АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Зан Модар-сарчашмаи ҳаёт

Муаллиф: Файзуллаева Нигора

Расм

 “Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст. Мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардем. Бовар дорам, ки занон ва модарону бонувону духтарони арҷманди мо минбаъд низ дар риояи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар гардидани зиндагии ҳар як оилаи мамлакат нақши арзишманди худро мегузоранд”. Аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (28.12.2023)

Зан-модар ягона фариштаи рӯи замин мебошад, ки зиндагӣ аз ӯ сарчашма мегирад. Ҳурмати эҳтироми модар, ба қадри заҳматҳои содиқонаи модар расидан ва донистани қадру қиммати модар вазифа ва қарзи ҳар як фарзанд ба шумор меравад. Ақлу фаросат, хираду бурдборӣ, диловариву қаҳрамонӣ, хушқалбӣ, софдиливу меҳрубонӣ, хушзабонӣ яке аз хислатҳои накӯи модари тоҷик мебошад.

Калимаи “модар”, аз панҷ ҳарф иборат буда, ифодагари панҷ унсури шахсияти беҳамтои ӯ – Меҳр, Одамӣ, Дилсӯзӣ, Адолат ва Ростӣ мебошад. Воқеан модар мисли Замину Осмон яктост ва меҳру муҳаббати модар мисли баҳр софу беканор буда, таҷассумгари хушбахтии фарзандон мебошад. Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад ва тавре ки бузургон гуфтаанд, бо як дасти худ гаҳвора ва бо дасти дигараш сайёраро меҷунбонад.

Қобили зикр аст, ки зан-модар ба мисли гулҳои баҳорӣ пурнакҳату муаттар, сабзу хуррам ва шодоб мебошад. Дар фасли баҳор бахшида ба занону модарон ҷашни “Рӯзи модар” таҷлил мегардад, ки ин ҳам аз шарофату бузургии модар сарчашма гирифтааст. Модар ягона шахсест, ки барои фарзанд дунёро такон медиҳад ва барои фарзанд такягоҳ мешавад.

Пас аз Худованд, зан-модар дуюмин офаридгор дар рӯи замин мебошад, ки ба инсоният ҷон мебахшад. Тамоми бузургон, шоирону қаҳрамонони гузаштаву замонро модар ба дунё овардааст. Бузургии зан-модар дар он мебошад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насли солим, тарбияткунанда, ҳифзкунандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Модар аввалин мураббӣ, омӯзгор ва тарбиятгар мебошад, ки ба фарзанд роҳ рафтан, сухан гуфтан, дуруст ғизо хӯрдан ва тамоми ҳаракатҳоро ба тифл меомӯзонад. Дар ҳақиқат оид ба бузургиҳои модар чӣ қадаре ҳам сухан гӯем кам аст, чунки модар шахсияти нотакроре мебошад, ки дили меҳрубони бузург дорад.

Якшаба он ранҷ ки модар кашид,

Бо ду ҷаҳонаш натавон бар кашид.

Дар замони Истиқлол, занону модарон дар ҳама соҳаҳо кору фаъолият намуда, дар пешбурду рушди кишвар саҳмгузор мебошанд. Ҳукумати кишвар, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуқуқ ва мақоми зан модарро дар ҷомеа баланд мебардорад ва ҳамеша занону модарон ва духтаронро дастгирӣ менамоянд. Ҳамзамон бояд гуфт, ки Сарвари давлат дар тамоми баромадҳои худ оид ба мақоми зан-модар, бузургиву манзалати модар суханрониҳо намуда, ба насли ҷавон ҳамеша муроҷиат намуда, ҳамчун падарона насиҳат менамоянд, ки ба қадри модарони азизамон расем, ҳурматашона дар вақти зинда буданашон ба ҷо орем ва дуои неки модарро ҳамеша гирем.

Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,

Дар зери қудуми модарон аст.

Қобили зикр аст, ки имрӯз зан-модари тоҷик дар баробари модару ҳамсари хуб будан дар тамоми соҳаҳо аз ҷумла: роҳбар, корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, олиму омӯзгор, муҳандис, ҳунарманду соҳибкор, табиб, ронанда, варзишгару рӯзноманигор кору фаъолият менамоянд. Аз таҳлилҳо чунин бармеояд, ки мақоми зан дар ҷомеа дар сатҳи баланд қарор дорад ва нақши занон дар фаъолиятҳои сиёсиву иҷтимоӣ махсусан дар сатҳи идоракунии давлатӣ низ назаррас мебошад.

Ишқам, умедам, хаётам туӣ, эй модари ҷон модарам,

Қалбам, садоям, навоям туӣ, эй модари ҷон модарам.

Ширин забонӣ, дармони ҷонӣ, эй модари ҷон модарам,

Танҳо бароям ту меҳрубонӣ, эй модари ҷон модарам.

Дар охир мехоҳам таманиётҳои неки худро баҳри тамоми модарони азизу меҳрубони кулли Тоҷикистон расонида, ба муносибати ҷашни “Рӯзи Модарон” табрику таҳният гуфта, барояшон тани сиҳат, умри дарози бобаракат, хонаи обод, офтоби дурахшон, оромиш дар хонавода ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорам. Бигузор ҳамеша модарони ба ҷону дил баробари мо тансиҳат бошанд ва ҳеҷ гоҳ қоматашон хам нагардад.

 

Файзуллаева Нигора

ходими илмӣ

 

БОЗГАШТ