АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Сафари Пешвои миллат ба Италия ва Ватикан: фурсатҳо ва имкониятҳо

Муаллиф: Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо

Расм

Сафари Пешвои миллат ба Италия ва Ватикан: фурсатҳо ва имкониятҳо

Мусаллам аст, ки обрӯ ва нуфузи имрӯзаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ самараи талоши пайгирона ва хастагинопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати санҷидашуда, прагматикӣ ва воқеъбинона буда, ҳамзамон бо пазириши меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ ва эҳтиром ба манофеи шарикон, риояи қатъии манфиатҳои миллиро дар фаъолияти дипломатӣ дар мадди аввал мегузорад. Тоҷикистон дар созмонҳои минтақавӣ ва аксар созмонҳои байналмилалӣ узвият дошта, аз арзишҳо ва манофеи миллӣ дифоъ мекунад, дар масоили ҷаҳонӣ назари худро матраҳ месозад ва пешниҳодҳои мушаххасро дар бораи ҳалли масъалаҳои минтақавию байналмилаӣ ба миён мегузорад. Тоҷикистон бо истифода аз асли сиёсати «дарҳои боз» ва бисёрсамтӣ робитаи худро бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди Аврупо, ИМА, кишварҳои Ҷанубу Шарқи Осиё, кишварҳои арабӣ, олами ислом густариш дода, аз имконият ва мавридҳои муносибе, ки имрӯз ва дар оянда пеш хоҳанд омад, ба манфиатҳои миллии хеш истифода мебарад.

Сафари расмии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо, махсусан ба Италия ва Ватикан, аз як ҷониб татбиқи сиёсати дарҳои кушодро амалӣ мекунад ва аз ҷониби дигар бошад, имкониятҳои татбиқи сиёсати гуногунҷанбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва густариши он дар пиёда кардани ҳадафҳо ва манфиатҳо тавсеа мебахшад.

Ин сафарҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо кишварҳои аврупоӣ аз замони истиқлоли кишвар то ба ҳол бо муваффақият ва мутавозин густариш ёфта истодааст. Сафари навбатии Роҳбари давлат яке аз сафарҳои муҳим ва стратегӣ дар соли ҷорӣ ба ҳисоб меравад, ки дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба тарзҳои гуногун инъикос ёфтанд, ки ҷанбаҳои гуногуни он аз тарафи коршиносони дохилию байналмилалӣ таҳлилу баррасӣ шуданд. Албатта тавзеҳи ҳамаҷонибаи ин сафар аз доираи як мақола бештар буда, мо танҳо ба як идда фурсатҳо ва имкониятҳо таваҷҷуҳ мекунем. Аз назари аксари коршиносон ин сафар як фурсати бисёр ҳам муносибе буд, ки новобаста ба ин вазъи пурталотуми ҷаҳон Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминони том густариши манфиатҳои кишварро барои татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, махсусан иқтисоди сабз ва саноатикунонии кишвар, аз байн бурдани бекорӣ ва танзими муҳоҷирати корӣ, ки модели таҷрибашуда ва озмудашудаи Аврупо дар кишварҳои рӯ ба тарақии осиёӣ мебошад, табодули таҷриба ва таваҷҷуҳи бевосита намуданд. Мутахассисон ва Вазоратҳои дахлдорро дар ин сафар барои табодули таҷриба ҳамроҳи худ бурданд, то суръати бунёдкорӣ, таҷдиди иқтисоди сабз ва дастрасӣ ба иқтисоди инноватсионӣ ҳар чи зудтар ва бештар аз худ карда, татбиқи ҳадафҳои олии кишвар ба роҳ монда шавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ бо татбиқ ва густариши манфиатҳои худ ба тамоми кишварҳо робитаи дуҷониба ва бисёрҷонибаи худро бо созишномаҳо, ёддошти тафоҳум ва дигар ҳуҷҷатҳои расмӣ дар доираи созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ амалӣ карда истодааст. Ин сафари навбатии Президенти кишвар бо имзои созишномаҳо ва “натиҷаҳои судбахш бо имзои 9 санади муҳими ҳамкорӣ аз рӯи анҷоми музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Италия, баргузории форуми тиҷоратии ду давлат оид ба муаррифии имконияти сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ва имзои ҳуҷҷатҳо оид ба пешбурди фаъолияти соҳибкорони Италия дар Тоҷикистон дониста мешавад.”[1] Аз назари коршиносон дар раванди ҷаҳонишавӣ ё баръакси он, ки ташаккули ҷаҳони бисёрқутба шакл гирифта истодааст, ин сафар заминаи аслии мавқеи геополитикии Тоҷикистонро ба шакли вежа бозгӯкунандаи истиқлоли сиёсӣ ва фарҳангии он медонанд, ки ҳамзамон фурсатҳо ва имкониятҳоро пеш меоварад. Албатта, ин сафар фурсатҳо ва имкониятҳои зиёдеро барои имрӯзу оянда рӯйи кор меоварад, ки баъзе аз онҳоро метавон тавзеҳ дод:

  1. Тоҷикистон то замони истиқлол ва пеш аз он бо кишварҳои Аврупо ва фарҳанги бузурги ӯ мустақим робита надошт, яъне то инқилоби Октябр ислом Ғарбро ба худ бегона медонист. Мутаассифона имрӯзҳо низ чунин бархурди ифроту тафрит дар кишварҳои Шарқи Миёна ва Наздик дида мешавад. Дар замони пеш истиқлол фарҳанги ғарбӣ дар зери чатри идеологияи коммунистӣ-ленинӣ-сталинӣ равзанае аз ҷаҳони Ғарбро ба рӯйи мо кушода буд, ки оқибат ҷойи онро арзишҳои низоми демократӣ дар ҳамоҳангӣ бо арзишҳои миллӣ иваз намуд, ки ин яке аз дастовардҳои муҳими замони истиқлоли кишвар мебошад. Дар ин самт сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба кишварҳои зикршуда сиёсати мутавозӣ ва муътадил шуморида мешавад, ки бевосита аз ибтикорҳо ва дастовардҳои муҳими замони истиқлол ба шумор меравад. Ҳамзамон, бояд зикр кард, ки робитаи мустақими Тоҷикистон бо кишварҳои аврупоӣ дар заминаи сафарҳои Пешвои миллат метавонад низоми демократиро бо дар назардошти унсурҳои миллӣ тақвият бахшад, то мо на аз роҳи тақлид ҷомеаи демократӣ бунёд кунем, балки бо омӯзиши дақиқ ва татбиқи дуруст бо ҳифзи мероси миллии худ имрӯзу ояндаи кишварро бунёд намоем.
  2. Фарҳанги аврупоие, ки аз тариқи низоми коммунистӣ ба мо интиқол шуд, натавонист ба пуррагӣ воқеияти онро инъикос кунад. Аз ин рӯ бо қабули низоми демократӣ дар замони соҳибистиқлолии кишварамон бештар имконият фароҳам оварда шуд, ки мо на танҳо ба арзишҳои сирф демократияи либералӣ режимҳои демократиро қабул намоем, балки дар омезиш бо фарҳанги миллии худ низоми сиёсию фарҳангии худро ташаккул бахшида, дар эъмори давлати миллӣ модели хоси худро пешкаши ҷаҳониён намоем. Яъне замони истиқлол, имконияти васеъро бароямон фароҳам овард, ки мустақим ба фарҳангу тамаддуни аврупоӣ робита барқарор намуда, барои пешбурди манфиатҳои давлату миллатамон чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар талош намоем.
  3. Раванди ҷаҳонишавӣ имконияти дигаре буд, ки мо арзишҳои миллию тамаддунии худро муаррифӣ намоем ва ҷаҳониён тавонанд, бевосита ба кишвари мо биёянд ва бо таъсирпазирӣ аз омезиши фарҳангу тамаддуни ориёию исломӣ ва коммунистию демократӣ бо ҳавзаи нави фарҳангию тамаддунии мо ошноӣ пайдо кунанд. Тоҷикистон имрӯз бисёрфарҳангию бисёртамаддуниро дар доираи манфиатҳои миллию давлатии худ таҷриба мекунад, ки дар ин маврид Пешвои миллат дар вохӯрӣ бо Попи Рим Франсиск таъкид карданд, ки дар “Тоҷикистон тамоми шароит барои таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии намояндагони ҳамаи динҳо фароҳам овардааст. Мардуми тоҷик, ки таърихан дар тамаддуни ҷаҳонӣ бо рушди илму адаби ғании худ ҳиссаи намоён гузоштааст, аз ҳама гуна гуфтугӯҳои байнидинӣ ва байнитамаддунӣ истиқбол мекунад.”[2]  
  4. Ба дурустӣ, Пешвои миллат ёдовар шуданд, ки мо дар таърихи тамаддуни хеш бо фарҳангу тамаддунҳои дигар, аз ҷумла бо фарҳанги аврупоӣ робита доштем, ки дар натиҷаи омезиши он яке аз мактабҳои фалсафӣ-сиёсӣ бо номи машшоиёни шарқӣ маълум ва машҳур аст. Дар натиҷаи ин омезиши фарҳангию тамаддунӣ бо таъсирпазии мутақобил Абубакри Розӣ, Абунасри Форобӣ, Ибни Сино, Ибни Боҷа, Ибни Рушд, Ибни Халдун ва чандин донишмандони беназир бо дастовардҳои илмии зиёде ноил гаштаанд, ки то ба ҳол маълум ва машҳур мебошанд. Ин марҳила бо номи “эҳёи аҷам” ё “эҳёи исломӣ” дар фарҳанги муосири илмӣ ёдовар мешавад. Яъне имрӯз низ барои мо фурсате омадааст, ки дар робитаи мустақим дар ҳамкорӣ бо фарҳанги бузурги аврупоӣ олимони тоҷик кашфиётҳои бузурги илмии худро чи дар соҳаи илмҳои табиатшиносию риёзӣ ва чи дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунанд.
  5. Мутаассифона, бинобар ғолиб омадани таассубу хурофот баъди асри X руҳияи эҷодкорӣ ва созандагӣ дар ба даст овардани дастовардҳои илмӣ ба ҳошия ронда шуда, ба истилоҳи муҳаққиқи осиёимарказишиноси амеркоӣ Ф. Старр ба “маърифати гумшуда” табдил ёфтанд, ки то замони истиқлол эҳёи воқеии он ғайриимкон буд. Бо ба даст овардани истиқлол ин фурсати муносиб расидааст, ки ба тамоми фарҳангу тамаддунҳо робитаи мутақобилан судманд дошта бошем. Яъне яке аз ин фурсату имконият омезиши бевоситаи фарҳанги муосири ғарбӣ бо фарҳанги миллии мо, ки таърихи бисёр муваффақ дошта, омили пешрафт ва такомули фарҳанги миллии мо шуда буд, имрӯз низ самараи судбахш ба бор хоҳад оварад. 

Агар ба таври умумӣ хулосагирӣ намоем, сафари навбатии Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Италия ва Ватикан яке аз сафарҳои муҳим ва стратегӣ буда, метавонад эҳёи фарҳангу тамаддуни миллии моро тақвият бахшад. Тоҷикистон бо ба даст овардани истиқлоли кишвар ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат бо мардуми кишвар дар дохил ва хориҷи кишвар шукуҳу шаҳомати садсолаҳо аз дастрафтаи худро барқарор намуда, ҳамчун кишвари мустақил дар байни тамоми кишварҳои ҷаҳон мавқеи муҳим ва роҳбурдии худро пайгирӣ менамояд.

 

Ниёзӣ Ё. Б.

доктори илмҳои фалсафа,

сарходими илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон


[1] Cафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан анҷом ёфт. https://khovar.tj/2024/04/cafari-rasmii-prezidenti-um-urii-to-ikiston-emomal-ra-mon-ba-um-urii-italiya-va-vatikan-an-om-yoft/. Санаи муроҷиат: 29. 04. 2024.

[2] Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Попи Рим Франсиск мулоқот намуданд. https://khovar.tj/2024/04/peshvoi-millat-emomal-ra-mon-bo-popi-rim-fransisk-mulo-ot-namudand/. Санаи муроҷиат: 01.05.24.

БОЗГАШТ