АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ЗАРБИ ПУТКУ ОСОИШИ НАМРУД (Мусоҳиби фалсафӣ)

Муаллиф: Беков Комилҷон

Расм

 «Mapгpo ҳеҷ кас фаромӯш карда наметавонад».

(масали лотинӣ)

Файласуф Комил БЕКЗОДА ба саволҳои хабарнигор Шарифҷони МИСАЙЗОД посух медиҳад.

ХАБАРНИГОР - Бекзода кист?

БЕКЗОДА - Чунин саволро интизор набудам.

- Инсон кист?

- Он ки ёфт намешавад!..

- Гузашта чист?

- Он чи бар нагардад!

- Имрӯз чист?

- Ояндагон хоҳанд ҷавоб дод!

- Фардо кадом аст?

- Офтобест дар паси абр!

- Фалсафа чист?

- Илми ҳимматбаландӣ.

- Файласуф кист?

- Мардест озода…

- Зиндагӣ чист?

- Чизест, ки «менигарему меравем»!

Асари фалсафии Шумо чӣ ном дорад?

«Афсонаи Намруд»:

- Чоп шудааст?

- То ҳол не. Чандин қисматҳои онро маҳфили фалсафии «Ҷаҳони андеша» муҳокима намудаанд.

- Ин маҳфили фалсафӣ дар куҷост?

- Дар бинои Институти фалсафа ва ҳуқуқи Акдемияи Улуми Тоҷикистон, хонаи рақами 30. Ҳар ҳафта рӯзи панҷшанбе, соати 2-и рӯз бapгyзор мегардад.

- Бармегардем ба сари мавзуъ: «Афсонаи Намруд» дар чӣ боб баҳс мекунад?

- Дар масъалаи марг.

- Намруд ба ин масъала чӣ дахл дорад?

- Ин афсонаро ҳама хондаед ва медонед. Шакли муфассали он дар китоби «Қисас-ул-анбиё» омадааст, ки ин китоб бо ҳуруфоти имрӯза ҳам чоп шудааст.

Он дар қиссаи ҳазрати Иброҳим оварда мешавад, ки хулосаи хулосааш ин аст: Намруд даъвои худоӣ кард... Биҳишту дӯзах сохт... Мардумро даъват намуд, ки ӯро ибодат кунанд. Даҳшату бесарусомонӣ мамлакатро фаро гирифт... Намруд бо лашкари фаровон мухолифонро несту нобуд мекард...

Худои Осмон ба сӯи ӯ пашаеро фиристод. Ин пашаҳо лашкари Намрудро неш зада бикуштанд ва яке aз онҳо аз роҳи бинӣ ба мағзи сари Намруд дохил шуд. Мағзи сари ӯро ба хӯрдан оғоз кард. Вазирону табибону надимони шоҳ маслиҳат доданд, ки бо путкҳои (болғаи) чӯбин ба сари ӯ бикӯбанд, то ин ки паша аз хӯрдани мағзи сари Намруд бозистад. Чунин карданд. Ҳар рӯз ба навбат ду ҷавон бо путкҳои чӯбин ба сари Намруд мекӯфтанд. Паша садои путкҳоро шунида, андаке ором мегирифт. Ва Намруд ҳам дар ин лаҳза осоиш мекард. Ин кор чандин вақт давом кард... Ҷавонони путкзан аз ин кори якнавохт безор шуданд... Байни худ машварати пинҳонӣ намуда, дафъаи дигар ба ҷои путки чӯбин путки оҳанин оварда, ба сари Намруд чунон кӯфтанд, ки сараш пора-пора шуд... Ва он паша аз равзанаи хона парвоз намуда рафт... Чунин аст хулосаи қисса.

-Аз ин қисса чӣ фалсафае мебарояд?  

- Ин афсона барои ман танҳо баҳона асту бас. Чуноне ки «Устураи Сизиф» барои файласуфи муосири Франсия Алберт Камю. Ин файласуф ба воситаи устураи Сизиф пучӣ ва беҳудагии зиндагии инсонро дар олам тасвир кардааст. Ман бошам ба воситаи афсонаи Намруд дарди асосии инсонӣ - маргро тасвир мекунам. Лаҳзае таваҷҷуҳ кунед: Ҳангоме ки ҷавонони путкзан сари Намрудро мекӯбанд, паша ором мегирад. Ҳамин тавр мо одамон вақте, ки худро ба корҳои дигар машғул медорем, фикри маргу мурданро фаромӯш мекунем... Вақте ки путкзанӣ қатъ мегардад, паша мағзи сари Намрудро харошидан ва хӯрдан мегирад...

Мо одамон низ, вақте ки аз машғулиятҳои гуногуни рӯзмараи худ фориғ шавем, хоҳ нохоҳ ба таври номаълум андешаи маргу мурдан ба дили мо роҳ меёбад... Ин албатта як ташбеҳи сатҳист. Вале ҷиҳати адабиаш барои ман муҳим нест. Аҳамияти ин афсона дар он аст, ки муҳимтарин ва печидатарин мушкилоти инсониро, яъне масъалаи маргро бо ин афсонаи одӣ метавон шарҳ дод. Аз мисолҳои одӣ шурӯъ кунем. Мегӯянд, ки фалон сарватманд (барои намуна Рокфеллер, Морган, Дюпон...) миллиардҳо пул, тилло, сарват, поезд, завод, фабрик, киштӣ доранд. Агар ҳазорҳо сол ҳам зиндагӣ кунанд, барояшон басандааст. Ҳол он ки умри одамӣ аз 100-150 беш нест. Чаро он миллионерҳо шабу рӯз мисли коргарони одии заводу фабрикашон машғули кор мебошанд? Оё ба ин зарурате ҳаст? Оё аз молу capват ҳанӯз сер нашудаанд? Боз чи миқдор ҷамъоварӣ хоҳанд кард? Оё дар ин роҳ ҳадду ҳудуде ҳаст?

Ба ақидаи ман онҳо ором истода наметавонанд. Чаро ки фикри маргу мурдан онҳоро озор медиҳад. Онҳо маҷбуранд, ки худро ба ягон кор машғул доранд... Ҳангоми машғулият, сарватмандон фикри мурданро «фаромӯш» мекунанд... Ин аст ки онҳо ҳеҷ гоҳ аз молу пул аз тиллову сарват сер намешаванд. Ин сарватдӯстии онҳо ихтиёрӣ нест, балки маҷбурист. Агар марг намебуд, натанҳо сарватмандон, балки одамони одӣ ҳам ба мисли қиссаи ҳазрати Одам бо Ҳизр меваи дарахти ёбоиро мехӯрданду замини беканори Парвардигорро кишт намекарданд! Ин буд хулосаи оммафаҳми китоби «Афсонаи Намруд» ...

- Оё мо ҳам қаламу қоғази хабарнигориро ба сари худ мезанем, ки фикри мурданро фаромӯш кунем?

- Ногуфта пайдост, ки агар амиқтар андеша кунӣ, чунин аст.

- Шояд мо аз тарси гуруснагӣ менависем, на аз тарси марг?

- Тарс аз гуруснагӣ яке аз шаклҳои одитарин ва наздиктарини марг аст. Дар ҷамъиятҳои ибтидоӣ ва нимаваҳшӣ, асосан аз марги гуруснагӣ ранҷ мебурданд. Акнун бошад, охири асри ХХ аст ва марг (ба ҷуз гуруснагӣ) аз роҳҳои дигар низ, моро таҳдид мекунад. Ҳоло ки гуруснаем, шикам маргро эҳсос мекунад, вакте, ки сер шудем, эҳсоси маргу мурдан ба сар (фикр) мегузарад!

-Ин назари Шумо баҳсталаб аст.

- Ман аз фалсафаи Шумо қонеъ нашудам. Шояд дар як мавриди муносибтар ба ин мавзуъ баргардем. Ҳоло давоми саволро пайгирӣ мекунем. Ишқ чист?

- Ба ин муносибат ман ҳам ҷавобҳои худро мухтасар хоҳам кард.

 - Ихтиёр ба Шумо. Акнун гӯед, ки ишқ чист?

- Он чи ки боистӣ, вале нест!

- Зебоӣ чист?

- Он чӣ ба зиндагии мо монанд набошад!

- Сиёсат чист?

- Илми тарсонидани гурӯҳест аксарияти мардумро! Яке аз маъниҳои калимаисиёсат дар забони арабӣ танбеҳ ва ҷазо додан аст! Ин таъриф барои ҳамаи қавмҳо ва давру замонҳо баробар дахл дорад.

- Шеър чист?

- Хобест дар бедорӣ!

- Шоир кист?

- Он ки хобашро ба об мегӯяд!

- Худро шоир мешуморед?

- Шоир нестам, вале ба ҷаҳон назари шоирона дорам.

- Дар зиндагӣ шоир будан мехостед?

- Дар аввал мехостам, вале акнун файласуф буданро орзу дорам.

- Чаро шоир нашудед?

- Барои он ки мушкилоти асри моро бо шеър намешавад таҳлил ва тафсир кард.

- Файласуфӣ осонтар аст?

- Намедонам. Қадамҳои аввалинро дар ин роҳ гузошта истодаам. Оянда нишон хоҳад дод.       

- Фаслҳое, ки дӯст медоред?

- Баҳор ва танҳо баҳорро!

- Чаро маҳз ин фаслро?

- Барои он ки ҷавониамро ба хотир меоварад!

- Марг чист?

- Хатарноктарин душмани одам.

- Зиндагии баъди марг чигуна аст?

-Ба он дунё, ки рафтем, дар ин мавзуъ мусоҳиба менамоем!

- Ҷанг чист?

- Ҷавоби ин савол дар чеҳраи имрӯзаи Тоҷикистон таҷассум ёфтааст!

- Ахлоқ чист?

-Қонуну қоидаҳоест барои ҳифз ва нигоҳдории ҳаёти инсонҳо.

- Идеали Шумо дар зиндагӣ чист?

- Роҳи наҷоте барои мардум пайдо кардан.

- Наҷот аз чӣ?

- Наҷот аз марг.

- Оё ин мумкин аст?

- Ҳар амале, ки дар доираи орзуи инсонӣ ғунҷоиш дошта бошад, мумкин аст.

- Асари дӯстдоштаи Шумо?

- Китоби Фридрих Нитше «Чунин гуфт Зардушт».

- Нависандаи дӯстдоштаи Шумо?

- Алберт Камю - нависандаи муосири Франсия.

- Шоири дӯстдоштаи Шумо?

- Муҳаммад Иқбол.

- Миллат чист?

- Миллат аз ваҳдат ва ягонагии таърих ва забон ташкил меёбад.

- Оё тоҷик имрӯз миллат аст?

- Бале, миллате бисёр арзанда аст.

- Диди Шумо ба ояндаи Тоҷикистон чӣ гуна аст?

- Хеле хушбин ҳастам.

- Худро хушбахт меҳисобед?

- Ҳамеша бар ин ақидаам, ки хушбахтам. Вале файласуфи тоҷик Ҳафиз Холиқзода дар мақолаи охиринаш (моҳи майи соли 2015) исбот намудааст, ки ман файласуфе трагедӣ ва фоҷиавӣ ҳастам. Ин барои ман назаре ғайри чашмдошт буд. Чаро ки ман ҳамеша худро як шахси ба таври ифротӣ хушбин ва (оптимист) дар зиндагӣ тасаввур мекардам.

- Бовар доред, ки номи Комил Бекзода боқӣ мемонад?

- Одатан шахсиятҳои таърихӣ номро дар ивази хидмат ба инсоният ба даст овардаанд. Ман то ҳанӯз кӯчактарин хизмате ба мардуми худ анҷом надодаам. Таърих ба касе ройгон ном намебахшад.

- Ин мисраи Лоиқ чӣ маънӣ дорад?

- «Аз чӣ шогирдони як мактаб ҳама оқил нашуд?»

- Зеро аксарияти он шогирдон ба ақл эҳтиёҷ надоштанд!

- Қотил кист?

- Он ки на худро мешиносаду на халқи Худоро!

- Аз вақт чӣ гуна истифода мекунед?

- Ба ҷуз хобу ҷустуҷӯи нон, дигар вақти боқимондаро сарфи мутолиа мекунам.

- Бештар кадом асарҳоро мехонед?

- Осори файласуфони муосири Урупо ва ҷаҳони исломро.

- Аз умри 50 розӣ ҳастед?

- Бале, як зиндагии афсонавӣ доштам.

- Баъзе дӯстони Шумо мегӯянд, ки ягон суханатон ҷиддӣ нест. Худи шумо чӣ мегӯед?

- Ман ақидаи дӯстонамро ҳамеша ҷонибдорӣ мекунам. Агар онҳо чунин меҳисобида бошанд, пас ҷиддӣ мешавам.

- Тифлӣ чист?

- Дунёи хаёлот.

- Ҷавонӣ чист?

- Он чи ҳамеша орзуи баргаштанашро дар дил мепарварем.

- Пирӣ чист?

- Харобаҳои қасри ҷавонӣ!

- Ҳадаф аз гӯшаи «Ҳастӣ ва нестӣ» дар рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» чӣ буд?

- Агар дар рӯзномаҳои мо ин қабил гӯшаҳо вуҷуд надошта бошанд, мардуми дунё бовар намекунанд, ки мо тоҷикон дар ҳақиқат ворисони Абуалӣ Сино бошем!

- Санъат чист?

- Санъат эҷод ва офаридани он чизест, ки нест, вале, бояд бошад!

- Оҳанги писандидаи шумо?

- Оҳанги офаридаи Абдуллои Назрӣ бар ғазале, ки як мисрааш ин аст: «Чун шишаи холӣ зи шароб аст дили мо».

- Масали: «Аз гаҳвора то гӯр дониш биомӯз» чӣ маънӣ дорад?

- Маънояшро намедонам, вале давомаш ин аст: «Бошад, ки роҳи наҷот аз маргро пайдо кунӣ!»

- Шумо ҳам ошиқ шудаед?

- Ҳоло ҳам ҳастам!

- Озодии занро дар чӣ мебинед?

- Дар саодат ва хушбахтии оилавӣ.

- Байти писандидаи Шумо?

- Ҳамин байти Халилуллоҳи Халилист:

 

Доим бузургу пок чу рӯҳи фаришта бош,

Эй орзу зи туст ҳамин илтиҷои ман.

 

- Охирин шеъри навиштаи шумо кадом аст?

- Баъди мутолиаи китоби нави файласуфи муосири тоҷик Нозир Арабзода доир ба фалсафаи Носири Хусрав, ин шеърро сурудам:

 

Эй ки сайри корвонеро шитобе будайӣ,

Маҳфилу базми хамӯшонро хитобе будайӣ.

 

Хирасарҳои замона аз ту доим дар ҳарос,

З-он ки дар изҳори ҳақ ҳозирҷавобе будайӣ.

 

Ғофиле аз ҷаҳлу ғафлат аз куҷо донад, ки ту,

Баҳри Инсон ин ҳама дар печу тобе будайӣ.

 

Асрҳо боист то ёбӣ мақоми хешро,

Гарчи шоми миллатеро офтобе будайӣ.

 

Эй забармарди ҷасуру в-эй хирадманди ҷаҳон,

Аҳли оламро ту ганҷи беҳисобе будайӣ.

 

Носири дунёи маънӣ, Хусрави озодагон,

Дар замири рӯзгорон инқилобе будайӣ!

 

- Панҷ марди бузурги тамаддуни ҷаҳонӣ кадоманд?

-Ҷамшед, Зардушт, Суқрот, Николай Федоров, Нитше .

- Саволе, ки интизораш будӣ, вале онро аз ман нашунидӣ?

- Ҳамин саволро интизор будам!!!

 

Комил Бекзода

сарходими илмии

шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздик

 

БОЗГАШТ