АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ПАЙВАНДГАРИ ФАРҲАНГҲО ВА МУҲАҚҚИҚИ ДАҚИҚНАЗАР

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Чун Худои Меҳру Моҳ оварда ин арзониро,
Дар баҳори илм бингар ғунчаи борониро.
Гар надори боварӣ бар гуфти мо бояд, ки дид,
Ҷидду ҷаҳду кӯшишоти Тоҷиддин Мардониро.
(Комил Бекзода)
  Дар таҳкими равобити фарҳангӣ ҳанӯз дар авоили асри XIX ва пасон қарнҳои ХХ – XXI беҳтарин намояндагони аҳли фарҳангу ҳунар бо шеваю усулҳои хоси худ баҳри пажӯҳиши ин раванди адабӣ ба кӯшишҳо харҷ доданд.
  Дар ин радиф омӯзиши фарҳанги исломӣ ва таъсиру бозтоби он ба андешаҳои мардумони форсизабон ва ба вуҷуд овардани тамаддуни муштараки ба истилоҳ арабиву форсӣ ё арабиву эронӣ яке аз ҷанбаҳои муҳими ин пажӯҳишҳо ба ҳисоб меравад. 
  Имрӯз мо хидматҳои саромадони арабшиносии Иттиҳоди Шӯравӣ ва пасон ҷумҳуриҳои он ховаршиносон Крачковский И.Ю, Бартолд В.В., Бертелс Е.Э., Баранов Х.К., Беляев В.И., Ковалёв А.А., Шарбатов Г.Ш. ва дигаронро қадрдонӣ мекунем. Баъдан дар ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ низ ҳавзаҳои илмии арабшиносӣ таъсис ёфтанд. Таъсиси шуъба ва баъдтар Институти ховаршиносии Тоҷикистон дар соли 1958 аз ин қабил буд. Бо ин васила ин маркази аввалини шарқшиносӣ зина ба зина бо истифода аз кадрҳои маҳаллии ховаршинос ба як пажӯҳишгоҳи бонуфуз табдил гардида, арабшиносӣ низ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд ёфта, дар ин ҷода муҳаққиқони шинохта рӯйи кор омаданд.
  Аз зумраи ин насли арабшиносони ҷавони тоҷик, боифтихор метавон Тоҷиддини Мардониро ном бурд.
  Шояд муаррифии ин шахсияте, ки тамоми умри пурбаракати хешро сарфи хидмат ба густариши фарҳангу адаб намудааст ба муаррифӣ ниёз надорад.
  Ҳақ ба ҷониби олими арабшиноси пухтакор Саидраҳмон Сулаймонов мебошад, ки иброз медорад: “Дар шароити кунунӣ мактаби арабшиносии Тоҷикистонро бидуни шахсияти илмии устод Тоҷиддини Мардонӣ тасаввур кардан аз имкон берун аст. Ӯ дар тӯли фаъолияти илмии худ нишон дод, ки воқеан аз пайравони муҳаққиқони бузурги миллатамон буда, феҳристи корҳое, ки ӯ анҷом додааст, китоби алоҳидаро тақозо мекунад”.
  Дар ҳақиқат ӯ бо заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ тавонист худро яке аз арабшиносони маъруфи на танҳо Тоҷикистон, балки сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд.
  Устод бо саъю талошҳои шабонарӯзии худ, зимни таҳқиқотҳои мӯшикофона, дар чандин ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонӣ илму фарҳанги тоҷикро муаррифӣ намуда, ба бисёр масъалаҳои баҳсангез нуқтаи таммат гузоштаанд.
  Асарҳои «Носири Хусрав ва фарҳанги арабизабон», «Ашъори Ибни Сино дар забони арабӣ», «Масъуди Саъди Салмон», «Равобити адабии арабиву тоҷикӣ», «Рӯдакӣ ва адабиёти араб» ва даҳҳо пажӯҳишҳои гаронмоя хӯшае аз хирмани пурбори ин марди фозилу сермаҳсул мебошанд. 
  Пас аз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанбаи дигари фаъолияти он кас ҳамчун чеҳраи сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Устод Мардонӣ солҳо дар Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар симатҳои гуногун ифои вазифа карда, Сафирии мухтор ва фавқулодаи Тоҷикистон дар Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Туркманистонро бар уҳда доштанд.  
  Маврид ба зикр аст, ки устод Тоҷиддин Мардонӣ дар ҳама ҷанба, фаъолияти пажӯҳишгарӣ, тарҷумонӣ ва сиёсӣ намунаи баланди олими пуркору дақиқназар, тарҷумони нуктасанҷ, дипломат ва сиёсатмадори варзида ва шахсияти ватандӯсту муаррифгари фарҳангу адаби кӯҳанбунёди мо мебошанд.
  Хислатҳои волои инсонӣ, фурӯтаниву хоксорӣ, тарбияи шогирдони арзанда, шарикӣ ба ғаму шодии дӯстону пайвандон ин пири равшанзамирро мӯнису ҳабиби ҳамагон гардонидааст ва имрӯз роҳнамои мо ҷавонон дар ҷодаи илм мебошанд.
  Ба устоди арҷманд саломатии бардавом, комёбиҳои тозаи эҷодӣ таманно дорем.

Давлатова Фарида,
ходими хурди илмии
шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздик
 

БОЗГАШТ