АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

РАВАНДҲОИ ҲАМГИРОӢ ДАР МИНТАҚАИ ОСИЁИ ҶАНУБУ ШАРҚӢ ВА ҲАВЗАИ УҚЁНУСИ ОРОМ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Иқтисодиёти муосири ҷаҳонӣ як системаи мураккабе мебошад, ки иқтисоди миллӣ, гурӯҳҳои иқтисодии минтақавӣ, созмонҳои байналмилалии иқтисодӣ, ширкатҳои фаромиллӣ, бонкҳо, дигар воҳидҳои тиҷоратӣ ва шахсони воқеиву ҳуқуқиро дар худ муттаҳид намуда, маҷмӯи маҳсулоти ҷаҳониро муайян мекунад. Мушкилот ва тамоюли рушди ин низоми мураккаб ва баъзан ба ҳам мухолиф шароитеро фароҳам меоварад, ки тиҷорати имрӯзаи миллӣ ва байналмилалӣ дар он дар ҳамзистӣ фаъолият мекунанд.
  Нимаи дуюми асри ХХ дар рушди тамаддуни башарӣ давраи хеле муҳим гардид, зеро тамоюлҳои асосии рушди иқтисоди ҷаҳонӣ – равандҳои ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироӣ ба вуҷуд омаданд. Ҷаҳонишавӣ, ки ба маънои васеи ин калима таҳкими назаррас, воридшавӣ ва мутобиқ шудани тамоми паҳлӯҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва фаъолияти иштирокчиёни иқтисоди ҷаҳонӣ мебошад ва ба маънои маҳдуди ин истилоҳ, ҷамъшавии унсурҳои умумии ба ҳам монанд дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишварҳои гуногуни ҷаҳон фаҳмида мешавад.
  Ҳамзамон, ҷаҳонишавӣ ҳамчун раванди объективии ташаккули унсурҳои умумӣ дар бисёр соҳаҳои фаъолияти кишварҳои гуногун, ки асоси рушди иқтисоди муосири ҷаҳониро таъмин мекунад, шинохта мешавад.
  Ҳангоми таҳлили сатҳи ҷаҳонишавӣ муайян карда шудааст, ки кишварҳои ҷаҳон дар 3 самт: иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар равандҳои ҳамгироӣ қарор доранд.
  Ҷаҳонишавиро ҳамчун падидаи бисёрҷанба ба таври якхела тавсиф кардан мумкин нест. Якчанд оқибатҳои мусбат ва манфии ҷаҳонишавӣ барои иқтисоди ҷаҳонӣ вуҷуд дорад.
  Тамоюли дигари умдаи рушди иқтисоди ҷаҳонии замони муосир минтақагароӣ ё ҳамгироии минтақавӣ мебошад. Сарфи назар аз тафовути бархӯрдҳо ба таърифи ин падида, бояд қайд кард, ки ҳамгироӣ раванди воридшавии иқтисодиёти миллӣ ба иқтисодиёти минтақа мебошад, ки дар ташаккули гурӯҳҳои иқтисодии минтақавии кишварҳо, ки аксар вақт дар ҳамсоягии ҳудудӣ, ё худ дар шарикии тиҷоратии доимӣ қарор доранд, ба расмият дароварда мешавад.
  Дар ҷаҳони муосир шумораи зиёди ассотсиатсияҳои минтақавӣ ва байниминтақавӣ мавҷуданд, ки ҳар яке аз онҳо дар раванди ташаккули худ қарор доранд. Ба ақидаи мо, минтақагароӣ равандест, ки ҳамгироии иқтисодии минтақавиро ба бор меорад ва ҳамкориҳоро дар дохили минатақа ва берун аз он ба роҳ мемонад ва ин хосияти асосии он ба ҳисоб меравад. Ҳамгироӣ, тавре ки мову шумо медонем дар ду сатҳ асос меёбад: а) сатҳи заминавӣ ё дохилиминтақавӣ, ки аз муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, демографӣ ва дигар муносибатҳои кишварҳои минтақа дарак медиҳад; б) сатҳи сиёсӣ-институтсионалӣ, яъне институтҳои умумие ташкил карда мешаванд, ки равандҳои ҳамгироиро ба танзим медароранд.
  Имрӯзҳо бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки дараҷаи баланди равандҳои ҳамгироиро метавон дар Аврупо дид ва Иттиҳоди Аврупо мисоли он шуда метавонад, чунки ба ҳамгироии пурраи иқтисодӣ расидааст.
  Равандҳои ҳамгироӣ аввал дар Аврупо фаъолона инкишоф ёфта, баъдан тадриҷан ба дигар минтақаҳои ҷаҳон паҳн шудаанд, зеро таъсири мусбати Иттиҳоди Аврупо ва системаи ягонаи молиявии Иттиҳоди Аврупо ангезандаи рушди чунин равандҳо дар саросари ҷаҳон гардид.
  Ташаккули гурӯҳҳои иқтисодии минтақавӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором бозгӯи ин тамоюли ҷаҳонӣ буд, вале бар хилофи равандҳои ҳамгироӣ дар Аврупо ҳамгироии кишварҳо ҳамчун вокуниш ба чолишҳои сиёсӣ сурат гирифт.
  Хусусияти ташаккули гурӯҳҳои минтақавӣ дар минтақаи Осиё ва укёнуси Ором "ҷанбаҳои зерсохторӣ”-и ҳамкории байни давлатҳои ин минтақа ва ҳолатҳои дорои хусусияти сиёсӣ, яъне вазъияти мураккаби сиёсии Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар солҳои 60-ум буд. Вазъияти сиёсии он замон бо пурзӯр шудани идеологияи коммунистӣ дар шимоли Осиёи Ҷанубу Шарқӣ хос буд, ки хатари паҳншавии онро ба ҷануби минтақа ба вуҷуд овард [6]. Шиддати иловагиро дар ин минтақа ҷанги Ветнам ба вуҷуд оварда буд.
  Бинобар ин, ангезаи асосии ҳамгироӣ дар минтақа зарурати ҳамкории сиёсии кишварҳо барои муқовимат ба таъсири коммунизм ба минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ буд. Ҳамгироӣ дар минтақа бо риояи меъёрҳои соҳибихтиёрии давлатӣ, ҳуқуқи ҳар як кишвар барои мустақилона пеш бурдани сиёсати дохиливу хориҷӣ, интихоби модели рушди давлат сурат гирифта, дар аввал маънои тағйири сохтори геополитикии минтақаро надошт. Хусусиятҳои ҳамгироӣ дар минтақаи Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором аз он иборат аст, ки дар ин ҷо амалан ягон ниҳодҳои умумимиллӣ вуҷуд надоранд, шаклҳои ҳамкорӣ хеле гуногунанд ва барои муқовимат ба зуҳуроти манфии раванди ҷаҳонишавӣ нигаронида шудаанд. Ин ҳолат ҳамкориҳои дохилиминтақавиро дар муносибатҳои кишварҳои минтақа бо ҳамдигар, нисбат ба муносибатҳои кишварҳои минтақа бо дигар минтақа бартар мегардонад.
  Набудани пешрафтҳо ва фосилагириҳо дар рушди ҳамгироӣ, тавассути гузашт кардани тарафайн, афзалият додан ва иштирок намудан дар форматҳои гуногун, барои ташаккули фазои ягонаи иқтисодӣ, дар асоси нигоҳ доштани афзалиятҳои соҳибихтиёрии миллӣ имкон медиҳад, ки ҳамгироии минтақавӣ дар минтақа ба таври фаврӣ ҳам набошад рушд намояд. Дар сатҳи зарурӣ рушд нанамудани раванди ҳамгироӣ кушоду равшан аст, агар гуногунрангии хусусиятҳои иҷтимоию иқтисодии кишварҳои минтақаро ба назар гирем.
  Равандҳои ҳамгироӣ дар минтақаи Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором дар чанд самт: расмӣ ва ғайриҳукуматӣ, дар доираи маҳдуд, дар сатҳи минтақавӣ ва берун аз минтақа дида мешаванд. Ғояи “минтақагароии ошкоро” соли 1980 дар Канберра зимни фаъол шудани равандҳои ҳамгироӣ, падид омадааст. Заминаи ин ҳамкориҳо “Эъломияи Ванкувер” мебошад, ки шароит ва усулҳои ҳамкории байни аъзоёнро муайян кардааст. Маҳз мафҳуми “минтақагароии ошкоро” моҳияти равандҳои ҳамгироӣ дар ҷаҳонро ташкил медиҳад. Ҳамкории беруназминтақавӣ, инчунин дар таъсиси АТЭС соли 1989 таҷассум ёфтааст, ки аз як тараф, инъикоси равандҳои ҳамгироӣ дар минтақаи Осиё ва аз тарафи дигар, таҷассумгари ин раванд дар ҳавзаи Уқёнуси Ором бо дастгирии фаъолонаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва иттифокчиёни он Ҷопон ва Австралия гардидааст.
  Ҳамин тавр, соли 1962 ҳамчун акси амал ба муносибати дар соли 1957 ташкил ёфтани Иттиҳоди иқтисодии Аврупо (EEU) дар Осиё “Кумитаи ҳамкории иқтисодии Ҷопон ва Австралия” ташкил карда мешавад, ки мақсади он гузоштани асос барои бунёди Созмони давлатҳои ҳавзаи Уқёнуси Ором буд. Кумита асоси таъсиси созмони байналмилалии ғайридавлатии Шӯрои иқтисодии ҳавзаи Уқёнуси Ором гардид, ки дар он зиёда аз 1000 роҳбарони баландпояи ширкатҳои истеҳсолӣ аъзо ҳастанд ва тиҷорати онҳо тамоми минтақаи Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Оромро фаро мегирад. Дар соли 1980 Шӯрои ҳамкории иқтисодии ҳавзаи Уқёнуси Ором таъсис ёфт, ки ташкилоти байналхалқии ғайриҳукуматӣ буда, дар асоси равобити доираҳои ҳукумат бо тиҷорат ва ниҳодҳои илмӣ бунёд гардидааст. Татбиқи консепсияи «минтақагароии ошкоро» боиси таъсиси “Ҳамкориҳои иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором” (eng. Asia-Pacific Economic Cooperation – APEC - АПЕК) дар соли 1989 гардидааст [10, с. 7].
  Дар Ҳамкориҳои иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором консепсияи ҳамгироии фарох соли 1991 дар Эъломияи Сеул сабт гардида, соли 1995 дар Эъломияи Пекин консепсияи «ҳамгироии фарох барои шукуфоӣ» қабул карда мешавад, ки рушди ҳамкорӣ дар минтақаи Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором бо принсипҳои баробарӣ, озодӣ ва таҳаввул ба роҳ монда мешавад [5].
  Соли 1965 бо таъсис додани “Бонки Осиёии Рушд” дар Токио аз ҷониби намояндагони давлатҳои пешрафтаи Осиё, Аврупо ва Амрико заминаи ҳамгироии пулӣ ва молӣ фароҳам оварда мешавад. Ғояи меҳварии Бонки Осиёии Рушд рушди минтақаи Осиё тавассути бартарияти саҳмиядорони он мебошад. Бонки Осиёии Рушд лоиҳаи ҳисоббаробаркунии ягонаи осиёиро (ACU) таҳия намуда истодааст, гувоҳи он аст, ки минтақа ба сӯи иттиҳоди ягонаи пулӣ ҳаракат мекунад [2].
Ташаккули асосҳои консептуалии ҳамгироии иқтисодӣ дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ солҳои 60-ум дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои байниҳукуматӣ оғоз ёфта, бо ташаббуси кишварҳои иштирокчӣ ва коршиносони Созмони Милали Муттаҳид (СММ) тавсияҳо оид ба ҳавасмандгардонии ҳамкориҳои иқтисодии мутақобила пешниҳод карда мешавад. Дар гузориши коршиносон дар самтҳои ҳавасмандгардонии ҳамкориҳои бисёрҷонибаи иқтисодӣ тавсияҳои зерин дода мешавад: либерализатсияи интихобии тиҷорат, сохтмони иншоотҳои муштараки саноатӣ, такмил додани расмиёти қабули сармоягузории мустақими хориҷӣ, мусоидат намудани воридшавии сармоягузории хориҷӣ ба иктисодиёти мамлакатҳои аъзо. Тавсияҳои коршиносони Созмони Милали Муттаҳид барои рушди ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар бахшҳои мухталиф пешбинӣ шудаанд [10, с. 8].
  Дар ҳамин давра, дар заминаи ин ҳамкориҳои байниҳукуматӣ ҷиҳати таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба сохтмони давлатӣ, мубориза бо коммунизм, нобоварӣ ба қудратҳои бузурги хориҷӣ ва хоҳиши рушд додани иқтисодиёт вазирони корҳои хориҷии панҷ кишвари Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, аз қабили Индонезия, Малайзия, Филиппин, Сингапур ва Таиланд дар Бангкок мулоқот намуда, Эъломияи Бангкокро 8 августи соли 1967 барои таъсиси созмони ҳамгирои минтақавӣ - АСЕАН ба имзо мерасонанд. Панҷ вазирони умури хориҷа - Адам Малик аз Индонезия, Нарсисо Рамос аз Филиппин, Абдул Разоқ аз Малайзия, Синнатамби Раҷаратнам аз Сингапур ва Танат Хоман аз Таиланд асосгузорони ин созмони ҳамгирои АСЕАН маҳсуб мешаванд.
  Баръакси Иттиҳоди Аврупо, АСЕАН ягон меъёр ва талаботи сиёсӣ дар робита ба ҷомеаи шаҳрвандӣ, сатҳи озодии сиёсӣ, барои дохил шудани кишварҳо ба Ассотсиатсияро надошт. Ҳамин тариқ, Ассотсиатсия мамлакатҳоеро муттаҳид кард, ки дорои низомҳои гуногуни иқтисодию сиёсӣ ва аҳолии зиёда аз ним миллиардаи ҷаҳон буданд.
  Бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва анҷоми “Ҷанги Сард” таваҷҷуҳи Ассотсиатсия аз доираи ҳамгироии мубориза бо коммунизм ва қудратҳои бузурги хориҷӣ, ки қаблан пояҳои ин иттиҳодро муайян мекард берун омада, дар соҳаи иқтисод рушд намуд. Айни замон равандҳои ҳамгироии минтақавӣ муттаҳид намудани кишварҳои минтақаро дар иттиҳодияҳои сиёсӣ дар шакли ҳокимияти марказӣ надорад. Ҳар як иштирокчии равандҳои ҳамгироӣ дар минтақаи Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором бо нигоҳ доштани ҳукуматҳои миллӣ ва ҳувият метавонад дар дигар равандҳои ҳамгироӣ ва муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба, бо ҳамаи субъектҳои равобити байналмилалӣ иштирок намояд [8].
  Дар назари аввал, дар доираи як раванди ҳамгироӣ муттаҳид намудани ҳамаи давлатҳои Осиёи Ҷануби Шарқӣ рамзи рафъи зиддиятҳои сиёсиро дар минтака нишон медиҳад. Аз замони таъсиси АСЕАН дар навсозии иқтисодӣ ва сиёсӣ пешравиҳои назаррас ба даст оварда шудаанд. Муваффақиятҳои назаррас ин ташаккул додани фарҳанги махсуси муоширати байналхалқӣ дар байни аъзоёни Ассотсиатсия ба ҳисоб меравад, ки бартарияти ягон кишвари иштироккунандаи ин равандро дар назар надорад ва ташаккули ҳувияти минтақавӣ дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ҳамчун ҳадафи стратегии равандҳои ҳамгироӣ низ комилан амалӣ карда мешавад.
  Бо вуҷуди ин, иштироки кишварҳои минтақа дар раванди ҳамгироии минтақавӣ маънои байналмилалӣ будан ё фаромиллӣ гардиданро надошт, балки иштирокчиён хоҳиш доштанд ниҳодеро ташаккул диҳанд, ки ҳамоҳангсозии осоиштаи мавқеъҳои иштирокчиёнро дар фазои иқтисодии минтақа таъмин созанд. Дар шароити муқовимати умумиҷаҳонии ду блок, сотсиализм ва капитализм дар солҳои 60-ум-70-уми асри ХХ кишварҳои аъзои Ассотсиатсия низоъҳои байнидавлатии худро ҳамчун масъалаи дуюмдараҷа қабул намуда, ҳалли онҳоро тӯли даҳсолаҳо ба таъхир андохтанд. Меъёрҳои байналмилалие, ки дар чаҳорчӯби АСЕАН ба вуҷуд омадаанд, миқёси истифодаи усулҳои хушунатборро дар ҳалли масъалаҳои низоъангези кишварҳои минтақа аз байн бурд, вале кишварҳои минтақа пурра аз он даст накашиданд.
  Стратегияи АСЕАН дар аввал бо принсипҳои махсуси худ асос ёфта буд ва вазифаи асосии Ассотсиатсия аз он иборат буд, ки аз рӯи имкон мавқеи худмухториро дар муносибат бо кишвар ва қудратҳои бузурги ғайриминтақавӣ нигоҳ дошта, дар минтақа ба миён омадани низоъҳои васеъмиқёсро бо иштироки қудратҳои бузурги ғайриминтақавӣ роҳ надиҳад. Зимнан, мавҷудияти мушкилоти дохилӣ дар минтақа хатари бархӯрдро зиёд мекард ва аз байн бардоштани онҳо ба Ассоссиатсия барои расидан ба ҳадафҳои худ мусоидат мекард. Ҳамин тариқ, талошҳои АСЕАН барои ҳарчи бештар муттаҳид гардидан набуда, балки ҳарчи бештар кам кардани бархурди давлатҳо бо пуштибонӣ ё иштироки қудратҳои беруна равона шуда буд.
  Имконияти ҳаллу фасли зиддиятҳои байни аъзоёни ин раванд, чуноне ки як қатор муҳаққиқон бар ин назаранд, дар аввал бо параметрҳои асосие, ки дар бунёди АСЕАН гузошта шудаанд, аз қабили принсипҳои баробарӣ, соҳибихтиёрӣ ва дахолат накардан ба корҳои дохилии ҳамдигар ба роҳ монда шуда буд ва таҳлили амиқтари ин масъала нишон медиҳад, ки худи мафҳуми «дахолат накардан» низ дар мавриди кишварҳои аъзои АСЕАН  хусусиятҳои хоси худро дорад.
  Ин принсипҳо дар аввал на ба он нигаронида шуда буданд, ки ба мамлакатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ барои мустақилона ҳал кардани проблемаҳои дохилӣ ва ё сарҳадии худ имконият диҳанд, балки ба қувваҳои ҷамъиятие, ки вазъияти сиёсию иқтисодии мамлакатҳои ин минтакаро зери назар доранд, имконият диҳанд. Маҳз бо таъмин намудани рушди иқтисодӣ пеши роҳи комунизмро гиранд ва бо ин ақида ба зиддиятҳои байнидавлатии кишварҳои аъзои АСЕАН диққати дуюмдараҷа дода мешуд ва намегузошт, ки аҳолӣ ба коммунизм рӯ орад [10, с. 9]. Худи ҳамин мантиқ талқин менамуд, ки пас аз “Ҷанги сард” низ ба кори дохилии ҳамдигар дахолат накунанд. Маҳз дар ҳамин давра бо кӯмаки элитаи роҳбарикунандаи минтақа имконпазир гардид, ки низомҳои сиёсиву иқтисодии дар кишварашон ташаккулёфтаро, бо даъвати давлатҳои Ғарб ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми озодандешӣ дар минтақа ҳимоят намоянд, аз ин рӯ, ҳалли масоили сарҳадӣ ва муноқишаҳои байни кишварҳои минтақа авлавият надошт.
  Дар натиҷа, дар марҳилаи нави таърихӣ, ҳамгироӣ дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ натавонист ҳамчун воситаи ягонаи ҳалли масоили баҳсӣ, махсусан дар ҳаллӣ масъалаҳои ҳудудӣ ва мушкилоти диниву қавмӣ баромад кунад. Умуман, сарфи назар аз он, ки дар охири солҳои 90-уми асри ХХ механизми фаъолияти коллективонаи мамлакатҳои АСЕАН ташаккул ёфтааст ба Ассотсиатсия имкон медиҳад, ки ҳадафҳои худро дар арсаи байналмилалӣ амалӣ гардонад ва дар дохили минтақа ғайри чашмдошт ихтилофҳои байни ҳамдигарӣ, баҳсҳои ҳалнашудаи марзиву ҳудудии кишварҳои аъзои АСЕАН бо Ҷумҳурии Мардумии Чинро, ки то охири асри ХХ ба мушкилоти асосӣ табдил ёфта буд, ба миён гузорад.
  Буҳрони пулию молии солҳои 1997-1998-ум рушди ҳамгироии кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқиро нотавон ва раванди ҳамгироиро ба таври ҷиддӣ печида гардонд. Буҳрони коғазҳои қиматнок ва дигар соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ дар кишварҳои пешрафтаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ тавонистааст, ки ба ҳамкориҳои АСЕАН таъсири худро гузорад. Мавҷудияти иродаи мустақили сиёсии кишварҳои иштирокчӣ ҷиҳати идома додани сиёсати ҳамгироии иқтисодӣ кишварҳои аъзои Ассотсиатсияро водор намуд, ки якҷоя бо душвориҳои ба вуҷуд омада мубориза баранд. Сабабҳои асосии буҳронро дар хусусиятҳои хоси моделҳои иктисодию иҷтимоии миллии давлатҳои минтақа ва спекулятсияи коғазҳои қиматнок дар сатҳи байналхалқӣ диданд. Доир ба ин масъала, дар навбати худ Фонди байналмиллалии асъор пешниҳод намуда буд, ки ҷиҳати рафъи буҳрон кишварҳои минтақаро маблағгузорӣ кунад, ки дар ин раванд нақши хеле муҳимро мебозид. Аз инҷониб ғояи меҳварии Ассотсиатсия ин ҳамгироии иқтисодӣ ва либерализатсияи ҳамкориҳои дохилиминтақавӣ ба ҳисоб мерафт ва як қатор созишномаҳое қабул карда шуданд, ки ба равандҳои ҳамгироии кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ асос гузошт.
  Чунин ба назар мерасад, ки маҳз АСЕАН бо муттаҳид намудани даҳ кишвар (Бруней, Камбоҷа, Индонезия, Лаос, Малайзия, Мянма, Филиппин, Сингапур, Таиланд ва Ветнам) ба маркази ҳамгироии воқеӣ дар минтақа табдил ёфтааст. Дар доираи АСЕАН созишномаҳо оид ба таъсиси Минтақаҳои озоди иқтисодӣ (AFTA) баста шудаанд. Гузариш ба Минтақаҳои озоди иқтисодӣ коҳиш додани тарифҳо дар тиҷорати мутақобила ва истифодаи системаи ҳамгироии имтиёзҳоро дар доираи АСЕАН ба назар гирифта шудааст. Бо мақсади ноил шудан ба фазои мусоид дар соҳаи саноат ва сиёсати сармоягузорӣ дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ Созишномаҳои ҳамкорӣ доир ба Минтақаҳои сармоягузорӣ (AIA) ва Нақшаи ҳамкориҳои саноатии АСЕАН (AIKO) қабул карда шудаанд. Дар байни мушкилоти асосие, ки роҳбарони мамлакатҳои иттиҳодия бояд ҳал кунанд, тафовути давомноки дараҷаи рушд дар байни кишварҳои аъзо ва инчунин ноустувории иҷтимоию сиёсӣ дар баъзе кишварҳои иттиҳодия мебошанд.
  Ҳамин тариқ, таҳти раванди ҳамгироӣ пайванди қисмҳо ё воҳидҳои алоҳида ба як томи бузург фаҳмида мешавад ва барои баъзе аз кишварҳои минтақа ин ҳамчун як раванд, барои баъзеаш ҳамчун як раванди созанда ва барои баъзе аз кишварҳои дигар ҳарду мафҳум қабул карда мешавад. Дар баробари ин, вижагиҳои тафаккури шарқӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки барои кишварҳои минтақа ҳамгироӣ раванди ба ҳам омадан аст на ба натиҷаҳои назаррас ноил шудан. Ин хусусиятҳо дар дигар равандҳои ҳамгироии минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором низ дида мешаванд.
  Равандҳои ҳамгироӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором як қатор хусусиятҳои ба худ хос доранд. Интегратсияи иқтисодӣ дар минтақа аз интегратсияи сиёсӣ пешсаф буда, рушди равандҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ тавассути таҳкими ҳамкории дохилии иқтисодӣ дар минтақа дар атрофи АСЕАН, дар шаклҳои гуногуни ҳамкориҳои субъектҳои минтақавӣ ва ғайриминтақавии ҷомеаи ҷаҳонӣ сурат мегирад. Айни замон ҳамкориҳо дар минтақа дар доираи ҳамкориҳои байниҳукуматӣ ва дар форматҳои гуногуни сиёсии пасттар аз сарони давлатҳо бомуваффақият рушд ёфта, ба туфайли онҳо ҳамгироии кишварҳо бештар ба амал оварда мешавад.
  Дар солҳои 70-уми асри ХХ «муколама»-и АСЕАН бо давлатҳои калонтарини ҷаҳон, пеш аз ҳама дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором оғоз ёфт, ки бо мамлакатҳои аъзои Ассотсиатсия дар доираи васеи масъалаҳо, пеш аз ҳама иқтисодӣ ва сиёсӣ ҳамкории зич доштанд. Ҳоло «муколама»-и АСЕАН бо 9 кишвар (Австралия, Ҳиндустон, Канада, Чин, Зеландияи Нав, Ҷумҳурии Корея, Русия, ИМА, Ҷопон), ба пуррагӣ амалӣ карда мешавад, инчунин бо Иттиҳоди Аврупо ва Барномаи рушди СММ ба роҳ монда шудааст [1; 3; 4].
  Шарикии «муколама»-и АСЕАН бо ёрии механизмҳои махсус амалӣ карда мешавад, ки дар байни онҳо Кумитаи муштараки ҳамкорӣ (КММ) пешсаф аст. Самтҳои асосии ҳамкорӣ дар вохӯриҳои солонаи вазирони корҳои хориҷии АСЕАН ва шарикони «муколама»-и АСЕАН, ки дар якҷоягӣ бо Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Ассотсиатсия дар чаҳорчӯби вохӯриҳои (конфронсҳои) баъд аз вазирон дар форматҳои 10+10 ва 10+1 баргузор мешаванд, муайян карда мешаванд.
  Шарикони муколамаи АСЕАН барои эҷоди механизми амиқи ҳамкорӣ бо кишварҳои сегонаи Осиёи Шарқӣ (Чин, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ) асос ба ҳисоб рафта, дар формати 10+3 ва 10+1 ба роҳ монда мешавад, ки аз соли 2000-ум ба расмият дароварда шуда, гузоронидани саммитҳоро дар форматҳои «10+3» ва «10+1» бо вохӯрӣ ва мулоқотҳои сарони кишварҳои АСЕАН ба инобат гирифтааст. Ҳамчунин нишастҳои АСЕАН + СММ мунтазам гузаронида мешаванд. Самити 5-уми АСЕАН + СММ дар Бруней гузаронида шуда дар доираи он таъкид гардидааст, ки рушди ҳамкориҳои АСЕАН ва СММ афзалиятҳои якхела дорад. Ҳамкориҳо ҷиҳати аз байн бурдани камбизоатӣ, ба роҳ мондани рушди устувор, рушди мусбии минтақа ва ҷанбаи синергетикии ҳамкорӣ имкон медиҳад, ки ба ҳадафҳои гузошташуда зудтар ва самараноктар ноил гарданд. Рӯзномаи нави ҳамкориҳои АСЕАН + СММ инчунин ҳифзи захираҳои табиӣ, истеъмол ва истеҳсоли устувор ва дастгирии амалиро барои мубориза бо тағирёбии иқлим дар бар мегирад [4].
  АСЕАН муносибатхои мутақобиларо бо ниҳодҳои иктисодӣ ва давлатҳои алоҳида дар самтҳои гуногун инкишоф медиҳад. Масалан, аз соли 2002-юм Саммитҳои алоҳидаи АСЕАН ва Ҳиндустон баргузор мешаванд ва моҳи декабри соли 2012 20-умин солгарди ҳамкориҳои АСЕАН ва Ҳиндустон таҷлил шуд ва дар соли 2022 ин ҳамкориҳо 30-сола хоҳад шуд, ки барои таҳлили вазъият ва дурнамои ҳамкориҳои ҳарду ҷониб дар роҳи шарикӣ ва шукуфоӣ заминаи хуб мегардад. Барои ҳар ду тараф ҳамкорӣ намудан дар чунин масъалаҳо, ҳифзи сулҳу субот ва таъмини амният дар минтақа, мустаҳкам намудани робитаҳо ва мубодила, вусъат додани ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва муборизаи зидди ҷинояткорӣ аҳамияти муҳим дорад. Бояд гуфт, ки дар авоили солҳои 90-уми асри гузашта Ҳиндустон стратегияи «Нигон ба Шарқ»-ро ба миён гузошта буд. Тайи солҳои охир Ҳиндустон пайваста нишастҳои мутақобилаи сатҳи баландро бо кишварҳои АСЕАН идома дода, ҳамкориҳои прагматикиро дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод ва энергетика фаъолона пеш мебарад. Айни замон Ҳиндустон саъй дорад ҳамгироиро бо кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва ҳавзаи Уқёнуси Ором суръат бахшад [1; 3].
  Соли 1993 бо мақсади мутобиқ шудан ба шароити нави вазъияти зудтағйирёбанда ва мусоидат ба шукуфоӣ ва рушди робитаҳои мутақобила, Ассотсиатсияи маъмуриятҳои минтақавии кишварҳои Осиёи Шимолу Шарқӣ таъсис дода шуд ва фаъолияти ин созмони байналмилалӣ ба мубодила ва ҳамкорӣ дар Осиёи Шимолу Шарқӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва гуманитарӣ нигаронида шуда, асоси онро ҳамкории 11 маъмурияти минтақавии 4 кишвар: Чин, Ҷопон, Корея ва Русия ташкил медиҳад. Айни замон шумораи маъмуриятҳои минтақавии аъзои Ассотсиатсия ба 70 адад маъмурияти минтақавӣ аз 6 кишвар: Чин, Ҷопон, Ҷумҳурии Корея, Кореяи Шимолӣ, Русия, Муғулистон расидааст.
  Идеяҳои ҳамгироии пулию молӣ, ки дар солҳои 60-уми асри ХХ ба вуҷуд омадаанд, ҳоло дар Бонки Осиёии Рушд амалӣ шуда, дар самти ташкили иттиҳодияи пулию молӣ, дар асоси Шуъбаи баҳисобгирии осиёӣ - The Asian Currency Unit (ACU) инкишоф меёбад ва айни ҳол ин раванд ба таъхир гузошта шудааст [10, c. 12].
  Ҳамгироӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ба сӯи амалӣ шудани идеяи Минтақаҳои озоди иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором - Free Trade Area of the Asia Pacific (FTAAP) ҳаракат мекунад. Дар оянда, FTAAP на танҳо таъмини озодгардонии иқтисод (liberalization) дар маънои маҳдудаш, балки ҳамчун як ниҳод ба таври ҳамаҷониба ва самаранок ҳал намудани мушкилот дар соҳаи тиҷорат ва сармоягузории барои насли оянда пешбинӣ шудааст. Чи гунае, ки раҳбарони кишварҳои минтақаи Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором иброз медоранд, FTAAP бояд ҳамчун як созишномаи ҳамашумул оид ба тиҷорати озод тавассути таҳия ва пешбурди ташаббусҳои мавҷудаи минтақавӣ, аз қабили АСЕАН+3, АСЕАН+6, Шарикони муколамаи Уқёнуси Ором ва ғайра ташкил карда шавад. Барои амалигардонии лоиҳаи FTAAP ҳамчун замина APEC хидмат карда, метавонад роҳбарӣ ва қаноатмандии зеҳнии раванди рушди FTAAP-ро таъмин кунад ва инчунин вазифаи асосии муайян, таҳия ва ҳалли мушкилоти тиҷорат ва сармоягузории насли ояндаро пешбинӣ намояд [7, c. 35].
  Ҳамгироиро дар минтақаи Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором ҳамчун як раванди устувор ва пешсаф дар самти таъсиси фазои ягонаи иҷтимоию иқтисодии минтақа вобаста ба шаклҳои пайдоишаш ва хусусиятҳои хоси воридшавиаш тавсиф кард. Мақсадҳои сиёсӣ ва зиддиятҳои байни кишварҳои дорои сатҳи гуногуни рушди иқтисодӣ ба равандҳои ҳамгироӣ то андозае монеъ мешаванд, вале самти интихобшудаи рушд дар робита ба ташаккули фазои ягонаи иқтисодӣ бешубҳа бартарият дорад.
  Шаклҳои мавҷудаи муносибатҳои минтақавӣ дар минтақаи Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором бо гуногунии рушд, институтҳои умумимиллӣ ва сатҳи расмиёташ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Ҳамин тавр, ҳамчун маркази равандҳои ҳамгироӣ бешак танҳо АСЕАН баромад карда метавонад. АСЕАН ҳамчун як воҳиди том бо дарназардошти ҳамаи зиддиятҳо, ҳамчун як институти дорои сохтори ташаккулёфта ва ҳамчун як созмони минтақавии дорои стратегия ва диди рушд, метавонад дар меҳвари қувваҳои муттаҳидсозандаи минтақа қарор дошта бошад.
  Стратегияи АСЕАН оид ба ҳамгироӣ дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ аз он иборат аст, ки ҳамчун қувваи меҳварӣ дар атрофи АСЕАН кишварҳои минтақаро тавассути ба роҳ мондани созишномаҳои дуҷониба оид ба таъсиси Минтақаҳои озоди иқтисодӣ (FTA) муттаҳид намояд ва барои бунёди ҷомеаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ҳамкориҳоро дар формати ASEAN+3 оғоз намудааст. Созишнома доир ба ташкили Минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин (CAFTA) аз моҳи январи соли 2010 ба имзо расидааст ва дар аввал ин ҳамкорӣ бо 6 кишвари пешрафтаи АСЕАН ба роҳ монда шуд ва баъдан боқимонда кишварҳои аъзои АСЕАН-ро фаро гирифтааст. Чунин созишномаҳо бо Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, инчунин бо Ҳиндустон ва Австралия ба имзо расонида шудаанд. Мувафақияти Ассотсиатсия ташкили Минтақаҳои озоди иқтисодӣ, дар авал дар формати АСЕАН+3 ва сипас муттаҳид намудани тамоми кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ба як минтақаи ягонаи озоди иқтисодӣ мебошад [7, c. 35].
  Дар мавриди APEC, ки 19 кишвари минтақаи Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Оромро аз қабили Австралия, Бруней, Ветнам, Канада, Чин, Индонезия, Малайзия, Мексика, Зеландияи Нав, Папуа Гвинеяи Нав, Перу, Русия, Сингапур, ИМА, Таиланд, Чили, Филиппин, Кореяи Ҷанубӣ, Япония ва ду ҳудуди маъмурӣ Гонконг ва Тайван, ки қисме аз Чин дониста мешавад, муттаҳид мекунад ва майдони хубе барои ба ҳам пайвастани манфиатҳои минтақавии мамлакатҳо ва иштироккунандагони он мебошад. Аз нуқтаи назари ҳамгироии минтақавӣ APEC камсамар аст ва онро метавон як нишасти иловагие донист, ки дар он давлатҳои иштирокчӣ метавонанд оид ба масъалаҳои мубрам мубодилаи афкор кунанд. Мушкилиҳоеро, ки дар форматҳои дигари байналхалқӣ ҳал кардан мумкин нест, пешбарӣ ва ҳал намоянд. Муҳимияти АТЭС дар он аст, ки дар форумҳои он раҳбарони кишварҳо оиди ин ё он мушкилот ба қарорҳое мерасанд, ки қаблан наметавонистанд дар доираи форумҳои созмонҳои байналмилалӣ ба даст оранд.
  Бояд қайд кард, ки ҳадафҳои таъсиси Минтақаи озоди иқтисодӣ дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва ҳавзаи Уқёнуси Ором то имрӯз амалан амалӣ нашудаанд, равандҳои ҳамгироӣ дар ин минтақа бо ҷой доштани ихтилофҳо байни кишварҳо ба ҳадди зарурӣ инкишоф наёфтаанд. Кишварҳои узви ассотсиатсияҳо аз шаклҳои нави робитаҳои дар минтақа ба вуҷуд омада, як андоза норозӣ ҳастанд ва дар доираи гурӯҳҳои мавҷудаи минтақавӣ ба чолишҳое, ки аз ҷониби субъектҳои ғайриминтақавии иқтисоди ҷаҳонӣ, пеш аз ҳама аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин эҷод мешаванд, вокуниш нишон дода наметавонанд.
  Хулоса, ҳамгироӣ дар минтақаи Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором шаклу мазмуни рушди минтақа гардидааст ва ба рушди устувори иқтисодӣ дар минтақа мусоидат намудааст. Барои Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок дар равандҳои ҳамгирои минтақавӣ дар минтақаи Осиё, ҳавзаи Уқёнуси Ҳинд ва ҳавзаи Уқёнуси Ором аҳамияти аввалиндараҷа ва бунёдӣ дорад, кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ба роҳ мондани ҳамкориҳои қавӣ ба таври объективӣ ҷузъи ин ё он минтақа гардида, метавонанд манфиатҳои миллии худро дар самт таҳким бахшанд. Бо истифода аз таҷрибаи ҳамгироии кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва ташаккули равандҳои ҳамгироӣ пеш аз ҳама дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва байниминтақавӣ, аз қабили Осиёи Марказӣ +, бешубҳа фазои иқтисодии минтақаи мазкурро ба монанди минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва ҳавзаи уқёнуси Ором ба маркази тиҷорати ҷаҳонӣ табдил хоҳанд дод.
   
                                                                          АДАБИЁТ
  1. ASEAN-INDIA Dialogue Relations. http://www.asean.org/asean/external-relations/india (санаи истифодабарӣ 25.11.2022)
  2. Asian Development Bank Key Facts. http://www.adb.org/sites/default/fi les/pub/2012/USA. Pdf (санаи истифодабарӣ 25.11.2022)
  3. Celebrating 20 Years of ASEAN-India Dialogue Relations. http://www.asean.org/news/asean-secretariat-news/item/celebrating-20-years-of-asean-india-dialogue-relations?category_ id=27 (санаи истифодабарӣ 25.11.2022)
  4. Chairman’s Statement of the 5th ASEAN-United Nations (UN) Summit http://www.asean. org/news/asean-secretariat-news/item/chairman-s-statement-of-the-16th-asean-japan-summit-copy (санаи истифодабарӣ 25.11.2022)
  5. THIRD APEC MINISTERIAL MEETING SEOUL, KOREA 12-14 NOVEMBER 1991 JOINT STATEMENT https://www.apec.org/docs/default-source/MinisterialStatements/Annual/1991/91_amm_jms.pdf (санаи истифодабарӣ 25.11.2022)
  6. АСЕАН после холодной войны // Россия в глобальной политике, 2002 – 2022. https://globalaffairs.ru/articles/asean-posle-holodnoj-vojny/ (санаи истифодабарӣ 25.11.2022)
  7. Григорян, К.Г. Кластерный анализ региональной экономической интеграции на примере АСЕАN / К.Г. Григорян // Вестн. ГУУ. – 2011. – № 22. – С. 34–42.
  8. Қудратзода К., Ҳамидова С. Равандҳои ҳамгироӣ дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва заминаи таърихии созмонёбии АСЕАН https://www.osiyoavrupo.tj/index.php/mavodhoi-ilmi/maqolaho/item/1590-ravand-oi-amgiro-dar-osijoi-anubu-shar-va-zaminai-ta-rikhii-sozmonjobii-asean (санаи истифодабарӣ 25.11.2022)
  9. Қудратзода К., Ҳамидова С. Замина ва марҳилаҳои ташаккули меъёриву ҳуқуқии АСЕАН - Асостсиатсияи кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ https://www.osiyoavrupo.tj/index.php/mavodhoi-ilmi/maqolaho/item/1589-zamina-va-mar-ila-oi-tashakkuli-me-jorivu-u-u-ii-asean-asostsiatsiyai-kishvar-oi-osijoi-anubu-shar (санаи истифодабарӣ 25.11.2022)
  10. Ткаченко, И.Ю. Интеграционные процессы в Юго-Восточной Азии / И.Ю. Ткаченко // Рос. внешнеэкономический вестн. – 2014. – № 1. – С. 3–14.
 
ҚУДРАТЗОДА КОМРОН АБДУНАБӢ
н.и.т., мудири шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо

БОЗГАШТ