АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Мавзӯи муқовимат дар ашъори шоирони тоҷик

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Пайдост, ки мушкилоти ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишварҳои мамолики Араб аз қабили Фаластин ва Сурияву Ироқ ҳанӯз дар ашъори суханварони аҳди шуравии тоҷик инъикоси хешро ёфта буд. Масалан, қаҳрамони миллати тоҷик устод Мирзо Турсунзода нобасомониҳо ва дарду ормонҳои мамолики Арабро дар манзумаҳояш хеле ҳассос ва таъсирбахш тасвир намудааст.
  Дар ин бора адабиётшиноси забардасти тоҷик Муҳаммадҷон Шакурӣ дар мақолааш ба унвони “Мавзӯи шарқи хориҷӣ дар шеъри М. Турсунзода” чунин нигоштааст: “Манзумаи “Садои Осиё” силоҳе дар дасти муборизони араб буд. Бечиз нест, ки маҷаллаи лубнонии “Ат-тариқ” фавран тарҷумаи арабии онро чоп карда буд” [11 ,243]. Дар воқеъ, манзумаи “Садои Осиё” [10,8] чун малҳаме ба ҷароҳати мардуми ҷафокашидаи араб маҳсуб ёфта, онҳоро ба муқовимат, ба мубориза ба сӯи душман даъват менамуд ва бешак, достони мазкур ба афкори мардуми араб такони бузурге бахшид, то онҳо алайҳи ноадолатиҳо аз Ватани худ дифоъ намоянд.
  Шоири номвари ироқӣ Абдулваҳҳоб ал–Баётӣ, ки тарҷумони манзумаи “Садои Осиё” маҳсуб меёбад, чандин сол дар Иттиҳоди Шӯравӣ зиста, борҳо Тоҷикистонро зиёрат намуда, ба ин сарзамин шеърҳои зиёдеро бахшидааст ва дар ин муддат ба ӯ муяссар шудааст, то бо шоири сулҳпарвари тоҷик М. Турсунзода дӯстӣ пайдо намояд [8, с. 189]. Ба ҷуз аз ал–Баётӣ дигар шоирони шуҳратманди араб низ бо устод М. Турсунзода риштаи дӯстӣ ва пайвандҳои мутақобилаи адабӣ доштанд. Масалан, шоири тавонои ироқӣ Муҳаммад Солеҳ Баҳру-л-улум пайваста ба устод М. Турсунзода номаҳо менавишт. Баҳру-л-улум низ борҳо ба Тоҷикистон омадааст ва дӯстиву бародарии халқҳои тоҷику арабро дар яке аз шеърҳояш таҳти унвони “تاجيكُ، جئنا نحيّي شاعراً فيك(Тоҷик, (мо) омадем, то шоири туро марҳабо гӯем!), [14, с.197] таҷассум намудааст. Аз рӯи унвони шеър маълум аст, ки дар шеъри Баҳру-л-улум сухан роҷеъ ба яке аз шоирони тоҷик меравад. Воқеан, шоири дар шеъри ӯ зикршуда Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ мебошад, зеро чунончи Баҳру-л-улум зикр намудааст:
تفنى العصورُ وتبقى روحُ جعفركم[14,197]
  Маънои мисраи боло чунин аст: “Асрҳо нобуд (сипарӣ) мешаванду (вале) рӯҳи Ҷаъфар мондагор аст”. Яъне, Ҷаъфар Абӯабдуллоҳ Рӯдакист. Байти дигари шеъри ӯ чунин аст:
أنا العراق وتمجيدي لشاعركم// شعور شعبٍ يؤاخي شعبَ تاجيك[14,197]
  Тарҷумаи байти фавқ чунин аст: “Ман (аз) ироқам ва шоири шуморо васф менамоям, / Бо мардуми тоҷик ҳисси бародарӣ дорам”.
  Чунонки мебинем, шоири ироқӣ меҳру самимияти хешро нисбат ба халқи тоҷик ва сардафтари адабиёти классикии тоҷик устод А. Рӯдакӣ дар шеъри хеш таҷассум намудааст, ки шакли комили шеъри мазкурро метавон аз китоби “Парокандабаргҳо”-и Назруллоҳи Назар (ниг. саҳ. 197) дарёфт намуд.
  Он сон, ки дар боло зикри ин нукта рафт, устод Турсунзода низ роҷеъ ба муборизаҳои озодихоҳонаи мардуми Ироқ ва дигар кишварҳои арабизабон борҳо дар шеъри худ нақлҳо оварда буд. Шоиру адибони араб, махсусан Ироқ Тоҷикистонро ба туфайли устод М. Турсунзода шинохта буданд ва ба ин марзу бум ва халқи тоҷик меҳри самимӣ доштанд. Аз ин лиҳоз, мавзӯи Тоҷикистон ва ҳаёти мардуми тоҷик низ аз нигоҳи шуарои араб дур намондааст.
Шоири дигари ироқӣ Ҳасан Иброҳими Наққош низ дар васфи Тоҷикистон якчанд шеърҳо таълиф намудааст, ки ин шеърҳо низ дар китоби “Парокандабаргҳо” (ниг. саҳ.204-205) нашр шудаанд.
  Шоири шуҳратманди фаластинӣ Муин Бсису (1926-1984) низ бо устод М. Турсунзода, М. Қаноат ва Гулрухсор дӯстиву робитаи ногусастанӣ дошт. Инро метавон аз нигоштаҳои ӯ бархонд, ки таассуроти хешро перомуни сафараш ба Тоҷикистон, ки ба ҷашни шастсолагии устод М.Турсунзода (соли 1971) рост омадааст, баён намудааст. Чунончи М. Бсису менависад, шоирони бисёре аз ҳар гӯшаю канори дунё ба ҷашни шастсолагии М. Турсунзода ташриф оварданд. Дар миёни меҳмонон аҳли қалами Фаластин, Лубнон, Ироқ ва Туниси Араб низ ҳузур доштанд. Он лаҳзаҳои хотирмон, ки онҳо бо шоирони тоҷик дар рӯи кати боғи Мирзо Турсунзода нишаста буданд, якумр дар хотири шоири Фаластинӣ нақш баст. Ӯ роҷеъ ба ин ҷашнвораи бошукӯҳ дар китоби худ "الاتحاد السوفيتي لي" (Иттиҳоди Шӯравии ман) (соли 1983) хотироти некеро ёддошт намудааст, ки порчае аз он чунин аст:
الشاعر الطاجيكي - مؤمن قناعت - الشبيه بنخلة تتدلى منها قطوف دالية.. أهداني اسمه.. حفر بسكين تفاحة وملأها بالنبيذ وقال:
-      اشرب.. فأنت من القرية التي يجئ منها الشعراء
الشاعرة - جولرُخسار صافييفا - التي يداها - ضفتا نهر - يصنع السمك فوقهما - عرائس
[14,203] من العشب  والماء لأطفال فلسطين...
  Тарҷумаи порчаи боло чунин аст: Шоири тоҷик Мӯъмин Қаноат ба дарахти хурмои пурборе шабоҳат дорад, ки меваҳояш овезон аст ва гӯё аз ӯ як сар мева чида мешуда бошад. Ӯ ба ман ном ҳадя кард. Ӯ себро бо корд кофта баровард ва бо шароб пур карда гуфт: “Бинӯшед. Шумо аз деҳае ҳастед, ки аз он шоирон бармеоянд”.
  Шоира Гулрухсор Сафиева - онест, ки дастонаш ду соҳили дарёст.- Дар болои онҳо моҳиҳо барои кӯдакони Фаластин аз об ва алаф лӯхтакҳо месозанд...”
  Ҳамин тариқ, М. Бсису дар китоби худ манзараи он маҳфилро, ки бо шоирони тоҷик дар рӯи кати боғи устод М. Турсунзода нишаста буданд, хеле ҷолиб тасвир намудааст ва яке аз бобҳои китоби худро ба Душанбе бахшидааст, ки он боб фарогири қасидаи дарозест, ки аз 56 мисраъ иборат мебошад [14, 203].
  Шоирони муосири тоҷик низ дар навбати хеш ба Муин Бсису ва воқеаҳои Фаластин шеърҳо бахшидаанд. Масалан, шоири халқии Тоҷикистон, устод Гулрухсор дар ҳаққи дӯсти наздикаш Бсису шеъре таҳти унвони “Номаи норасида” нигоштааст, ки хеле самимист:
  Шабе, ки кӯҳсори ман /Ба сони тифл қад кашид, / Чу кӯҳи дигаре баланд / Хаёли ман туро бидид./ Даме ки ларза доштӣ/ Замину хонаву дарам, / Ту омадӣ ба ёди ман, /Чӣ ҳол дорӣ, додарам?/ Гурехт тифли хоби ман / Ба мулки безамини ту./ Парид мурғи ёди ман / Ба разми бекамини ту./ Ба ҷои хома теғ буд / Ба дасти гулпарасти ту./ Чу Сабраву Шатилаат / Ба разм будӣ зиндарӯҳ./Муин, Муини оташин,/Бародари самандарам,/ Ба сӯзи ақлу рӯҳи ту/Ба чашми раҳм бингарам./Бигӯядам алови ту /Самандарӣ фасона нест./ Шиори тирбори ту /Ду сатри маҳрамона нест./ Замини туст дар дилат,/ Барӣ варо ба ҳар макон./Биё, ба мулки ҷони ман,/ Маро ба қалби худ бихон!/Замин ба ларза омада,/ Ва ё дили қарини дӯст?/Ва ё дили бузурги ту,/ Ки маркази замини туст?!/ Ту дар замини безамин,/Муин, Муини оташин./Барои ту биларзадо /Дили ману дили замин [ 9, с.43 ].
  Он сон ки мебинем, шоир дар шеъри фавқ манзараҳои қад афрохтани кӯҳҳо ва боис шудан ба зилзилаеро, ки шаби марги Бсису ба вуқӯъ омада буд, тарсим намуда, иброз доштааст, ки дар ин ҳангом на танҳо дили замин, балки дили шоир низ ба ларза омад. Чунончӣ худи Гулрухсор иброз намудааст, дар шаби навишта шудани шеъри мазкур Бсису дар Лондон аз олам чашм пӯшид. Дар шеъри фавқуззикр ҳамчунин воқеаҳои ҷанги “Сабраву Шатила” таҷассум ёфтаанд. Лозим ба таъкид аст, ки дар мавриди тирборон қарор гирифтани лагерҳои “Сабраву Шатила” аз сӯи исроилиён Бсису низ дар он ноҳияҳо қарор дошт ва алайҳи ин шӯриш мубориза мебурд, ки ин масоил низ дар шеъри Гулрухсор хеле ҳассос ва таъсирбахш тасвир шудааст.
  Бояд гуфт, шеъри боло бо истифода аз санъати маънавии ташбеҳ (дар калимаи “ба сони тифл”), тавсиф (кӯҳи дигаре баланд, мулки безамини ту, разми бекамини ту, дасти гулпараст), маҷоз (Муини оташин, бигӯядам алови ту, биё ба мулки ҷони ман) ва ғайра эҷод шудааст [2].
  Ҳамчунин яке аз шеърҳои шоири халқии Тоҷикистон устод Гулназар Нома ба шоири Фаластинӣ” ном дорад, ки намунае аз равобити адабии шоирони тоҷику араб буда, дар шеъри мазкур низ ихлосу иродати Гулназар нисбат ба Бсису таҷассум ёфтааст:
  “Хонаву гаҳвораи ман / Пора шуд аз кини душман / Чун дили садпораи ман” (Муини Бсису)
  Хирмани деҳқони ту барбод шуд / Аз дами бадхоҳи обу донаат / Лек дар шеъри ту хирман мекунад / Хашми худро мардуми мардонаат / Гарчӣ аз гармои саҳрои кабир / Решаи бегонаи бадкин насӯхт / З-оташи шеъри ту, аммо ҳар куҷо / Қалби нопоки адӯ дар сина сӯхт / Ҳамчу сарбози Фаластин ҳарфи ту / Дар масофи зиндагӣ бечора нест / Дар миёни пораҳои шеъри ту / Хоки аҷдодони ту садпора нест / Аз соқа то садр, / Ситезаҳоят арғувонист / Ғунчаҳоят лолазор аст / Ту чӣ саҳрое, ки ҳар як зарра ту / Сели дарё нолабор аст [5, с. 6].
  Дар ин шеър шоир санъатҳои бадеии маҷоз (оташи шеър, сели дарё, решаи бегонаи бадкин, хирман мекунад), ташбеҳ (ҳамчун сарбоз), тавсиф (бадкин), муболиға (сели дарё нолабор аст) ва амсоли инро моҳирона истифода бурда, ҳамраъйии худро ба сарбоз, Муин Бсису ва мардуми мардонаи Фаластин, ки ба адӯи бадкин муқовимат мекунанд, баён мекунад [3, с. 65].
  Шеъри дигари шодравон Гулназар Келдӣ Эй Фаластини даруни синаи ман!” мебошад, ки бо дарду алам ва сӯзу гудози қалби шоир навишта шуда, дар он низ зикри шоири бузурги фаластинӣ Муин Бсису рафтааст:
Сабзаҳоят арғувонист, / Ғунчаҳоят лолазор аст. / Ту чӣ саҳроӣ, ки ҳар як зарраи ту / Мисли дарё нолабор аст, / Эй дили оинаи ман, / Эй Фаластини даруни синаи ман?! / Қитъа-қитъа гиря дорӣ аз ғами хеш, / Пора-пора метапӣ дар мотами хеш. / Барабас донистаӣ нӯши замонро / Марҳами ҷони ками хеш, / Эй дили оинаи ман, / Эй Фаластини даруни синаи ман. / Бонги майдон мекунад кар гўши овозат, / Бори зиндон мефитад дар боли парвозат, / Меҳри ту дар ҳалқаи дори баланд аст, / Шавқи ту саркӯби ин чархи нажанд аст, / Эй дили оинаи ман, / Эй Фаластини даруни синаи ман. / Аз кадомин сарви олам ту асо ҷӯӣ? / Аз кадомин муттаҷоне муттако ҷӯӣ? / Лаззати ҳалво ту аз мавҷи ҳаво ҷӯӣ? / Нораво ҷӯӣ, носазо ҷӯӣ, /Эй дили оинаи ман, / Эй Фаластини даруни синаи ман. / Аз куҷо ҷамъ оварам кишти парешонатро? / Хирмани пурбори тӯфонатро? / Аз куҷо ҷамъ оварам ман пораҳоятро? / Бечораҳоятро? / Овораҳоятро? / Аз аламҳое чунин рӯзе бимирам, / Чун Муин рўзе бимирам, / Эй дили оинаи ман, / Эй Фаластини даруни синаи ман [6, с. 97-98].
  Чунонки возеҳ аст, шоир зимни шеъри сафед ва истифодаи санъатҳои бадеӣ чун ташбеҳ (мисли дарё), такрор (қитъа-қитъа, пора-пора) тарсеъ (Нораво ҷӯӣ, носазо ҷӯӣ), таҷоҳули ориф (Аз куҷо ҷамъ оварам кишти парешонатро?/ Хирмани пурбори тӯфонатро?), маҷоз (мавҷи ҳаво, Фаластини даруни синаи ман), тавсиф (пурбор, нажанд, нолабор), таҷнис (муттаҷоне муттако) ва ғайра тавонистааст ҳисси таассуфи худро аз ғаму ғусса ва ҳамзамон ҳамдиливу ҳамдардии худро нисбати Фаластини порагашта бо ибораҳои зебову дилнишин ифода намояд.
  Зимнан, арабшиноси номвари тоҷик Назруллоҳи Назар ашъори якчанд шоирони тоҷикро, ки дар он ҳаёти сиёсиву иҷтимоии мардуми Фаластин таҷассум шудаанд, ба забони арабӣ тарҷума намудааст. Ӯ аз ҷумла, шеъри Гулназар ва шеъри Гулрухсорро низ, ки ба шоири Фаластинӣ Муъин Бсису бахшидаанд, ба забони арабӣ тарҷума карда, ба хонандаи араб пешниҳод намудааст (ниг.: 14:с.70-71 ва с.89-91).
  Дар замони имрӯза робитаҳои Тоҷикистон бо давлати Фаластин дар сатҳи дипломатӣ ба роҳ монда шудааст. Сафорати давлати Фаластин дар шаҳри Душанбе соли 2020 ифтитоҳ гардида ва сафири мухтори Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доктор Луай Иса мебошад. Сафорати Фаластин низ барои таҳкими равобити сиёсиву адабӣ ва фарҳангӣ бо кишвари Тоҷикистон талош варзида, пайваста бо муассисаҳои давлатӣ вохӯриҳо барпо менамояд. Масалан, сафорат санаи 25-майи соли 2021 бо намояндагони ахбори васоити омма ва ходимони илмиву давлатии Тоҷикистон боздид намуд. Сафири Фаластин дар Тоҷикистон Л. Иса дар рафти мулоқот роҷеъ ба масоили қазияи Исроил ва Фаластин иттилоъ дод ва аз мардуми тоҷик хоҳиш намуд, ки нисбат ба ин ҳаводис беэътино набошанд.
  Воқеан, шоирони муосири тоҷик ба сарнавишти мардуми Фаластин бетарафӣ зоҳир нанамудаанд ва дар ин росто шеърҳои зиёде навишта, бо ҳамин васила ҳамдардии худро нисбат ба кишвари Фаластин баён кардаанд. Масалан, шоири халқии Тоҷикистон Рустами Ваҳҳоб дар шеъри худ зери унвони Қиблаи нахустин” бо меҳру муҳаббати хоса Фаластинро “қиблаи нахустини дил”, “Каъба дар миёни ҷони худ” мехонад ва аз дидани сангҳои хунолуд ва захмҳои кӯдаки фаластинӣ ашки дида мерезад:
  Мекашад зи банди дил қиблаи нахустинам, / Каъба дар миёни ҷон, рӯй бар Фаластинам. / Ку ҳаловати имон? То зи Қудс маҳрумам, / Аз маломати виҷдон дард мекунад динам. / Сангҳои хунолуд, сангҳои хунолуд,,. / Ҳар шаб аз канори дил ситора мечинам. / Бӯса мезанам аз дур, кӯдаки фаластинӣ, / Лолаҳои захми ту – муҳри Оли Ёсинам. / Новгони Озодӣ то ба гил фуру биншаст, / Ошно нахоҳам буд, беш аз ин чу биншинам. / Эй башар, тафовутро бас азим меёбам. / З-он ки ту ҳамегӯӣ то ман он ки мебинам. / Пойгоҳи меъроҷ, эй хоки поки Озодӣ, / Обрӯ зи ту дорад осмони рангинам. / Дидаам ба руъёе аз миёни хоку хун / Даст мебарад Ҳуре сӯи қалби сангинам [15, с.1].
  Шеъри боло низ саршор аз мазомин ва мафоҳими динии исломӣ (“қиблаи нахустинам”, “Каъба дар миёни ҷон”, “ҳаловати имон”,“даст мебарад Ҳуре”, “муҳри Оли Ёсинам” ва ғ.) буда, бо истифодаи моҳирона аз санъатҳои бадеии маҷоз “дард мекунад динам”), муболиға (ситора мечинам), истиора (“Лолаҳои захми ту”), тавсиф (осмони рангинам, қалби сангинам, сангҳои хунолуд) ва амсоли он таваҷҷуҳи аҳли башарро ба муборизаи фаластиниён баҳри озодӣ ҷалб менамояд.
  Шеъри шоири халқии тоҷик Гулназар “Аналҳақ” низ фалсафаи бузургеро дар бар гирифтааст:
  Эй Фаластин, эй ту Ҳаллоҷи Аналҳақ! / Бар сари ту монда Ҳақ тоҷи Аналҳақ, / Як туӣ ёри вафодори Аналҳақ, / Мекунӣ ҷавлон сари дори Аналҳақ, / Аз гулўят мечакад хуни Аналҳақ, / Дар танат карбоси гулгуни Аналҳақ. / Эй дареғо, эй дареғо, / Интиқоматро кӣ мехоҳад гирифт / Туву хубиву раъноӣ / Aз душмани дуни Аналҳақ?! / Зиндагӣ, Эй дори Ҳаллоҷ! / Аз Аналҳақ то Аналҳақ имтиҳонам мекунӣ, / Бе сару бе даступою бе забонам мекунӣ, / Бо ҳамин бечорагӣ / Сўйи Ҷовидон равонам мекунӣ…[ 4,с.28-29].
  Ин шеъри муассир ба қиссаи Мансури Ҳаллоҷ ва ибораи машҳури ӯ “Аналҳақ” – “Ман Худо ҳастам! Ман ҳақиқатам” ишорат мекунад. Дар шеъри мавриди зикр ақоид ва таълимоти сӯфия ба маънии он ки “ба ғайр аз Ҳақ вуҷуди дигаре нест ва ҳастии мутлақ Ӯст”, инъикос ёфтааст. Шоир Фаластинро маориҷи Ана-л-Ҳақ, нуқтаи пайванд, авҷи кибриё, аслгоҳ, мартабае, ки Мансури Халлоҷ дошт, меҳисобад. Дар пеши назари хонанда лаҳзаҳои хунини қатли Мансури Ҳаллоҷ ҷилвагар мешавад ва ӯро ба  гиристан водор менамояд.
  Шеъри шоири фақиди тоҷик Неъмат Оташ “Ӯ намемирадҳолати кӯдаки нолону саргардонро, ки дар ҷанги меҳани ба хоку хун оғуштааш модари хешро аз даст додааст, бо сӯзу гудоз ба қалам додааст. Шоир дар шеъри худ ғаму андӯҳ, вайрониву бехонумонӣ, садои тӯпу мусибатҳои ҷангро тасвир намуда, умед бар пирӯзии Фаластин мебандад, ки ҳеҷ гоҳ намемирад ва қасоси хешро хоҳад гирифт:
  Дар Фаластин дар дили вайронаҳо / Кӯдаке нолону саргардон бувад / Меҳаросад аз садои тупҳо / Аз ғамони ғуссаҳо гирён бувад / Дар канораш модараш ҷон медиҳад / Ин замон афтода андар хоку хун / Пеши чашми кӯдаки ҳайрону зор / Мешавад як хона ҳар дам сарнагун / Имшабу ҳар шаб насими меҳанаш / Алла мегӯяд ба ҷои модараш / Мешавад болини тифли бепаноҳ / Санги дашту кӯҳсори кишвараш / Ӯ намемирад, намирад ҳеҷ гоҳ / Ӯ намемирад ба рағми душманаш / Меситонад кини модар аз адӯ, / Меситонад кини халқи меҳанаш / Аз соқа то садр. [15,с.1].
  Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим ҳам шеъри пурдарде бо номи Фаластин” навиштааст, ки дар он Фаластинро чун “хонаи бебому дар”, “хони бенони замон”, “давлати бемарзи ҷовидон”,мурғи парбишикастаи таърих”, “харобободи ҷовидон” вабо ҳақиқат то абад пайвастаи таърих” тасвир мекунад:
  Ашки талх бар мижаи яхбастаи таърих / Нафаси гармони дили сарди замон / Ҳар лаҳза / Обат мекунанд аз нав / Ва хунолуда ҷорӣ мешавӣ / Бар гунаҳои хастаи таърих. / Чу пеши модари дилхун / Ба пешат / Зиндагӣ ҳам / Мекунад гум сабру тамкинро, / Ки байни лола хун ёбӣ / Ҳамеша наслҳоят – тифлакони шӯхи гулчинро…/ Худо дорӣ фақат, / Эй рӯи роҳи додгар бинишастаи таърих. / Фаластин, / Хонаи бебому дар, / Эй хони бенони замон, / Эй давлати бемарзи ҷовидон, / Нигоҳи хаставу умедворат бар самост, / Эй мурғи парбишикастаи таърих. / Ҷудо аз ҳақ наӣ, / Эй бо ҳақиқат то абад пайвастаи таърих, / Биларзонанд ҳар гоҳе буну бехат, / Вале барҷост таърихат. / Харобободи ҷовидон, / Ту бо ободии ҷону дилат якумр ободӣ, / Ту дар дунёи озодипарастонат сарозодӣ, / Аё, эй бандии ворастаи таърих. / Аё эй хок, / Эй дили чок, / Эй бебок, / Сано бар ҷони беҷисмат, / Сано бар ҷисми беҷонат, / Ки ҳастӣ кундаи қатли ҳавасҳои фаровонат / Ва то ҳастӣ, / Дарахти ноҳақиро то бибуррӣ аз бех, / Ту бо исёни беанҷому оғозат / Ва бо фарёди беовову овозат / Табар хоҳӣ шудан бар дастаи таърих. [7, с.6].
  Чунонки мебинем, шоир силоҳи қалами хешро барои ифодаи ситез бо ҳамаи анвои зулму ситам ва дифоъ аз ҳақ ва ҳаққоният ба кор бурдаст. Шоир  дар ин ҷо Фаластинро бо тавсифҳои образнок ва калимаву таъбирҳои таърихиву динӣ ботакрор мавриди хитоб қарор медиҳад, то тасаввуротеро ба вуҷуд орад, ки дар он моликияти барҳақи фаластиниён бар Ватани харобоободгашта чун меҳвари асосӣ таъкид карда шавад. Ӯ ба озодӣ ва пирӯзии Фаластин боварӣ дорад ва ба матонати мардуми бебоку озодипарасташ дар мубориза бар зидди душманонаш сано мехонад. Дар ин шеър низ умед ва эътиқоди шоир ба пирӯзии ҳақиқат эҳсос мешавад.
  Ба ҳамин минвол шеъри шоири муосири тоҷик Сиёвуш таҳти унвони “Номаи манзум ба рафиқи фаластинӣ”-ро низ зикр намудан мумкин аст, ки бо эҳсосоти баланд ба қалам омадааст:
Ин ҳама, охир дурӯғ аст / Шарқи ман ҳоло намурдаст! / То лабе хунбор, фарёди азоне мезанад, / То дарахте тирхӯрда, дар намоз истодааст, / Ин ватан ҳоло намурдаст! / Эй Фаластин, / Эй садои хастаи виҷдони дунё, / Эй азони субҳдам дар гӯши карҳо, / Он қадар бар хоби сере рафта мағриб, / Ки ба ҷуз овозҳои ишками худ / Кай садои дигаре хоҳад шунидан?[ 15, с. 1].
  Шеъри фавқуззикр низ фарогири санъатҳои бадеии муболиға (лабе хунбор), тавсиф (дарахти тирхӯрда, садои хаста), маҷоз (виҷдони дунё, дар хоби сере рафта мағриб) ва ғ. мебошад.
  Шеъри шоири дигари тоҷик равоншод Муҳаммадалии Аҷамӣ таҳти унвони “Садои сангҳо”, ки дар қолаби ғазал суруда шудааст, бисёр таъсирбахш ва самимӣ нидо мекунад:
  Чаро имшаб ғазал дар қолаби мазмун намегунҷад? / Ба соҳилҳои худ, ҳис мекунам, Ҷайҳун намегунҷад? / Зи худ берун шудам, дар он тараф дидам Фаластинро, / Фаластини шаҳодат, дар ҳисори хун намегунҷад. / Сукути сангҳо пур мешавад аз хандаи шайтон, / Қиёми сарвҳо дар қомати мавзун намегунҷад. / Ба изни ҳар шаҳид, ойина меборад ба шайдоӣ, / Дигар дар ҳаҷми ҳайрат, ҳайрати Маҷнун намегунҷад. / Тамоми ишқро дидам, ба даври ишқ мечархид, / Аҷаб чархест чархи ишқ, дар гардун намегунҷад. / Ва дидам чашмҳои ту, ба дарё мехурад пайванд, / Чаро имшаб ғазал дар қолаби мазмун намегунҷад? [1, с.6].
   Дар ғазали М. Аҷамӣ низ санъатҳои бадеии маҷоз (зи худ берун шудам), (сукути сангҳо), (қиёми сарвҳо), такрор (дар ҳаҷми ҳайрат, ҳайрати маҷнун), (ишқро дидам, ба даври ишқ мечархид), (аҷаб чархест чархи ишқ), муболиға (дидам чашмҳои ту, ба дарё мехурад пайванд) ва ғайра ҷилва намудаанд.
  Шеъри Доро Наҷот “Чамани лоласангҳо” низ хеле муассир буда, саросар аз санъатҳои бадеии ҷиносу такрор ( санг-санг, нафас-нафас, шафақ), саҷъ (силоҳ, кулоҳ), ташбеҳот (ба сони асби хунчакон, чун дастони ҳазрати Зайнаб), тавсиф (шеваи сангсори шайтанатӣ, субҳдамида), нидо ва ғайра иборат аст:
  Хоҳарам, / бедиранг / бичин санг-/санг, / ки санг ва фалохун бувад омода бар ҷанг. / Бояд нишон дод / дастосанг ва / бартарӣ аз тонк / ва паёай / дар инфиҷори гулӯлаҳо. / Хоҳарам, / санг бичин, / ки санг аст / силоҳи муҷоҳидат алайҳи иблис / ва ҷиҳоди мост / фаризае аз ҳаҷ. / Хоҳарам, / ин покубам / гулбуни паёмбарист / бо нақҳати шуҳуд / ва гулафшони муъҷиза / ва ин ҳама тапиш / фароянде аз иброҳемист, / ки зистанро шукуфтаем / дар ҳалқам ҳариқ. / Мо / нафас-нафас / муъҷизаро / таҷриба мекунем / ва ин чарма сангандоз / ёдгори каф Мӯсо(ъ) / ва рагбори санг / дурахши яди байзост. / Хоҳарам, / муъҷиза / дар парпари санги силаҳо / ба ҷои парандаҳои фирорӣ бол мезанад. / Магар муъҷиза нест, / ки онон / Саросар кулаҳхуд пӯшиданд ва/ ғарқ дар силоҳ / аммо кулоҳи мо / осмон аст ва силоҳи мо / Аллоҳу акбар / ва ҷиҳод / бо шеваи сангсори шайтанатӣ, / ки мехоҳад / садои гӯсола ояд аз ҳарами Қудс / ба ҷои азон. / Хоҳарам, / Фаластин / чамани субҳдамида / аз лола сангҳост / ва шукуфаҳои мардумак / бо ҳазорон чашма шафақ. / Инак / мебинам / шафақ ба сони асби хунчакони Имом Ҳусайн (а) / шиҳа мекашад, / дар остони саропардаи сапеда / ва ток ва зайтун / печ зада ба ёлаш / чун дастони ҳазрати Зайнаб (раз). / Хоҳарам, / бархез, / ту ҳам овеза шав бар гардани асб, / хуноба рез дар сӯги мавло / аз дида, ки набарди Фаластин идома оварди ӯст. / Хоҳарам, / пас аз ман озодӣ мерасад / ва ҳусайнгунагӣ меояд / ба сурати ҳумо аз биҳишт / дар гулборони пирӯзии Фаластин. / Ту он рӯз / бо азони тӯпи салом / ба ҷои ман бархон / иқомаи намози ҷамоати зайтунҳоро / ва ба ҳаво барондоз / дафтари алифбоямро / ки парпар занад / ба ҷои кабӯтарҳо [16, с.1].
  Шеъри фавқуззикр низ дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва тарғиби муқовимат ва муборизаи озодихоҳӣ навишта шуда, умеди шоирро ба пирӯзии мардуми Фаластин ифода мекунад. Дар он пайванди мафҳуми муқовимат бо мафоҳиму таъбироти исломӣ (намоз, ҷиҳод, ҳаҷ, ҳарам, муъҷиза, биҳишт), талмеҳоти қуръонӣ (яди байзо, Мӯсо, Иброҳим, Иблис), ишораҳо ба ашхоси таърихӣ Зайнаб, Имом Ҳусайн (а) ба назар мерасад.
  Шеъри шоири дигари тоҷик АбдусаломУмеди озодӣ” низ дар ин росто бисёр маҳзункунанда ба назар мерасад:
  Чӣ кард бо дили сарсабзатон хазони яҳуд / Чӣ рафт бар саратон, эй арозии мавъуд / Чӣ дӯхт пираҳан аз тору пуди бахт ин шаб / Кӣ кард субҳи шуморо ба зулматаш нобуд / Чунон палиду ба хун ғарқ гаштаанд бингар / Ки рӯи зулму ситамро сияҳ намуду кабуд / Шумо ба башарафӣ шуҳраи ҷаҳон гаштед / Аҷаб зи муддаиёни ситораи Довуд / Хурӯш бар сари золим дифоъ аз мазлум / Туро вазифаи имонӣ аст, Худо фармуд / Барои нусрати дини Худо ба по хезед / Ба сабру санг кунӣ хонаи ситам нобуд / Умед, ки қиблаи аввал Худо кунад озод / Зи дасти Оли яҳуди палиду хунолуд [15, с.1].
  Дар шеъри боло санъатҳои бадеии тавсиф (дар ибораҳои дили сарсабзатон, палиду хунолуд),  маҷоз ( тору пуди бахт, хазони яҳуд, хонаи ситам), тазод (золим - мазлум),  ва ҳоказо корбаст шудаанд. Дар ин шеър ҳам даъват ба мубориза ва муқовимат, талмеҳоти қуръонӣ, нафрат ба истилогарон, умед ба пирӯзии фаластиниёни ватандӯст ба назар мерасанд.
  Шоир ва арабшиноси тоҷик Назруллоҳи Назар низ бо забони арабӣ перомуни Фаластин шеъри муассире нигоштааст, ки он фарогири 18 мисраъ буда, дар китоби “Парокандабаргҳо” (ниг.саҳ 22-23) дарҷ ёфтааст.
  Шоистаи таъкид аст, ки китоби “Парокандабаргҳо” бо шеъри Н. Назар, ки ба шоири бузурги Фаластинӣ Маҳмуд Дарвеш бахшида шудааст, оғоз шудааст, ки чанд мисраи аввали он шеър ин аст:
إلى شاعر المقاومة محمود درويش
  /أخي الشاعر / أذِبْ قلبك بالدمعِ / وألقِ الذوبَ في الصحراء /        
وفي وادٍ بلا ماءٍ / هِضابٍ أصبحت عطشَى [14 ,13-14].
  Тарҷумаи байтҳои боло чунин аст: Ба шоири муковимат Маҳмуд Дарвеш: “Бародари шоирам, / Дилатро бо ашк об намо/ ва обро ба биёбон парто, / Дар водиҳои беоб, / Теппаҳо ташна шудаанд...”.
  Назруллоҳи Назар дар шеъри “Ба шоири муқовимат Маҳмуд Дарвеш” иродат ва ихлоси хешро нисбат ба шоир, нисбат ба сарзамини Фаластин ва қазияҳои ин қаламрав иброз намуда, бо мардуми ин марзу бум ҳамдарду ҳамормон гаштааст. 
  Мавриди зикр аст, ки Н. Назар силсилаи шеърҳои Маҳмуди Дарвешро аз арабӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума намудааст, ки онҳо дар рӯзномаҳои гуногун нашр шудаанд. 
  Беэътино набудани аҳли қалами тоҷик нисбат ба мардуми ҷафокашидаи араб ва достону шеърҳо сурудани онон дар ҳаққи ин кишвари бародар ба он нукта далолат мекунад, ки имрӯз низ байни ин кишварҳо равобити адабӣ вуҷуд дорад.
  Қобили таассуф аст, ки мардуми Сурия ва Ироқ низ дар вазъияти хеле муташанниҷ қарор доранд. Масалан, Сурияи Араб таи даҳ сол мешавад, ки ҷангу нооромиро аз сар гузаронида истодааст. Аз ин лиҳоз шаҳрвандони зиёди Сурия низ Ватани хешро тарк гуфта, ба давлатҳои дигар барои муҳоҷират рафтаанд.
  Соли 2015 таваҷҷуҳи тамоми шабакаҳои интернетӣ ва расонаҳои хабариро акси писарчаи сесолае ҷалб намуд, ки дар соҳили баҳр беҷон хобида буд. Оилаи ӯ мехост бо роҳи баҳрӣ аз ҷанги Сурия ба тарафи Аврупо гурезад, вале дар ин миён тӯфоне шуд ва онҳо фарзандашонро аз даст доданд. Онҳо ҷасади беҷони ӯро аз соҳили баҳри Туркия баъди чандин рӯз, санаи 30-сентябри соли 2015 пайдо намуданд. Ин ҳодисаи мудҳиш тамоми мардуми дунёро маҳзун сохт . Аҳли қалам низ аз ҳар гӯшаву канори дунё нисбат ба ин воқеа бетараф намонда, онро чун дарди ҷомеаи башарӣ дар ашъори хеш таъкид намуданд. Сурудаи Шоири халқии Тоҷикистон Озарахш бо номи “Айлон” низ бозгӯи ҳамин ҳолати фоҷиабор аст, ки мегӯяд: 
  Дар ман ҳама хандаҳои дунё гирён, / Шодиву умедҳои зебо гирён, / Бар қисмати ман обу ҳаво ҳайрон аст / Дарё гирён, домани саҳро гирён… / Номам ба ҳама забони олам –Айлон / Руҳам ба ҳама макони олам – нолон… / Дар синаву дар нигоҳи ман ханҷари кист? / Хоки сари бепаноҳи ман кишвари кист? / Бозичаи кӯдакии ман бишкаста, / Хуни дили бегуноҳи ман бар сари кист?! / Номам ба ҳама забони олам –Айлон / Руҳам ба ҳама макони олам – нолон… / Дунёдорон! Фиғон зи фарҳанги шумо! / Аз моли шумо! Сулҳи шумо! Ҷанги шумо! / Билло, ба Худо рӯзи ҷазо хоҳам гуфт / Аз баҳси шумо, фиребу найранги шумо! /Номам ба ҳама забони олам–Айлон / Руҳам ба ҳама макони олам–нолон…[12, с. 7].
  Дар ашъори ин шоири тоҷик мавзӯоти ҷанги Сурия, Ироқ ва дигар кишварҳои дунё низ чун дардномаи имрӯзи башар  баён шудааст. Манзараҳои ҷангу хунрезӣ ва ноадолатиҳои сиёсии кишварҳои ноороми араб дар сурудаи дигари ӯ низ бисёр таъсирбахш ба тасвир омадаанд:
  Ҳодиса ашк мешавад, манзара гиря мекунад, / Фосила оҳ мекашад, хотира гиря мекунад / Вой, ба ин замон чӣ шуд, мулк чӣ шуд, макон чӣ шуд? / Кӯҳнаҷаҳон ба ҳоли худ, шашдара гиря мекунад / Кишваракон ба сӯи ҳам тиру гулӯла мезананд, / Қалби замин даридааст, бефара гиря мекунад / Чӯли Ироқ хастаҷон аз хатари самуми ҷанг, / Шаҳри фаранг мотамӣ, пайкара гиря мекунад. / Обу ҳавои Суриё ғаркаи хуну нафт шуд, / Мӯъмину кофари бараш яксара гиря мекунад…[12,с. 110].
  Ҳамдардии адибони тоҷик ба мардуми азиятдидаи олам, аз ҷумла халқи араб дар ин гуфтаи Озарахш низ, ки дар яке аз мусоҳибаҳояш иброз дошта буд, ба назар мерасад: “Вақте дар Сурия ва ё гӯшаи дигари дунё ҷанг меравад ва агар як нафаре гӯяд, ки шукри Худо, дар кишвари мо сулҳу амонӣ асту он ҷо ҷанг, хато мекунад, зеро чуноне, ки шайх Саъдӣ фармудааст,: “Бани одам аъзои якдигаранд”.
  Аз баррасии манобеи боло метавон чунин бардоштҳо намуд:
  1. Муносибатҳои адабии Тоҷикистон бо Фаластин дар замони истиқлолияти тоҷик вусъат ёфтаанд, зеро шоирони тоҷик нисбат ба воқеаҳои Фаластин вокуниш нишон додаанд ва ин мавзӯъ дар адабиёти муосири тоҷик ҷойгоҳ хоса дорад.
  2. Дар ашъори шоирони муосири тоҷик ва шоирони Фаластин мавзӯот ва мазомини муштарак, мафҳумҳои ватан, ватандӯстӣ, зулму ситами душманон, румузи динӣ, таърихӣ, таъбироти қуръонӣ, ёдоварӣ ва гиромидошти шаҳидон, умед ба пирӯзӣ дар ҷанг мушоҳида мешаванд.
  3. Равобити адабии Тоҷикистон ва мамолики Шарқи хориҷӣ мутақобилаанд, зеро, чуноне ки дар боло ироа гардид, шоирони араб чун Муин Бсису, Маҳмуди Дарвеш, Ҳасан Иброҳими Наққош, Абдулваҳҳоб ал–Баётӣ ва Муҳаммад Солеҳ Баҳру-л-улум бахшида ба Тоҷикистон ва шоирони муосири тоҷик шеърҳои зиёде нигоштаанд ва шоирони тоҷик низ дар васфи онҳо шеърҳо эҷод карда, аз онҳо таъсирпазирӣ намудаанд.
                                                                          Адабиёт:
  1. Аҷамӣ Муҳаммадалӣ. Садои сангҳо. / рӯзномаи Саломат бошед.№6 (474), 11-апрели 2022,саҳ.6.
  2. Зеҳнӣ Тӯрақул. Санъатҳои бадеӣ дар шеъри тоҷикӣ. Нашриёти давлатии Тоҷикистон. - Сталинобод, 1960, - 258с.
  3. Зеҳнӣ Тӯрақул. Куллиёт. Ҷ 1: Санъати сухан. –Душанбе: “Истеъдод”, 2021. - 431с, с. 65.
  4. Келдӣ Гулназар. Туву хубиву раъноӣ.(Гулчини ашъор) –Душанбе: “Адиб”, 2010. –408с, с. 28-29.
  5. Келдӣ Гулназар. Нома ба шоири Фаластинӣ: Шеър // Тоҷикистони советӣ. - 1982. - 8 сентябр, саҳ.6.
  6. Келдӣ Гулназар. Дар чодари сафеди маҳтобӣ (гулчини ашъор). Ҷ. 2.– Душанбе: “Адиб”, 2015. –320с, с. 97–98.
  7. Қосим Низом. Фаластин. / рӯзномаи Саломат бошед.№6 (474), 11-апрели 2022, саҳ.6.
  8. Мардонӣ Тоҷиддин. Саҳифаҳое аз равобити адабии Арабу Аҷам.( Гузашта ва имрӯз). – Душанбе: «Ирфон», 2010. – 236с.
  9. Сафиева, Гулрухсор. Рӯҳи Бохтар: шеърҳо ва достонҳо. – Душанбе: Адиб, 1987. – 400 с, саҳ. 43.
  10. Турсунзода Мирзо. Садои Осиё. – Сталинобод: “Нашриёти давлатии Тоҷикистон”, 1957. –63с, саҳ.8.
  11. Шакуров Муҳаммадҷон. Мактаби одамият: Баъзе масъалаҳои адабиёт ва маънавият. – Душанбе: Адиб, 1991- 272с, с. 243.
  12. Озарахш. Айлон. / рӯзномаи Гулистони дониш. №3(48), марти 2022, саҳ.7.
  13. Озарахш. Девони ишқ. –Хуҷанд: “Ношир”, 2016. – 516с, с. 110.
  14. نذر الله نزار. اوراق متفرقة.- قاهرة: "شمس للنشر و الاعلام"، ٢٠١٧م-٢٢٩ص.
  15. tajikpress.com.
  16. tajik.irib.ir
Каримова Шоҳона
ходими илмии шуъбаи
Шарқи Миёна ва Наздик

БОЗГАШТ