×

БАЁНИЯИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ИРЖИ БЕЧКА – ПОЯГУЗОРИ ТОҶИКШИНОСӢ ДАР ЧЕХИЯ»

Бозгашт ба мавод

БАЁНИЯИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ИРЖИ БЕЧКА – ПОЯГУЗОРИ ТОҶИКШИНОСӢ ДАР ЧЕХИЯ»

ИОМДОА Адабиёт 16-10-2026 ш.Душанбе
БАЁНИЯИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ИРЖИ БЕЧКА – ПОЯГУЗОРИ ТОҶИКШИНОСӢ ДАР ЧЕХИЯ»

 

Дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 16 октябри соли 2026 Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Иржи Бечка- поягузори тоҷикшиносӣ дар Чехия», бахшида ба 111-солагии олими шарқшинос ва тоҷикшиноси чех, баргузор гардид.

Дар кори конференсия намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олии кишвар, намояндаи дипломатии Ҷумҳурии Чехия дар Тоҷикистон, олимону муҳаққиқон ва мутахассисони соҳаи забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, таърих, ховаршиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба мероси илмӣ ва тарҷумавии Иржи Бечка, саҳми ӯ дар рушди тоҷикшиносӣ ва муаррифии забону адабиёти тоҷик дар Аврупо, инчунин аҳаммияти фаъолияти илмӣ ва фарҳангии ӯро дар густариши робитаҳои Тоҷикистону Ҷумҳурии Чехия мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар оғози конференсия президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Қобилҷон Хушвахтзода, Сафири фавқулодаи Ҷумҳурии Чехия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Любомир Фреборт, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои фалсафа Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра суханронӣ намуданд.

         Суханрониҳо ва маърузаҳои илмӣ масъалаҳои зерин, аз ҷумла, мероси Иржи Бечка ҳамчун падидаи дипломатияи фарҳангӣ дар фазои тоҷикшиносии Аврупо ва аҳаммияти мероси илмии ӯ барои рушди тоҷикшиносии муосир, саҳми донишманд дар тарҷумаи осори шоирону нависандагони тоҷик, дипломатияи фарҳангӣ ва «қудрати нарм» дар самти аврупоии сиёсати хориҷии Тоҷикистон, саҳми Иржи Бечка дар омӯзиши забон, адабиёт ва фарҳанги тоҷикону форсизабонон, аҳаммияти осори илмӣ-тарҷумавии ӯ дар таҳкими дипломатияи фарҳангии Тоҷикистону Чехия, шинохти Иржи Бечка дар Афғонистон, таъсири фарҳанг ва идеологияи шуравӣ ба адабиёти бадеии тоҷик, омӯзиши эҷодиёти Садриддин Айнӣ ва Ҷалол Икромӣ, нақши донишманд дар тарғибу муаррифии адабиёти тоҷик дар муҳити илмии Аврупо ва мавқеи мероси ӯ дар таҳқиқоти ховаршиносони ҷавони муосирро фаро гирифта, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.

Маърузаҳои коршиносон ва олимони институт, хусусан доктори илмҳои таърих, мудири шуъбаи Аврупо Санавбарбону Воҳидова дар мавзуи «Мероси Иржи Бечка ҳамчун падидаи дипломатияи фарҳангӣ дар фазои тоҷикшиносии Аврупо», доктори илмҳои сиёсатшиносӣ Шамсиддин Каримов “Дипломатияи фарҳангӣ ва “қудрати нарм” дар самти аврупоии сиёсати хориҷии Тоҷикистон: мероси геополитикии Иржи Бечка», доктори илмҳои таърих Зафар Сайидзода “Аҳаммияти мероси илмии Иржи Бечка барои рушди тоҷикшиносии муосир” доктори илмҳои фалсафа Абдулвоҳид Шамолов “Саҳми Иржи Бечка дар тарҷумаи осори шоирону нависандагони тоҷик” доктори илмҳои педогогӣ Файзализода Ҷумъахон «Саҳми Иржи Бечка дар омӯзиши забон, адабиёт ва фарҳанги тоҷикон ва форсизабонон» пешниҳоди иштироккунандагон гардиданд.

Дар доираи суханрониҳо ва муҳокимаҳои илмии конференсияи мазкур вобаста ба мавзуъҳои баррасишуда як қатор пешниҳодҳо манзур гардиданд:

-         Тақвияти омӯзиши мероси илмӣ ва тарҷумавии Иржи Бечка тавассути анҷом додани таҳқиқоти бунёдӣ оид ба ҳаёт ва фаъолияти илмии донишманд, муайян намудани саҳми ӯ дар ташаккул ва рушди тоҷикшиносӣ дар Ҷумҳурии Чехия ва дигар кишварҳои Аврупо, инчунин омӯзиши арзиши илмӣ ва фарҳангии осори ӯ.

-         Густариши таҳқиқоти илмӣ дар самти таърихи тоҷикшиносии Аврупо бо таваҷҷуҳ ба саҳми шарқшиносон ва тоҷикшиносони хориҷӣ дар омӯзиши забон, адабиёт, таърих ва фарҳанги тоҷикон, инчунин муайян намудани ҷойгоҳи Иржи Бечка дар таърихи муносибатҳои илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Ҷумҳурии Чехия.

-         Таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва академии Тоҷикистону Ҷумҳурии Чехия тавассути густариши робитаҳои байни муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, донишгоҳҳо, марказҳои шарқшиносӣ ва тоҷикшиносӣ, ташкили таҳқиқоти муштарак, мубодилаи таҷрибаи илмӣ ва баргузории чорабиниҳои илмӣ бо иштироки муҳаққиқони ду кишвар.

-         Тавсеаи фаъолияти тарҷумавӣ ва муаррифии адабиёти тоҷик дар Аврупо бо роҳи омӯзиш ва арзёбии тарҷумаҳои осори адибони тоҷик ба забонҳои аврупоӣ, таҳияи таҳқиқоти муқоисавии адабӣ ва дастгирии ташаббусҳои илмӣ ва фарҳангӣ, ки ба муаррифии мероси адабии тоҷик дар муҳити байналмилалӣ мусоидат менамоянд.

-         Омӯзиши саҳми Иржи Бечка дар рушди робитаҳои фарҳангӣ ва дипломатияи фарҳангии Тоҷикистону Ҷумҳурии Чехия бо таваҷҷуҳ ба имкониятҳои истифодаи мероси илмӣ ва тарҷумавии ӯ ҳамчун василаи таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, густариши муколамаи фарҳангҳо ва рушди робитаҳои башардӯстонаи ду кишвар.

-         Таҳияи феҳрист ва махзани иттилоотии осори илмӣ ва тарҷумавии Иржи Бечка бо ҷамъоварӣ, низомсозӣ ва тавсифи библиографии китобҳо, мақолаҳо, тарҷумаҳо ва дигар маводи марбут ба фаъолияти илмии ӯ. Дар ин замина, истифодаи имкониятҳои рақамисозӣ барои ҳифз, дастрасӣ ва муаррифии мероси илмии донишманд ба муҳаққиқон ва доираи васеи хонандагон муҳим арзёбӣ мегардад.

-         Тақвияти омӯзиши муқоисавии забон, адабиёт ва фарҳанги тоҷикону халқҳои Аврупо бо дарназардошти таҷрибаи илмӣ ва тарҷумавии Иржи Бечка, омӯзиши робитаҳои адабӣ ва фарҳангӣ, инчунин муайян намудани имкониятҳои нави ҳамкории муҳаққиқони тоҷик ва хориҷӣ дар ин самт.

-         Густариши ҳамкориҳои нашриявӣ ва иттилоотӣ тавассути омода ва нашр намудани маҷмуаҳои илмӣ, мақолаҳои таҳлилӣ ва маводи иттилоотӣ дар бораи ҳаёт, фаъолияти илмӣ ва саҳми Иржи Бечка дар рушди тоҷикшиносӣ. Инчунин, муаррифии натиҷаҳои таҳқиқот тавассути сомонаҳои расмии муассисаҳои илмӣ ва дигар платформаҳои иттилоотӣ метавонад ба баланд бардоштани шинохти мероси ӯ дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат намояд.

-         Ҷалби муҳаққиқони ҷавон ба омӯзиши таърихи тоҷикшиносӣ ва ховаршиносӣ тавассути дастгирии корҳои илмӣ, ташкили семинару мизҳои мудаввар, баргузории муҳокимаҳои илмӣ ва фароҳам овардани имконият барои омӯзиши осори нодири марбут ба фаъолияти тоҷикшиносони хориҷӣ, аз ҷумла Иржи Бечка.

-         Тақвияти робитаҳои фарҳангӣ ва адабии Тоҷикистону Ҷумҳурии Чехия тавассути баргузории намоишҳои китоб, вохӯриҳои илмӣ ва адабӣ, муаррифии осори тарҷумашудаи адибони тоҷик ва ташкили чорабиниҳои муштарак бахшида ба таърихи робитаҳои фарҳангии ду кишвар. Чунин иқдомҳо метавонанд ба густариши ҳамкориҳои байни китобхонаҳо, муассисаҳои фарҳангӣ ва марказҳои илмии Тоҷикистону Ҷумҳурии Чехия мусоидат намоянд.

-         Идомаи баргузории конференсияҳо ва ҳамоишҳои илмӣ оид ба мероси тоҷикшиносони хориҷӣ бо мақсади омӯзиши саҳми онҳо дар шинохти забон, таърих, адабиёт ва фарҳанги тоҷикон, ҷамъбасти натиҷаҳои таҳқиқот ва муайян намудани самтҳои нави ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангии байналмилалӣ.

Масъалаҳои меҳварии конференсия, ки ба омӯзиши мероси илмӣ ва тарҷумавии Иржи Бечка, таърихи тоҷикшиносии Аврупо, муаррифии адабиёти тоҷик дар муҳити байналмилалӣ ва таҳкими робитаҳои илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Ҷумҳурии Чехия бахшида шуданд, метавонанд дар оянда ҳамчун самтҳои муҳими таҳқиқоти илмӣ ва ҳамкориҳои дуҷониба идома ва густариш дода шаванд.