АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Симини Беҳбаҳонӣ ва андешаҳои иҷтимоии ӯ

Муаллиф: Холиқова Шоира

Расм

  Симини Беҳбаҳонӣ яке аз суханварони маъруфи адабиёти муосири Эрон буда, бо ашъори рангину дилангезаш, на танҳо дар кишвари Эрон, балки дар Тоҷикистон ва миёни форсизабонони ҷаҳон низ маҳбубияти хоссае дорад. Ӯ ҳамчун як шоири навпардоз ва зани фаъолу мубориз ҳамеша аз дигаргуниҳои иҷтимоию фарҳангӣ, озодии сухан ва ҳуқуқи занон ҳарф мезаду аз манфиатҳои онон ҳимоят намудааст.

  Симини Беҳбаҳонӣ соли 1927 дар шаҳри Теҳрон чашм ба олами ҳастӣ кушод, то бо омаданаш ба ин ҷаҳон рисолати бузургеро анҷом диҳад. Волидайни ӯ аз шахсиятҳои шинохтаву бофарҳанг ва ҳар ду шоири замони худ будаанд. Аз ин рӯ, табиист, ки дар чунин муҳит, аниқтараш дар доираи адабии хонаводагӣ ба дунё омадани Симин бешубҳа ба рушди эҷодии ӯ аз овони кӯдакӣ таъсири хуб расонидааст. Яъне суханварӣ дар сиришти ӯ азалӣ будааст. Аз овони наврасӣ Симини Беҳбаҳонӣ ба омӯзиши забону адабиёт шавқу рағбат дошт ва пешаи асосии ӯ касби омӯзгорӣ буд.

  Агар гӯем, ки Симини Беҳбаҳонӣ дар нишон додани ҷасорати адабӣ шахсияти истисноист, хато нахоҳем кард. Зеро мисли ӯ миёни занон шоироне, ки нуқсу иллатҳои ҷомеаро озодонаву бепарда баён созанду ҳамрозу шарики дарди мардум бошанд, пайдо кардан мушкил аст. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки ду шоираи забардасти мо - Гулрухсору Фарзона ба шахсияти Симин ва ба тасвирҳои шоиронаву ғазалҳои нотакрори дорои андешаҳои баланду баёнгари эҳсосоти нотакрори занона ва дунёи шоиронаи ӯ таваҷҷуҳи бештар ва беандоза доранд.

  Дар маҳфиле, ки ба ёдбуди Симини Беҳбаҳонӣ дар Душанбе бахшида шуда буд, Гулрухсор бо даргузашти Симини Беҳбаҳонӣ андӯҳи худро бо чунин суханҳо иброз медорад: "Ман фикр мекунам, нақшеро, ки устод Симини Беҳбаҳонӣ дар адабиёти қарни ХХ ва Х1 гузошт, ҳеҷ кас зудуда наметавонад. Ман хиёл мекунам, ки Симини Беҳбаҳонӣ бо эҷодиёти бисёр зебои худ ва бо ғазалҳои наве, ки дар таърихи адабиёти мо беҳтарин намунаанд, ҷовидона хоҳад монд. Ва инчунин мегӯяд, ки «Симини Беҳбаҳонӣ бо осори худ нақши боризе дар ҷаҳони шеъри форсӣ гузошт ва ӯ ҳаргиз "мутаъаллиқ ба як кишвар, як минтақа ва як давру замон набуд."

  Симини Беҳбаҳонӣ бештар дар эҷоди ғазал беҳамтост, бинобар ӯро чун шоираи ғазалсаро мешиносанду гиромӣ медоранд. Ин бонуи ғазалсарои Эрон инқилоберо тавлид сохта, бо як тавону ҷасорати мардона шӯру шарареро дар шеъри форсӣ бармеангезад ва моҳирона тасвирҳои шоирона месозад. Ғазали зерини ӯ то имрӯз вирди забони аҳли адаб ва фарҳанг садо медиҳад:


Ситора дида фурӯ басту орамид, биё,

Шароби нур ба рагҳои шаб давид, биё,

Зи бас ба домани шаб ашки интизорам рехт,

Гули сапеда шукуфту саҳар дамид биё…

Зи бас нишастаму бо шаб хадиси ғам гуфтам,

Зи ғусса ранги ману ранги шаб парид, биё…

Наёмадӣ, ки фалак хӯша-хӯша Парвин дошт,

Кунун, ки дасти саҳар дона-дона чид, биё.
 

  Симини Беҳбаҳонӣ ҳам аз нигоҳи вазну сохти ғазал, ва ҳам аз нигоҳи маъниву муҳтаво навпардозие дар ғазали асри бист ба вуҷуд овардааст, ки дар ғазалҳои ӯ оҳангу маъниҳои иҷтимоиро, ки рӯҳи инқилобии шоирро инъикос менамоянд, эҳсос кардан мумкин аст: Инкилоби фарҳангӣ. Инқилоби созанда. Худи Симини Беҳбаҳонӣ дар хотироташ дар ҳошияи як маҷмуаи ашъораш чунин навиштааст: «Чӣ гуна бигӯям? Мехостам лаҳзаҳо ҳама шодмона бошанд ва набуданд; мехостам пажмурдану фурӯ афтодан набошад ва буд; мехостам рӯз дар батни тангу сиёҳи шаб бозгардад ва бозмегашт; ва мехостам зулму зулмот пой нагирад ва мегирифт. Ва чунин буд, ки шеърам ҳама зебойӣ набуд: гоҳ намуд ба чирки нишастаи захме буду гоҳ кабуди фарёди фурӯмонда ва бармосида дар ҳалқуме, ки ба ресмони сиёҳи чандишоваре фишурда мешуд.

  На як сиёсатпеша будам ва на як ҷомеашинос; ва аз ҳирфаи ин ду ноогоҳу бо ин ҳама ба гирифтории ҳар ду гирифтор. Он ҷо, ки тозиёнаю сиёсату иҷтимоъ бар танам фуруд омадааст, фиғон кардаам ва он ҷо ки навозиши ин ҳар дуро дарёфтаам, ба оромӣ тарона хондаам…»

  Аз осори Симини Беҳбаҳонӣ пай мебарем, ки ӯ дар баёни матлаби худ бо истифода аз калимаҳои оддӣ маънии наву вазнҳои тозаеро ихтироъ менамояд ва ба ғазал либоси рангину ифодагари садои қалби шоирро мебахшад. Ба ин тариқ, вазну маънӣ ба ҳам ноаён дармехӯранд, авзони тоза дар либоси шеър тавлид мешаванд. Масалан намунаи ғазали тик… ТОК…далели ин гуфтаҳост:


Тик… току тик… ток, лаҳза, оҳ меравад,

Ногузир, сар ба зер, по ба роҳ меравад.

Умри ман, бимон, бимон! Муҳлате…

Худойро, Бевидоъ, бекалом, бенигоҳ меравад.

Қатра-қатра чашмавор, лаҳза-лаҳза мечакад…

То ҳарири хобро бар хаёл мекашам,

Як сапед мерасад, як сиёҳ меравад...

Ин, ки меравад манам, нест бозгаштанам,

Войи ман! Ба ӯ бигӯ нобагоҳ меравад.

Кӯбаҳои набзи ман аз шумор хаста шуд,

Лаҳза, лаҳза умри ман, оҳ, оҳ,… меравад.


  Ҳарчанд ӯро чун шоири ҳассосу ишқсаро, васфкунандаи ишқу муҳаббат мешиносем. Вале агар ба ин мазмуну муҳтавои ашъори ӯ ҷуқуртар ва амиқ назар афканем дарк хоҳем кард, ки зери тасвири ишқу ошиқӣ ба ифшо намудани иллату нуқсонҳои иҷтимоии замонааш машғул шудааст ва пайваста кӯшиш менамояд, ки аз мушкилоти иҷтимоии мардуми Эрон, дарду алами онон ҳарф мезанаду ба аҳли башар садо баланд мекунад.

  Пас саволе пайдо мешавад, ки Симине, ки саропо дард асту қалби ҳассос дорад ва аз ноумедиву ғаму андуҳ шикоят мекунад чаро дар баробари мавзуи ишқ ба мавзуъҳои сиёсиву иҷтимоӣ даст назанад? Бале, даст мезанад ва боҷасорату озод дарду мушкилоти ҷомеа, бахусус занонро бепарда баён месозад ва дар тасвир ва баёни андешаҳояш калимаҳои оддиро чунон моҳирона истифода мебарад, ки то ӯ касе ба мислаш ҷуръат накардааст аз колаби шеър ва маънӣ берун барояд. Ин лаҳзаҳо Симини хаставу дилфигор аз ноадолатии иҷтимоӣ ва зарбаҳои рӯзгор ошуфта, дилмондаву дилшикаста мешавад ва фиғон мебардораду ашк мерезад:


Гоҳ гӯям, ки сар ба кӯҳ ниҳам,

Селосо хурӯш бардорам.

Риштаи умру зиндагонӣ бибурам.

Бори меҳнат зи дӯш бардорам…


  Бояд қайд кард, ки ин гуна оҳангҳои навмедиву дилфигорӣ дар ғазалиёти Симин хеле зиёд буда, дорои вежагии махсус мебошанд ва фарқияти ғазали Симинро аз ғазали дигар шоирон баръало нишон медиҳад. Дар ғазали дигаре бо номи «Мурёнаи ғам» шоир ишора ба он мекунад, ки зери чеҳраи шоду хандаи ширини ӯ боз ҳамон ғам, боз ҳамон навмедӣ ниҳон аст, мисли доруи талх:


Хандаи ширини ман риёву фиреб аст.

Дар дили ман мавҷ мезанад ғами дерин.

Чеҳраи шодони ман субот надорад,

Доруи талхам ниҳон, ба зоҳир ширин.


Дар шеъри «Нилуфари обӣ» аз маҷмуаи «Чилчароғ» низ дар зоҳир шеъри ишқӣ намудор бошад ҳам, вале ботинан оҳанги иҷтимоӣ ва эътирозро ифода менамояд:


Кош ман ҳамчу ёрон ишқи ёре доштам.

Кош ман ҳам ҷони аз ғам беқароре доштам.

То кашад зеборухе бар чеҳраам дасте зи меҳр,

Кош чун ойина бар сурат ғуборе доштам.

Такя кардам бар мухаббат, хамчу нилуфар ба об,

Эътибор аз пояи беэътиборӣ доштам…


Дар замони имрӯза ҷойгоҳи Симини Беҳбаҳонӣ дар адабиёт ва навгонии ӯ дар шеъри форсӣ мавқеи устувор пайдо кардааст. Ғазалҳои ӯ соддаву заминӣ ва бозгӯи дарду иллатҳои замона ва махсусан занон буда, худи шоир бо онҳо ҳамдарду ҳамроз аст. Шоир дар бораи таҷрибаи шахсӣ, ҳодисаву воқеаҳои ҷудогона тавре сухан меронад, ки дар маҷмуъ ба мушкилоти васеътари инсонӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ дахл мекунанд ва ин нукта дар ашъоре, ки дар мавзуъҳои гуногун бахшида шудааст, мушоҳида мешавад ва теъдоди бениҳоят зиёд ба чашм мерасад.


Пайнавишт:

  1. Алиасғари Шеърдӯст. Шеъри муосири Эрон.- Душанбе, 2012- 476с.
  2. Аминпур Қ. Суннат ва навоварӣ дар шеъри муосир. -Теҳрон, 1383.-550 с.
  3. Асозода Худойназар. Адабиёти форсӣ ва се шохаи он. – Душанбе: Маориф, 1991.
  4. Беҳбаҳонӣ С. Дашти аржан. -Теҳрон, 1370.-166с.
  5. Муллоаҳмадов М. Фурӯғии Бастомӣ ва ғазалиёти ӯ. – Душанбе, 1987,88 с.
  6. Олимҷон Хоҷамуродов. Дар паҳнои адабиёт// Душанбе 2018, 339с.
  7. Расулӣ, А. Инқилоби исломии Эрон ва таҳаввули ғазали форсӣ - Душанбе, 2008. - С.178.
  8. Симини Беҳбаҳонӣ. “Як доман гул” (маҷмуаи комили ашъор) // таҳияи Исфандиёри Назари Дарғӣ, Ирфон-2012.
  9. https://www.bbc.com/tajik/news/2014/08/140819_rm_simin_behbahani.

 

Холиқова Шоира,

(н.и.ф.)-ходими пешбари илмии

шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздик

БОЗГАШТ