АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Зан-модар сарчашмаи саодат, садоқат ва сипар барои мардон

Муаллиф: Раҳмонов Мирсаид

Расм

Дар Паёми солонаи худ санаи 21.12.2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оиди занону бонувон сӯханронӣ карда, нақши онҳоро дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург шумориданд.

  Дар ҳақиқат зан мавҷудест, ки вуҷудаш саршор аз муҳаббат, меҳр, каромат, шарофат ва латофат буда, барои ҳастии сайёра чун сутуни устувор бори зиндагиро таҳаммул менамояд. Ин мавҷуди олам дорои сифатҳоест, ки ҳар ҳар лаҳза инсониятро ба сӯи такомули зиндагӣ роҳнамоӣ менамояд. Ӯро метавон фариштае ҳисобид, ки боли пурмеҳру нозашро барои башарият мекушояд.

  Зебоиву латофату шарофату ҷасорати зан арзишмандтарин ва қиматтарин неъмати дунёст, ки манбаи муҳаббати беканораш махзани ганҷ барои мардон маҳсуб меёбад. Ҳамин меҳри бепоён ва зебоиву навозишҳояи ин олиҳаи ҳусн аст, мо мардонро бо муҳаббати олам ошно месозад ва моро дар канори ҳамин фариштаи замин бо олами рангинмоя ба воя мерасонаду дарси меҳру латофат, садоқату шарофату ҷасоратро меомӯзонад.

  Аз рӯзи таваллуди башарият дар васфи зан бузургон дар китобҳову мақолаҳо навиштаанду боз менависанд ва хоҳанд навишт. Ӯ чун модар мавҷуди муқаддасест, ки ҳамаи адибону донишмандон ва бузургони олам аз домани поки модар ба дунё омада, бо шири равонбахшаш ба воя расиданд. Бузургӣ ва мақоми зан–модар дар ислом бисёр баланд буда, дар Қуръони карим сураи чаҳорум бо номи «Нисо» (занон) нозил шудааст.

  Дар ин зимн, тамоми нависандагони адабиёти ҷаҳон бо ҳар забону гӯишҳо дар бораи симои зан ва мавқеи ӯ дар ҷомеа мисолу масалҳои хуберо халлоқона то ба имрӯз баён кардаанд, ки дар байни онҳо шоирону адибону олимону суханварони Шибҳи қора аз ҷумла Ҳинду Покистон низ мавҷуданд.

  Қобили зикр аст, Тоҷикистон бо қораи мазкур ва суханварону шоирони форсу тоҷикаш ба монанди Ғолиб, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Бедил, Муҳаммад Иқбол ва Файз Аҳмад Файз, ки тарвиҷгару таблиғгари забон ва адабиёту фарҳанги мардуми моро ғанитар мегардонанд, ошноии хуб дорад.

  Дар ин зимн шоир ва файласуф Муҳаммад Иқбол (1877-1938) андешаҳояшро дар шинохт ва эҳтироми зан хело хуб баён карда, ӯро чун ёри меҳрубон ва шарики ҳаёти мардон зиндаву поянда медонад. Муҳаммад Иқбол ҷойгоҳи занро бо меҳру латофат ва шарофату ҷасорат баррасӣ карда, дар эҷодиёти урдуи худ аз бузургӣ, фарзонагию шарофати зан мардонро огоҳ мекунад. Ба таври мисол дар ин шеър бо забони урду занро чунин васф мекунад:

                                  Вуҷуди зан си ҳе тасвири коинот ме ранг,

                                  Иси ка соз си ҳе зиндаги ка сузи дарун.

  Яъне, аз вуҷуди зан тасвири коинот рангин мешавад ва аз ҳамин олиҳаи ҳусн зиндагиву сӯзи дарун пайдо мегардад. Муҳаммад Иқбол ҳусну зебоӣ, латофату шарофатро дар симои ин олиҳаи ҳусн ё ҷинси латиф дида, ӯро тавлидкунандаи насли башарият меҳисобад, ки дар вуҷудаш ҷавоҳироти арзишманду гаронқимат нуҳуфтааст.

  Ҳамин тавр, Аллома Муҳаммад Иқбол занро чун модар ва тарбиятгари башарият дониста, аз мардон талабу тақозо мекунад, ки ҳомӣ ва пуштибони зан-модар бошанд, то зарару осебе барояш нарасад. Бояд дониста бошем, ки барои зан ҳамчун модар муҳимтарин чиз фарзандон ва тарбияи онон меистад, на фақат доштани нақлу қимошу симу зар. Ҳамин аст, ки ҷомеаи хубу солим ба будани занони поксиришту покдоман вобастагӣ дошта, онҳоро чун зербино ё сутуни хонавода ва ҷамъият медонад. Дар ин партав Муҳаммад Иқбол бо забони форсӣ-тоҷикӣ чунин баён мекунад:

                                  Қавмро сармоя, эй соҳибназар,

                                  Нест аз нақду қимошу симу зар.

                                  Моли ӯ фарзандҳои тандуруст,

                                  Тардимоғу сахткӯшу чоқу чуст.

  Аллома Муҳаммад Иқбол сармояи аслии ҷомеаи башариятро дар тавлид ё доштани фарзандони солиму тандуруст медонад. Зеро бо чунин фарзандони ҳушёру сахткӯшу чоқу чуст метавон сармояро ба даст овард. Ҳамин гуна фарзандони солиму тандуруст метавонанд сармояҳои номакшуфу нуҳуфтаро кашф намуда, дар рушд ва беҳбудии ҷомеа саҳм гузошта, фоида расонанд. Шоири тоҷик Хайрандеш занро чун сипари мардон дониста, ӯро роҳати дил, роҳати тан, роҳати ҷон меҳисобад.

  Аз гуфтаҳои боло метавон чунин хулосабарорӣ кард, ки зан чун модар ягона олиҳаест, ки бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигараш дунёро ҷунбонида, хоҳони он аст, ки тифлаш бе нуқс ба воя расида, пуштибону мададрасонаш бошад. Ин олиҳаи ҳусн дар ҳама ҳолат озодиву оромиву ободӣ ва сиҳатмандӣ ва хушгуфтории фарзандро дида, аз вуҷуди ӯ рӯҳияи тоза гирифта, менозаду меболад.

  Мо мардон бояд қадри ин ганҷи пурарзишу қиматбаҳоро дониста, ризогиву ризомандии ӯро доимо бо ҳусни сухан ва латофат талаб намоем. Зеро ризои онҳо сабаби хушнудиву роҳат ва зиндагии хубу босафои мост.

  Муборак бодо бузургдошти рӯзи Модарон! Ҳамеша озоду орому обод ва сипари мардон боқӣ бимонед.

Мирсаид РАҲМОНОВ,

ходими калони илмии

шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ

БОЗГАШТ