АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Марҳилаҳои таърихии сиёсати саноатикунонии Сингапур ва истифодаи таҷрибаи он дар шароити Тоҷикистон

Муаллиф: Соҳиби Баҳруло

Расм

Аз замони соҳибистиқлолии Сингапур Ҳукумати он сиёсати саноатикунониро яке аз меҳвари сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ шуморида, барои амалишавии лоиҳаҳои он сиёсати дарҳои бози иқтисодиро эълон намуд. Аз ин рӯ, марҳилаҳои он ҳамчун таҷриба пешниҳод карда мешавад, ки чунин мебошанд.

Якум, солҳои 1959-1965 Сингапур ба оғози саноатикунонӣ ва истифода аз имкониятҳои мавҷудаи худ шуруъ намуд. Марҳилаи аввали саноатикунии воридотӣ дар асоси консепсияи “такони калон” оғоз шуда буд. Сиёсати саноатии воридотӣ бо воситаҳои зерин амалӣ шуданд:

  • режими либералӣ нисбат ба ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ;
  • назорат ва дастрасии ширкатҳои хориҷӣ ба соҳаҳои муайяни саноат;
  • квотаҳои воридотӣ.

Сиёсати воридотӣ барои босуръатикунии соҳаи саноат нақши асосиро мебозад. Барои қонунӣ намудани сиёсати воридотӣ як қатор қонунҳо қабул гардиданд, ки барои ҳавасманд гардондани сармоягузарон ва таъмини тартиботи меҳнатӣ замина гузошт. Соли 1961 Шӯрои рушди иқтисодӣ барои ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ таъсис дод шуд ва Нақшаи Миллии рушди иқтисодӣ барои мудати 5 сол қабул гардид.

Дуюм, солҳои 1966-1977 марҳилаи дуюми сиёсати саноатикунонӣ, ки ба дастгирии сиёсати содиротӣ нигаронида шуда буд, роҳандозӣ гардид:

  • боҷҳои воридотӣ;
  • имтиёзҳо барои сармоягузорони хориҷӣ;
  • лоиҳаҳои сармоягузории саноатӣ оид ба корхонаҳои давлатӣ;
  • пурзӯр намудани қонунҳои меҳнат;
  • назорат ба афзоиши музди меҳнат;
  • маҳдуд кардани ваколатҳои иттифоқҳои касаба;
  • дар бахшҳои стратегӣ таъсиси корхонаҳои давлатӣ.

Дар соли 1967 санади ҳуқуқӣ оид ба низоми имтиёзноки андоз барои соҳаҳои асосии саноат тасдиқ карда шуд. Бо мақсади мусоидат ба рушди иқтисодӣ Шӯрои миллии истеҳсолӣ ва Фонди рушд дар соҳаҳои старатегӣ ташкил гардиданд, ки бо мақсади тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва ҳамкорӣ байни муассисаҳои Сингапур бо давлатҳои Олмон, Фаронса, Ҷопон ба роҳ монда шуданд, ки барои рушди интиқоли технологияи нав мусоидат намуд.

Сеюм, дар солҳои 1978-1987 барои рушди азнавсозии сохтори афзоиши сармоя чунин соҳаҳо интихоб шуданд: саноати инноватсионӣ, хизматрасонӣ, корхонаи давлатӣ, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва дастгирии соҳибкории хурду миёна афзалият дода шуд ва инчунин либераликунии иқтисодиёт, хусусигардонии ширкатҳои давлатӣ ва дар соҳаҳои электроника, химия, дорусозӣ ва ғайра.

Аз соли 1988 инҷониб марҳилаи чорум гузаштан ба иқтисодиёти инноватсионӣ мебошад. Нақши муҳимтаринро дар рушди инноватсия ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ мебозид, ки дар рушди модели афзоиши сармояи инсонии зеҳнӣ рушди соҳаҳои технологӣ, хидматрасониҳои рақамӣ, рушди инноватсия, аэрокосмос, биотехнология, дорусозӣ, электроника, химия ва киштисозӣ буданд. Давлати Сингапур як қатор барномаҳои дастгирии инноватсионии соҳибкории хурд ва миёнаро ташкил дод, ки машҳуртарини онҳо дар соли 1999 барномаҳои Technopreneurship 21, дар соли 2001 Entrepreurship 21 ва ғайра ба ҳисоб мерафтанд. Дар баробари ин давлат барномаҳои махсуси дигареро таҳия намуд, ки ба сармоягузорон дар тамоми соҳаҳо кӯмакҳои молиявӣ мерасонид, аз қабили:

- Нақшаи ҳавасмандкунии тадқиқот барои ширкатҳо (Research Incentive Scheme for Companies) махсус барои ширкатҳое тарҳрезӣ шудааст, ки ба рушди фаъолияти самтҳои сармоягузорӣ тадқиқот мекунанд, ки як қисми хароҷоти молиявиро барои дастгирии рушди тадқиқот ба уҳда доранд.

- Ташаббусҳо оид ба технологияҳои нав (Initiatives in New Technology). Ин барнома барои рушди технологияҳои нав сармоягузорӣ карда мешаванд. Бартарии ин барнома дар он аст, ки он як қисми хароҷоти такмили ихтисосиро мепӯшонад.

Сингапур яке аз намунаҳои муваффақтарини корхонаҳои давлатӣ дар ҷаҳон шинохта шудааст ва аз дигар кишварҳои Осиё фарқ мекунад. Давлат низоми савдои озодро таъсис дода, сармоягузарони мустақими хориҷиро ба воситаи корпоратсияи трансмиллӣ ба бахшҳои муайяни соҳаҳои саноат фаъолона ҷалб менамояд. Ҳамзамон, дар соҳаҳои стратегӣ, Сингапур лоиҳаҳои сармоягузориро мустақилона бидуни ҷалби маблағгузории корпоратсияҳои хориҷӣ амалӣ мегардонад.

Бояд иброз кард, ки дар амалишавӣ ва татбиқи лоиҳаҳои саноатӣ дар Сингапур чунин институтҳо нақши асосиро бозидаанд:

  1. Шӯрои рушди иқтисодӣ. Он дар ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ масъул мебошад;
  2. Агентии Сингапур оид ба соҳибкории байналмилалӣ ва Фонди рушди соҳибкорӣ. Агентӣ ва Фонд барои воридшавӣ ба бозорҳои савдои байналмилалӣ ва ҷалби бештари сармояи хориҷӣ кӯмак мерасонад.
  3. Агентии илм, техника ва тадқиқот. Агентӣ ба рушди захираҳои инсонӣ ва иқтидори илмӣ масъул мебошад ва нақши назаррас дорад;
  4. Фонди такмили ихтисос. Барои омода намудани кадрҳои баландихтисос нақш дорад.

Мавриди зикр аст, ки соли 1998 барномаи «Сингапур-XXI» бо иҷроиши «Нақшаи XXI саноатӣ» пешниҳод шуда, ба рушди минбаъдаи нақшаи иқтисодии стратегияи миллӣ табдил ёфт. Барои татбиқи Барномаи соҳибкории технологӣ, ҳавасмандгардонии ташаббусҳои барнома ва лоиҳаҳои сармоягузории технологяи муосир, фонди венчурӣ бо сармояи 12 миллиард доллари ИМА таъсис дода шуд.

Бояд иброз кард, ки сиёсати иқтисоди бози Сингапурро ба воситаи сиёсати содиротию воридотӣ бо институтҳо ва барномаҳои дар боло зикр гардида, ҳамчун таҷриба дар шароити кишвар пешниҳод менамоем. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз дарёфти истиқлолият дар сиёсати дохилию хориҷӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, айни замон яке аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон ҳадафҳои чоруми стратегӣ босуръати баланд саноатикунонии кишвар ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, омӯзиши кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, махсусан Сингапур, ки аз ҷаҳони сеюм ба ҷаҳони якум табдил ёфт ва дар амал татбиқ намудани он аз манфиат орӣ нест.

 

Соҳиби Баҳруло,

ходими илмии шуъбаи

Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ

 

 

БОЗГАШТ