АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ЗАРУРАТИ ОБЪЕКТИВИИ ҲАМГИРОИИ ҶХХ ВА АСЕАН

Муаллиф: Соҳиби Баҳруло

Расм

Зарурати объективии ҳамгироии ҶХХ ва АСЕАН пеш аз ҳама ҷанбаҳои иқтисодӣ дорад. Хусусиятҳои иқтисодӣ дар рушди робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни АСЕАН ва ҶХХ нақши назаррас дорад, ки дар он манфиатҳои мутақобила дида мешавад. Чунин самтҳо ҳамгироии иқтисодии ҶХХ ва АСЕАН-ро дар бар мегиранд:

1.Афзоиши робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ. ҶХХ бузургтарин шарики тиҷоратии АСЕАН буда, дар навбати худ АСЕАН барои ҶХХ манбаи муҳими ашёи хом ва қувваи кории арзон мебошад. Аз ин рӯ, тақвияти ҳамгироӣ рушди тиҷорати байниминтақавӣ ва муносибатҳои иқтисодиро таъмин менамояд.

2.Тавсеаи бозорҳои тиҷоратӣ ва ҷустуҷӯи имкониятҳои нави сармоягузорӣ. Ширкатҳо барои ҳамгироии ҶХХ ва аъзои АСЕАН кӯмак мерасонанд ва ба ин восита бозорҳои тиҷоратии худро васеъ намуда, ҳамгироии иқтисодӣ ва имкониятҳои нави сармоягузориро фароҳам меоранд ва аз он ҳам хуб истифода мебаранд, ки ба рушди иқтисодӣ ва ба суботу шукуфоии минтақа мусоидат карда истодааст.

3.Коҳиш додани хатарҳои иқтисодӣ. Ҳамгироии ҶХХ ва АСЕАН ба туфайли эътимоднокии бештари шарикон ва афзоиши тиҷорат, ки амалиёти тиҷорати хориҷиро таъмин намуда, ба коҳиш додани хатарҳои иқтисодӣ мусоидат менамояд.

4.Рушди инфрасохтори нақлиётӣ. Ҳамкорӣ ҷиҳати рушди роҳҳои инфрасохтори нақлиётӣ, аз ҷумла роҳҳои он ва автомобил дар доираи лоиҳаи “Як камарбанд, як роҳ” амалӣ шуда, барои пайвандшавӣ ва рушди нақлиёти кишварҳо кӯмак мерасонад, инчунин рушди робитаҳои тиҷоратӣ ва сармоягузории самаранокро таъмин мекунад. Роҳи оҳан яке аз самтҳои асосии лоиҳа ба шумор меравад.

Омилҳои асосии ҳамгироии ҶХХ бо АСЕАН бо талаботи афзоянда ба танзим ва ҳамоҳангсозии тиҷорат ва сармоягузории байналмилалӣ мебошад. Дар баробари он ба таъмини устувории муҳити иқтисодӣ ва бартараф кардани мушкилотҳо дар системаҳои гуногуни иқтисодӣ байни ҶХХ ва кишварҳои АСЕАН мебошад. Илова бар ин, ҳамгироӣ байни давлатҳо ба коҳиши мушкилоти гуногуни иқтисодӣ дар минтақа, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши рушди иқтисодӣ мусоидат кардааст. Бояд хотиррасон кард, ки ҳамгироии давлатҳо боиси таҳкими робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангии байни ҶХХ ва кишварҳои АСЕАН шудааст. Ҳамгироии ҶХХ бо АСЕАН инчунин омили таҳкими амният ва субот дар минтақа ба шумор меравад.

 

Соҳиби Баҳруло,

ходими илмии шуъбаи

Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ

 

БОЗГАШТ