АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Назари таҷлилие ба  нақши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар рушди илму маърифат

Муаллиф: Раҳмонов Мирсаид

Расм

(Ба муносибати 70 солагии АМИТ ва нақши олимону ходимони он)

Дар Паёми солонаи Президенти кишвар, Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаҳои асосии муассисаҳои илмӣ аз ҷумла нақши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мавриди таъкид ва  баррасӣ қарор гирифта, чунин зикр шудааст: «Махсусан, вусъат додани раванди ихтироъкорӣ, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ ва ҷорӣ кардани онҳо дар истеҳсолот вазифаи аввалиндараҷаи олимони кишвар маҳсуб меёбад... Олимони кишварро зарур аст, ки ҷиҳати баланд бардоштани қобилияти рақобати илмии ватанӣ корҳои таҳқиқотиву технологиро вусъат бахшанд».

Ба ҳамин мақсад дӯст доштем то ба муносибати 70 солагии боргоҳи илму маърифат Академия миллии илмзҳои Тоҷиикистон назари таҳлилие ба таърихча ва нақши олимону ходимони он дошта бошем. Мавриди зикр аст, ки ибтидои солҳои 1930 дар собиқ Тоҷикистони Иттиҳоди Шӯравӣ  корҳои мунтазаму илмиву тадқиқотӣ  ба мақсади  омӯзиши таъриху фарҳанги халқи тоҷик, захираҳои табиии ҷумҳурӣ, таъсиси марказҳои  тадқиқотӣ ва тайёр кардани мутахассисони илмӣ аз тарафи олимони Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ  роҳандозӣ шуд.  

Ҳамин тавр, моҳи январи соли 1933 Раёсати идорӣ ё пойгоҳи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфта,  директори нахустини он академик С.Ф.Олденбург (1868-1935) таъйин гардид. Маркази мазкур  шомили бахшҳои геология, ботаника, зоологияву паразитология, хокшиносӣ, илмҳои гуманитариро буд. Дар зимни  он  зарурати таъсиси институтҳои махсуси илмиву таҳқиқотӣ  ба вуҷуд омад, ки ба ҳал намудани масъалаҳои муҳим ва мубрам бахшида шуда буданд.

Ҳамин хел,  соли 1940 идораи мазкур ба Филиали Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон бо институтҳои геология, ботаника, зоология ва паразитология, таърих, забон ва адабиёт тағйир кард. Он замон филиали Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравиро академик Е.Н.Павловский (1884-1965)  роҳбарӣ менамуд, ки дар барқарор ва пешрафти илм дар   Тоҷикистон саҳми арзанда гӯзоштааст.

Ин буд, ки  бо вуҷуди  идомаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва давраи пасиҷангии барқарорсозӣ, ташкили филиал ба рушди минбаъдаи илм дар Тоҷикистон кӯмак намуд, ки дар натиҷа  дар кишвар  барои тавсиаи тадқиқоти илмӣ заминаи моддӣ ба вуҷуд омада, беш аз 700 нафар  ходимони илм омода карда шуд, ки барои ташкил кардани Академияи илмҳо заминаи муносибу мусоид ба вуҷуд омад.

Дар партави он солҳои 1951-1990 бо Қарори Шӯрои Вазирони Иттиҳодди Шӯравӣ аз 9 октябри соли 1950 дар асоси Қарори Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон ва Кумитаи Марказии Ҳизбӣ  аз 14 апрели соли 1951 Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Дар ниҳоят ба ҳайати он муассисаҳои илмӣ аз ҷумла Институти геология, Институти химия, Институти сейсмология, Институти ботаника, Институти зоология ва паразитология, Институти хокшиносӣ, мелиоратсия ва ирригатсия, Институти зотпарврӣ, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ, Институти забон ва адабиёт, Расадхонаи астрономӣ, Шуъбаи пахтапарварӣ, Шуъбаи фалсафа ва Шуъбаи иқтисодиёт шомил гардиданд.

Ҳамин тавр, дар муддати кӯтоҳ  Академияи илмҳо тавонист садҳо олимонро дар тадқиқоти  доираи васеи масъалаҳои илми муосир фаро гирифта, муттаҳид намояд. Он замон ба ҳайати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 академики фахрӣ - А.Н. Несмеянов (1899-1980), Е.Н. Павловский (1884-1965), К.И. Сатпаев (1899-1964), 11 академик ва 14 аъзои вобаста кору фаъолият мекарданд.

Бо чунин нишебу фарозҳо донишманди фозилу доно, фарзанди фарзонаи миллат,   арбоби барҷастаи илму маданияти Тоҷикистон, адабиётшинос Садриддин Айнӣ (1878-1954) аввалин президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон таъйин гардид ва  дар омӯзиши таърихи фарҳанг, забон ва адабиёти тоҷик саҳми бузург гузошт.  Баъд аз вафоти ин марди фозилу донишманд дар соли 1954 ба  вазифаи президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон донишманди маъруфи соҳаи физика С.У. Умаров (1908-1964)  дар соли 1957 интихоб гардида, тадқиқи илмҳои дақиқ, биологияи таҷрибавӣ, шарқшиносиро твсеъу  тақвият медиҳад.

Бо ҳамин шароиту заминасозиҳо дар сохтори Академияи илмҳо муассисаҳои нави илмии зерин ба монанди Институти масъалаҳои об, Институти астрофизика, Шуъбаи шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ, Пойгоҳи Академияи илмҳои ҶШТ дар Помир, Кумитаи истилоҳоти Академияи илмҳои ҶШТ, Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умаров, Институти физиология ва биофизикаи растаниҳо, Институти иқтисодиёт, Институти гастроэнтерология, Шӯъбаи ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳи табиӣ, Институти математика бо Маркази ҳисоббарорӣ таъсиси дода шуданд.

Ҳамин тавр, дар солҳои 1991-2011-ум дар сохтори Академияи илмҳо муассисаҳои нави илмӣ ба мисли Институти фалсафа ва ҳуқуқ, Инстиути илмҳои гуманитарӣ, Маркази илмии Хуҷанд, Шӯъбаи маводшиносӣ, Шӯъбаи масъалаҳои иҷтимоии инсон ташкил шуданд.

Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ қатъи назар аз сарзадани ҷангҳои таҳмилӣ  дар Тоҷикистон бо кӯшиши давлат ва  олимон  нерӯи илмӣ ва Академияи илмҳо  мамлакат ҳифз ва тараққӣ дода шуда, пешрафту рушди илм ва маориф дар кишвар яке аз самтҳои афзалиятдошта эътироф гардид. Дар зимни он   қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» қабул карда шуд.

Ҳамин тавр, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисиҳои илму маориф дастгирии бештар ёфта, маблағгузорӣ ба илм сол ба сол афзуд.  Бо чунин дастовардҳо  дар сохтори Академияи илмҳо муассисаҳои нави илмии зерин аз ҷумла Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, Институти демография, Институти давлат ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, Маркази илмии Хатлон таъсис дода шуд. Дертар моҳи майи соли 2002 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.

Ба мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди минбаъдаи таҳқиқоти бунёдӣ пурзӯр кардани фаъолияти инноватсионӣ, такмил додани  низоми тайёр кардани кадрҳо ва мутахассисони ҷавони илмӣ, баланд бардоштани нақши Академияи илмҳо дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ, моҳи октябри соли 2010 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор «Дар бораи ислоҳоти сохторию идории АИ ҶТ» қабул карда шуд.

Аз соли 1966 то соли 1988 академик М.С. Осимов, аз соли 1988 то соли 1995 академик С.Ҳ. Неъматуллоев ва аз соли 1995 то соли 2005 Ӯ.М Мирсаидов, аз соли 2005 то соли 2013 М.И. Илолов вазифаи президенти Академияи илмҳоро ба зимма доштанд, ки дар рушди минбаъдаи илм, таҳкими бунёди моддиву техникии он ва тайёр кардани мутахассисони илмӣ саҳми калон гузоштаанд.

Аз моҳи декабри соли 2013 то ба имрӯз вазифаи Президенти Академияро  академик  Фарҳод Раҳимӣ ба ўҳда дорад, ки дар тавсеа ва рушди илм ва худшиносию хештаншиносӣ саҳми арзанда гузошта, шаъну манзалати онро баланд бардошта ба он унвонии Академияи Миллии илмҳои Тоҷикистон  сарфароз шуданро фароҳам овард.

Ин боргоҳи илму маърифат дорои  беш аз 1982 корманд мебошад, ки   35 нафари онҳо  аъзои пайваста (академикҳо) ва 34 нафар аъзои  вобаста, 204 нафар доктори илм ва беш аз  373 нафар номзади илм мебошанд. Беш аз 20 нафар чун узви хориҷӣ мебошанд, ки аз мамолики гуногуни ҷаҳон ҳастанд. Ҳоло Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  беш аз 20 институти илмиву тадқиқотӣ, Маркази илмии Хуҷанд, Маркази илмии Хатлон, Маркази байналмилалии илмию таҳқиқотии «Помир-Чакалтой» ва як қатор муассисаҳои дигари илмиро, ки дар соҳаҳои илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ ва ҷамъиятшиносӣ таҳқиқот мебаранд.

Дар ҳоли ҳозир  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар 3 бахш  бо номҳои Шӯъбаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техника, Шӯъбаи илмҳои биология ва тиббӣ  ва Шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ  муттаҳид шуда, кору фаъолият мекунанд.

Дар назди Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шуъбаи Робитаҳои байналмилалӣ, Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмиву тадқиқотӣ, Шӯъбаи  доторантура ва аспирантура , Шӯъбаи магистратура, Шӯъбаи география, кафедраҳои фалсафа ва забонҳои хориҷӣ, нашриёти «Дониш», Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандӣ, Офиси иттилоотии Маркази байналмилалии илмию техникӣ, Маркази иттилооту иртибот, Корхонаҳои воҳиди давлатии «Таъминоти илм» ва «Академсохтмон» низ амал менамоянд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дертар бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи милли илмҳои Тоҷикиситон Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо чун  муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ ташкил  шуд, ки  ягона маркази илмиест, ки ба омўзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, кишваршиносиву минтақашиносӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла Осиё, Африко, Аврупо ва Америка машғул мебошад.

Институти мазкур таҳти роҳбарии донишманд ва файласуф Ниёзӣ Ёрмаҳмат Бобо ва муовин  оид ба илм Раҳмонзода Азимҷони Шералӣ дар ҷодаи рушди илм саҳм гузошта, бо  омӯзиши масоили мубрамаи  давлатҳои гуногуни ҷаҳон аз Осиё то Аврупову Африко, ки   дорои манобеву маконҳои таърихӣ, ба таври дақиқ мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Ба қавли устод Мирзо Турсунзода,

                   Осиё бедор шуд бедор тарки хоб кард,

                   Ростиву дӯстиро оқибат дарёб кард.

Дар ҳоле, ки Осиё имрӯз қисми аз ҳама босуръат тараққикунандаи дунё буда, дар он қариб ними аҳолии курраи замин зиндагонӣ мекунад, дар ҳеҷ ниҳоди илмӣ пурра мавриди омӯзиши илмӣ қарор нагирифтаааст.

Имрӯз Тоҷикистон бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон ҳамкориҳои пурсамари дуҷониба ва бисёрҷониба ба роҳ мондааст, ки дар партави он Институти Осиё ва Аврупои АМИТ  бештар ба омӯзиши масоили мубрами онҳо бо ҳайати илмӣ ва тими муназзаму муҷаҳҳаз зери шиори “Тоҷикистон ба пеш”  кору фаъолият менмояд.

Бо ҳамин мақсаду маром Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо таҳқиқоту баррасиҳои илмиро дар чор бахш зери номҳои  Шуъбаи Шарқи Наздик ва Миёна, Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Шуъбаи Аврупо ва Амрико, Шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  аз руи лоиҳаҳои тадқиқотӣ  ихтисосӣ амалӣ месозад.

Мариди зикр аст, ки Ҳиндӯстон дар ҷаҳон ҷои дуюмро аз рӯи шумораи аҳолӣ ишғол мекунад ва аз рӯ пешгӯиҳо баъд аз ду даҳсола ба ҷои аввал мебарояд. Индонезия аз сераҳолитарин кишвари мусалмонӣ буда, Ҷопон ба «ҳаштгонаи бузург» дохил шуда, аз нигоҳи молиявӣ яке аз кишварҳои пешқадами ҷаҳон ҳастанд. Ҳамин тавр, омӯзиши модели тарақкиёт, сохти сиёсӣ ва фарҳанги дигар кишварҳои осиёӣ ба мисли Корея, «кишварҳои бо ном «палангони осиёӣ» аз аҳамияти хос бархурдор аст.

Дар ин зимн бояд зикр кард, ки дар қитъаи Аврупо, 44 кишвари мутараққии дунё қарор дошта, бо Тоҷикистон робитаҳои наздик барқарор кардаанд, ки моро зарур аст то оиди онҳо  тадқиқоти илмӣ намоем.

Набояд фаромӯш кард, ки шоир ва файласуфи Шарқ Муҳаммад Иқбол  ҷойгоҳи илму адаб ва адабиётро бо латофат баррасӣ карда, дар  маҷмӯаи ашъори урдуиаш  қисматеро зери унвони «Адабиёт» ва “Марди бузург”, андешаҳоягро баён кардааст, ки аз бузургии илму дониш ва мақому мартабаи он  дарак медиҳад. Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ арзиши адабиёт ва пайвастагии онро бо ишқу ақл дар шеъраш бо забони урду чунин васф мекунад:
 

                    Ишқ аб пайрави ақли худодод каре,

                    Обру кӯчаи ҷонон ме на барбод каре.


Яъне, ҳамакнун ишқро пайраву тобеи ақли худод бояд намуд ва обруву симои худро дар кӯчаи ҷонон  на бояд барбод дод. Ҳамин тариқ дар пайкараи кӯҳнаи худ рӯҳияи навро ворид карда, онро обод  сохт ва   ё  инки онро аз тақлиди нобаҷо озод намуд.

Шоир дар шеъри дигараш симову нишонаҳои мардони бузургро  ба тасвиркашида, онҳоро чун чароғи роҳнамо ва тарбиятгар дониста, аз мо аҳли башар тақозо мекунад, ки онҳоро шинохта, пайравӣ онҳо бошем, то аз онҳо  хуб баҳравар гардем.

Имрӯз Институт аз он ифтихор менамояд, ки дар тими кории худ олимону донишмандони бузургу фозил, адабиётшиносон ба мисли  Мирзо Муллоаҳмедов (адабиётшинос, эроншинос), Тоҷиддин Мардонӣ (арабшинсон), Комили Бекзода (файласуф ва шоир), Ҳабибулло  Раҷабов (ҳиндшинос), Ғиёсуддин Қодиров (адабиётшинос ва афғоншинос) Шодимуҳаммад Суфизода (адабиётшинос) ва Олимҷон Хоҷамуродов (эроншинос) ва дигар бузургони адаб кору фаъолият мекунанд ва дар тарбияту кадрсозии ҷавонон саҳм мегузоранд.

Илова аз он дар Институт олимони ҷавон ва магестрантҳову докторантҳо низ мавфуданд, ки дар рушди илми тоҷик ва маосили муҳим таҳлилу баррасиҳо намуда, дар  озмунҳову семинарҳо фаъолона иштирок карда, сӯханрониҳо мекунанд.

Ин бузургони миллат ва пирони илму маърифат ва дастпарварони АМИТ бо эҷодиёти худ тавонистанд, сафҳаҳои адабиётро равнақ бахшида, моро ба суи илму дониш роҳнамоӣ кунанд. Ҳамин тавр, яке дар  риштаи адабиёту эроншиносӣ, дигаре адабу арабшиносӣ, саввуме ҳиндшиносӣ, чаҳоруме дар адабиёт, китобдориву китобшиносӣ, панҷуме дар шеъру фалсафашиносӣ аз беҳтаринҳо гардида, сазовори чандин ҷоизаҳои адабиву илмӣ гаштанд.

Дар ин зимн моҳи январи соли 2018     хабари тозае расид,  ки аз натиҷаи  хадамоту корнамоиҳо ва заҳматҳои шабонарӯзии фарзанди фарзонаи тоҷик профессор Ҳабибулло Раҷабов  мужда дод, ки ному  парчамии ватанро дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ, хусусан Ҳиндустон парафшон гардонид.   

Таҷриба ва фаъолиятҳои зиёда аз 40 солаи ин марди донишманд буд, ки аз дар аввоили ин сол баррандаи ордени “Падма Шри”-и кишвари Ҳиндустон гардид. Ин марди наҷибу накукор нахустин  нафар аз минтақаи  Осиёи Миёна аст, ки ба ин ҷоиза шарафёб гардид.

Аз гуфтаҳои боло метавон чунин хулосабарорӣ кард, ки имрӯз АМИТ бо донишмандону мардони бузургаш чун манбаъ ва ситораҳои дурахшоне ҳастанд, ки бо роҳнамоиҳои адабиву забонии худ  ҷаҳонро равшан нигоҳ медоранд, ки дар партави онҳо фарозандони поквиҷдону донишманд ба воя мерасад.

Ин мардони бузург аз гӯзашта то имрӯз адабиётро чун оинаи ҷаҳоннамо дониста, аҳли башарро зери шиори озодӣ, оромӣ ва ободӣ дида, бо осорашон ба онҳо рӯҳияи тоза бахшиданд.

Дар ниҳояти калом мо  бояд хадамоти 70 солаии Академияи Миллӣ ва  бузургиву ҷасорати ин мардони бузугро қадр карда, осорашонро дар партави рушди илму маърифта истифода кард ва  дар Озодӣ, Оромӣ ва Ободии  Ватан саҳми назаррас дошта бошем.

Ба ҳамин муносибат 70 солагии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро барои ҳамаи донишмандону донишомӯзон ва ҳамватанон  табрик гуфта, комёбиҳо орзу менамоям. Мо бо итминони комил дар партави илму маърифат саҳми арзанда гузошта, вазифаи пурифтихори худро дар назди халқу Ватан бо сарбаландӣ иҷро хоҳем карду зери шиори “Тоҷикистон ба пеш”  содиқона ба суи фардои нек қадами устувор хоҳем гузошт.


            Адабиётҳо:

  1. Дастовардҳои Академияи миллиии илмҳои Тоҷикистон дар 30 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе- 2001. -380.
  2. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. Душанбе-2021.-295 с.
  3. Академияи илмҳои Тоҷикистоню Душанбе. Дониш, 2021. -696 с.
  4. https://www.osiyoavrupo.tj/index.php/sokhtor/dar-borai-institut
  5. https://www.anrt.tj/tj/dar-borai-akademiya


Мирсаид Раҳмонов

ходими калони илмии Институти

омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои АМИТ

 

 

БОЗГАШТ