АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Муносибати Арабистони Саудӣ ва Афғонистон дар замони Толибон ва Ҳукумати муваққат

Муаллиф: Зуҳуров Абдухолиқ

Расм

Муносибатҳои Афғонистон бо Арабистони Саудӣ таҳкурсии хеле амиқ дошта, бо таърихи дастгирии Риёз аз гурӯҳҳои ҳарбӣ-сиёсии гуногуне, ки дар Афғонистон фаъолият доранд, шурӯъ мешавад. Арабистони Саудӣ аз оғози ҷанги солҳои 1978-1989 дар Афғонистон, ҳаракати муҷоҳидинро кӯмак ва дастгирӣ намуда, пас аз хурӯҷи сарбозони Шӯравӣ на танҳо хоки ин кишварро тарк накард, балки ба кӯмак ва дастгирии гурӯҳҳои дигари сиёсию низомӣ, аз ҷумла ҳаракати «Толибон» идома дод.[1]

Ҳаракати «Толибон» тобистони соли 1994 дар Қандаҳор аз ҳисоби собиқадорони ҷанги зидди сарбозони шӯравӣ ва муҳоҷирони пуштуне, ки таҳсилоти диниашонро дар мадрасаҳои Покистон гирифта буданду, аз ҷониби хадамоти махсуси ин кишвар дастгирӣ мешуданд, таъсис ёфт. Идеологияи толибон дини ислом ва расму оини маъмулии пуштун буд ва роҳбарии ин ҳаракатро яке аз иштирокчиёни фаъоли љанги зидди неруҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон, Мулло Муҳаммад Умар ба уҳда дошт.

Дар як муддати кӯтоҳ ҳаракати “Толибон” тавонист, ки қисми зиёди Афғонистонро ишғол намоянд. Моҳи апрели соли 1996 дар Қандаҳор ҷамъомади ҷангиёни “Толибон” доир шуд, ки аз натиҷаи он роҳбари ин ҳаракат тамоми мардуми афғонро ба љанги “муқаддас” бар зидди президенти кишвар Бурҳониддин Раббонӣ ба Кобул даъват намуд. Моҳи сентябри ҳамон сол толибон Кобулро ишғол карданд ва то соли 2001 дар  Афғонистон ҳокимият намуданд.[2]

Ҳокимияти Толибон аз љониби мардуми Афғонистон хуш пазируфта нашуд ва мухолифини зиёде пайдо кард. Ҳамчунин бар зидди ин ҳукумат қувваҳои мусаллаҳи Аҳмадшоҳи Масъуд низ муборизаи шадид мебурданд. Аз хориљи кишвар бошад, ҳукумати толибонро дар Афғонистон танҳо се кишвари ҷаҳон ҷонибдорӣ намуданд, ки ин Покистон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Арабистони Саудӣ мебошанд. Толибон ба хотири тарафдорони зиёд пайдо кардан ва таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намудан, моҳи августи соли 2000 истеҳсоли маводи мухаддирро расман манъ карданд. Дар натиҷа соли 2001 истеҳсоли маводи мухаддир тақрибан то 185 тон коҳиш ёфт. Вале пас аз фоҷиаи 11 сентябри соли 2001, вазъият на танҳо дар Афғонистон, балки дар тамоми ҷаҳон тағйир ёфт ва яке аз сабабҳои асосии пошхӯрии ҳукумати Толибон дар Афғонистон гардид. Фоҷиаи 11 сентябр, ки яке аз амалҳои бесобиқаи террористӣ ба шумор мерафт ва дар Ню-Йорк ва Вашингтон рух дод, тамоми ҷаҳонро нигарон кард. Масъулияти таркиш аз тарафи маъмурияти Амрико ба гурӯҳи “Ал-Қоида”, ки роҳбари он Усома бини Лодин буд, гузошта шуд. Ҳаракати “Толибон” ба роҳбари гурӯҳи “Ал-Қоида” Усома бини Лодин сарпаноҳ дод. Аз тарафи ҳаракати “Толибон” таслим накардани роҳбари гурӯҳи “Ал-Қоида” боиси он гардид, то маъмурияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тасмим гирад, ки ҳуҷуми васеъмиқёсиро (ҳамлаи густурдаро) дар Афғонистон бо мақсади зарурати мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир, нақзи ҳуқуқи башар ва ҳуқуқи байналмилалӣ ба роҳ монад.

Соли 2001 эътилофи байналмилалӣ, ки аз ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сарварӣ мешуд, дар муттаҳидӣ бо мухолифини маҳаллӣ муваффақ гардиданд, ки Толибонро аз қудрат бартараф созанд.[3] Бартараф шудани ҳаракати “Толибон” аз қудрат ва таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳукумати Афғонистон, боиси он гардид, ки дар сиёсати хориҷии ин кишвар таҳаввулоти ҷиддие ба вуҷуд ояд. Афғонистон бо кӯмак ва дастгирии кишварҳои мухталиф тавонист як ҳукумати демократиро таъсис дода, сулҳу амнияти кишварро ҳаддалимкон таъмину тақвият бахшад ва робитаҳои хуби иқтисодиро бо кишварҳои ҳамсоя ба роҳ монад. Яке аз чунин кишварҳо Арабистони Саудӣ ба шумор меравад, ки дар сиёсати хориҷии Афғонистон кӯмаку дастгириҳои зиёд намуд ва дар ин самт саҳми арзанда гузоштааст.

Маҳз натиҷаи ҳамин кӯмак ва дастгириҳои мардуми афғон аз ҷониби Арабистони Саудӣ буд, ки роҳбари тозаинтихобгардидаи ҳукумати муваққатии Афғонистон Ҳомид Карзай сафари расмии нахустини худро ба ин кишвар анҷом дод. Ҳомид Карзай пас аз иљрои маросими ҳаљљи умра бо шоҳ Фаҳд ва  шоҳзода Абдуллоҳ ибни Абдулазиз мулоқот намуда, масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, вазъияти Афғонистон, нақшаҳои Кобул дар барқарорсозии кишвар ва иштироки Арабистони Саудӣ дар ин раванд мавриди баррасӣ қарор дод. Дар ин сафари расмӣ роҳбари ҳукумати муваққатии Афғонистонро 8 нафар вазирони афғон ҳамроҳӣ намуданд, ки онҳо дар мулоқот ва музокирот иштирок доштанд.[4]

Ибтидо, агарчи Арабистони Саудӣ ба расмият шинохтани ҳукумати толибон назди мардуми Афғонистон зеҳнияти манфӣ ёфта буд, вале бо суқути ин режим ва эљоди идораи муваққат, билофосила бо оғӯши боз ва кӯмакҳои инсондӯстона ба Афғонистон рӯй овард ва дар ҳамон рӯзҳои нахустин сафоратхонаашро дар Кобул ифтитоҳ намуд. Ҳимояти ҳамаљониба аз ҳукумати љадид ва мардуми афғон, Арабистони Саудиро бори дигар дар меҳвари таваљљуҳи сиёсати муосири хориљии Афғонистон қарор дод.

Яке аз далелҳои асосии ба зудӣ эътироф намудани ҳукумати Кобул аз љониби Арабистони Саудӣ ва ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатӣ бо ин кишвар дар мусалмон будани халқи афғон хулоса мешавад. Мақсади асосии ин ҳамфикрӣ ё муттафиқии исломӣ аз он иборат аст, ки дар љаҳон як самти қавии суннӣ таъсис дода шавад, ки он тавонад манфиатҳои мусулмононро ҳимоя кунад. Аз љониби дигар, дар Арабистони Саудӣ ду љойгоҳи муқаддаси исломӣ, яъне Макка ва Мадина мављуд мебошаду, теъдоди зиёди мардуми афғон ба Ҳукумати Арабистони Саудӣ эҳтироми зиёд доранд. [5]

Маҳз ҳамин ҳамназарӣ буд, ки моҳи феврали соли 2002 Риёз сафорати худро дар Кобул аз нав барқарор намуда, имкониятҳои васеъи ҳамкорӣ ва сармоягузориро бо ҳукумати нави Афғонистон матраҳ сохт. Қобили зикр аст, ки аз љониби сафорати кишварҳои араб ба таври мустақим ва ё ғайримустақим ба Афғонистон то охири соли 2008 кӯмакҳои башардӯстона идома ёфт, ки дар маҷмӯъ 550 миллион доллари амрикоиро ташкил медод.[6]

Баъдан шурӯъ аз соли 2009, робитаҳои Афғонистон бо Арабистони Саудӣ густариш ёфтанд. Моҳи январи ҳамин сол сафири шоҳигарии Арабистони Саудӣ шоҳзода Мукрин бини Абдулазиз, ки ҳамзамон роҳбарии хадамоти махсуси ин кишварро ба уҳда дошт, ба Афғонистон омад. Мақсади ташрифи сафир ба Афғонистон аз он иборат буд, ки барои робитаҳои ин ду кишвар шароити мусоид фароҳам созанд ва дар муттаҳидӣ бар зидди терроризм мубориза баранд. Ҳамчунин дар моҳи январ бинобар сабаби ављ гирифтани буҳрони шадиди иқтисодӣ аз ҷониби Арабистон ба аҳолии Афғонистон 2000 борхалтаи озуқаворӣ ба сифати кӯмаки башардӯстона тақдим намуд.

Моҳи марти соли 2009 ба Кобул вазири корҳои хориљии Аморати Муттаҳидаи Араб шайх Абдулло Зайд ташриф овард. Мақсади ташрифи вазир рушд додани муносибатҳо бо Афғонистон буд.[7] 

Бо вуҷуди он ки кӯмакҳои Арабистони Саудӣ дар барқароркунии пас аз ҷангии Афғонистон саҳми чандон фаъол ва назаррас надорад, вале нақши ин кишвар бештар дар азнавсозии ҷодаҳо намоён мебошад. Арабистони Саудӣ яке аз кишварҳои сарватмандтарини Ховари Миёна буда, зиёда аз 50 дар сади коргарони ин кишварро хориљиҳо ташкил медиҳанд. Робитаи дӯстонаи Афғонистон бо Арабистони Саудӣ метавонад заминаи корро барои кишвари Афғонистон фароҳам созад ва даҳҳо ҳазор шаҳрвандони ҷӯёи кор ба Арабистони Саудӣ муҳољират карда, бо кор таъмин шаванд.[8] 

Аз ҷониби дигар, иштирокҳои динӣ ва фарҳангӣ, ки байни Афғонистон ва Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд, метавонад заминаҳо ва фурсатҳои хуберо эљод кунад, то давлати Афғонистон бо истифода аз ин шароити муносиб дар масъалаи таъмини амният, субот ва тавсиаи зербиноҳои кишвар ҳамаҷониба баҳрабардорӣ кунад.

Хулоса, Тоҷикистон ҳамчун кишвари ҳамсарҳад ва ҳамзабону ҳамфарҳанг тасмимоти созандаву ободкунанда ва сулҳҷӯёнаи ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро  ҳимоят ва ҷонибдорӣ намуда, боварӣ бар он дорад, ки ин кишвари ҳамсоя муносибат ва ҳамкории судмандро бо дигар давлатҳои мутараққӣ дар доираи на танҳо манфиатҳои худ, балки бо назардошти манофеи ҷумҳуриҳои ҳамҷавор низ ба роҳ монад.

 

 

[1] http://afghanistan.ru/doc/94078.html

[2] https://studopedia.ru/5_87592_rezhim-talibov-v-afganistane.html

 

[3] https://militaryarms.ru/armii-mira/dvizhenie-taliban/

[4] https://ria.ru/world/20020119/55403.html

[5] http://afghanistan.ru/doc/94078.html

[6] https://www.cfr.org/backgrounder/saudi-arabia-and-future-afghanistan

[7] Смагулов А. Афганистан. Опыт восстановления и реконструкции 2001-2009 годы. Кабул 2010. Стр. 118

[8] Доктор Мирвайс Балхї. Сиёсати хориљии Арабистони Саудї дар ќиболи Афѓонистон. Солњои 1991 то 2001 (бо изофот ва вероиши љадид) сањ. 164.

Абдухолиқ Зуҳуров, корманди Институт

БОЗГАШТ