АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ИНТИХОБОТИ ИНДОНЕЗИЯ ВА АҲАММИЯТИ ОН БАРОИ ҶАҲОН

Муаллиф: Эшонқулов Эшонқул

Расм

Имсол қариб дар 80 кишвар интихобот баргузор мешавад, ки натоиҷи бархе аз онҳо ба вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон беътаъсир нахоҳад буд. Индонезия ҳам ки 14 феврал интихоботи президентӣ ва порлумонӣ баргузор кард, аз он ҷумла аст. Он кишварест, ки бо суръати баланд рушд мекунад, дар минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ пешоҳанг аст, бо аҳолии гуногунтаркиби 276 миллионнафарӣ бузургтарин кишвари исломӣ ва севумин кишвари бузурги демократӣ баъд аз Ҳиндустону ИМА ва узви G 20 аст. Бино ба маълумоти Foreign Policy, Индонезия соли гузашта дар қатори шаш кишваре қарор гирифтааст, ки дар оянда сиёсати ҷаҳонро муайян хоҳанд кард ва пешгӯи мешавад, ки то соли 2027 ба шашумин, то соли 2050 ба севумин иқтисоди ҷаҳон, баъд аз Чину Ҳиндустон, табдил хоҳад ёфт. Ба далели афзоиши ҳаҷм ва суръати рушди иқтисодӣ ва дастрасӣ ба роҳҳои обӣ, ки барои тиҷорати ҷаҳонӣ ва амнияти минтақаи Уқёнуси Ҳинду Ором муҳимманд, дар саҳнаи ҷаҳонӣ омодаи табдил шудан ба як бозингари муҳим аст.

Аммо як қатор хатарҳое ҳам мавҷуданд, ки метавонанд дар Индонезия самти ҳаракати таърихро тағйир диҳанд. Аз ҷумла вақтҳои охир ин пешгӯӣ ҳам садо медиҳад, ки ба далели муборизаҳои сабқатҷӯёнаи кишварҳои абарқудрат, бавежа Чин ва ИМА, ихтилофоти асосии ҷаҳон ба зудӣ ба минтақаи Уқёнуси Ором хоҳад гузашт ва ин минтақа ба майдони муборизаҳои стратегӣ бадал хоҳад шуд. Дар ин амр нақши Индонезия дар идораи минтақа ҳамчун кишвари асосӣ муҳим аст.

Ҳамчунин, дар Индонезия эҳсосоти ҷудоиталабона дар байни мардуми Гвинеяи Нави Ғарбӣ – бахше аз Гвинеяи Нав, ки ба Идонезия тааллуқ дорад, шакл гирифтааст, агарчи ҳукумат давлати мустақили Попуа Гвинеяи Нав тамомияти арзии Индонезияро ба расмият шинохта ва артиши миллии Индонезия ва Неруҳои дифоии Попуа Гвминеяи Нав ба муқобили ҷудоиталабон амалиёти муштарак анҷом медиҳанд.

Президенти кунунии Индонезия Ҷокови Видодо, ки аз соли 2014 тайи ду муҳлати конститутсионӣ ҳукуматро идора мекунад, аз идораи ин хатарҳо ба хубӣ баромад.

Дар замони ҳукумати ӯ Индонезия ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид. Индонезия ба тадриҷ аз кишвари содиркунандаи маводи хом ба кишвари саноатӣ, аз кишвари қарзгиранда ба қарздиҳанда табдил ёфт. Симои Ҷокови дар ин давра аз як мансабдори мардумӣ ба сиёсатмадору давлатмарди пуртаҷрибае, ки бидуни побандӣ ба ягон идеология бар нафъи Индонезия ва мардумони он кор мекунад, тағйир кард. Бо вуҷуди ин ки мухолифин аз густариши фасод, аввалият додан ба рушди иқтисодӣ нисбат ба манфиатҳои иҷтимоӣ ва муҳити зист дар замони ӯ интиқод мекунанд, мардум ба хотири дастовардҳои иқтисодӣ идомаи сиёсати ӯро хоҳонанд.

Дар сиёсати хориҷӣ низ равиши мутаносиберо пеш бурда, равобити кишварашро бо Чин ва ИМА таҳким бахшид, бо Ҳиндустону Руссия ва Япония муносибати дӯстона зоҳир карда, қотеона мақоми бетааҳҳудиро нигоҳ медорад.

Аммо Правобо Субианто, ки бо такя ба натиҷаи ғйрирасмии овозҳо дар намоиши чандҳазорнафарӣ дар варзишгоҳи Ҷакарта пирӯзии худро эълом дошт, ва моҳи октябр ба курсии раиси ҷумҳурӣ хоҳад нишаст, кист?

Субиантои 72-сола ба яке аз хонадони пурнуфузи Индонезия нисбат дорад: падарбузургаш нахустин Бонки давлатии Индонезияро таъсис додааст, падараш вазири иқтисод ва тиҷорат буд. Ӯ соли 1983 ба духтари Муҳаммад Сухарто издивоҷ кард. Соли 1998 ба иттиҳоми рабудани рақибони сиёсии падарарӯсаш аз қисми ҳарбии таъйиноти махсус ихроҷ карда шуд. Аммо худи Субантино ин иттиҳомотро рад мекунад. Маълумоти миёнаро дар Англия гирифта, дар Академияи миллии ҳарбии Индонезия таҳсил кардааст. Дар таҷовузи Индонезия ба Тимори Шарқӣ ширкат дошт, солҳои 1980, 1985 дар пойгоҳҳои ҳарбии Амрико омӯзиш гирифтааст…

Субианто баъд аз суқути режими Сухарто низ дар сиёсат боқӣ монд ва ҳизби «Гериндра»-ро таъсис дод. Ин сеюмин интихоботи президентист, ки ӯ ширкат меварзад. Соли 2019 баъд аз дувумин шикаст дар интихобот тарафдорони Субианто ба намоишҳои эътирозӣ даст заданд, ки ба хушунат анҷомид ва ин ду дафъа ҳам ӯ ба умеди лағви натиҷаҳои интихобот ба суди Коститутсионӣ муроҷиат намуд. Соли 2019, чанд моҳ пас интихобот, Президент Видодо ба ӯ курсии вазири мудофеаро пешниҳод кард ва ӯ аз оппозится ба ҳукумат гузашт.

Дастоварди муҳимми ӯ дар вазифаи вазири мудофеа нақшаи сулҳи Украина буд, ки июни 2023 онро дар Ҳамоиши амниятии Осиё - «Муколамаи Шангри-ла» эълом дошт.

Ҳамчунин, мавқеи ӯ нисбат ба масъалаҳои доғи сиёсати хориҷӣ, бавежа муноқишаи Исроилу Фаластин ва рақобати геополитикии ИМА ва Чин дар минтақа, бо мавқеи ду ҳарифи интихоботии худ яксон аст, ҳар се хоҳони давлати мустақили Фаластин ва ҳифзи равобити мусбат бо ИМА ва Чин ҳастанд.  

Ҳарифони ӯ дар ин интихобот ду нафар – шаҳрдори собиқи Ҷаркарта Анис Басведан ва намояндаи ҳизби демократ Ганҷар Праново, аввалӣ тарафдори шириатикунонии Индонезия ва дувумӣ ҷонибдори арзишҳои либералӣ ва гароиш ба ғарб буданд, ки ноком гардиданд.

Правобо Субианто бо писари Ҷокови Видодо – Гибриана Ракабумингу Раку ба интихобот рафт ва аз як сӯ, бо ин эътилоф пирӯзии худро таъмин кард, аз сӯи дигар, ба мақоми ноиби расиси ҷумҳур баргузидани ӯ як навъ таъкиде буд ба кафолати идомаи сиёсатҳои президенти кунунӣ.

Интихоботи Индонезия интихоботи порлумонӣ низ буд. Дар он ҳизби Президенти тозаинтихоб «Гериндра» танҳо ҷойи сеюмро ишғол кард. Аз ин рӯ, тақсими курсиҳои намояндагӣ миёни ҳашт ҳизбе, ки ба порлумон роҳ ёфтаанд, як навъ ҳукумати мутавозинро рӯи кор хоҳад овард.

Масъалаи калиде, ки пеши Президенти нав матраҳ аст, ин хоҳад буд, ки оё кишвар ҳамчунон бо итмонон дар саҳнаи ҷаҳонӣ фаъолият хоҳад кард ё пешрафтҳои он тавассути миллигароӣ, инзивогароӣ ва муҳофизакорӣ, ки дар фарҳанги сиёсии Индонезия собиқа дорад, мутаваққиф хоҳад шуд. Албатта, ҳалли ҳадафҳои пеши рӯ ва истифода аз имконоти мавҷуда посухи мусбат ба суоли аввалро тақозо дорад.

Манбаъ

https://russiancouncil.ru/analytics-and-comments/analytics/vsya-prezidentskaya-rat-itogi-vseobshchikh-vyborov-2024-v-indonezii/?sphrase_id=131832517

https://dzen.ru/a/ZdDIn0amz0W6DqwR

https://iarex.ru/articles/87669.html

https://mlyn.by/16022024/indoneziya-novyj-prezident-i-kurs-strany/

 

Эшонқул Эшонқулов,

ходими илмии шуъбаи

Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ

 

БОЗГАШТ