АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба як китобхонаи нави ноҳияи Шаҳринав 500 нусха китоб тақдим кард

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Бо ташаббуси вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳринав - Раҳмонзода Азимҷони Шералӣ, муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ ва дастгирии Фарҳод Раҳимӣ - президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зиëда 500 нусха китоб аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба китобхонаи нав ифтитоҳгардида тақдим карда шуд.
Бояд гуфт, ки яке аз усулҳои рушду ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ин ба китобхона ҷалб намудани ҷавонон ба ҳисоб меравад. 
Аз ин рӯ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштан ва ҳавасманд гардонидани ҷавонон озмунҳои нав ба навро ташкил намуда истодааст, то ҷавонон тавонанд ба китобхонӣ рӯ оранду барои мутолиа ҳавасманд бошанд. Чунин иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷомеаи мо хуш пазируфтааст.
Гуфта мешавад, ки чунин иқдом дар санаи 25.06.2021 буда, он бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ сурат гирифтааст.
Китобхона зикршуда китобхонаи замонавӣ буда, бо тарҳи замонавӣ сохта шудааст, ки метавонад барои 20 хонанда дар як вақт хизмат намояд.

                                               
   
                                  

                                 

                                

БОЗГАШТ