АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ГУФТУШУНИДИ ФАЛСАФӢ БО ҲАКИМ УМАРИ ХАЙЁМ

Муаллиф: Беков Комилҷон

Расм

Нозанино, пеш овар ҷомро,

Лаҳзае бигзор нашу номро,

Шод гардон, шод гардон то абад,

Рӯҳи поки Ҳазpaти Хайёмро!

 

Лаҳзае дар хоб дидам ҳазрати Хайёмро,

Ёр дар бар, шӯр бар cap, бӯса мезад ҷомро.

Гуфтам: эй пири хирад, тарсам, ки бадномат кунанд,

Гуфт: ишқи ёру май бахшид бар ман номро!

 

БАЪД ГУФТ:

Афсӯс, ки сармоя зи каф берун шуд,

В-аз дасти аҷал басе ҷигарҳо хун шуд,

Кас н-омад аз он ҷаҳон к-орад хабаре,

К-аҳволи мусофирон бигӯяд чун шуд!

 

ГУФТАМ:

Марди хирад аз бими аҷал банда нагардад,

Навмед зи пирӯзии оянда нагардад.

Моем ки он қофиларо боз бихонем,

Бе ҳиммати мо ҳеҷ касе зинда нагардад!

 

ГУФТ:

Хайём, агар зи бода мастӣ, хуш бош,

В-ар бо санаме даме нишастӣ, хуш бош.

Чун оқибати кори ҷаҳон нестӣ аст,

Пиндор, ки нестӣ, чу ҳастӣ, хуш бош!

 

ГУФТАМ:

 

Бе умри абад мастиву май хешфиребист,

Оҳанги рубобу дафу най хешфиребист.

То дасти дарозои аҷал қатъ насозем,

Айшу тараби Ковусу Кай хешфиребист!

 

ГУФТ:

Майлам ба шароби ноб бошад доим,

Гӯшам ба наю рубоб бошад доим.

Гар кӯзагарон хоки маро кӯза кунанд,

Он кӯза пур аз шароб бошад доим!

 

ГУФТАМ:

Махмури шароби ноб будан то кай?

Мафтуни наю рубоб будан то кай?

Худро бираҳон зи маргу ҷовид бизӣ,

Дар доми чунин сароб будан то кай?!

 

ГУФТ:

Онон, ки кӯҳан шуданду онон, ки наванд,

Ҳар як паи якдигар якояк бишаванд.

В-ин мулки ҷаҳон ба кас намонад ҷовид,

Рафтанду равему боз оянду раванд!

 

ГУФТАМ:

Ин рафтану омадан дар ин дайри дудар,

Дорад ҳадафе нуҳуфта аз аҳли назар.

Моем, ки умри ҷовидон меҷӯем,

З-ин рӯй ҳамешаем дар сайру сафар!

 

ГУФТ:

Дунё дидиву ҳарчи дидӣ, ҳеҷ аст,

Он низ, ки гуфтиву шунидӣ, ҳеҷ аст.

Сар то сари офоқ давидӣ, ҳеҷ аст,

Он низ, ки дар хона хазидӣ, ҳеҷ аст!

 

ГУФТАМ:

Асли маънӣ ҳама дид асту дигарҳо ҳама ҳеҷ,

Шеваи гуфтушунид асту дигарҳо ҳама ҳеҷ.

Эй ки ҳамвора талабгори ҳаёти абадӣ,

Бо ҳамин нукта умед асту дигарҳо ҳама ҳеҷ!

 

ГУФТ:

Дунё ба мурод ронда гир, охир чӣ?

В-ин номаи умр хонда гир, охир чӣ?

Гирам ки ба коми дил бимондӣ сад сол,

Сад соли дигар бимонда гир, охир чӣ?

 

ГУФТАМ:

Оламеро аз ҳаёти нав хабар хоҳем кард,

Маргу мурданро аз ин дунё бадар хоҳем кард.

Қиссаи умри абад к-афсонаи афсонаҳост,

Оқибат афсонаро умри башар хоҳем кард!

 

ГУФТ:

Ин кӯза чу ман ошиқи зоре будаст,

Дар банди сари зулфи нигоре будаст.

Ин даста ки бар гардани ӯ мебинӣ,

Дастест, ки бар гардани ёре будаст!

 

ГУФТАМ:

Ба ҳамин умри равон ошиқи зорем ҳама,

То абад шефтаи зулфи нигорем ҳама.

Марг моро натавонад, ки ба дор овезад,

З-он ки овехта бар гардани ёрем ҳама!

 

Комил Бекзода

доктори илмҳои фалсафа

БОЗГАШТ