АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ЗАН –МОДАР МУАЛЛИМИ ЗИНДАГИСТ

Муаллиф: Абдурахманова Сурайё

Расм

ЗАН –МОДАР МУАЛЛИМИ ЗИНДАГИСТ

“Зан ҳамчун шахси фарҳангсозу тарбияткунанда агар худ аз воқеияти ҳаёт ва ҷомеа огоҳу бохабар бошад, фарзандон, аҳли оила ва пайвандони худро тарзе тарбият мекунад, ки онҳо ба самти ҷомеаи пешрафта қадам ниҳанд”.

Эмомалӣ Раҳмон

Аҳли илму адаб, олимону сиёсатмадорони номӣ, мутафаккирони бузург, уламо ва дигар ходимони барҷастаи давлатӣ ба Зан-Модар ва мақоми ӯ дар ҷомеа баҳои баланд додаанд. Васфи Модар дар қалби ҳар як фард, новобаста аз мақоми ӯ, достони нотамомест. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз менамоянд, ки “Дили тавонои Модар муҳаббатро мепарварад, рӯҳафтодаву дилшикастагонро умед мебахшад, ба ҳар кадоми мо болу парвоз ва нерӯи зиндагӣ ато мекунад. Дар қалби бузурги Модар ҷаҳон ҷой мегирад”.

Адиби олмонӣ Иоганн Кристоф Фридрих Шиллер қайд менамояд, ки: “Ҳар куҷо марде ёфт шуд, ки ба мақоми баланд расидааст, яқинан зани покдомане ӯро ҳамраҳӣ кардааст”.

Ба андешаи нависандаи инглис Ҷорҷ Уэллс Ҳерберт гуфтааст: “Як Модари хуб ба сад устод ва омӯзгор меарзад”.

Чунин ситоиш аз ҷониби нависандаи фаронсавӣ Оноре де Балзак низ ба қалам дода шудааст: “Қалби Модар ба андозае густарда аст, ки ҳамеша метавонед бахшиш ва гузаштаро дар он ёбед”.

Дар ситоиши зебоии зан – модар Уруди Бузург мефармояд: “Барои модар вожае зеботар аз фидокор натавон ёфт”.

Композитори фаронсавӣ Андре Эрнест Модест Гретрӣ дар эҷодаш овардааст, ки “Яке аз бузургтарин офаридаҳои Худо қалби Модар аст”.

Императори фаронсавӣ Напалеон Бонапарт бузургии Модарро чунин мадҳ кардааст: “Модар бо як даст гавҳора ва бо дасти дигар дунёро такон медиҳад. Мо барои озодии миллату кишвар, пеш аз ҳама ба модарон ниёз дорем”.

Зан дар гуфтаҳои адиби Лаҳистон Бернад Митскевич чунин васф шудааст: “Соати зиндагӣ дар калимаи “зан” нуҳуфтааст”.

Аммо на дар ҳар як давру замон Занро чунин ситоиш кардаанд. Дар тӯли мавҷудияти инсоният ва айёми гузашти асрҳо нисбати Зан зулму ситам ва беадолатиҳо низ раво дида шудааст. Агар гоҳе ӯро ситоиш намуда, мақоми ӯро дар арши аъло нишон додаанд, гоҳе бешафқатӣ нишон дода шудааст, ки ин дар саҳифаҳои таърих дарҷ гаштааст. Аммо бо вуҷуди ин ҳама Зан-Модар тавонистааст, ки тавлидгари меҳр, бахшандаи ҳаёти башар ва тарбиятгари насли наврас гардад.

Модар воқеан, нахустустоди башарият аст ва фарзанд сухани аввалинро аз ӯ меомӯзад. Ҳар модаре, ки соҳиби саводу дониш ва таҷрибаву ҷаҳонбинӣ мебошад, фарзанди ӯ ҳам босаводу хушахлоқ ба воя мерасад. Ҳатто сатҳи забондонии фарзанд аз сатҳи забондонии модар вобаста аст, зеро халқ беҳуда нагуфтааст, ки «Нотиқ он кас шуд, ки аз модар шунид».

Оре! Модар сароғози ҳастии башар ва идомабахши ҳаёти инсоният буда, қалби ӯ пур аз муҳаббат ва лутфу меҳрубонӣ мебошад, ки нишонае аз бузургии Модар аст. Вай чашмаи шавқату саховат, муқаддимаи ҳаловату осоиш аст. Бузургии Модарро ба дунё шабоҳат медиҳанд. Албатта, Модар шахсест, тавонову пурқудрат, фариштаи ситоишу ниёиш, олиҳаи меҳру навозиш. Маҳз ӯ бо дили бузургаш метавонад ҷаҳонеро обод созад.

Боиси ифтихор аст, ки занону бонувон дар ҷомеаи имрӯза, нақши муҳиме мебозанд ва барои пешрафту пешбурди ҳаёти навин саҳми арзандае доранд. Бо вуҷуди ин, қадрияти мақому манзалати Зан-Модар ва нақши ӯ дар ҷомеа, мунтазам зери таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромаду суханронии худ дар бораи сиёсати занон ақидаронӣ менамоянд.

Нақши бонувону занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ягона хеле бузург аст. Бинобар ин, башарият имрӯз ба ҷомеае арҷ мегузорад, ки мақому манзалати занро гиромӣ ва пос дорад. Ҳифзи ҳуқуқи инсон, ки ҳуқуқи занҳо низ ҷузъи дахлнопазирии он маҳсуб мешавад, хислати муҳим пайдо намуда, ҳуқуқи он шакл, васила ва афзори зоҳирсозандаи инсонро инъикос менамояд. Аз ин сабаб, Рӯзи Зан-Модарро барои ҳар як модари тоҷику тоҷикистонӣ табрик намуда, осмони софу беғубор, шодиву сурури баҳорӣ, эҷоду навгониҳо дар ҳаёту кор ва самти оилаву фарзандон таманно дорем.

Тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ қайд карда буданд: “Модар гавҳораву оламро бо ҳам мепайвандад, рисолати пурзаҳмати парвариши наслҳоро ба дӯш кашида, бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоишии ҷомеа талош менамояд”.

Занон ва бонувон дар тамоми самтҳои фаъолияти давлатӣ ҷой дошта, барои дастгирии онҳо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат як қатор санаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба тасвиб расидааст, ки ин ҳам далели эҳтиром ва арҷгузорӣ нисбати тавоноии занону бонувон мебошад.

Зан – Модар муаллими зиндагист, чунки танҳо муаллим метавонад бо тарбияи дурусти худ инсонро, насли наврасро ба роҳи дуруст ҳидоят намояд. Маърифату адабро биомӯзад. Фазилатҳои хуби инсониро дар замири қалби ҳар як фард ҷой намояд. Аз адолату ҳақиқат сабақ омӯхта ваҳдату ягонагиро худшиносиву меҳанпарастиро ба ҷисму рӯҳи мо ҷой намояд.

Зиҳӣ, Зан-Модар!

Ҷаҳонсозу ҷаҳонороӣ, эй зан,

Сутуни гунбади миноӣ, эй зан.

На танҳо қалъаи дилҳоӣ, эй зан,

Ки ҳатто қалъаи дунёӣ, эй зан.

 

Абдурахманова Сурайё Абдулхатхоновна,

унвонҷӯи Институти омӯзиши масъалаҳои

давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи

миллии илмҳои Тоҷикистон

БОЗГАШТ