ТАҲЛИЛИ ҲУҚУҚИИ МАҚОЛАИ “СОЛИ НАВ АЗ ОИНИ МИТРОИСТ” ДОКТОРИ ИЛМҲОИ ФАЛСАФА, ПРОФЕССОР АБДУЛВОҲИД ШАМОЛОВ

Муаллиф: Сангинзода Дониёр

Расм

         Мақолаи “Соли нав аз оини митроист” аз ҷониби сарходими илмии Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики  Институти омӯзиши масъадаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Абдулвоҳид Шамолов навишта шуда, дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 16 декабри соли 2025 омода гардидааст. Муаллиф ба таърихи пайдоиши ҷашни Соли нави мелодӣ, робитаи он бо оини қадимии меҳрпарастӣ (митраизм) ҳамчун ҷузъи фарҳанги ориёӣ ва муқобила бо кӯшишҳои ифротгароёнаи манъи ин ҷашн таваҷҷӯҳ зоҳир кардааст.

         Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати дунявӣ эълон мекунад (моддаи 1), ки маънои онро дорад, ки ҳеҷ дине мақоми давлатӣ надорад ва фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ аз корҳои давлатӣ ҷудо аст (моддаи 8). Мақола ба ин принсипҳо пурра мутобиқ аст.

         Моддаи 5 Конститутсия инсон ва ҳуқуқҳои ӯро арзиши олӣ эълон мекунад. Муаллиф аҳамияти ҷашнҳоро барои хотираҳои инсонӣ ва раҳоӣ аз асабоният таъкид мекунад ва мегӯяд, ки "нидои қалби дарунии инсонҳоро нобуд сохтан имконнопазир аст". Ин ба дахлнопазирии ҳуқуқҳои фитрӣ мувофиқ аст. Маҳдуд кардани ҳуқуқҳо танҳо дар ҳолатҳои зарурӣ (моддаи 14) раво аст, ва манъи Соли нав бе далелҳои ҳуқуқӣ хилофи ин принсип мебошад. Муаллиф мероси тоҷиконро ҳамчун қисми фарҳанги ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ба сиёсати сулҳҷӯёна ва ҳамкории байналмилалӣ (моддаи 11) мувофиқ аст.

         Муаллиф андешаҳои гурӯҳҳои ифротиро, ки ҷашни Соли навро бо далелҳои динӣ (масалан, "бутпарастӣ" ё "анъанаҳои насронӣ") манъ кардан мехоҳанд, сахт танқид мекунад ва нишон медиҳад, ки чунин манъҳо хилофи дунявияти давлат мебошанд. Ӯ таъкид мекунад, ки Соли нав аллакай ҷузъи фарҳанги хонаводагии тоҷикон гаштааст ва манъи он бо далелҳои мазҳабӣ озодии виҷдонро поймол мекунад. Дар асоси моддаи 26 Конститутсия " Ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд". Ин муқобила бо тангназарӣ ҳуқуқи шаҳрвандонро ба озодии интихоби фарҳангӣ ва маросимӣ ҳимоя мекунад ва ба асосҳои конститутсионии дунявӣ мувофиқ аст.

         Тибқи моддаи 30 Конститутсия озодии сухан ва баён кафолат дода шудааст ва сензураи давлатӣ манъ мебошад. Андешаи муаллиф ҳамчун баёни илмию фалсафӣ дар бораи таърих ва фарҳанг ифода шудааст, ки андешаҳои "ғалату бебунёд"-ро дар ВАО танқид менамояд. Муаллиф гурӯҳҳои "таърихсозони навин"-ро, ки мехоҳанд ҷомеаро муқобил гузоранд, танқид мекунад ва ин асоси ҳуқуқӣ дорад, зеро чунин тарғибот ба тартиботи ҷамъиятӣ ва асосҳои конститутсионӣ (моддаи 14 Конститутсия) халал мерасонад.

         Моддаи 40 Конститутсия ҳуқуқи ҳар шахсро ба иштирок дар ҳаёти фарҳангӣ, истифода аз муассисаҳои фарҳангӣ ва баҳрамандӣ аз дастовардҳои фарҳангӣ кафолат медиҳад. Муаллиф бо далелҳои таърихӣ нишон медиҳад, ки Соли нав аз оини меҳрпарастӣ (митраизм) – мероси қадимии ориёӣ– сарчашма мегирад ва ҳоло ҷузъи фарҳанги хонаводагии ҳар тоҷик аст. Мисолҳои арча (сарв), Бобои барфӣ, тӯҳфаҳо ва хотираҳои кӯдакӣ ҳамчун унсурҳои фарҳангии муосир зикр мешаванд, ки аз мушкилиҳои рӯзгор раҳоӣ мебахшанд. Муаллифи мақола таъкид мекунад, ки митраизм (аз лавҳаҳои гилини соли 1400 пеш аз мелод то ҷашнҳои Меҳргон ва Ялдо) мероси миллӣ аст ва манъи он ба тамомияти фарҳангӣ ва миллӣ зарар мерасонад.

        Мақола ба меъёрҳои Конститутсияи кишвар мутобиқ аст ва принсипҳои дунявият, озодии виҷдон, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва озодии баёнро ҳимоя мекунад. Он метавонад ҳамчун асоси илмию ҳуқуқӣ барои муқобила бо падидаҳои ифротгароӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангии миллӣ истифода шавад.

         Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фарҳанг" аз 3 январи соли 2024, № 2033 фарҳангро ҳамчун маҷмӯи арзишҳои моддӣ ва маънавӣ муайян мекунад (моддаи 1) ва сиёсати давлатиро дар ин соҳа афзалиятнок мешуморад (моддаи 4). Принсипҳои асосӣ иштироки озодонаи шаҳрвандон дар ҳаёти фарҳангӣ, ҳифзи мероси миллӣ ва рушди арзишҳои умумибашарӣ мебошанд (моддаи 5). Муаллиф митраизмро ҳамчун оини меҳрпарастии ориёиён ҳамчун мероси фарҳангии тоҷикон нишон медиҳад. Муаллиф далел меорад, ки Соли нав аз ин мерос сарчашма гирифта, ҷузъи фарҳанги муосир ва хонаводагӣ гаштааст. Ин ба принсипҳои ҳифзи мероси таърихӣ, эҳёи анъанаҳо ва дастрасии шаҳрвандон ба арзишҳои фарҳангӣ (моддаи 5) комилан мувофиқ аст. Манъи ҷашнҳо, ки муаллиф онро танқид мекунад, хилофи рушди фарҳанг ва ҳифзи анъанаҳои миллӣ мебошад.

         Моддаи 6 Қонун ҳуқуқи шаҳрвандонро ба иштирок озодона дар ҳаёти фарҳангӣ, эҷоди бадеӣ ва истифода аз дастовардҳои фарҳангӣ кафолат медиҳад. Муаллиф нишон медиҳад, ки ҷашни Соли нав (бо элементҳои арча, тӯҳфаҳо, Бобои барфӣ ва хотираҳои кӯдакӣ) маросими хонаводагӣ ва фарҳангӣ аст. Манъи он ҳуқуқи иштирок дар чунин чорабиниҳои фарҳангиро маҳдуд мекунад. Муаллиф робитаи Соли нав бо Шаби Ялдо, Меҳргон ва солшумории хуршедии ориёиёнро шарҳ медиҳад, ки инҳо мероси ғайримоддии тоҷикон мебошанд. Танқиди андешаҳои ифротӣ ҳамчун муқобила бо таҳдидҳо ба мероси фарҳанги ғайримоддӣ арзёбӣ мешавад. Чунки Қонун сарватҳои таърихию фарҳангиро (аз ҷумла мероси ғайримоддӣ – анъанаҳои миллӣ, ҷашну маросим, муҳтавою моҳияти адабиёт ва воситаҳои шифоҳии ифодаи онҳо, ки ба ашёву ҳунарҳои бадеии халқӣ ва падидаҳои ба табиат алоқаманд вобастагӣ доранд) ҳифз мекунад (моддаҳои 52–55). Муаллиф унсурҳои Соли навро (арча ҳамчун рамзи сарв, ситора, Бобои барфӣ) ба оини меҳрпарастӣ ва фарҳанги ориёӣ пайванд медиҳад ва онҳоро мероси миллӣ мешуморад. Муаллиф таъкид мекунад, ки ин арзишҳоро "аз байн бурдан имконнопазир аст" ва гурӯҳҳои ифротӣ ба тамомияти фарҳангӣ халал мерасонанд. Ин ба моддаи 56 Қоун мутобиқ аст, ки паҳн ва дастрасии омма ба сарватҳои фарҳангиро тақозо мекунад.

          Дар моддаи 17 Қонун фаъолияти фарҳангӣ тавассути эҷод, таблиғ, паҳн намудан, истифода ва ҳифзи сарватҳои таърихию фарҳангӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла онҳое, ки фаъолияти эҳсонкориро амалӣ менамоянд, ба воситаи муассисаҳои фарҳангӣ ва муассисаҳои дигари дахлдор анҷом дода мешавад, муайян мекунад. Муаллиф ҷашни Соли навро ҳамчун падидаи умумибашарӣ шарҳ медиҳад, ки аз фарҳанги ориёӣ ба Аврупо рафта, бо насронӣ омезиш ёфтааст. Ин ба ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи фарҳанг (моддаи 63) мувофиқ аст ва рушди фарҳангро ҳамчун ҷузъи ҷаҳонӣ нишон медиҳад. Муаллиф тарғиби манъи ҷашнҳоро ҳамчун вайронкунии ҳуқуқҳои фарҳангӣ танқид мекунад, ки субъекти ҳуқуқвайронкунанда метавонад тибқи моддаи 68 Қоун ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

          Мақола профессор Шамолов А.А. ба муқаррароти Қонуни "Дар бораи фарҳанг" комилан мутобиқ аст ва ҳифзи мероси миллӣ, озодии иштирок дар ҳаёти фарҳангӣ ва муқобила бо таҳдидҳо ба арзишҳои фарҳангиро тақвият медиҳад. Он метавонад ҳамчун асоси илмию ҳуқуқӣ барои рушди сиёсати фарҳангӣ ва ҳифзи анъанаҳои миллӣ хизмат кунад. Чунки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фарҳанг" аз 3 январи соли 2024, № 2033 асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии сиёсати давлатиро дар соҳаи фарҳанг танзим мекунад (моддаи 2). Он принсипҳои рушди фарҳангро муайян карда, ҳуқуқҳои шаҳрвандонро ба иштирок дар ҳаёти фарҳангӣ, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва озодии эҷодиро кафолат медиҳад, зеро мероси меҳрпарастӣ (митраизм) ҳамчун ҷузъи фарҳанги қадимии тоҷикӣ ва ориёӣ буда, муаллиф муқобили кӯшишҳои манъи ҷашнҳои марбут ба он баромад мекунад.

         Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз соли 1948 дар моддаи 27 ҳуқуқи ҳар касро ба иштирок дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа, баҳравар шудан аз санъат кафолат медиҳад. Муаллифи мақола инро бо ҳимояи Соли нав ҳамчун "ҷузъи фарҳанги хонаводагӣ" ва "хотираи инсонӣ" тасдиқ мекунад, ки ба моддаи 27 мувофиқ аст. Яъне инсон дар ҷашнҳо ҳамчун қисми ҳаёти фарҳангӣ бояд озодона иштирок намояд. Муаллиф муқобила бо гурӯҳҳои ифротӣ, ки мехоҳанд онро манъ кунанд, бо моддаи 18 (озодии фикр, виҷдон ва дин) ва моддаи 19 (озодии баён) ҳамоҳанг аст. Эъломия озодии динро (моддаи 18) ҳимоя мекунад ва муаллиф нишон медиҳад, ки митраизм ва Соли нав набояд бо далелҳои динӣ манъ шавад, зеро ин ба озодии виҷдон халал мерасонад. Инчунин, Эъломия дар моддаи 2 ҳуқуқҳоро бе фарқият (аз ҷумла дин, нажод) кафолат медиҳад, ки мақола бо радди "тухми нафрату адоват" онро тасдиқ мекунад. Мақола ба муқаррароти Эъломияи умумии ҳуқуқи башар мувофиқ аст, зеро фарҳангро ҳамчун ҳуқуқи умумибашарӣ муаррифӣ мекунад.

         Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба ҳимояи мероси фарҳангӣ ва табиӣ (1972) мероси фарҳангиро ҳамчун ёдгориҳо, гурӯҳҳои биноҳо ва сайтҳои дорои арзиши умумиҷаҳонӣ муайян мекунад(моддаи 1). Давлатҳо вазифадоранд меросро ҳифз, ҳимоя ва ба наслҳои оянда супоранд (моддаи 4), сиёсатҳои ҳамгироӣ қабул кунанд (моддаи 5) ва ҳамкории байналмилалиро таъмин намоянд (моддаи 6). Муаллифи мақола инро бо таъкид ба митраизм ҳамчун мероси ориёӣ ва робитаи он бо фарҳанги ҷаҳонӣ (аз Рум то Европа) тасдиқ мекунад, зеро Соли нав аз "Рӯзи Ялдо" сарчашма мегирад, ки метавонад ҳамчун арзиши фарҳангӣ ҳифз шавад. Конвенсия вазифаи барӯйхатгириро (моддаи 11) муқаррар мекунад ва дар мақола бо шарҳи таърихӣ (лавҳаҳои гилин, солшуморӣ) ба ин мусоидат мекунад. Инчунин, моддаи 5 конвенсия ҳифзи илмӣ ва тадқиқотро тақозо мекунад, ки дар мақола бо далелҳои таърихӣ (аз Сеиста Юлия то Константин) онро инъикос мекунад. Мақола ба муқаррароти Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба ҳимояи мероси фарҳангӣ ва табиӣ мувофиқ аст, зеро меросро ҳамчун арзиши умумиҷаҳонӣ муаррифӣ мекунад ва давлатро вазифадор мекунад онро аз таҳдидҳо (ифротгароӣ) ҳифз кунад.

         Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба ҳимояи мероси ғайримоддии фарҳангӣ (2003) мероси ғайримоддиро ҳамчун таҷриба, ифодаҳо, донишҳо ва малакаҳо (аз ҷумла ҷашнҳо, маросимҳо) муайян мекунад, ки ҷомеаҳо онро ҳамчун мероси худ эътироф мекунанд (моддаи 2). Давлатҳо вазифадоранд меросро ҳифз (моддаи 11), барӯйхат гиранд (моддаи 12), ҳимоя кунанд (моддаи 13) ва иштироки ҷомеаҳоро таъмин намоянд (моддаи 15). Муаллифи мақола инро бо ҳимояи Соли нав ҳамчун "анъанаи ориёӣ" (Ялдо, Меҳргон) тасдиқ мекунад, ки ба моддаи 2 (маросимҳо, ҷашнҳо) мувофиқ аст. Муаллиф муқобила бо манъро бо моддаи 13 (ҳимоя аз таҳдидҳо) ҳамоҳанг мекунад, зеро ифротгароӣ метавонад меросро нобуд кунад. Инчунин, конвенсия ҳамкории байналмилалиро (моддаи 19) тақозо мекунад ва дар мақола робитаи митраизм бо Аврупо инъикос шудааст. Мақола ба муқаррароти Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба ҳимояи мероси ғайримоддии фарҳангӣ мувофиқ аст, зеро меросро ҳамчун арзиши ҷомеа муаррифӣ мекунад ва давлатро вазифадор мекунад онро ҳифз кунад.

        Санадҳои байналмилалии таҳлилшуда ҳуқуқҳои фарҳангиро ҳамчун қисми ҳуқуқҳои башар ҳимоя мекунанд, бе фарқият (аз ҷумла дин). Муаллифи мақола онро бо радди "тангназарӣ" ва ҳимояи фарҳанг аз "ҷаҳолат" тасдиқ мекунад. Санадҳо давлатҳоро вазифадор мекунанд фарҳангро ҳифз кунанд. Инчунин озодии баён ҳимоя мешавад, ки муаллифи мақола бо нашри андешаҳои илмӣ онро амалӣ мекунад. Мақола комилан ба санадҳои байналмилалӣ мувофиқ аст ва ҳуқуқҳои фарҳангиро ҳамчун ҳуқуқи умумибашарӣ ҳимоя мекунад.

         Дар асоси таҳлили ҳуқуқии мақолаи профессор Абдулвоҳид Шамолов ва муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 6 ноябри 1994), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фарҳанг" (аз 3 январи 2024, № 2033) ва санадҳои байналмилалӣ (Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, 1948; Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба ҳимояи мероси фарҳангӣ ва табиӣ, 1972; Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба ҳимояи мероси ғайримоддии фарҳангӣ, 2003) пешниҳодҳои зерин барои амалӣ гардондани сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва муқобила бо падидаҳои ифротгароӣ манзур менамоем, ки ба ҳифзи арзишҳои миллӣ, рушди фарҳанг ва таъмини озодии шаҳрвандон дар иштирок дар ҳаёти фарҳангӣ равона гардидаанд:

1. Таҳия ва ҷорӣ намудани барномаҳои таълимӣ дар бораи мероси митраизм (меҳрпарастӣ) ҳамчун қисми муҳими фарҳанги тоҷик. Барномаҳо метавонанд дар мактабҳои миёна, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва таълими иловагӣ (курсҳои кӯтоҳмуддат) ҷорӣ шаванд. Дар ВАО (телевизион, радио, сомонаҳои давлатӣ) силсилаи барномаҳои маърифатӣ таҳия карда шавад, ки робитаи Соли нав бо оини қадимии Ялдо ва Меҳргонро шарҳ диҳад. Ҳадаф – коҳиши ҷаҳолат ва пешгирии падидаҳои тангназарӣ дар ҷомеа. Масъулият ба зиммаи Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанг ва Кумитаи телевизион ва радио гузошта шавад. Ин чора коҳиши тухми нафрату адоватро дар байни ҷавонон таъмин мекунад.

2. Таҳкими назорат бар тарғиби андешаҳои ифротӣ дар воситаҳои ахбори омма. Пешниҳод мешавад, ки комиссияи махсуси ҳукуматӣ таъсис дода шавад (дар назди Вазорати фарҳанг ё Кумитаи дин). Ин комиссия ВАО-ро мониторинг намуда, маводҳои тарғибкунандаи манъи ҷашнҳои миллӣ (аз ҷумла Соли нав)-ро муайян ва ҷазоҳои маъмурӣ татбиқ мекунад. Ҳамзамон, барномаҳои таблиғотии мусбат дар бораи дунявияти давлат ва ҳифзи мероси фарҳангӣ таҳия шавад. Ин чора ба пешгирии муқобилгузории тамаддунҳо мусоидат мекунад.

3. Расман ҳифз кардани ҷашнҳои миллӣ ҳамчун мероси ғайримоддии фарҳангӣ. Пешниҳод мешавад, ки қарори Ҳукумат қабул гардида, ҷашнҳои Шаби Ялдо ва унсурҳои марбути Соли нав (арча, тӯҳфаҳо) ҳамчун мероси миллӣ эълон шаванд. Ҳамзамон, пешниҳоди дохил кардани Шаби Ялдо ба Рӯйхати мероси ғайримоддии ЮНЕСКО омода карда шавад. Ин чора ҷашнҳои мазкурро аз танқидҳои ифротӣ ҳифз намуда, арзиши байналмилалии фарҳанги тоҷикро баланд мебардорад.

4. Густариши ҳамкории байналмилалӣ дар омӯзиши митраизм ва мероси ориёӣ.  Пешниҳод мешавад, ки бо созмонҳои байналмилалӣ (ЮНЕСКО, Созмони ҳамкории исломӣ) ва кишварҳои ҳамфарҳанг лоиҳаҳои муштарак оид ба омӯзиши митраизм ва робитаи он бо фарҳангҳои муосир ташкил шавад. Ин метавонад дар шакли грантҳо, конфронсҳо ва нашрияҳои муштарак амалӣ гардад. Ҳадаф – нишон додани арзиши умумибашарии мероси тоҷик ва муқобила бо андешаҳои тангназарӣ.

5. Мунтазам баргузор кардани конфронсҳо ва семинарҳои илмӣ дар бораи робитаи фарҳангҳои қадимӣ ва муосир. Пешниҳод мешавад, ки ҳар сол конфронсҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бо иштироки олимон (ба мисли профессор Шамолов А.А., Сайидзода З.Ш., Қурбонова Ш.И. ва дигарон) баргузор шавад. Мавзӯъҳо – робитаи митраизм бо ҷашнҳои муосир, ҳифзи мероси ғайримоддӣ ва муқобила бо ифротгароӣ. Ин чора ба рушди илм ва ҳимояи ҳуқуқҳои фарҳангӣ мусоидат намуда, ҷомеаро ба ҳақиқати таърихӣ наздик мекунад.

 

САНГИНЗОДА Дониёр Шомаҳмад

муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.

БОЗГАШТ