АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Зарурати фаъолияти созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ дар замони муосир

Муаллиф: Ҷаҳонгир Нарзиев

Расм

Хислати нави низоми муносибатҳои байналхалқӣ

Дар арафаи ҳазораи сеюм системаи муносибатҳои байналхалқӣ ба рушди марҳилаи нав қадам ниҳод. Таъсири мутақобилаи он дар ҷаҳони муосир метавонад ҳамчун таъсири инқилобӣ (револютсионӣ) тавсиф намуд. Системаи байналхалқии марҳилаи “ҷанги сард” тӯли солҳои 1945-1990 мавҷудият дошт. Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ дар низоми МБ марҳилаи нав ворид гашт. 

Ҷаҳон дар баромади асри ХХ дар сатҳи баланди бетартибӣ нисбат ба тартибот ва низоъ, нисбат ба стратегияи танзими он тавсиф мегардад. Чигунае ки муҳаққиқи немис қайд менамояд, системаи байналхалқӣ дар муддати садсолаҳо дорои хислати “ҷомеаи ҷаҳони гузариш” мебошад.

Системаи МБ аз якчанд хислатҳои асосӣ иборат мебошанд:

1. Давлатҳои миллӣ чун пештара ҳамчун акторҳои асосӣ баромад мекунанд. Имрӯз шумораи онҳо қариб 200 адад шудааст, ки 4 маротиба дар муқоиса ба 51 давлати солҳои аввали аъзоёни СММ зиёд гаштаанд.

2. Рушднамоии шумораи СБ (чӣ байниҳукуматӣ бошад ва чӣ ғайридавлатӣ бошад). Дар соли 1960 дар ҷаҳон зиёда аз 154 СБ байниҳукуматӣ ва 1268 созмонҳои ғайридавлатӣ вуҷуд дошт. Соли 1996 бошад шумораи онҳо мутаносибан ба 224 ва 12961 адад расиданд. Имрӯз қариб 20 ҳазор созмонҳои гуногун дар ҷаҳон мавҷуд мебошад.

3. Дар муддати 3 даҳсолаи охир, раванди ҷаҳонишавии сиёсати байналхалқӣ ва проблемаҳои гуногуни фаросарҳадӣ рафта истодааст. Ёдовар гаштани консепсияи тафаккури нави сиёсии М.С.Горбачёв дар охири солҳои 1980, ки ақидаи вобастагии мутақобила, ҷаҳони тазод ва принсипи ҳамкорӣ дар системаи МБ асоси консепсияи он мебошад. Глобализасия дар худ мавҷи хатарот ва таваккалро ҳамроҳӣ менамояд: экологӣ, муҳоҷиратӣ, паҳн гаштани яроқи қатли омм, ҷинояткорӣ, тиҷорати мухадирот ва ғайраҳо.

4. Зиддиятҳои системаҳои байналхалқӣ ба таври параллелӣ дар баробари раванди ҷаҳонишавӣ пайдо гашт, ки аз десентрализатсия, регионализатсия ва бисёрқутбӣ иборат буданд. Конфигуратсияи низоъи Шарқ ва Ғарб бо низоми дуқутбии худ муайянкунандаи системаи минбаъдаи МБ муаррифӣ нагашт. Марказҳои нави қувваи минтақавӣ таъсис ёфт. Низоми бисёрқутбӣ бо баланд гаштани иқтидори Ҷопон, Олмон, Чин ва Бразилия ҳамчун абарқудратҳои минтақавӣ зуҳур карданд. Гурӯҳҳои минтақавӣ ва СБ (8-гонаи бузург бо иштироки Росия, ИА, НАФТА, Созмони конфронси исломӣ, АСЕАН ва дигарҳо) кишварҳои лидерии системаи МБ буданд.

5. Ҷойивазнамоии маркази зиддият дар системаи МБ дар муносибат бо Шарқ ва Ғарб дар меҳвари Шимол-Ҷануб. Низоъ миёни Шимоли пешрафта ва Ҷанубӣ қафомонда ҷараён гирифт. Кишварҳои ҷануб дар гурӯҳи 77 мутаҳид гаштанд, ки 120 давлат ба он шомил гашт. Ба ин гурӯҳ кишварҳои нави саноатӣ дохил гаштанд. Аз тарафи дигар таркиши рӯ ба инкишоф ва тарақиёти кишварҳои бой ва қашшоқ ба миён омад. Зиёдшавии шиддатнокӣ дар меҳвари Шимол ва Ҷануб баъди ҷанги сард омилҳои тамаддунӣ дар ин шиддатнокӣ ба назар мерасид, ки Хантингтон дар китоби “Бархурди тамаддунҳо” инро дарҷ намудааст.

6. Анҷомёбии низоъи Ғарб ва Шарқ мафҳуми «қувва»-ро тағйир дод. Нишонаҳои класикии қувва (ҳаҷми ҳудуд ва шумораи аҳолии давлатҳо ва ҳолати геополитикии он, шумораи қувваи ҳарбии он ва ғайраҳо) ва мазмуни худудҳои соҳибихтиёрии давлат аз байн рафт.

7. Системаи ҷаҳонӣ. Ин ҷомеаи ҷаҳонии гузариш ва десентрализатсия ва регионализатсияи низоъҳои байнидавлатиро дар бар мегирад.

8. Дипломатияи бисёрсамта. Омили дигари фарқкунандаи дипломатияи муосир ин ҷанбаи бисёрҷониба касб намудани он мебошад. Вобастагии умумии кишварҳо ва глобализатсия яку якбора манфиати бисёр кишварҳоро дар бар мегирад. Агар то ҷанги якуми ҷаҳон фаъолияти дипломатии кишварҳо дар сатҳи дуҷониба амалӣ гардид (тавассути мубодилаи миссияҳо) пас имрӯз он хислати бисёрҷонибаро гирифтаст, ки номи дипломатияи конфренсиявиро дорад. Рушди ин навъи дипломатия дар асоси «идораи дастаҷамъонаи кишварҳо» поягузорӣ шудааст.

Агар низоми дипломатии пешин ба раванди музокирот дар чаҳорчӯбаи конфронсҳои байналхалқӣ, аз қабили Вестфал, Вена ва Париж (Версал) такя намояд, пас дипломатияи бисёрҷониба дар чаҳорчӯбаи:

1.Созмонҳои универсалии байналхалқӣ ва минтақавӣ;

2.Ҷамъомаду вохӯриҳои бисёрҷонибаву сатҳи олӣ (Ҳаштгона);

3.Фаъолияти намояндагиҳои равобити хориҷӣ амалӣ мешаванд.

Дар замони муосир ташаккули ҳамаи соҳаҳо дар саросари олам ба назар мерасад, ки онҳоро раванд, падида ва зуҳурот меноманд. Ба ибораи дигар гӯем, раванди ҷаҳонишавӣ, минтақагароӣ ва ҳамгироӣ кулли давлатҳоро бедор карда, муттаҳид сохта ва дар ҳоли рақобатпазирӣ қарор додаанд. Асоси ин равандҳоро омили рушди созмонҳои байналхалқӣ ва инкишофёбии онҳо ташкил менамояд. Бо назардошти омилҳои амниятӣ, иктисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва геополитикӣ кишварҳо дар танҳоӣ наметавонанд рушд ва ташаккул ёбанд. Воқеан, дар асри ХХ1 ногузирии тавсеаи созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ вобаста ба талаботҳо, заруратҳо ва муҳимиятҳои онҳо дар назди кишварҳои ҷаҳон зиёд ба назар мерасад, зеро ин аср аз як тараф ҳамқадами равандҳои ҷаҳонишавӣ, минтақагароӣ, ҳамгироӣ ё ҳамкорӣ–ташаккули созмонҳои гуногуни минтақавӣ мебошад ва аз тарафи дигар, зуҳури проблемаҳои глобалӣ, хатарҳои ғайрианъанавӣ ва падидаҳои номатлуб барои ин аср бегона ва ташвишовар гаштааст. Баҳри таъмини амнияти байналхалқӣ, амнияти озуқаворӣ, тавсеаи ҳамкориҳо байни кишварҳо ва рушди иқтисодиёти кишварҳои олам зуҳур ва инкишофи созмонҳои байналхалқию минтақавӣ ба миён омадааст. Аҳамияти фаъолияти созмонҳои байналхалқӣ пеш аз ҳама дар он аст, ки имрӯз созмонҳои байналхалқӣ натанҳо ҳамчун акторҳои асосии муносибатҳои байналхалқӣ шинохта шудаанд, балки дар ҳалли проблемаҳои актуалии ҷаҳон нақши муассир доранд. Кишварҳои ҷаҳон талош бар он доранд, ки ҳар чи бештар дипломатияи бисёрсамтаро дар доираи созмонҳои байналхалқӣ тақвият диҳанд ва бештар аъзои созмонҳои иқтисодию амниятӣ гарданд. Зеро мавҷудияти созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ омили ҳамгироии кишварҳо, суботи минтақаҳо ва пешгирии ҳаргуна хатару таҳдидҳои нави замони муосир ба шумор меравад.

Зарурати фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ.

Дар муносибатҳои байналхалқии муосир созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун шакли ҳамкориҳои кишварҳо ва дипломатияи бисёрҷониба нақш мебозад. Зуҳури созмонҳои байналхалқӣ дар охири асри Х1Х инъикос ва натиҷаи объективонаи таҳаввулотӣ ба фаромиллишавии ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа боис гашт. Дар нимаи дуюми асри ХХ ва ибтидои ХХ1 зиёдшавии созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба назар расида, саҳм ва нақши онҳо дар масъалаҳои глобалӣ: пешгирии низоъҳо, устувории сулҳ, бартарафнамоии проблемаҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ, нестнамоии хатарҳои ғайрианъанавӣ билохира ба ҳам наздиксозии кишварҳо хеле бузург гашт.

Дар замони муосир бо дарназардошти раванди ҷаҳонишавӣ ва зуҳури проблемаҳои глобалию хатарҳои ғайрианъанавӣ нақш ва ҷойгоҳи созмонҳои байналхалқӣ–минтақавӣ мубраму муҳим ва заруру муассир гашта истодааст. Имрӯз ҳадафҳои чӣ фаъолияти худи созмонҳои байналхалқӣ–минтақавӣ ва чӣ аъзогии давлатҳо дорои ду хислат мебошанд:

  1. Хислати амниятӣ, яъне нигаҳдории субот ва амнияти миллӣ ва минтақавӣ;
  2. Хислати иқтисодӣ, яъне ташаккули ҳамкориҳои байни кишварҳо дар ин ё он минтақаи оламҳёи интегратсия).

Зарурати фаъолияти онҳоро метавон дар нуқтаҳои зерин мушоҳида кард:

  1. Таъмини амният ва рушди устувории кишварҳои аъзо;
  2. Рушди ҳамкориҳои гуногунсоҳа вобаста ба имкониятҳои мавҷуда;
  3. Рушди истифодаи самараноки захираҳои моддӣ ва маънавии кишварҳои аъзо дар замони ҷаҳонишавӣ;
  4. Дастгирии мутақобила баҳри рушди ҳамаи соҳаҳо аз ҷумла соҳаи гуманитарӣ;
  5. Пешгирӣ ва ҳалли проблемаҳои мавҷудаи кишварҳои аъзо;
  6. Ҳифз ва пешгирии таҳдидҳо ё хатарҳои ғайрианъанавии замони муосир.

Аз ин рӯ, дар замони муосир фаъолияти созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ хеле муассир ва муҳим буда, дар рушди тамоми соҳаҳо ва самтҳо нақши назаррас доранд. Асосан, созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ ба таври гуногун тавсиф ва мутобиқи асосҳои гуногун тасниф мегардад:

1) мутобиқи фазои фаъолият: универсалӣ ва регионалӣ (СММ ва Иттиҳоди Аврупо);

2) мутобиқи мақсади фаъолият: умумӣ ва махсус (Лигаи кишварҳои араб ва Созмони байналхалқии меҳнат);

3) мутобиқи моҳияти иштироки иҷтимоӣ-иқтисодии давлатҳо дар созмонҳои байналхалқӣ: созмони байналхалқии кишварҳои рӯ ба инкишоф, кишварҳои мутараққӣ ва навъҳои гуногун (Созмони кишварҳои ОҶШ (АСЕАН) –Бонки Ҷаҳонӣ - ЮНЕСКО).

Дар муносибатҳои байналхалқии муосир созмонҳои байналмиллалӣ ҳамчун шакли ҳамкориҳои кишварҳо ва дипломатияи бисёрҷониба нақш мебозад. Дар нимаи дуюми асри ХХ ва ХХ1 зиёдшавии созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба назар расида, саҳм ва нақши онҳо дар масъалаҳои глобалӣ: пешгирии низоъҳо, бартарафнамоии проблемаҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ, нестнамоии хатарҳои ғайрианъанавӣ билохира баҳамназдиксозии кишварҳо хеле бузург гашт.

 

Адабиёт:

  1. Мазурова, Е.К. Глобализация и международные экономические организации / Е.К.Мазурова // Вестник Московского университета. Серия 6, Экономика. - 2009. - №1. - С. 64-81.
  2. Евдокимов Л.В.Особенности латиноамериканской интеграции [Текст] / Л.В. Евдокимов. — М.: Политэкс. 2011. — 306 с.
  3. Орлова И.Б.Евразийская цивилизация. Социально-историческая ретроспектива и перспектива [Текст] / И.Б. Орлова. — М.: Норма, 1998. — 220 с.
  4. Шифф, М и Уинтерс, Л.А. Региональная интеграция и развитие / Морис Шифф и Л. Алан Уинтерс; пер. с англ.; Всемирный банк. - М.: Издательство «Весь Мир», 2007. - 367 с.
  5. Шишков, Ю.В. Отечественная теория региональной интеграции: опыт прошлого и взгляд в будущее / Ю.В. Шишков // Мировая экономика и международные отношения. - 2008. - № 4. - C. 54_63.

 

Нарзиев Ҷаҳонгир,

Соҳиби Баҳрулло

кормандони илмии Институт

 

БОЗГАШТ