ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ

Муаллиф: Қурбонзода Фарида

Расм

Барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025-2030 дар Тоҷикистон Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шуданд”.

Эмомалӣ Раҳмон

   Дар чанд садсолаи охир рушди илм ба ташаккулии технологияҳои гуногун замина фароҳам овардааст. Дар ин қарина бо истифода аз технологияҳои муосир коркарди иттилооот, тавлидоти  ва паҳн намудани он дар ҷомеа ба роҳ монда шуда, андеша ва назарияҳои илмӣ сол то сол такмил ёфтанд. Ҳамзамон технологияҳои муосир барои суръат бахшидан ба рушди давлатҳо  мусоидат менамояд. Маҳз чунин раванд шароит фароҳам овард то инсонҳо таввасути технологияҳои муосир ба илму афкори донишмандони асрҳои пеш дастрасӣ пайдо намуда, ҳамзамон дар заминаи таҳлилу баррасӣ онҳоро такмил ва коркард намоянд. Зеҳни сунъӣ ин фанновариест, ки ба компютерҳо ва системаҳо қобилияти иҷро кардани вазифаҳое медиҳад, ки қаблан танҳо инсонҳо метавонистанд онҳоро иҷро кунанд. Ба ин вазифаҳо шомиланд: шинохтани садо, акс, матн, қабули қарорҳо ва ҳатто пешгӯии рӯйдодҳо. Ҳадафи асосии зеҳни сунъӣ ин ба системаҳо омӯзонидани қобилиятҳои “фикр кардан” ва “омӯхтан” аст. Аслан, зеҳни сунъӣ ба кам кардани истифодви қувваи меҳнат тавассути технология оварда мерасонад. Яъне,  меҳнат ҳамчун раванд бештар тавассути технологияи рақамӣ ва компютер идора ва амалӣ мегардад.

   Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аввалин кишварест, ки Стратегияи рушди зеҳни сунъиро 29 - уми сентябр соли 2022 қабул кардааст. Ин Стратегия то соли 2040 - ро дар бар мегирад ва масъули иҷроиши он  Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон мебошад. Коршиносони соҳа аз ин иқдоми Ҳукумати кишвар ҷонибдорӣ намуда, бовар доранд, ки акнун Тоҷикистон қадами асосиро ҷиҳати рушди рақамикунонии иқтисод мегузорад. Ҳоло дар Душанбе марказҳои таҳияи барнома ва кор дар самти зеҳни сунъӣ аллакай амал мекунанд. Яке аз онҳо «TajRupt» — нахустин лаборатория ё маркази зеҳни сунъӣ аст, ки дар Осиёи Марказӣ онро беназир медонанд. Гуфта мешавад, ки «TajRupt» бо дастгирӣ ва мусоидати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва иқдоми ҷавони тоҷик Азизҷон Азимӣ, ки хатмкардаи Донишгоҳи Гарварди Амрико мебошад, таъсис ёфтааст.
Дар доираи стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Точикистон аллакай кор оид ба ҷорӣ намудани технологияхои нав ба системаи таълимӣ огоз шудааст. Аз моҳи сентябри соли 2025 дар 10 мактаби кишвар дарсҳои омӯзиши зеҳни сунъӣ дар ҳолати озмоишӣ оғоз мешаванд.

Истифода аз неруи зеҳнии олимону пажуҳишгарон ҳамеша натиҷаи баланд медиҳад. Зеҳни сунъӣ низ як навъ ихтирои инсон аст, ки бо тақлид ба зеҳни инсоният фаъолият менамояд ва имрӯз барои кулли башар чизи хеле муҳим ва зарурӣ гардидааст. Олимону  муҳаққиқон истифода аз зеҳни сунъиро дар тамоми соҳаҳо хеле зарур ва муҳим меҳисобанд. Дар аксарияти кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон татбиқи он ба ин ё он соҳа натиҷаи хуб додааст.

Дар бозори меҳнат ба зарфияти зеҳнии инсонҳо, ки бо илмҳои муосир шакл гирифтааст, эҳтиёҷ бештар мегардад.  Зеро имрӯз бо истифода аз зеҳни сунъӣ, компютер зарфияти коркарди миллионҳо мегабайт  иттилоотро дар як сония дорад, ки инсон дори чунин зарфият нест. Аз ин рӯ дар раванди ташаккули технология ба инсонҳои донишманд бештар такя карда мешавад, аммо дар ҳама давлатҳо дар самти омода намудани мутахасисони сатҳи баланд мушкилоти ҷиддӣ вуҷуд дорад.

Тамоми таҳқиқот ва омӯзишу пажӯҳишҳое, ки олимону муҳақиқон онро анҷом медиҳанд, дар оянда имкон медиҳад то зеҳни сунъӣ бо истифода аз онҳо аз ҳар ҷиҳат аз инсон бартарӣ бошад. Зеро зеҳни сунъӣ бо истифода аз ин дастовардҳои илмӣ ва қобилияти ҳифзу таҳлили миқдори зиёди иттилооту маълумот зарфияти анҷом додани амалҳое, ки инсон дар амалӣ намудани он оҷиз аст, соҳиб мегардад. Чунин як зарфият имкон медиҳад, то дар бисёр соҳаҳо зеҳни сунъӣ инсонро иваз намояд.

Мақсади зеҳни сунъӣ таҳияи алгоритмҳо ва амсилаҳое мебошад, ки метавонанд зеҳни инсонро тақлид кунанд ва вазифаҳои гуногунро ҳал кунанд. Ба вуҷуд овардани системаҳои зеҳни сунъӣ барои иҷрои вазифаҳое, ки ҳарчанд барои инсонҳо осон ва табиӣ мебошанд, барои мошинҳо ва алгоритмҳо бо истифода аз усулҳои дарёфт ва таҳлил маълумот, омӯзиш ва истилоҳот, қароргирӣ ва дигар вазифаҳои иншоотӣ имконпазир аст.

Ҳоло, якчанд мутахассисон дар соҳаи илмҳои компютерӣ кӯшиш доранд, ки зеҳни сунъӣ-и қавӣ (AGI – Artificial General Intelligence) созанд, ки қодир бошад мисли инсон фикр кунад ва ҳамаи вазифаҳоро иҷро намояд. Аммо, то имрӯз чунин зеҳни сунъӣ вуҷуд надорад ва вақти зарурӣ барои эҷод кардани онро низ маълум нест.

Истифодаи зеҳни сунъӣ метавонад дар соҳаҳои гуногун алоқамандӣ дошт:

1. Тиб: Ташхиси бемориҳо, таҳияи доруворӣ, ҷарроҳии роботӣ, таҳлили тасвирҳои тиббӣ.

2. Тиҷорат ва молия: Пешгӯии бозор, худкорсозии хидматрасонӣ ба мизоҷон, ошкор кардани қаллобӣ.

3. Нақлёт: Мошинҳои худидорашаванда, беҳтарсозии боркашонӣ, системаҳои нақлиёти интеллектуалӣ.

4. Маориф: Омӯзиши фардӣ, таҳқиқи худкори вазифаҳо, омӯзгорони маҷозӣ.

5. Маркетинг: Таҳлили рафтори истеъмолкунандагон, чат-ботҳо, маъракаҳои таблиғотии зеҳни сунъии худкор.

6. Саноат: Зеҳни сунъӣ дар равандҳои кории роботҳои техникӣ, пешгӯии хизматрасонии техникӣ, назорати сифат.

7. Амният: Шинохти чеҳраҳо, киберамният, таҳлили рафтори корбарон.

Зеҳни сунъӣ ва технологияҳои марбут ба он дар ҷаҳони муосир як қисми ҷудонашавандаи рушди илмӣ ва технологӣ мебошанд. Ин технологияҳо дар ҳолати кунунӣ бо суръат рушд мекунанд ва таъсири амиқе ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти инсонӣ доранд. Истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои гуногун на танҳо барои пешрафти технологӣ, балки барои рушди иқтисоди рақамӣ ва таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ аҳамияти калидӣ дорад. Дар соҳаи тиҷорат ва молия, истифодаи зеҳни сунъӣ дар таҳлили рафтори истеъмолкунандагон ва пешгӯии раванди бозор, он метавонад шароити беҳтаре барои фаъолиятҳои тиҷоратӣ ва стратегияи иқтисодӣ муҳайё кунад, ки дар натиҷа ин ҳолат ба суръат ва самаранокии рушди иқтисодӣ мусоидат кунад. Технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи нақлиёт ва инфрасохтор ҳам бо истифода аз нақлиёти худидорашаванда ва системаҳои интеллектуалӣ барои идоракунии роҳҳо ва ҳаракати одамон ва борҳо, қобилиятҳои зеҳни сунъӣ дар бораи таҳлили маълумотҳои нақлиётӣ барои беҳтар кардани системаи нақлиёт таъсири амиқ хоҳанд дошт.

Соли 1956 дар Коллеҷи Дармути ИМА муҳаққиқи америкоӣ Ҷон Маккарти (1927 - 2011) дар конференсия бахшида ба механикунонии зеҳн аввалин шуда, истилоҳи «зеҳни сунъи» - ро истифода намуд. Соли 1958 барномасозии зеҳни сунъӣ бо номи «Лисп» пешниҳод гашт. Ин барнома дорои хусусиятҳои зерин буд:
- шакли синтаксиси ягонаи сабти барнома ва маълумотҳо;
- нигаҳдории автоматии идоракунӣ;
- системаи макросҳо, «конструксияи забонӣ»;
- сохтори пурқуввати маълумотҳо;
- барномасозии функсионалӣ.

Муаллифи ин забони зеҳни сунъӣ бо номи «Лисп» муҳаққиқи ИМА Ҷон Маккарти буд. Муҳаққиқони зеҳни сунъӣ чунин мешуморанд, ки ин барнома кӯҳна шудааст, вале дар бисёр барномасозии саноатӣ ҳоло ҳам аз он истифода мебаранд.

Ширкати америкоии OpenAI барномаеро бо номи ChatGPT коркард намудааст, ки  абзори зеҳни сунъӣ буда, худаш матн менависад. Олимони америкоӣ Ҷон Фон Нейман ва Ноберт Винер ҳамчун асосгузорони илми кибернетика ва назарияи зеҳни сунъӣ маҳсуб меёбанд. Соли 1965 олими америкоӣ Герберт Сайман пешгӯӣ намуд, ки дар давоми 20 – соли охир мошинаҳо тамоми он корҳое, ки одамон қобилият доранд, иҷро менамоянд.

  • Соли 1965 якумин роботи ёрдамчӣ бо номи Элиза ихтироъ гардид, ки бо забони англисӣ гап мезад.

  • Дар солҳои 70-уми асри 20 Вазорати мудофиаи ИМА лоиҳаи маҷозии харитаҳои кӯчаҳоро ба моннди GPS коркард намуд.

  • Соли 1969 дар Донишгоҳи Стэнфорд роботро бо зеҳни сунъӣ бо номи Шейки ихтироъ намуданд, ки мустақилона ҳаракат мекард, маълумотҳоро дарк менамуд, вазифаҳои начандон мураккабро иҷро менамуд.

  • Соли 1997 барномаи маълуми шоҳмотбозӣ «Дип Блю» сохта шуд, ки шоҳмотбози машҳр Гарри Каспаров бо он бозӣ намуд.

  • Соли 1989 бошад барномаи дигари зехни сунъӣ Deep Thought гроссмейстери байналмилалӣ Бент Ланерсро дар бозӣ бурида. ҳамин тавр зеҳни сунъӣ аз тафаккури инсон пеш рафт.

Дар замони шуравӣ академики Академияи илмҳои ИҶШС (СССР) Поспелов Г.С. навишта буд: «Ба таври оммавӣ ворид намудни мошинаҳои электорнии ҳисоббарор ва роботҳо дар хоҷагии халқ, низоми идоракунӣ, раванди лоиҳакашӣ ва сохтори низоми нави техникӣ зеҳни сунъиро дар мадди аввал гузошта, ба бунёди низоми саноати интеллектулӣ оварда расонид». Ҳамин тавр, дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ аввалин компютер бо номи «Агат» дар асоси микропротсессори APPIE ихтироъ шуд. Маҳз, пайдоиши компютерҳо ба рушди зеҳни сунъӣ роҳ кушоданд. Ба он таҳқиқоти математик в криптогарфи англис Алан Тюринг (1912-1954) - бо номи «Бозии интеллектуалии шоҳмот» асос гузошт.

Аз рӯи пешгӯиҳои Рэймонд Курствейл то соли 2029 зеҳни сунъӣ тести Тюринро гузашта, онро аз шуури инсонӣ фарқ карда намешавад. Тести Тюринг соли 1950 аз ҷониби Алан Тюринг барои фарқ кардани зеҳни сунъӣ аз шуури одам пешниҳод гашта буд. Дар баробари ин дар шароити муосир яке аз масоили мураккаб ин таъмини амнияти иттилоотӣ ҳангоми истифодаи зеҳни сунъӣ мебошад, чунки фарқияти байни зеҳни сунъӣ аз ақли инсон хеле душвор мегардад.

Айни замон давлатҳои пешқадам дар соҳаи зеҳни сунъӣ инҳо мебошанд:

1.ИМА
2.Иттиҳоди Аврупо
3.Хитой
4.Исроил
5.Британияи Кабир.

Махсусан дастрасии кушод ва истифодаи нодурусти зеҳни сунъӣ хатари бузург дорад, чунки исботи хавфҳои зеҳни сунъӣ хеле кам аст. Моҳи ноябри соли 2023 дар ИМА, Иттиҳоди Аврупо, Британияи Кабир, Хитой, ҳамагӣ 28 давлатҳои ҷаҳон Эъломияи хатари зеҳни сунъиро бо номи «Эъломияи Блетчли» қабул намуданд.
Дар сегонаи мутахассисони машҳури зеҳни сунъӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ инҳо шинохта шудаанд:
1.Элли К.Миллер – соҳибкорзан, мушовир, сармоягузори зеҳни сунъӣ дар ширкати бузурги Амазон.
2.Эндрю Н. – мутахассиси барҷастаи зеҳни сунъӣ, асосгузор ва директори генералии ширкати Deeplearning ва Landing AI, профессори факултети илмҳои компютерии Донишгоҳи Стэнфорд, муаллифи 200 - корҳои таҳқиқотӣ оид ба зеҳни сунъӣ.
3.Бернард Марр – нотиқ, муҳаққиқи зеҳни сунъӣ, мушовири масъалаҳои стратегии бизнес ва технология дар ташкилотҳои ҳукуматӣ ва тиҷоратӣ.

Дар шароити муосир ширкатҳои Хитой ва Ҳиндустон 60 % аз  неруи зеҳни сунъӣ истифода мебаранд. Дар Канада 28 %, дар Британияи Кабир 26 %, дар ИМА 25 %, дар Австралия 24% аз зеҳни сунъӣ истифода мебаранд. Дар дурнамо то соли 2027 80 % амалиёти савдо ба воситаи зеҳни сунъӣ мегузаранд. То соли 2030 аз се як ҳиссаи ҷойҳои кори автоматӣ мегарданд. Дар ИМА то соли 2030 ҳафтоду се миллион одамон ва дар Ҳиндустон яксаду бист миллион одамон бекор мемонанд. Рушди зеҳни сунъӣ касбҳои муҳосиб, маъмури корхона ва хизматчиро зери хатар мемонад. То соли 2044  гардидани автоматии ҷойҳои корӣ 2030 фоиз (ду ҳазору сӣ) ба назар аст, ки боиси бекории умумиҷаҳонӣ мегардад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи самараноки зеҳни сунъӣ ва татбиқи он «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»-ро қабул намудааст, ки дар ин замина аллакай якчанд корҳо ба анҷом расонида шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябри соли 2023 дар саммити Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) дар шаҳри Боку зимни суханронӣ чунин изҳор намуданд: «Дар марҳалаи дар пеш истода дар амал татбиқ намудани зеҳни сунъӣ метавонад яке аз самтҳои дигари ҳамкорӣ дар доираи Барнома бошад.  Дар чорчӯбаи “Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040”, ки соли гузашта қабул гардидааст, кишвари мо дар ин самт иқдомоти мушаххас андешида истодааст. Пешниҳод дорем, ки  дар пойтахти Тоҷикистон Маркази СПЕКА оид ба рушди зеҳни сунъӣ таъсис дода шавад. Истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ ҷузъи таркибии рушди иқтисоди кишварҳои мо мебошад. Мо дар Тоҷикистон барои марҳала ба марҳала рақамӣ кардани ҳамаи соҳаҳои иқтисод, идораи давлатӣ ва тиҷорат саъю талоши зарурӣ ба харҷ дода истодаем. Консепсия ва Барномаи рушди «иқтисоди рақамӣ» қабул шудаанд. Пешниҳод дорем, ки дар чорчӯби Барномаи СПЕКА ҳамкории ҷонибҳо барои рақамикунонии мубодилаи гуногунвасилаи маълумот ва санадҳо оид ба самтҳои транзитӣ дар долонҳои минтақавии нақлиётӣ фаъол карда шавад».

Дар баробари ин барои рушди зеҳни сунъӣ дар мамлакат соли равон бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» номинатсияи «зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» илова карда шуда, 24 ҷой барои ғолибон муайян карда шуд, ки ин ҳам ба рушди соҳа мусоидат менамояд.

Ҳаминро илова намудан зарур аст, ки дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон низ ихтисоси “зеҳни сунъӣ” таъсис дода шудааст. Омӯзгорони соҳа дар Ҷумҳурии Корея ва Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба зеҳни сунъӣ аз такмили ихтисос гузаштанд. Ҳамчунин Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо озмоишгоҳи зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ – zypl.ai доимо дар ҳамкорӣ буда, мутахассисонро пайваста барои малакаи касбӣ ва такмили дониш мефиристад.

Феълан дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон маркази зеҳни сунъӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ва озмоишгоҳи зеҳни сунъӣ таъсис дода шудааст, ки пурра бо технологияҳои ҳозиразамон таъмин мебошад. 
Вобаста ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷмҳурии Тоҷикистон аз 28-ми деабри соли 2024 дастур доданд: «Дар ин раванд, муҳайё кардани шароити беҳтарин барои тарбияи кадрҳо, пешниҳод намудани имтиёзҳои гуногун, ҳавасмандгардонии мутахассисони самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ зарур дониста мешавад. Дар робита ба ин, пешниҳод мегардад, ки дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таъсис дода шавад. Ба ин донишгоҳ мақоми пойгоҳи асосии тайёр кардани мутахассисони самти мазкур дода, илова бар ин, дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар факултаю кафедраҳои дахлдор таъсис дода шаванд. Вазорати маориф ва илм ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, дигар вазорату идораҳои марбута дар муҳлати чор моҳ лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии заруриро доир ба ин масъала таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд»[1]

Ҳамин тариқ, зеҳни сунъӣ боиси пешрафти иқтисодӣ гардида, дар баробари ин омодасозии кадрҳо, таъмини амнияти иттилоотӣ ва ҷустани роҳҳои хавфи онро тақозо менамояд.

 

ҚУРБОНЗОДА Фарида

ходими илмии шуъбаи ИДМ – и 

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

ДОСТИЕВА Дилафруз

ходими хурди илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии – и 

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ