АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Зиннати бебаҳси либоси миллӣ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Ҷомеа пеш меравад, садҳо чиз шакли дигар мегирад, чизе нест мешавад, чизе пайдо мешавад. Ин қонунест табиӣ. Вале боз дар зиндагӣ чизҳое ҳастанд, ки новобаста бо гузаштани вақт ба қадри онҳо чун ба қиматҳои арзишманди миллӣ расем, онҳо зиндагии моро зеботар, пурмаънотар, ҷилодор ва хоса мекунанд. Онҳо на танҳо намояндаи кадом қавму миллат будан ва чи гуна завқ доштани моро то андозае муайян месозанд, балки боз чун  сарвати гаронбаҳое мешаванд, ки  бо ифтихор метавонем  ба наслҳои дигар мерос гузорем ва бо ин васила умри анъанаҳои миллиро аз кӯтоҳ шудан боздорем.

Ҳоло на давраи қадим асту на асрҳои миёна. Аллакай қариб ду даҳсола мешавад, ки мо вориди ҳазорсолаи нав шудаем. Лекин бо вуҷуди ҳамаи ин мо ҳеҷ ҳуқуқи маънавӣ надорем, ки ба гузашта даст афшонда, худро дар ҳолати аз гузашта мутлақо ҷудо нишон диҳем. Ин коре хоҳад шуд нобахшиданӣ. Таъкид мекунем, ки ҳатто аз хурдтарин ҷузъиёти мусбати анъанаҳои асрҳо суфташуда ва қобили қабулгашта ба хотири ягон чизи наве, ки хоси мардуми мо нест, даст кашидан, сангпартоиест ба сӯйи он обурӯю эътиборе, ки худамон дар давоми асрҳо ба даст овардаем.

Ҳоло ҳадафи мо ёдовар шудан аз либоси миллист, дақиқтараш аз либоси занонаи миллӣ. Албатта, либоси шинаму зебо инсонро зеботар, ҷаҳони зоҳирии ӯро рангинтар, дилкаш ва ҳатто мафтункунанда менамояд. Ин ҷо ҳеҷ зарурати баҳс кардан нест. Вале имрӯзҳо мушоҳида мешавад, ки  баъзе занону духтарон аз тарзи маъмулии рӯймолбандӣ ба сар  даст кашида, сатрбандиро афзалтар мешуморанд. Бо ибораи дигар ин корро барои худ як навъ мӯд пиндошта, аз дигар занҳо ва духтарон фарқ доштанашонро ошкоро намоиш доданӣ мешаванд. Аввал бояд хотиррасон намоем, ки инсон, аз ҷумла занҳо қабл аз ҳама бояд олами ботинии худро ғаниву зебо созанд. Чун олами ботинӣ аз ҳар лиҳоз зебо шуд, пӯшида намемонад, ки нишонаи оқилӣ ин ҷо ҷой ёфтааст ва ин чиз  худ талаб мекунад, ки бо кадом фаҳмиш ва ҳавсала олами зоҳирӣ низ ороста шавад. Мо ин ҷо дар он хусус баҳс карданӣ нестем, ки сатрбандӣ ҳусни занро афзун мекунад, ё коҳиш медиҳад. Ин ба завқи худи сатрпӯш ва касе, ки сӯи ӯ нигоҳ мекунад вобаста аст. Ғайр аз ин  бояд ба инобат гирем, ки агар барои қавме сатр пӯшидан вобаста ба анъанаҳои миллии кайҳо қабулу маъмулӣ шуда бошад, бигзор онро идома диҳанд, вале барои мардуме, ки то имрӯз гузаштагонашон ҳеҷ гоҳ одати сатрпӯшӣ надоштанду имрӯз ҳам бо далеле даъвои пештар доштанро надоранд, пас  бо кадом баҳона рӯ ба сатр меоранд.

Тарзи рӯймолбандӣ асрҳо миёни занони тоҷик ҷойдошта чӣ иллате дошта бошад, ки баъзе занону духтарон онро писанд намекунанд. Дар он шакле, ки аҷдодони мо то имрӯз ба сар рӯймол бастаанд, аз кадом паҳлуе, ки нигоҳ накунем, айбе надорад, баръакс аҷаб хушнамову шинам аст. Новобаста аз он, ки сатр бастан зебо менамояд, ё не ҳар як касе, ки аз занҳои мо эҳтиром ба одати либоспӯшии миллӣ дорад,  набояд ба воситаи либоспӯшии дигар мардумонро бе ягон сабаби ҷиддӣ, ё тақозои вақту вазъият тақлид кардан, фирефтаи рафторе шавад, ки фақат онро ба ҷуз худро намоиш додан  дигар чизе гуфтан  душвор шавад.

Мо дар мамлакате зиндагӣ мекунем, ки мутобиқи конститутсияи он соҳиби ҳама ҳуқуқҳо ҳастем. Имконияти дар донишгоҳи дилхоҳ таҳсил намудан, касби дилхоҳро аз худ кардан, дар вазифаҳои гуногун кор кардан, озод изҳори хоҳиш кардан, зери ҳимояи давлат будан ва мисли инҳоро дорем. Яъне майдони амал ва ба орзуҳои худ расидан хеле ҳам фарох аст. Ин қадар бартариҳо ва сабукиҳоро соҳиб будан худ бахти баланд аст. Ниҳоят муҳим ин аст, ки пас аз талошу ҷадалҳои зиёду сангин оромие насибамон шудааст, ки  садҳо ҳазор ва ҳатто миллионҳо ашхоси дигар мамлакатҳои пурфоҷиаву фардояш норавшан  рӯзу шаб орзу мекунанд. Чаро аз ин оромии руҳбахш шукрона карда, андешаи онро накунем, ки нангбардори миллати бофарҳангамон набошем. Чаро талоши онро накунем, ки ба воситаи меҳнат, мубориза, хушбаёнӣ, хушмуомилагӣ, дурандешӣ ва дар бар доштани қабои зебои миллӣ эътибори фарҳанги худро даҳчанд накунем? Дар айни ҳол ёдовар мешавем, ки ин маънои аз олами берун бехабар шуданро надорад. Чун тавонем ба қадри дастовардҳои миллии худ  бирасем он гоҳ баробари замон қадам мондан, ки касе ё чизе ба он имрӯз монеа нест, бароямон осонтару гуворотар менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  моҳи июли соли 2017  махсус ба мо занон муроҷиат карда, дилсӯзона гуфтанд, ки як бор ба тарзи либоспӯшӣ, аз ҷумла рӯймолбандии бибиҳову модарони худамон нигоҳ кунем, магар нуқсоне дорад. Чи айбе он ҷо ба назар мерасад, ки боиси ор бошад? Чӣ зарурати хориҷиёнро тақлид кардан аст? Мо аз сарватҳои фарҳангии худамон ор не, балки бояд фахр кунем. Мо ин таъкидро чун ғамхорие нисбат ба қадрдониву нигаҳдории анъанаҳои миллӣ бояд пазироӣ намоем ва бо амалҳои худ бо манфиат будани онро аз хотир набарорем.

 Назира Ваҳобова

корманди Институти

омўзиши масъалаҳои

давлатҳои Осиё ва Авурпои

АИ ҶТ

БОЗГАШТ