Муаллиф: Мамадазимов Абдуғанӣ
Зарурати коркард ва амалигардонидани консепсияи «Ҷаҳони Тоҷикон».
Сол аз сол болоравии иқтидори кишвари азизамон роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ва пайваста оид ба мубрамияти омӯзиши паҳлуҳои гуногуни тамаддуни беназири миллати тоҷик ва ниёгони онро ба миён мегузоранд. Ин дастурҳои саривақтии Пешвои миллатамон моро - омӯзгорон ва зиёиёни миллатро водор месозад, ки фаъолияти худро дар ин самт - таҳқиқҳои амиқ, баҳогузорӣ ва хулосабарориҳои илман асоснок шударо дар омӯзиши ганҷинаи бебаҳои гузаштагони худ дучандон зиёд намоем.
Чун Пешвои миллатамон дар яке аз Паёми худ ба Маҷлиси миллӣ (26.12.2019) алоҳида таъкид намуданд: «Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад». Барои ҳамин таъсиси китобхонаҳои нав ва ғанӣ гардонидани фондҳои он бо китобҳои нодири ниёгони худ ва хусусан, аз хориҷи кишвар, ба ин дастур ва ҳидоятҳои роҳбари кишварамон баръало ҷавобгӯ мебошад.
Ба ҳамагон маълум мебошад, ки ниёгони шуҳратманди мо - Сомониён бо ташаккули халқӣ тоҷик дар таркиби ин давлати бузурги мутамаркази худ забон ва лафзи зебои онро чунон баланд бардоштанд, ки ҳамаи давлатҳои баъди Сомониён дар Вароруд - аз Қарохониён то Манғитиён онро чун чароғаки чашм дар хайси забони давлатӣ ё расмии худ то оғози асри ХХ нигох дошта омаданд. Дигар давлатҳои меросхурони Сомониён - Ғазнавиён ва дигарон ба Ҳиндустон то соҳили халиҷи Бангола ва Салҷуқиён то назди халиҷи Босфор ҳавзаи забони тоҷикиро васеъ паҳн намуданд. Ба чунин васеъ паҳншавии ҳавзаи забони модарии мо боз фаъолияти ниёгони мо дар рушди роҳи тиҷоратии ҷаҳонӣ - шоҳроҳи абрешим низ такони назаррас дод.
Ин омилҳо сабаб шуд, ки беҳтарин асарҳои ниёгони мо натанҳо дар Вароруд ва Хуросон - ватани азалии халқи тоҷик, балки дар минтақаҳои дуру наздик (Туркия, Ҳиндустон, Арабистон, Кафқоз, Ироқ, Чин, Муғулистон ва ғ.) зиёд иншо гардида, манзури халқҳои Осиё ва ҷаҳон гардид.
Дар натиҷа халқи тоҷик дар ин замон дар адабиёт ва илмҳои гуногуни ҷаҳон ба дастовардҳои беназир ноил шуд. Ин дастовардҳо натанҳо ҷаҳони исломро фаро гирифт, балки ба тамаддуни ҷаҳонӣ низ ҳиссаи назарраси худро гузошт. Имрӯзҳо ин омил чун «ренессанси исломӣ» ба ҷаҳониён маълуму машҳур мебошад. Таҳқиқотҳои солҳои охири олимони ҷаҳон нишон дод, ки ҳиссаи бузурги ин «эҳёи тамаддуни исломи»-ро намояндагони минтақаи Вароруд ва Хуросон, ки аксарашон тоҷикон буданд, гузоштаанд. Ин раванди тамаддунофаринӣ аз вазирони бузурги хилофати Аббосиён - Бармакиён оғоз ёфта дар давраи амирони фарҳанги воло доштаи Сомониён ба нуқтаи олии худ расид. Ин гуфтаҳо дар ғояи «Буи Ҷуи Муллиёни» Устод Рудакӣ, «Ал-Қонуни» Ибн Сино, «Шоҳномаи» безаволи Устод Фирдавсӣ, алгебраи Хоразмӣ, ихтироъи астролябияи Абу Маҳмуд Хуҷандӣ, «Таърих»-и Табарӣ, асари «Ҳиндустони»-и Берунӣ ва садҳо беҳтарин намунаҳои илму фанҳои гуногунро дарбар мегиранд, бо ғурур номбар кардан мумкин.
Сабаби асосии садсолаҳо идома ёфтани ин таҷрибаи беназири тамаддуни ҷаҳонӣ дар идома ёфтани истифодаи забони тоҷикӣ дар забони идораи он давлатҳо ба шумор меравад. Ин анъанаҳои фарҳангдӯстӣ дар баъзе аз давлатҳои Осиё то замони нав давом дошт. Вориди аврупоиён ба кишварҳои Осиё ба давом ёфтани ин анъана монеъгии сахт эҷод намуданд.
Вазъият то ба он ҷо расид, ки олимони Аврупо имрӯз оиди фарҳанги гумшудаи Осиёи Марказӣ, ки ҳазор сол яке аз пешқадамтарин минтақаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб мерафт, сухан меронанд. Яке аз пешқадамтарин мутахассисони имрӯзи Амрико оид ба Осиёи Марказӣ профессор Фредерик Старр дар китоби нави худ «Маорифи гумшуда. Давраи тиллои Осиёи Марказӣ аз истилои араб то давраи Темуриланг» (Москва, 2017) дастовардҳои ин давраи дар ҳақиқат беҳтарини минтақаи моро холисона таҳқиқ менамояд. Лекин ин олими амрикоӣ дар фишурдаи (аннотатсияи) ин китоби илмиву таҳлилии худ бо афсус таъкид менамояд, ки «имрӯзҳо Осиёи Марказӣ дар назари ҷаҳониён - якчанд ҷумҳуриҳои камбизоати дар канораи замин аз назари Офаридгор дур монда, ки фарҳанги камранг доранд». Албатта, чунин баҳогузори ба минтақаи мо, ки асоси фарҳангдории онро, асосан, ниёгони мо таъмин менамуданд, моро қонеъ карда наметавонад.
Барои ҳамин имруз коркарди як консепсияи тавонои эҳёи фарҳанги халқи тоҷикро зкри унвони «Ҷаҳони Тоҷикон»ро зарур мешуморем.
Дар садсолаи гузашта низ низ кӯшишҳо оид ба омӯзиши меросии ғании фарҳангии ниёгони бузургамон буд. Академик Нӯъмон Неъматов дар китоби худ «Феномени тоҷикон: таърих ва назария» ро ба забони руси («Таджикский феномен: история и теория», с.1997) коркард кардан,ки норасоии он дар таҳкурсии маркскизм-ленинизм буд,ки барои ҷомъеаи шарқиёнаи мо на он қадар рост меомад . Профессор Мансур Бобохонов низ китоби «Тоҷикони Ҷаҳон»ро таълиф намудан, ки асоси онро танҳо муҳоҷирати тоҷикон дар саросари кишварҳои гуногуни ҷаҳон ташкил медод. Барои ҳамин барои рушди устувори кишвари азизамон як консепсияи тоза тарҳнамуда лозим аст,ки он барои омӯзиши тамаддуни беканори миллатамон, ки он аз ҳудуди кишвари азизамон хеле ва хеле васеъ мебошад, мусоидат намояд.
Меҳвари ин консепсияро омӯзиши ҳудудҳои паҳншавии забони модарӣ (тоҷикӣ) аз халиҷи Бангола (салтанати Бангола) до гулугоҳи Босфор (салтанати Қуня) ташкил медиҳад,ки дар ин ҳавзаи беканори тамаддунофар ҳазорҳои фарзандони фарзонаи миллат дар гузашта эҷод намуда, номи миллати тоҷикро ҷовидон намуданд. Лекин дар давраи шӯравӣ мо робитаҳои гуногунсамтаро бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Ховари миёна канда намудем ва ин мерос ба фаромуши рафт. Акнун вақти он расидаст, ки робитаҳоро барқарор намуда, ганҷинаи парокандашудаи ниёгони бузургамонро ба Ватан баргардонем.
Тибқи мушоҳида ва таҳқиқотҳои бисёрсолаи мо дар хориҷи кишвар, асосан дар Ҳиндустон, Туркия, кишварҳои Кафқоз, Муғулистон, Чин ва дигар кишварҳои ҷаҳон адабиёти бисёрсоҳаи ниёгони мо (бо забони тоҷикӣ) хеле зиёд буда, даври омӯзиши ҳаматарафаи онҳо, баргардонидани нусхаҳои онҳо ва ба манзури хонандаи тоҷик гузоштани онҳо расидааст. Олимони тоҷик ба назари профессор Фредерик Старр оид «маорифи гумшуда»-и кишвар ва минтақа розӣ шуда наметавонанд, танҳо «парокандагии» онро дар қаламравӣ кишварҳои гуногуни ҷаҳон эътироф намуда, ба баргардонидани он шурӯъ намуданд.
Натиҷаи нахустин натиҷаҳои таҳқиқотҳои саҳроии олимони тоҷик аз донишгоҳ ва академияи миллии илмҳои кишвар дар оғози соли 2020 ба марказҳои илмии Ҳиндустон бо китобхона ва ганҷинаҳои китобдории он шинос шуданд, мо хуб арзёбӣ менамоем.
Ҳайъати гурӯҳи илмии Донишгоҳи миллӣ ва Академияи миллии илмҳо бо натиҷаҳои назаррас аз Ҳиндустон бо нусхаҳои 43 дастхатҳои нодир, ки аз он 10 номгуи адабиёти авастоӣ ва номгуи 9 852 дастхати тоҷикӣ, ки дар 20 феҳристи донишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ ҷамъоварӣ шудааст, баргашт.
Имрӯзҳо тибқи дастгирии роҳбарияти вазорати маориф ва илм ва донишгоҳи миллӣ бунёди «Китобхонаи дастхатҳои ниёгони бурунмарзӣ» ба анҷом расидааст. Аллакай як қисми дастхатҳо чун корҳои паҷуҳиши аз тарафи муаҳиққиқони марказҳои илмии кишвар омухта истодаанд.
Агар нуқтаи олии ниҳои марҳилаи аввали ташаккулёбии забони тоҷикӣ дар ғояи сардафтари адабиёти тоҷик Абуабдулло Рудакӣ «Бӯи ҷӯи Муллиён» таҷассум ёфта, он сарҳади ҳавзаи эҷодиёти анъанавии гузаштагон убур карда, ҷаҳонӣ шуда бошад, агар охири асри XIV тибқи ақидаи Ҳофизи бузургвор «қанди форсӣ» (забони тоҷикӣ) ба Бангола рафта бошад, акнун баъди ба даст овардани истиқлолияти комили миллати тоҷик коркарди консепсияи «Ҷаҳони Тоҷикон» ва зери амалишавии он баргардонидани ганҷинаи бебаҳои ниёгонамонро аз хориҷ зери ғояи «Бозгашт ба Ватан. Бозгашт ба Вароруд» хеле муҳим ва мубрам меҳисобем.
Абдуғанӣ Мамадазимов,
н.и.с., ходими пешбари илмии
Институти омӯзиши кишварҳои
Осиё ва Аврупои АМИТ