АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Нигоҳи Иттиҳоди Аврупо ба Полша

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Иттиҳоди Аврупо иттиҳодияи байни давлатӣ буд, хусусиятҳои созмони байналмилалии давлати федералиро муттаҳид мекунад ва дар асоси Ҷамъияти Аврупо ба вуҷуд омадааст. Дар Иттиҳоди Аврупо 28 давлат узвият дорад.
Мавриди қайд аст, ки муҳимтарин ҳадафи иқтисодии Иттиҳоди Аврупо ин ташкили иттиҳоди халқҳои Аврупо аз тариқи мусоидат ба пешрафти иқтисодиёт; таҳкими ҳамкории иқтисодӣ ва иҷтимоӣ; ташкили иттиҳоди иқтисодӣ ва пулӣ дар асоси пули ягона – евро мебошад. Дар соли 2009 шумораи аҳолии Иттиҳоди Аврупо аз панҷсад миллион нафар гузаштааст.   
Полша 1 майи соли 2004 ба Иттиҳоди Аврупо шомил шудаст. Дар Аврупои Марказӣ ҷойгир буда, дар иҳотаи кишварҳое мисли Русия, Беларус, Олмон, Украина, Литва, Чехия ва Словакия қарор дорад. Дар шимол, баҳри Балтика ба Полша мебарояд ва дар ҷануб қаламрави он ба як қатор кӯҳҳои релефи Карпат ва Судетенланд такя мекунад.
Полша 17 солбоз дар Иттиҳоди Аврупо қарор дорад ва дар ин муддат тавонист дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт дигаргуниҳои калонро ба амал оварад. Дар иқтисод бошад, сифати зиндагӣ ва неку аҳволии ҷомеаи давлати Полша имрӯз ба таври ҷиддӣ тағйир ёфтааст. Имрӯз таносуби Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ВВП) -и Полша аллакай беш аз 70 фоизи ММД -и кишварҳои пешрафтаи Ғарбро ташкил медиҳад.
Ҳамаи ин ба афзоиши умри одамон, беҳтар шудани вазъи саломатии миллат, камшавии шумораи камбизоатон, беҳтар шудани барномаҳои таълимӣ, рушди инфрасохтор, ислоҳоти соҳаи саноат, пайдоиши бахши хусусии миқёси тиҷорати хурду миёна мусоидат намудааст.
Бояд гуфт, ки муносибати Иттиҳоди Аврупо бо Полша он қадар хуб нест. Дар вақтҳои охир байни Полша ва Иттиҳоди Аврупо баҳс дар бораи волоияти қонун дар кишвар ва ислоҳоти судӣ, ки мақомоти ҷумҳур анҷом медод, ба миён омадааст. Додгоҳи Аврупо ҳукм баровард, ки Варшава соли 2004 ӯҳдадориҳои дар ба ӯҳда гирифтаро вайрон карда истодааст ва Иттиҳоди Аврупо аз Полша талаб кард, ки муқаррароти ислоҳоти судиро бекор кунад, ки ин ба назари Брюссел хилофи қонунҳои Аврупо аст. Аммо Варшава ин корро рад кард. Додгоҳи конститутсионии кишвар метавон қонуни миллиро нисбат ба Аврупо эътироф кунад ва барои кишваре, ки узви Иттиҳоди Аврупо аст, ин як қадами хеле далеронааст. Аммо дар натиҷа, Полша метавонад бидуни маблағгузории Аврупо монад, - менависад маҷаллаи "Известия".
7 сентябр Комиссияи Аврупо ба суди Иттиҳоди Аврупо зидди Полша шикоят намуда саъй дорад, ки ҳарруза ҷаримабанди карда шавад то лаҳзае, ки полякҳо қонунгузории худро дар соҳаи мурофиаи судӣ бо меъёрҳои Иттиҳоди Аврупо мувофиқ бошад.
Қобили зикр аст, ки Полша ягона кишваре нест, ки таҳдиди хориҷ шудан аз Иттиҳоди Аврупоро дорад. Ҳамин тариқ, моҳи апрели соли 2021 дар парлумони Эстония намояндагони Ҳизби Консервативии Миллӣ (ЭКРЕ) гурӯҳеро ташкил намуданд оид ба баромад аз Иттиҳоди Аврупо. Ба гуфтаи муовини раиси ҳизб Март Ҳелме, Иттиҳоди Аврупо ба "як организми идеологӣ ва федералистӣ" табдил ёфтааст ва мекӯшад, ки "идеологияи навмарксистӣ" - ро дар саросари Аврупо паҳн кунад.
Полша метавонад ба таҳримҳои молиявӣ дучор шавад. Илова бар ин, Иттиҳоди Аврупо ҳуқуқ дорад механизми "волоияти қонун" ё ба истилоҳ "пул дар ивази адолат" ба кор андозад. Ин маънои онро дорад, ки Брюссел вобаста ба тарзи идеалҳои волоияти қонун ба ҳар як кишвар маблағ ҷудо мекунад. Дар назар бояд дошт, ки Полша яке аз гирандагони асосии кумакҳои Иттиҳодияи Аврупо мебошад.
Аммо агар Иттиҳоди Аврупо то ба охир ба таври худ бимонад, оё Полша воқеан ҳам иттифоқи Аврупоро тарк мекунад? Фикр мекунем не. Аз эҳтимол дур аст, ки Полша барои барқарор кардани иқтисодиёти худ аз миллиардҳо даст кашад, хусусан пас аз оне, ки пандемия ба он зарари ҷиддӣ расонд. Вақт инро хоҳад нишон додааст.

         Манбаи интернетӣ:

1.https://www.dk.ru/wiki/evrosoyuz
2.https://e-news.su/news/396291-polsha-grozitsja-vyjti-iz-evrosojuza-vsledza-britaniej.html
 
Ходими хурди илмии
шуъбаи Амрико ва Аврупо
Юсуфӣ Ф.Ш.

БОЗГАШТ