АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Зиндагиномаи Рашидуддини Ватвот

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Номи Рашидуддини Ватвот бештар дар атрофи дарбори давлати Хорзмшоњиён ёд карда мешавад. Ӯ яке аз ҳамасрони Султон Санҷари Салҷуқӣ (479-551ҳ/1086-1156м) ва Султон Отсизи Хоразмшоҳӣ буда, дар он даврон мақому манзалати хосе дошт. Таваллуди ӯ дар соли 1087 м. (480 ҳ.) дар шаҳри Балхи Афғонистон иттифоқ афтода [9.8/397], аммо бештари умри худро ӯ берун аз он дар дарбори Хоразмшоҳиён сипари намуда аст.
Номи пурраи Ватвот дар асоси ишороти худи ӯ дар расоилаш чунин омадааст: Муҳаммад ибни Муњаммад ибни Абдулҷалил ал-Умарӣ ар-Рашидӣ ал-Котиб [6.63], Котиби Балхӣ, машҳур ба Рашидуддини Ватвот. Ӯ адиб, шоир ва котиби шинохтаи қарни шашуми ҳиҷрӣ (12м) мебошад [9.8/397]. Ёқути Ҳамавӣ насаби гузаштаашро ба Умар ибни ал-Хаттоб (р) - дуюумин халифаи исломӣ баъди ҳазрати Абубакр (р)- мерасонад.
Шаҳри Балх аз поёни асри XI то нимаи дуюми асри XII яке аз бузургтарин ва ободтарин шаҳрҳои Хуросон ба шумор мерафт. Рашидуддини Ватвот низ аз шогирдони мадрасаҳои Балх дар мадрасаи “Низомия” назди Абусаъд Ҳаравӣ таҳсил гирифтааст, ба ҳисоб меравад, ки дар он ҷо устодони моҳир шогирдони зиёдеро дар ҳар улум тарбия мекарданд [5,74].
Рашидуддини Ватвот яке аз шахсиятҳои аҷоибу нодири он аср ва ягонаи замони худ буд. Ӯ дар назму наср беҳтарини мардумони замони хеш ва донотарини онон ба нозукиҳои нутқ, асрори сарфу наҳви арабӣ ва адабиёти арабу форс шуҳрат дошт. Ва овозаи маҳорату дониши ӯ дар саросари ҷаҳони ислом вирди забонҳо гашта буд [4.5/430]. Ӯ дар як замоне метавонист дар баҳри байте ба арабӣ ва дар баҳри дигари он ба форсӣ шеър эҷод карда бигӯяд ва ҳамзамон ҳардуро ҳам имло (талқин) кунад [4.5/430].
Аз сабаби хурду заиф будани ҷисмаш,  ӯро лақаби "Ватвот" доданд, ки ин калимаи арабї буда, як навъ паррандаи хурдеро мемонад, ки онро «хаттоф» ё «хаффош» ва «кӯршабпарак» низ  мегӯянд [9.8/397]. Аз ин рӯ, дар ашъори ҳамзамононаш ба ин унвон аксар вақт ёд шудааст [8.3/367].  Сайид Ҳасани Ғазнавӣ дар қасидае, ки ба ситоиши Баҳромшоҳ бахшидааст, дар посух ба Рашидуддин ӯро бо лақаби «Ватвот» ном мебарад [7.324]:

         Худойгоно, шеъре зи гуфтаи Ватвот,
         Ки карда буд радифаш зи имтиҳон оташ [3.102].
         Басони тӯтӣ чун табъи ман шакар хояд,
         Зи рашк гирад Ватвотро равон оташ [3.103].

Инчунин ба номи «Рашид» низ дар ашъори баъзе ҳамасронаш зикр шудааст. Масалан, Адиб Собир мегӯяд [7,324]:

        Шеъре, ки туро Рашид гуфтааст,
        Гуфтанд, ки «баҳри» ӯ чунин аст [1,511].

Муҳаммади Хоразмшоҳ, ки марди одил, некӯсират ва адабпарвар буд, дар соли 522 ҳиҷрӣ (1128 милодӣ) даргузашт. Писараш Отсиз ба мақоми ӯ таъин карда шуд. Отсиз як марди шуҷоъ, бебок, одил, шеърпарвар, карим ва ҷавонмард буд, ки номи неку зикри хайри Отсизро раиси девони иншо ва маддоҳи махсусаш, Рашидуддини Ватвот дар ашъори форсӣ ва арабии худ ҷовидонӣ кардааст. Ин шоир ва нависандаи забардаст дар назму насри ҳарду забон, яъне форсӣ ва арабӣ дар замони худ камтар назир дошта ва ба фармони Отсиз ба таълифи китоби бисёр машҳури худ, “Ҳадоиқ-ус-сиҳр фи дақоиқ-уш-шеър” даст задааст.
Аз ин ҷиҳат, тавсифи адолатпарварӣ ва ҷасорати Отсиз хоссаи ашъори Рашидуддини Ватвот набуд. Чунин ситоишро дар баъзе ашъори замони Санҷар ба монанди Адиб Собир ва Хоқонии Шервонӣ низ дидан мумкин аст.
Шаҳри Гургон яке аз марказҳои бузурги илм ва адабиёт дар давраи салтанати Отсизи Хоразмшоҳӣ ва макони ҷамъомади бисёр бузургони илму адаб буд. Махсусан нақши Отсиз дар ҷалби аҳли фарҳанг ва дониш дар ин шаҳр хеле назаррас буд. Чунонки дар соли 536 ҳиҷрӣ (1141 милодӣ), маконеро, ки пас аз шикасти Султон Санҷари Салҷуқӣ аз дасти Қарахитоиён, бар Хуросон забт карданд, як гурӯҳ олимонро аз он сарзамин бо худ ба Хоразм бурд. Яке аз бузургони даврони Рашидуддини Ватвот имом, аллома, нависандаи тафсири маъруф, граматика, луғат ва адабиёт Ҷоруллоҳ Абулқосим Маҳмуд ибни Умари Замахшарӣ (538ҳ./1143м.) ва инчунин Зайнуддини Ҷурҷонӣ “Гургонӣ” (ваф. 531 ҳиҷрӣ 1136 милодӣ), яке аз табибони бузурги замони Отсиз ва падараш Қутбуддин Муҳаммад буд. Ва Сайид Исмоили Ҷурҷонӣ муаллифи китоби машҳури «Захираи Хоразмшоҳӣ» дар соҳаи тиб, онро ба номи Қутбуддини Муҳаммад навиштааст ва баъдтар асарро бо фармони Отсиз мухтасар карда, ба номи Ало-уд-давлати Отсиз сохтааст [9,8/237-238].
Шуҳрату забардастии Рашидуддини Ватвот дар даврони хидматаш дар салтанати Хоразмшоҳӣ аз талошҳои ҳосидон ва тӯҳматҳои душманон дар амон намонд. Ин раванд то ҷое расид, ки ӯро замоне аз даргоҳи подшоҳ барканор карда буданд. Аммо шоире, ки аз андешаи кушода ва озодандешӣ бархӯрдор буд, ба монанди Ғаззолӣ, Саноӣ ва Носири Хисрав, натавонист инзиво (гӯшанишинӣ) ва каноранишиниро ихтиёр кунад. Баръакс, ӯ фавран роҳи ҳалли масъаларо ҷӯст ва бо эҷоди шеърҳо бар зидди душманон мубориза бурд ва ба муҳаббати Султон даст ёфт [9,8/238], чуноне дар як қасидааш дар мадҳи Отсиз мегӯяд [3,355]:

        Худойгоно, мани бандаро зи қаҳри аду,
        Ҳаме бисузад ҷону ҳаме бикоҳад тан.
        Зи нози дӯст ҳамегаштаме малулу кунун,
        Чигуна сабр кунам бо шамотати душман?.
        Маро мабод фаромӯш ҳаққи неъмати ту,
        Агар турост фаромӯш ҳаққи хидмати ман.

Ӯ дар як шеъри дигар ба мақом ва арзиши илмӣ ва фарҳангии худ ишора карда мегӯяд [3,361]:

        Аз назми ман баранд баҳри хуттае ёдгор,
        В-аз насри ман баранд баҳри буқъае достон.
        Ҳам котиби балиғаму ҳам шоири фасеҳ,
        Ҳам соҳиби баёнаму ҳам соҳиби банон.
        Абрест табъи ман, ки зи борони илми ӯ,
        Оростааст арсаи гетӣ чу бустон.
        Қавме, ки бастаанд миён бар хилофи ман,
        Ҷӯянд номи хеш ҳаме андар он миён.

Рашидуддини Ватвот дар ашъори зерин дар 14 абайт хислатҳои ахлоқии худро номбар карда, айни замон аз азобу таассуроти зиёди модарашро дар ғами ҳиҷрони фарзандаш ёдовар шудааст, дар васати як шеъраш, ки яке аз вазиронро мадҳ менамояд чунин мегӯяд:
        Садро, ба фарри ту, ки наҳиштам ба умри худ,
        Арзи каримро ба ҳаво дар кафи ҳавон...
        З-онҳо ним, ки бар дари ҳар кас кунам қарор,
        Ҳамчун сагон зи баҳри як пораи устухон.
        Гар мол нест, ҳаст маро фазли бешумор,
        Вар сим нест, ҳаст маро илми бекарон [3,367]...
        Ҳоли шигифт дидаам имрӯз ман аз ӯ,
        Валлоҳи! ки нест ҳеҷ хилоф андарин миён.
        Шуд ногаҳон зи азми ман огоҳ в-аз ҷазаъ,
        Хуннок шуд ду гавҳари тобонаш ногаҳон [3,370]:.

Биноан бар маълумоти сарчашмаҳои боэътимод устод Бадеъуззамон Фурузонфар Ёқут ал-Ҳамавӣ, ба хулосае омаданд, ки Рашидуддини Ватвот дар соли 573 ҳ. (1178 м.) даргузашта [1,513] ва дар Гургони Хоразм ба хок супорида шуд [8,3/367].  Ӯ аз умри дароз бархурдор буда, дар ин муддат асарҳои гаронқадрро аз худ ба ёдгор гузоштааст [9,8/398-399].
Пажӯҳишгари машҳури эронӣ Саид Нафисӣ чунин меорад: «Чун бархе аз тазкиранависон навиштаанд, ки вай 97 сол дар љањон мондааст ва дурусттарин гуфтор дар бораи марги вай соли 573 ҳ. (1177 м.) аст, мебоист дар соли 476 ҳ. (1080 м.) ба љањон омада бошад» [2,3].
 
Одинаев Абдуҳалим,
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
 
 
  1. Девони Адиб Собири Тирмизӣ. Тадқиқи Муҳаммад Алӣ Носиҳ. Муассисаи нашрияҳои илмӣ, бе таърих ва чоп, 1 ҷилд дар 672 саҳифа. Саҳ.
  2. Девони Рашидуддини Ватвот. Таҳқиқи Саид Нафисӣ. Чопи Теҳрон, Шоҳобод, соли 1339. Як муҷаллад дар ҳаҷми 738 бо китоби Ҳадоиқу-с-сиҳр. Саҳ. 3.
  3. Дивони Сайид Ҳасани Ғазнавӣ. Бо лақаби Ашраф. Тадқиқи устод Сайид Муҳаммад Тақий Мударрис Разавӣ. Чопи 2, 1362 ҳиҷрӣ, ширкати Интишороти Асотир. 1 ҷилд дар 463 саҳифа. Саҳ.
  4. Луғатномаи адибон ё ҳидояткунандаи ариб ба шинохти адиб. Абуабдуллоҳ Ёқут ибни Абдуллоҳ ар-Румии ал-Ҳамавӣ. Чопи Дор-ул-кутуб ал-илмия, Бейрут, 1411ҳ/1991м, 5 ҷилд. Қисми 5 дар 654 саҳ. Саҳ: 5/430.
  5. Мақоми Абдулвосеи Ҷабалӣ дар адабиёти асри xii форсу тоҷик. Рисолаи илмии номзади илми филология. Собиров Ҳамза Юсуфович. Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон. Душанбе 2018. Як ҷилд дар 202саҳифа. саҳ.
  6. Матлуб куллу толиб мин каломи Алӣ ибн Абутолиб, Рашидуддин Ватвот. Таълиқоти Маҳмуд Обидӣ. –Теҳрон, 1374 с. саҳ. 63.
  7. Сухан ва Суханварон. Бади-уз-замон Форузонфар. Нашриёти Заввор, Теҳрон, 1387, ҷилди 1, дар 690 саҳифа. Саҳ
  8. Таърихи адабиёти араб аз асри панҷуми ҳиҷрӣ то фатҳи Усмонӣ. Умар Фаррух. Нашрияи Дор-ул-илмӣ лилмалоини Бейрут, Чопи1989, дар 6 ҷилд, қисми 3 дар 998 саҳифа. Саҳ 3/367.
  9. Таърихи иҷтимоии Эрон. Муртазо Ровандӣ. Чопи муассисаи интишороти Нигоҳ, Теҳрон -1374, 12 ҷилд. Ҷилди 8, бахша аввал - Ҳаёти адабии мардуми Эрон - дар 649 саҳифа. Саҳ. 8/398-399.
 

БОЗГАШТ