҳаҷми 18 миллион сомонӣ ёрии молиявӣ пардохта шудааст.
   Барои духтарону занони хонанишин дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар марказҳои касбомӯзӣ ташкил шуда истодаанд. Ҳоло дар муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои таълими калонсолон беш аз 21 ҳазор нафар ба омӯзиши ҳунарҳои дастӣ ва корҳои хонагӣ машғул буда, касби барояшон мувофиқро аз худ карда истодаанд.
   Қабули Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодакунандаи ҳолати кунунӣ ва дурнамои сиёсати давлат дар самти таҳкими мақоми оила мебошад. Асоси ин ҳуҷҷати муҳимро, ки оила дар он ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ ва макони тарбияи фарзанд эътироф мегардад, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, солимии занон ва танзими оила ташкил медиҳад. Бо ин мақсад, дар низоми таҳсилоти миёнаи умумии кишвар омӯзиши фанни «Маърифати оиладорӣ» - ба роҳ монда шудаааст, ки омӯзгорон дар доираи он ба хонандагон масъалаҳои ташаккулу таҳкими оиладорӣ, эҳтирому муносибати ҳамдигарӣ ва дар маҷмӯъ, фарҳанги хонаводагиро меомӯзанд.
   Аҳли ҷомеа бояд дар самти баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва пешгирии вайроншавии оилаҳо чораҳои доимии тарбиявӣ андешанд. Бовар дорем, ки бо кӯшишу талошҳои муштарак мо метавонем ба ҷавонон дар интихоби роҳи дурусти зиндагӣ кумак расонем ва риояи анъанаҳои миллии оиладориву солимии ҷомеаро таъмин намоем.
   Яке аз омилҳои муҳимми пешрафти ҷомеа тарбияи дурусти фарзанд ба шумор меравад. Дар ин амри хайр нақши оила ҳамчун ниҳоди боэътимод ниҳоят муҳим мебошад. Агар оила ба тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро солиму солеҳ ба воя расонад ва дар ташаккули шахсияташон дар хонавода аҳамияти зарурӣ диҳад, чунин фарзанд дар ҷомеа ҳатман мавқеи худро пайдо карда, боғи падару модар мегардад ва нафъаш ба падару модар ва кишвар зиёдтар мерасад.
   Бузургони гузаштаи мо, ба мисли устод Рӯдакӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Низомӣ, Саъдӣ, Имоми Аъзам, Унсуралмаолии Кайковус, Абдураҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Дониш ва дигарон оид ба тарбияи фарзанд ва нақши оила рисолаву осори зиёде таълиф намудаанд, ки дар онҳо доир ба мақоми падару модар, интихоби ҳамсар, одобу маърифати зан ва монанди инҳо дастуру насиҳатҳои бисёр арзишманд мавҷуданд. Аз ин рӯ даъват менамоям, ки модарони худро дӯст доред, нисбат ба онҳо меҳрубону ғамхор бошед, иззаташонро ба ҷо оварда, ҳаргиз озорашон нарасонед ва нигоҳи пур аз меҳру шафқатро аз онҳо дареғ надоред. Қарзи фарзандии мо дар назди шахсияти мубораку биҳиштии модарон ҳамин аст.
   Аҳли ҷомеа ва фарзандони худро ҷиҳати ҳифзи истиқлолияту озодӣ, амнияти давлатӣ, суботи сиёсӣ ва таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ раҳнамоӣ карда, барои бунёди давлати пешрафтаву соҳибтамаддун ва дунявию демократӣ талош варзем ва номбардори ин Ватан ва хоки муқаддаси ниёгони хеш бошем.
   Бо ҳамин умеду орзуҳои нек, модарону бонувони арҷмандро бори дигар ба муносибати ҷашни фархунда - Рӯзи модар табрик гуфта, ба ҳар кадоми онҳо тандурустиву саодатмандӣ ва дар ҳаёти оилавиашон меҳру муҳаббат, бахту иқболи нек ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоем.
Ид муборак бошад, модарону хоҳарони азиз!

Ҳ
абибҷон МИРЗОЕВ,
ходими илмии Институт

БОЗГАШТ