АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ТАЪРИХНИГОРИИ ТАЪРИХИ МУНОСИБАТҲОИ СИЁСӢ ВА ҲАМКОРИҲОИ ИҚТИСОДИВУ ТИҶОРАТИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҲИНДУСТОН

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Таърихи муносибатҳо ва ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳон ҷузъи таърихи муносибатҳои байналмилалӣ буда, аз тарафи олимони ватанию хориҷӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Аз ҷумла, паҳлӯҳои масъалаи муносибатҳо ва ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар асарҳо, диссертатсияҳо, мақолаҳои илмиву оммавӣ инъикос ёфтааст.
   Муаррихон ба хулосае омадаанд, ки сиёсати хориҷӣ ҷузъи зарурии таърихӣ ва иҷтимоии ин ё он халқ ва ё миллат мебошад. Зикри ин нукта муҳим аст, ки дар марҳилаи солҳои 1992-1997 ҷузъиёти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ҷанги шаҳрвандӣ мавриди омӯзиши муаррихон қарор нагирифт. Дар марҳилаи ибтидои қарни XXI муаррихону сиёсатмадорон ва дипломатҳо ба омӯзиш ва таҳқиқи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул гардида, асарҳои ҷолиб офариданд. Олимон ва муҳаққиқони ватанӣ барои омӯхтан ва таҳқиқи таърихи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таълифоти зиёд анҷом доданд. Дастовардҳои илмии олимони тоҷик дар ин соҳа дар ҷамъбасти корҳо, таҳқиқотҳо ва мақолаҳои махсуси монографӣ, асарҳои сершумор оид ба таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол инъикос ёфтаанд.
  Асари А. Сатторзода[1] «Арзишҳои Ваҳдати миллӣ» аз маҷмӯаи мақола, гузориш, суханрониҳои муаллиф иборат буда, дар он раванди музокироти сулҳи байни тоҷикон ва татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, аҳаммияти таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон барои минтақаву ҷомеаи байналмилалӣ ва нақши Президент Э. Раҳмон баррасӣ гардидааст.
  Дар таълифоти боарзиши З.Сайидзода (З.Ш. Саидов), М. Тоштемиров, А. Шарифзода ва С. Фаттоев, Н.Салимов, А. Ғафуров дар баробари муносибатҳои ҳамаҷонибаи Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷи дуру наздик, ҳамзамон фаъолияти сиёсии Президенти Тоҷикистон дар самти сиёсати хориҷӣ, бахусус сафарҳои Э.Раҳмон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон ва аҳаммияти онҳо батафсил қаламдод шудааст.
  Доир ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон, бахусус изҳороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон дар муносибат бо Ҷумҳурии Ҳиндустон ва ҷанбаҳои таърихию бойгонӣ ва иттилотию сиёсии онро метавон аз асарҳои Шарифзода А. ва С. Фатоев, С. Шамсиддинов, Н.Салимов, А.Ғафуров пайдо намуд. Дар асарҳои М. Тоштемиров, З. Саидов[2] ва К. Юлдошев[3] маводи васеъ ва бисёрҷанба мавҷуд аст, ки имкон медиҳад доир ба масъалаҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушкилоти марбутаи байналмилалӣ ва минтақавӣ дар марҳилаи солҳои 1999-2002 маълумот пайдо намоем. Дар он аҳаммияти сулҳ ва тағйироти созандагии дар Тоҷикистон рухдода инъикос ёфтааст.
  Асари З.Саидов ва А.Сабуров[4] шарҳи муфассали таърихӣ ва рӯйдодҳои асосии воқеаҳо ва далелҳои фаъолияти сиёсати хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонро дар солҳои 1992-2003 ва таҳқиқоти таҳлилии муаллифонро дар бораи муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон дар шакли дуҷониба дар бар мегирад.
  Асарҳои муаллифон А. Шарипов ва С. Фаттоев[5] дар таҷлил ва фарогирии омилҳои муҳимми сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон дар солҳои 1992-2003, ҷараёни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ ва такмили низоми идоракунӣ дар кишвар иқдоми аввалин буд. Муаллифон дар асоси санаду далелҳои воқеӣ бо нишондоди проблемаву мушкилоти иқтисодиву сиёсии солҳои аввали давлатдории навини тоҷикон, зербинои ҳалли онро маънидод кардаанд. Муаллифон рафти мулоқоту машваратҳои тарафҳои даргир ва дар таърихи 27 июни соли 1997 имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеаро ҳамчун бузургтарин рӯйдоди таърихӣ ба қалам дода, хизмати таърихии Э. Раҳмонро дар ин марҳалаи муҳимму ҳассос таъкид намудаанд. Ҳамзамон муаллифон дар асари «Эмомалӣ Раҳмонов: Соле, ки ба қарнҳо баробар аст»[6] аввалин иқдоми наҷибонаи таҳлилӣ ва фарогирандаи омилҳои муҳимми сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон дар соли 2004, ҷараёни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ ва такмили низоми идоракунӣ, худогоҳию худшиносӣ ва ифтихормандиву ватандорӣ инъикос гардидааст. Муаллифон бо нишондоди бузурги сиёсию иқтисодии соли 2004 зербинои онро аз натиҷаи талошу заҳматҳои Э. Раҳмон, ки дар алоқамандии беназири пуштибонии нерӯҳои солими ҷомеа бо фаъолияти ҳамарӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шудаанд, маънидод кардаанд. Ҳамзамон, доир ба талошу тадбирҳои Э. Раҳмон дар густариши робитаҳои байналмилалӣ маълумот дода шудааст.
Муаллифон А. Шарипов ва С. Шамсиддинов[7] дар асари худ доир ба муҳимтарин паҳлӯҳои муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистон ва Россия, иқдомҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон дар мавриди вусъати ҳамкориҳо маълумоти муфассал пешниҳод намудаанд.
Муаллифон А. Шарипов ва З. Сироҷов дар асари «Эмомалӣ Раҳмонов: Соли фарҳанги оламгир»[8] идомаи иқдоми наҷибонаи таҳлилӣ ва фарогирандаи омилҳои муҳимми сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон дар соли 2005, ҷараёни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакатро инъикос кардаанд.
  Н.Салимов ва А.Шарипов[9] дар монографияи «Тоҷики оламшумул» мақсад гузоштаанд, ки бо истифода аз имконот ва тавоноии худ нақш ва мавқеи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонро дар бунёди давлатдории миллӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар бист соли таърихи навини тоҷикон, ки ба дастовардҳо ва арзишҳои таърихӣ такя мекунанд, ба хонандагон пешниҳод кунанд. Дар таҳқиқот шахсияти сиёсии Эмомалӣ Раҳмон дар партави баҳсу мунозираҳо дар заминаи сулҳ, таҳкими ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ дар кишвар, ислоҳоти конститутсионӣ, барқарор кардани ҳокимияти давлатӣ, таҳияи барномаҳои иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистони муосир, қабули сиёсати дарҳои кушод дар муносибатҳои байналмилалӣ арзёбӣ гардидааст.
 Дар асари А. Шарифзода ва А. Ғафуров[10] «Наҷотбахши миллат» бар асоси сарчашмаҳои дақиқ саъю кӯшишҳои бузурги сарвари Тоҷикистон Э. Раҳмон дар кори истиқрори сохти давлатии ҷумҳурӣ, қабули Конститутсияи кишвар, ҳамчунин ба даст овардани сулҳу ризоияти миллӣ дар ҷомеа, ҳамчунин ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ ва робитаҳои байналмилалии кишвар инъикос ёфтааст.
  Таърихи ташаккул ва рушди дипломатияи тоҷик, масъалаҳои муҳимми муносибатҳои байналмилалӣ ва равобити дипломатӣ дар асарҳои як қатор олимону дипломатҳои касбӣ таҷассум ёфтааст. Асарҳои собиқ вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Олимов, Т.Н. Назаров ва асару таҳқиқоти М. Лебедев ва Ҷ. Шарипова, С. Шарифӣ, А. Сатторзода, Султонов М., И. Сатторов, Д.Х. Назризода ва дигарон аз зумраи онҳо мебошанд. Асари Р. Олимов, М. Лебедев ва Ҷ. Шарипова[11] ба 50 солагии бунёди вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бахшида шуда, дар он таърихи фаъолияти 50 соли фаъолияти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассум ёфтааст.
Дар таҳқиқоти монографии академик Т. Назаров ва профессор А. Сатторзода[12] ҷараёни ташаккули дипломатияи тоҷик дар заминаи самтҳои гуногуни сиёсати мустақили хориҷии Тоҷикистон баррасӣ карда шудааст. Ҳамчун асосгузорони хадамоти дипломатӣ, муаллифон ҷараёни ташаккули дипломатияи тоҷик, таърих ва фаъолияти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар барқарорсозии муносибатҳои байналмилалӣ таҳлил кардаанд.
Китоби А. Сатторзода ва М. Султонов[13] гузоришҳои мухтасар аз ҷараёни мулоқот, суҳбатҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев бо роҳбарон, сафирон, ҳайатҳои парлумонии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо намояндагони Ҷумҳурии Ҳиндустон, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар марҳилаи солҳои 2000-2010-ро дар бар мегирад.
Дар асарҳои С. Шарифӣ [14] бори аввал дар таърихнигории ҷумҳурӣ омӯзиши ҳамаҷонибаи ташаккул ва рушди дипломатияи тоҷик дар солҳои 1997-2011 ба роҳ монда шуда, нақши дипломатия дар таҳкими истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудааст. Навоварии илмии асари С. Шарифӣ аз он иборат аст, ки бори аввал таҳлили ҳамаҷонибаи дараҷаи таърихнигорони ватании сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушкилот ва самтҳои асосии он таҳқиқ гардидааст.
  Таърихи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор асарҳои дипломатҳои касбӣ, кормандони собиқ ва имрӯзаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар олмон таҷассум ёфтааст. Муаллифон Ҳ.Зарифӣ, А.Сабуров, З. Саидов, А. Сатторзода, Р.Ш.Нуриддинов ва П.Р. Нуриддинов сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар марҳилаи мавриди таҳлил ба риштаи таҳқиқ кашидаанд ва аксари онҳо дар коркарди конспесияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда доранд.
  Дар асари Ҳ. Зарифӣ [15] ба хусусиятҳои бисёрҷониба ва тавозуни сиёсати хориҷии давлат таваҷҷӯҳи хос зоҳир гардида, талошҳо барои риояи манфиатҳои тарафҳо ва ба даст овардани натиҷаҳои мутақобил нишон дода шудааст. Қайд шудааст, ки дар давоми солҳои истиқлолият заминаи дахлдори меъёрии танзимкунандаи татбиқи сиёсати хориҷии кишвар таҳия гардидааст.
  Дар асари А.Сабуров, З. Саидов[16] доир ба мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҷассум намудани сиёсати хориҷӣ ва фаъолияти байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан меравад.
  Дар асарҳои профессор Р.Ш.Нуриддинов ва П.Р. Нуриддинов ба ташаккули сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар раванди таърихи муосири истиқлолият бештар таваҷҷуҳ зоҳир шудааст.[17] Асарҳои мазкур аввалин кӯшиши намояндагони мактаби илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муаррифӣ намудани илми сиёсати ҷаҳонӣ мебошад. Муаллифон ба ҷанбаҳои назариявии сиёсати ҷаҳонӣ диққати аввалиндараҷа додаанд.
  Дар асарҳои З.Ш. Саидзода[18] равандҳои асосии сиёсати хориҷӣ, вохӯриҳои сатҳи олии роҳбарияти давлати Тоҷикистон бо роҳбарияти олии Ҷумҳурии Ҳиндустон дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ инъикос ёфтаанд. Асари дигари З.Ш. Саидов[19] тавсифи муфассали таърихӣ ва шарҳи тамоми рӯйдодҳо ва далелҳои асосии сиёсати хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон дар солҳои 1992-2005 мебошад.
  Дар монографияи З.Ш. Саидзода[20] равандҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 90-уми асри гузашта таҷассум ёфтааст. Бобҳои хотимавии монография фарогири муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар марҳилаи солҳои 2000-2004 буда, имкон медиҳад, ки оид ба тағйироти эволютсионӣ пас аз хотимаи марҳилаи аввали ташаккули самтҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистони мустақил маълумот пайдо намоем.
  Монографияи З.Ш. Саидов[21] ба ҷанбаҳои сиёсии муносибатҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ташаккули сиёсати хориҷии он бахшида шудааст. Дар он қайд гардидааст, ки Тоҷикистон дар асл дар давраи шӯравӣ анъанаҳои мукаммали сиёсати хориҷиро надошт. Аммо, дар тӯли як даҳсола, давлати Тоҷикистон на танҳо дар заминаи консептуалӣ дар бораи ҳадафҳо, вазифаҳо ва афзалиятҳои сиёсати хориҷии худ дар ҷаҳони пасбиполярии ҷаҳон қарор қабул кард, балки ба таври дуруст мавқеи авангардро дар ҳалли масъалаҳои муҳимми сайёра пайдо кард.
   Дар таълифоти муҳақиқон Х. Холиқназар, Н. Мирзоев, А. Мамадазимов ва дигарон[22] баъзе паҳлӯҳои алоҳидаи мавзӯи матраҳшаванда инъикос ёфтааст.
  Монографияи таҳқиқотии Х. Холиқназар ба саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди ташаккул ва рушди СҲШ бахшида шудааст. Дар асар диққати асосӣ ба масъалаҳои мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди табдил додани Панҷгонаи Шанхай ба СҲШ, ташаккул ва рушди СҲШ, дар таъмини амнияти минтақавӣ ва рушди устувори иқтисодии давлатҳои аъзои созмон, инчунин дурнамои рушди он равона шудааст.
  Профессор Н.М. Мирзоев дар асари худ раванди таъсисёбии СҲШ ва мақому мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин созмони бонуфузи байналмилалиро таҳлилу баррасӣ намудааст. А. Мамадазимов дар асоси ҳуҷҷатҳо ва сарчашмаҳои муътамади хаттӣ аҳаммияти Роҳи Бузурги Абрешимро таҳлилу баррасӣ кардааст. Таҳқиқоти мазкур дастовари бузург дар илми таърихи Тоҷикистон буда, дар бозгӯ кардани таърихи роҳҳои тиҷоратии Шарқу Ғарб, бахусус ОМ ва Ҳиндустон дорои арзиши баланди илмӣ мебошад.
  Бо заҳмати муаллифони номбаршуда доир ба сиёсати хориҷӣ ва муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввали истиқлолият як қатор маводи воқеӣ ҷамъ ва таҳлилкарда шудааст. Онҳо дар асарҳои худ тамоми соҳаҳоеро баррасӣ мекунанд, ки рушди ҳамкории Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонротаҷассум мекунад.
  Дар асарҳои академик Т.Н. Назаров[23] аз ҷумла, дар китоби «Раванди сулҳ ва барқарорсозии иқтисоди баъдинизоъи Тоҷикистон» барқароршавии сулҳ ва вазъи иқтисоди Тоҷикистон таҳлил ва барои барқарор кардани иқтисодиёт чанд нуқтаи муҳим пешниҳод шудааст. Барои ҷалби сармояи хориҷӣ фароҳам овардани шароити мусоид дар боло бурдани имиҷи Тоҷикистонро зарур мешуморад. Коркарди барномаҳои иқтисодӣ ва лоиҳаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ бо кишварҳои сармоягузорро муҳим арзёбӣ менамояд.
  Маҷмӯаи «Тоҷикистон: иқтисодиёт, сиёсат, ҳамкориҳои байналмилалӣ»-и академик Т.Н. Назаров,[24] ки фарогири баъзе таҳқиқоти иншонамудаи муаллиф дар солҳои 1991-2001 мебошад, ба масъалаи муносибатҳои бозорӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ, инчунин ҷустуҷӯи роҳҳои барқарорсозии баъдиҷангии иншооти харобшудаи саноат, кишоварзӣ ва инфрасохтор бахшида шудааст. Дар аксари мавод ғояи зарурати тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодии байналмилалӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳавасмандгардонии воридшавии сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ нишон дода шудааст.
  Академик Т.Н. Назаров[25] дар асараш «Тоҷикистон: ҳамкориҳои иқтисодӣ ва амният» кӯшиш мекунад, ки раванди рушди иқтисодии Тоҷикистонро бо масъалаҳои таъмини амнияти ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллӣ алоқаманд намояд.
Китоби Т.Н. Назаров[26] «Иқтисоди бозоргонӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ» ба баъзе масъалаҳои мубрами ислоҳот ва татбиқи муносибатҳои бозорӣ дар Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар асар ба ҷустӯҷӯи роҳҳои ислоҳоти иқтисод бо назардошти на танҳо қонунҳои умумии рушди муносибатҳои бозаргонӣ, балки шароити ҷуғрофӣ, тафаккури аҳолӣ ва дарки усулҳои нави идоракунӣ, идоракунӣ ва ҳавасмандгардонии фаъолияти истеҳсолӣ диққати махсус зоҳир шудааст. Ҳамзамон, ҷараёни ислоҳоти иқтисодӣ ва ташаккулёбии муносибатҳои бозаргонӣ ба талаботи ҷаҳонишавӣ ва рушди тиҷорати байналмилалӣ вобаста аст. Муаллиф ба нишон додани бартариҳои ҳамкориҳои минтақавӣ, ки дар доираи СҲШ ва дигар ассотсиатсияҳои минтақавӣ татбиқ карда шудааст, таваҷҷӯҳ намудааст.
  Дар асари академик Р.К. Раҳимов[27] равандҳои умумӣ ва махсуси ислоҳоти иқтисодиёти ҷумҳурӣ бо мақсади гузариш ба муносибатҳои бозорӣ, омилҳои суботи макроиқтисодӣ, стратегияи иқтисодӣ дар шароити давраи гузариш таҷассум ёфтааст. Дар асар масъалаҳои назариявӣ ва амалии рушди иқтисодӣ, ҳамчунин рушди иҷтимоӣ дар шароити иқтисоди давраи гузариш инъикос гардидааст.
  Дар монографияи Р.К. Раҳимов, Я.П. Довгилло[28] заминаҳои рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба монанди нерӯи илмии кадрҳо ва динамикаву сатҳи рушди он, арзёбии сатҳи рушди илмию таҳқиқотӣ ва вазифаҳои такмили сохтори он, сатҳи рушди потенсиали истеҳсолӣ ва сармояи инсонӣ, ки аз нуқтаи назари таъмини иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо захираҳои истеҳсолӣ ва техникиву қувваи корӣ арзёбӣ карда шудааст. Масъалаҳои истифодаи самараноки захираҳои истеҳсолӣ ва инсонӣ, тавсеаи фазои саноатии минтақаҳои ҷумҳурӣ низ мавриди таҳлил қарор гирифтааст.
  Дар китоби Ҳ.У. Умаров ва М.А. Одинаев[29] «Тоҷикистон ва тиҷорати ҷаҳонӣ» ҷанбаҳои гуногуни ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бозори ҷаҳонӣ баррасӣ гардидааст.
  Дар бобҳои алоҳидаи асари Т.Н. Назаров[30] «Ислоҳоти иқтисодӣ, ҳамкорӣ ва бехатарӣ» бевосита масъалаи ҳамкориҳои минтақавӣ дар самти таҳдиду хатарҳои муосир ва мубориза ба муқобили терроризм-вазифаи афзалиятноки ҷомеаи ҷаҳонӣ инъикос гардидааст. Дар он маҷмӯаи проблемаҳо роҷеъ ба муқовимат бар зидди терроризми байналмилалӣ баррасӣ гардидааст. Муаллиф дар кори худ ба сабабу шароитҳое, ки паҳншавии даъвату хатарҳои муосир, аллалхусус терроризм мусоидат мекунанд, диққати махсус додааст. Ҳамчунин зикр мешавад, ки терроризм ва мубориза зидди он проблемаи комплексӣ буда, роҳи ҳалли ягонаи ҳамвор надорад. Муаллиф дарёфти роҳҳои ҳалли ин масъалаи рӯзмарраро бо назардошти даъвоҳои ҷаҳонии кишварҳо ё худ иттиҳоди давлатҳои алоҳида сарфи назар намуда, пешниҳод кардааст, ки он бояд дар чаҳорчӯбаи ҳуқуқи байналмилалӣ ба нафъи таъмини сулҳ ва амнияти байналхалқӣ сурат гирад.
  Асарҳои Ҳ.С. Сафиев, А.О. Аминҷонов, М.Б. Каримов, С.Тоҳиров, Н. Искандаров, Н. Ашуров, Ҷ. Алиев, Т. Авазов, Д. Назриев, Т. Салимов, И.Ғ. Тоҳиров, Г.Ҷ. Купайи ва дигарон[31] ба масъалаи об ва вазъи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудаанд. Дар ин асарҳо доир ба вазъи захираҳои обӣ ва мавқеи гидроэнергетика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъуломоти зарурӣ гирд оварда шудааст. Аз ҷумла, асари Авазов Т. «Об ва энергия» фарогиримасъалаҳои умда ва доғи ҷумҳурӣ дар мавриди обу энергия, стратегия ва консепсияи истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои оби мамлакат, таъсири хушкшавии баҳри Арал ба табиат, омилҳои пешгирӣ ва наҷоти он, мавқеъ ва мусоидати Тоҷикистон дар ин самт бо назардошти манфиатҳои миллӣ мебошад. Асари Д. Назриев ва Т. Салимов бошад дар хусуси захираҳои оби ҷумҳурӣ, дарёҳо, кӯлу пиряхҳо, обҳои зеризаминӣ ва минераливу шифобахш, ботлоқҳо, иншоотҳои гидротехникӣ, гидроузелҳо, обанборҳо, каналҳо, туннелҳои обгузар, неругоҳҳои обии барқӣ, истифодаи об дар хоҷагии халқ, обёри заминҳои кишт ва ғайра маълумот медиҳад. Асарҳои М.А. Маликов[32]ягона манбаъ доир ба омӯзиши бунёдии таърихи ташаккул ва рушди энергетикаи Тоҷикистон мебошад.
  Мо муносибатҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустонро дар марҳилаи солҳои 1947-2005 аз нигоҳи равобити дипломатӣ, тиҷоратӣ -иқтисодӣ ва фарҳангӣ таҳлил намудем, ки дар он робитаҳои таърихии Тоҷикистон дар замони мавҷудияти ИҶШС ва барқароршавии муносибатҳои сиёсиву ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ нишон дода шудааст.[33] Аммо ин таълифот пурра бозгӯи паҳлӯҳои муносибатҳои сиёсӣ ва тиҷоратӣ -иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон нест. Зеро он фарогири муносибатҳову ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳиндустон марҳилаи солҳои 1947-2005 мебошад.
  Вобаста ба сиёсати хориҷии Ҳиндустон олимон асарҳои зиёди илмӣ офаридаанд. Доир ба таърихнигории таърихи Ҳиндустон муаллиф Л.Б. Алаев[34] тадқиқоти арзишманд анҷом додааст. Дар асари ӯ таърихи рушди донишҳо доир ба таърихи асри миёна, давраи наву навтарини Ҳиндустон дар илми Британия, Ҳиндустон, Россия ва як қатор кишварҳои дигар таҷассум ёфтааст. Дар асар рушди илми муосир аз охири қарни XVIII то рӯзҳои мо ва хусусиятҳои хоси мактабҳои илмии илми таърих инъикос гардидааст.
  Асари Ф.Н. Юрлов ва Е.С. Юрлова[35] ба таърихи сиёсии Ҳиндустони асри ХХ ва оғози асри XXI бахшида шуда, дар он бахусус масъалаи муборизаи миллию озодихоҳӣ муқобили Британияи Кабир, тақсимоти кишвар ба Иттифоқи Ҳиндустон ва Покистон, соҳибистиқлол шудани Ҳиндустон ва сиёсати дохиливу хориҷии он ба қалам дода шудааст. Таълифоти мазкур дар асоси ҳуҷҷатҳои расмӣ, натиҷаи корҳои илмии гузашта ва муосир рӯйи кор омадааст. Муаллифони асар шарқшиносони варзида, мутахассисони таърих ва масъалаҳои иҷтимоӣ -иқтисодии Ҳиндустон мебошанд. Асари эҷодкардаи онҳо муҳтавои асосии ҳаёти сиёсии Ҳиндустонро дар замони муосир бозгӯ мекунад. Ҳамзамон дар боби 36-уми асар муносибатҳои ИҶШС ва Ҳиндустон дар шароити «ҷанги сард» матраҳ гардидааст.
  Асари олими машҳури Ҳиндустон В.П. Датт[36] дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ, ки ба маводи зиёди воқеӣ асос ёфтааст, доир ба омӯзиши ҳамаҷонибаи муҳимтарин масъалаҳои сиёсати хориҷии Ҳиндустон аз миёнаи солҳои 60-ум то солҳои 80-уми асри XX мебошад. Муаллиф хусусиятҳои сиёсати хориҷии Ҳиндустон, пайдоиши он, қувваҳои ҳаракатдиҳанда, самтҳои асосӣ, инчунин робита бо як қатор кишварҳо ва минтақаҳоро баррасӣ ва таҳқиқ кардааст. Дар асар рушд ва таҳкими муносибатҳои Ҳиндустон ва ИҶШС мавқеи махсусро ишғол мекунад.
  Асари Индира Гандӣ[37] фарогири суханрониву баромадҳои сарвазир Индира Гандӣ дар солҳои 1980-1982 буда, сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустонро дар ин марҳила муайян менамояд.
  Асари А.Б. Ваҷпейӣ[38] суханрониҳо ва баромадҳои ӯро доир ба роҳи ояндаи Ҳиндустон дар марҳилаи аз моҳи марти соли 1998 то моҳи октябри соли 2001 дар бар мегирад.
  Муаллифон В.Я. Белокреницкий, В.Н. Москаленко, Т.Л. Шаумян[39] марҳилаҳои ташаккули зернизоми минтақавии муносибатҳои байналмилалӣ, ҳолат ва дурнамои онро таҳлил намудаанд. Ҳамзамон муносибатҳои Ҳинду Покистон, масъалаи яроқи ядроӣ, сиёсати Ҳиндустон ва Покистон дар масъалаи Афғонистон ва муносибати онҳо бо Россияро пайгирӣ намудаанд.
  Китоби Стобдан Пхунчок[40] аз шарҳи раванди сиёсӣ ва стратегӣ дар Осиёи Марказӣ аз пайдоиши он дар соли 1991 ва масъалаҳои печидае, ки ба Ҳиндустон халал мерасонанд, иборат буда, ҷанбаҳои муҳими густариши ҳузури стратегии Ҳиндустон дар минтақаро бозгў мекунад.
  Гуруҳе аз олимони ватаниву хориҷӣ дар диссертатсияҳои худ сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустонро таҳлилу хулосабарорӣ намудаанд, ки ҷузъиёте аз мавзӯи матраҳшаванда дар онҳо инъикос гардидааст.
  Е.В. Белов[41] дар таҳқиқоти илмиаш доир ба хусусияти раванди гуфтушуниди тоҷикон аз соли 1993 то соли 1996 ва нақши Россияву СММ дар барқарор кардани сулҳ дар Тоҷикистонро таҳлил кардааст.
  А.П. Воронтсов[42] тамоюл ва самтҳои асосии заминаҳои пайдоиш ва эволютсияи равандҳои бӯҳронӣ дар минтақаи ОМ-ро муайян карда, ақидаҳои маъмулро оид ба табиат ва муноқишаҳои сиёсӣ таҳлилу муқоиса намудааст. Ҳамзамон навъҳо, намудҳо ва шаклҳои равандҳои бӯҳронӣ дар кишварҳои ҳамсояи Осиё, таснифот, мушаххасот ва аломатҳои муҳимтарини марбут ба амнияти байналмилалӣ ва миллӣ, механизмҳои этнополитикӣ, динӣ, равандҳои муноқиша дар фазои пасошӯравиро бозгӯ кардааст.
  Дар баробари Е.В. Белов ва А.П. Воронтсов муаррихон ва сиёсатмадорон аз қабили Ш. Саймудинов, Т.А. Мансуров, Ғ.Р. Мирзоев, И.И. Саъдуллоев, З.Х. Сайфуллоева, Б.Ҳ. Алимов, М.А. Акмалова, Ф.К. Восиев, О.Х. Шарафиева, Б. Фардин ва даҳҳои дигар[43] доир ба вазъи дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз истиқлолият ва равандҳои музокироти тоҷикон асарҳои зиёди илмӣ офаридаанд, ки доир ба ҳолати дохилии Тоҷикистон маълумот медиҳанд.
Ф.Н. Тоҷов[44] дар боби сеюми диссертатсияи худ саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар ташаккул ва рушди сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ӯро дар масъалаҳои муҳимми байналмилалалӣ ва амалишавии онҳоро шарҳу тавзеҳ додааст.
  Д.Х. Назризода[45] дар диссертатсияи худ ташаккул ва рушди хадамоти дипломатии Тоҷикистонро дар солҳои 1991-2016 таҳлил намуда, заминаи таърихии таъсиси хадамоти дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раванди ташаккули пояҳои сиёсӣ ва консептуалии хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити истиқлолият ва марҳилаҳои таҳияи заминаи меъёрии ҳуқуқии хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳлил кардааст. Дар асар таърихи таъсис ва фаъолияти мақомоти хизмати дипломатӣ - Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ва воҳидҳои сохторӣ, инчунин муассисаҳои хориҷии мустақил, намояндагиҳои дипломатӣ (сафоратҳо), консулгарӣ ва ғайра мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.   Дар диссертатсия ҷараёни ташаккул ва фаъолияти хизмати дипломатӣ ҷамъбаст гардида, нақши он дар системаи хизмати давлатӣ нишон дода шудааст.
  Д.И. Насретдинов[46] афзалиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи амнияти минтақавиро муайян ва таҳлил намуда, заминаи ҳуқуқии байналмилалии иштироки Тоҷикистон дар таъмини амнияти минтақавиро тавсиф намудааст. Давраҳои асосии иштироки Тоҷикистон дар ташаккули фазои амнияти минтақавӣ мавриди омӯзиши муаллиф қарор гирифта, омилҳоеро, ки ба ташаккул ва рушди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсир мерасонанд, муайян карда шудааст. Ҳамзамон, хусусиятҳои иштироки Тоҷикистон дар равандҳои ҳамгироӣ дар фазои пасошӯравӣ, аз ҷумла дар шароити байналмилалӣ баррасӣ гардида, имконот ва дурнамои рушди амнияти минтақавӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва асоснок карда шудааст.
  Ф.М. Юсуфҷонов[47] дар таҳқиқоти илмиаш назарияи асосии сиёсати хориҷиро баррасӣ карда, моҳияти проблемаи ташаккул ва вазифаҳои асосиро ошкор намудааст. Инчунин ташаккул ва татбиқи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раванди сиёсии Тоҷикистон ва ҷанбаҳои сиёсии ҳамгироии минтақавӣ дар фазои пасошӯравӣ таҳлил гардида, мушкилот ва дурнамои мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои муосири байналмилалӣ муайян карда шудааст.
 Муаллиф Ш.Ш. Ризоён[48] дар таҳқиқоти илмиаш равишҳои назариявии фаҳмиши манфиатҳои миллӣ дар марҳилаи кунуниро баррасӣ карда, эволютсияи манфиатҳои миллӣ дар назарияи муносибатҳои байналмилалиро таҳлил кардааст.   Ҳамзамон хусусиятҳои татбиқи манфиатҳои миллӣ дар раванди таҳияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро нишон додааст. Дар диссертатсия самтҳои асосии сохтори манфиатҳои миллӣ, усулҳои консептуалии моделсозии манфиатҳои миллӣ ва критерияҳои арзёбии онҳо дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон муайян карда шудааст.
  Бевосита асаре, ки фарогири таърихнигории сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ин таҳқиқоти илмии С.А. Солихоҷаева[49] мебошад. Муаллиф хронологияи ташаккул ва рушди фаъолияти сиёсати хориҷиро пайгирӣ карда, саҳми таърихнигорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихнигории ташаккул ва рушди сиёсати хориҷиро хулоса кардааст. Муаллиф натиҷаҳои таҳқиқоти муаррихон дар омӯзиши сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро нишон додааст. Ҳамчунин дастовардҳои илми таърих дар инъикоси муноқишаи байни тоҷикон ва муайян кардани дараҷаи таъсири вазъи ҷамъиятию сиёсии Тоҷикистон дар тафсири муаррихон ва инъикос гардидааст. Дар асар дастовардҳои илми таърих дар омӯзиши таърихи ташаккули сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ ҷамъбаст карда шудааст.
 Дар таҳқиқоти илмии Х.Г. Комилова, А.Н. Шарипов, Ли Цзин, М. Муртазо, Ш.А.Разоқов, Р.С.Казаков, А.А. Мамадазимов, Бахтовари Н. ва дигарон[50] муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассум ёфтааст, ки аз сиёсати мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои миллӣ шаҳодат медиҳад.
Таҳқиқоти илмии Н. Мирзоев, М. Иброҳимов, А.И. Искандаров, М.Б. Каримова, Д.Ж. Фармонова[51] фарогири сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва ҳамкориҳои он бо кишварҳои хориҷӣ дуру наздик буда, баъзе паҳлӯҳои мавзӯи мавриди таҳлилро таҷассум мекунанд.
 Профессор Н. Мирзоев дар таҳқиқоташ доир ба таърихи ҳамкориҳои ИҶШС бо кишварҳои Шарқ, бахусус Эрон ва Афғонистон, мавқеи Тоҷикистон дар низоми муносибатҳои ИҶШС бо кишварҳои Шарқ пас аз ҷанги Дуюми ҷаҳон ва ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, илмиву фарҳангии Тоҷикистони мустақил бо Эрон ва Афғонистон хулосаҳои илмӣ баровардааст.
  Профессор М. Иброҳимов ҳамкориҳои илмии Тоҷикистонро дар солҳои 60-80-уми асри XX ба риштаи таҳқиқ кашида, заминаҳои рушди мутассили илм дар ҷумҳуриро муайян намудааст.
  Муаррих А. Искандаров муносибатҳои сиёсӣ ва ҳамкориҳои иқтисодиву гуманитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркменистонро дар марҳилаи солҳои 1992-1999 қаламдод намудааст.
  М.Б. Каримова дар таҳқиқоти илмиаш назария ва воқеияти муосири низоми сиёсӣ, мушкилоти таъсис, ташаккул ва таҳкими низоми сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хусусияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити рушди равандҳои ҳамгироии кишварҳои ИДМ-ро мавриди таҳлил қарор дода, хулосаҳои худро пешниҳод кардааст.
  Қадамҳои нахустини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷӣ, ҳамкориҳо бо кишварҳои ОМ дар солҳои 1992-2007 дар таҳқиқоти Д.Ж. Фармонова нишон дода шудааст. Муаллиф таҳлили назариявӣ ва методологии муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои ОМ-ро бозгӯ намуда, мӯҳтаво ва аҳаммияти решаҳои таърихии Тоҷикистон бо кишварҳои ОМ-ро барои таҳкими минбаъдаи равандҳои ҳамгироии мутақобилан судманд дар доираи ИДМ ошкор намудааст. Ҳамзамон самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои Тоҷикистон ва кишварҳои ОМ дар доираи ИДМ ва СҲШ дар таҳкими амнияти онҳо муайян карда шуда, хусусиятҳои сиёсати ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва кишварҳои ОМ дар соҳаи иқтисоду тиҷорат ва ғайра бозгӯ шудааст. Муаллиф афзалиятҳои асосии стратегияи сиёсати хориҷӣ ва тамоюлҳои асосии боло рафтани нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ нишон дода, оид ба таҳкими робитаҳо миёни кишварҳои ОМ тавсияҳо ва пешниҳодҳо таҳия кардааст.
  Ҷ.М. Нигина[52] дар диссертатсияи худ решаҳои таърихии ташаккули муносибатҳои низомию сиёсии халқи тоҷик ва русро нишон дода, заминаи ҳуқуқии ҳамкории Тоҷикистону Россия дар соҳаи ҳарбию сиёсиро таҳлил кардааст ва барои баланд бардоштани самаранокии муносибатҳои ҳарбию сиёсии ду кишвар тавсияҳои амалӣ пешниҳод кардааст.
  Дар баробари Ҷ.М. Нигина дар асарҳо ва таҳқиқоти як қатор муаллифон аз қабили Х.П. Пирумшоев, М.Х. Маликов, С.В. Махонина, И.Х. Афандихонов, П.А. Пирназарова, Р.Р. Алиева, Ф. Розиқов, Ҷ.Ҷӯраев ва дигарон[53] паҳлӯҳои муносибатҳои сиёсӣ, ҳамкориҳои ҳарбӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, илмиву фарҳангии Тоҷикистон бо Россия инъикос ёфтааст.
   Муаллиф У.Қ. Маҷидӣ[54] равобити фарҳангии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустонро дар охири асри XX ибтидои асри XXI таҳқиқ кардааст. Дар диссертатсия заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи гуманитарӣ, таҳаввулоти самтҳои асосии ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҳиндустон дар соҳаи фарҳанг, дар заминаи таърихи муносибатҳои ду кишвар таҳлил шудааст. Инчунин мундариҷа, натиҷа ва мушкилоти робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Ҳиндустон дар солҳои 90-уми асри ХХ муайян карда шуда, самтҳои афзалиятнок, лоиҳаҳои татбиқшаванда ва масъалаҳои муғлақи ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар даҳсолаи аввали асри XXI, роҳҳои минбаъдаи рушд ва дурнамои робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Ҳиндустон дар нимаи якуми даҳсолаи дуюми қарни XXI таҳлил карда шудааст. Таълифоти У. Маҷидӣ танҳо фарогири равобити фарҳангии Тоҷикистон ва Ҳиндустон мебошад.
Як гуруҳ олимони хориҷӣ доир ба таърихи сиёсати хориҷии Ҳиндустон таҳқиқотҳои илмӣ анҷом додаанд. Ба ин гуруҳ муаллифон С.А. Микоян, О.А. Ефимова, А. Кармакар, К. Равичандран, В.П.Титов, А.А. Иосифов, Н.И.Гукасова, Н.В. Клюев, Д.В.Ганич, С.А. Оборотов, И.В.Олсуфев,А.Муҳсин, Д.В. Савченко, А.Н. Листопадов, Е.С.Журавлева, К.П. Менон ва дигарон шомил мешаванд.
  Диссертатсияи С.А. Микоян ба ташаккул ва рушди сиёсати хориҷии Ҳиндустон дар солҳои 1917-1947 бахшида шудааст.[55] Муаллиф диққати асосиро ба он ҷалб менамояд, ки принсипҳои асосии сиёсати хориҷии Ҳиндустон (дастгирии ҳаракати зидди мустамликавӣ, муносибатҳои дӯстона бо қудратҳои ҷаҳонӣ, ҳимояи манфиатҳои ҷаҳонии кишвар) дар солҳои истиқлолият ташаккул ёфтаанд ва пас аз соли 1947 авлавиятнок боқӣ монданд.
О.А. Ефимова[56] дар таҳқиқоташ вазъи баъдиҷангии Ҳиндустон (1945), ташкили ҳукумати муваққатӣ, хусусияти фаъолияти байналмилалӣ ва дипломатияи он, инчунин самтҳои асосии сиёсати байналмилалии ҳукумати муваққатии Ҳиндустон ва натиҷаҳои онро таҳлилу баррасӣ намудааст.
  Муаллиф А. Кармакар[57] дар таҳқиқоташ масъалаҳои мавқеъ ва нақши УҲ дар муносибатҳои байналмилалии солҳои 80-ум ва сиёсати таҷовузгаронаи империализм дар ин минтақа, ҳамзамон идеяи мубаддалшавии УҲ ба минтақаи ҷаҳон ва мавқеи кишварҳои ОҶ, нақши Ҳиндустон дар муборизаи халқҳои сулхҳоҳи Осиё дар мубаддалшавии УҲ ба минтақаи ҷаҳон, доир ба душвориҳо ва дурнамои таъминоти сулҳ ва бехатарӣ дар УҲ, инчунин муборизаи якҷояи кишварҳои наздисоҳилӣ, ИҶШС ва қувваҳои сулҳхоҳи ҷаҳон ҳамчун кафили ҳалли проблема, андешаҳои илмии худро ҷамъбаст кардааст.
  Муаллиф исбот мекунад, ки аввалин маротиба дар адабиёти муосир оид ба муносибатҳои байналмилалӣ дар шакли васеъ мавқеи кишварҳои ОҶ-ро дар масоили тағйири УҲ ба минтақаи ҷаҳонӣ муайян намудааст. Ҳангоми кушодани проблемаи мазкур муаллиф ба сарчашмаҳо ва маводи муътамад такя карда, аввалин маротиба ҳуҷҷатҳои парламентҳо ва вазоратҳои корҳои хориҷии Ҳиндустон ва дигар кишварҳои ОҶ-ро ба мубодилаи илмӣ ворид намудааст.
Муаллиф К. Равичандран[58] дар таҳқиқоташ доир ба эволютсияи сиёсати хориҷии ИҶШС дар самти бехатарӣ дар ҳавзаи УҲ (дар ОҶ), проблемаи стратегияи бехатарии ОҶ дар доктринаи ҳарбии шӯравӣ, самтҳои асосии сиёсати хориҷии ИҶШС дар Ҳиндустон, мавқеъ ва пешниҳоди ИҶШС барои таъсиси минтақаи сулҳ дар УҲ, татбиқи стратегияи ОҶ-и ИҶШС дар муносибат бо Ҳиндустон, манфиатҳои миллӣ -давлатӣ ва сиёсати хориҷии Ҳиндустон, ҳамкориҳои ҳарбӣ -сиёсии ИҶШС ва Ҳиндустон дар минтақаи УҲ андешаҳои илмӣ баён кардааст. К. Равичандран исбот мекунад, ки аввалин маротиба дар асоси нуқтаи назари системавӣ ва аз мавқеи донишҳои илмии муосир эволютсияи доктринаи сиёсати хориҷии ИҶШС доир ба проблемаи бехатарӣ ва барқароршавии минтақаи сулҳ дар УҲ ҷамъбаст ва хулосабарорӣ карда шудааст. Сарчашмаҳои асосии равандҳои муосири кӯшишҳои Россия ва Ҳиндустон барои бехатарӣ дар минтақаи ОҶ дар доираи қитъаи Ҳиндустон бозгӯ шудааст. Муаллиф аввалин маротиба ҳуҷҷатҳои собиқ бойгонии Кумитаи марказии ҳизби коммунистро доир ба масъалаи мазкур ба гардиши илмӣ ворид намудааст.
  В.П. Титов[59]бошад, дар таълифоташ доир ба шаклгирӣ ва кӯшиши татбиқи самтҳои асосии стратегияи ҳарбию сиёсии Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар минтақаи УҲ, доир ба таърихи воридшавии ҳарбии Иёлоти Муттаҳидаи Америка ба ҳавзаи УҲ, тағйироти вазъи байналмилалии минтақаи УҲ ва мавқеи кишварҳои наздисоҳилӣ дар масъалаи таъмини сулҳу амният, сиёсати устувори хориҷии ИҶШС оид ба мушкилоти сулҳ ва амнияти минтақаи УҲ андеша баён доштааст.
Муаллиф дар асоси тадқиқотҳои мавҷудаи олимони шӯравӣ ва хориҷӣ ҷузъҳои асосии ҷараёни ташаккули муносибати байналмилалӣ дар минтақаи УҲ дар охири солҳои 70-ум ва оғози солҳои 80-умро ҳамаҷониба нишон дода, таносуб ва муборизаи тамоюлҳои гуногунро нисбат ба минтақаи УҲ дар доираи низоми сиёсии Иёлоти Муттаҳидаи Америка баррасӣ кардааст.
  Н.И. Гукасова[60] бошад дар таҳқиқоташ доир ба манбаъ ва шаклгирии сиёсати хориҷии Ҳиндустон, самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҳиндустон, муносибати Ҳиндустон бо Покистон ва кишварҳои бонуфуз Иёлоти Муттаҳидаи Америка, ИҶШС ва Ҷумҳурии халқии Хитой, сиёсати хориҷии Ҳиндустон дар муносибат бо масъалаи Конго ва мулкҳои португалии Гоа, Даман ва Диу маълумоти илмӣ додааст.
Дар диссертатсия дар асоси равиши илмии муосир ва бо назардошти воқеоти ҷаҳонӣ шароити ташаккули самтҳои асосӣ ва зуҳуроти мушаххаси сиёсати хориҷии Ҳиндустон дар давраи кутоҳӣ таърихӣ (1947-1964) таҳлил карда шудааст. Муаллиф принсипҳои асосӣ ва характеру манфиатҳои миллӣ ва давлатии Ҳиндустонро муайян намудааст.
  Дар таълифоти Н.В. Клюев[61]дар хусуси таъсисиёбии ду давлат ва зиддияти байни онҳо, пайдоиши ислом дар ОҶ ва муносибатҳои ҳинду мусулмонӣ, ҷанги якуми ҳинду покистонии солҳои 1947-1949, мавқеи кишварҳои бонуфуз - Иёлоти Муттаҳидаи Америка, ИҶШС ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар таҳкими вазъият дар ОҶ, моҷарои Ҳиндустон ва Хитой ва натиҷаҳои он, афзоиши мусаллаҳшавӣ дар охири солҳои 70- аввали солҳои 80-ум, танишҳои минтақавӣ ва барномаи зиёд кардани воридот ва истеҳсоли яроқу аслиҳа, рушди минбаъдаи нерӯҳои ҳарбию баҳрӣ, рушди сиёсати ядроӣ андешаҳои илмӣ баён шудааст. Дар асар, дар асоси равишҳои муосир ва вазъи муосири байналмилалӣ таҳлили комплексии манбаъҳо, сабабҳои таърихӣ ва динамикаи шиддат гирифтани муноқишаи кӯҳнаи минтақавӣ, ки дар даҳсолаи охир дар сатҳи ҷаҳонӣ бинобар ба густариши силоҳи ҳастаӣ дар байни тарафҳо ба вуҷуд омадааст, сурат гирифтааст.
  Д.В.Ганич[62] бошад дар таҳқиқоташ ба масъалаи махсусияти раванди паҳншавии яроқи ҳастаӣ дар ОҶ, ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таҳдиди ҳастаии ОҶ, сиёсати Россия ва рақобати ракетию ҳастаӣ дар минтақа диққат додаст. Ин яке аз аввалин тадқиқоти ҳамаҷонибаи таърихӣ дар адабиёти илмии ҷаҳонӣ буда, ба таҳлили бархӯрдҳои Россия дар ҳалли мушкилоти паҳн нагаштани яроқи ҳасатӣ дар ОҶ мебошад.
  Таълифоти С.А. Оборотов[63] ба таҳлили «демократияи бегона»-и Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва Ҳиндустон дар солҳои 90-ум, рушди барномаҳои ҳарбӣ -ядроии Ҳиндустон ва муносибатҳои Ҳиндустону Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар солҳои «Ҷанги Сард», формулаи «қатъ кардан, кам ва бартараф кардан»: аз Буши калонӣ то Клинтон (1991-1996), ба имзо расонидани Аҳдномаи ҳамаҷонибаи манъи озмоишҳои ҳастаӣ ва гузариш ба сиёсати «ҷалб кардан» (1996-1998), озмоиши ҳастаӣ дар Ҳиндустон ва эволютсия сиёсати Иёлоти Муттаҳидаи Америка (моҳи майи соли 1998-моҳи сентябри соли 2001), мақсад ва вазифаҳои гузаронидани санҷишҳои ҳастаӣ аз ҷониби Ҳиндустон, вокуниши Иёлоти Муттаҳидаи Америка ба озмоишҳои ҳастаӣ: барномаи паҳн накардан (моҳи майи соли 1998-моҳи октябри соли 1999), ба роҳ мондани равобити иқтисодӣ ва сиёсӣ дар давраи Клинтон ва Буши хурдӣ (моҳҳои октябри соли 1999-моҳи сентябри соли 2001), «ҳамкории ҷаҳонӣ » ва «доду гирифти ҳастаӣ»-и маъмурияти Ҷорҷ Бушӣ хурдӣ ва Ҳиндустон дар солҳои 2001-2005 маълумоти илмӣ медиҳад. Муаллиф ҳамкориҳои ҳастаии Деҳлӣ ва Вашингтонро дар солҳои 1990-2001, инъикоси таҳаввулоти ҷаҳонии низоми паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ ва низоми муносибатҳои байналмилалиро дар маҷмуъ баррасӣ намудааст.
   И.В. Олсуфев[64] дар тадқиқоти илмиаш дар хусуси гузариши Иёлоти Муттаҳидаи Америка аз сиёсати «бегонагӣ» ба «ҷалб кардан» дар муносибат бо Ҳиндустон дар марҳилаи президентии Б. Клинтон, сиёсати ҷумҳуриявии маъмурияти Ҷ. Буши хурдӣ барои барқарор кардани «шарикии ҷаҳонӣ» бо Ҳиндустон (2001-2005) ва ҳамзамон оид ба СҲШ ва Ҳиндустон маълумот дода, қайд мекунад, ки нигоштаи ӯ аввалин омӯзиш дар самти ҳамкориҳои Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва Ҳиндустон дар соҳаи рушди энергияи мулкии ҳастаӣ мебошад.
   Муҳақиқ А.Муҳсин[65] дар таҳқиқоташ ретроспективаи мухтасари таърихи муносибатҳои арабу ҳинд, ҳамкорӣ дар мубориза барои истиқлолият, сабаб ва хислати ҳамкории Ҳиндустон бо ҷаҳони араб то оғози солҳои 50-ум, марҳилаҳои густариши муносибатҳои сиёсии арабу ҳинд дар солҳои 50-ум-80-уми асри XX ва омилҳои таъсиррасони онро таҳлил намудааст. Ҳамзамон муносибати шариконаи ҳинду араб ба моҷароҳои Шарқи Наздик, Ҳинду Покистон ва Ҳинду Хитой дар диссертатсия таҳлил ва ҷанбаҳои илмӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии ҳамкориҳои Ҳиндустон бо кишварҳои араб баррасӣ шудааст. Масалан, дар масъалаи моҷарои Фаластину Исроил мавқеи арабҳоро дастгирӣ кардани Ҳиндустон нишон дода шудааст.
  Муаллиф Д.В. Савченко[66] муносибатҳои Ҳиндустон ва Покистонро таҳлил карда, табиат ва мундариҷаи онҳо, инчунин таъсири муносибати онҳо ба амният дар ОҶ-ро арзёбӣ кардааст. Ҳамзамон масъалаи мавҷудияти яроқи ҳастаӣ дар ОҶ ва таъсири он ба муносибатҳои Ҳиндустону Покистон, мушкилоти вазъи ҳудудҳои наздисарҳадии Афғонистону Покистон ва муносибатҳои Ҳиндустон ва Покистонро аз нигоҳи таърихӣ таҳлил намудааст. Вобаста ба масъалаи мазкур андешаи коршиносони Ғарб низ дар асар баррасӣ гардидааст.
  А.Н. Листопадов[67] дар таълифоташ вазъи кунунии муносибатҳои Мянма бо қудратҳои бузурги ҳамсоя - Ҳиндустону Ҷумҳурии Халқии Хитой ва марказҳои фарҳангӣ ва тамаддунии низоми бисёрқабатае, ки дар ОҶ ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (минбаъд ОҶШ) ташаккул ёфтааст, баррасӣ кардааст.
  Дар диссертатсияи Е.С.Журавлева[68] аҳаммияти зербунёди минтақаи ОҶ ҳамчун қисми ҷудонашавандаи минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, хусусиятҳои хоси он, бархӯрди манфиатҳои бузургтарин кишварҳои ҷаҳон - ИҶШС (Россия), Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Хитой аз як тараф ва кишварҳои минтақа - Ҳиндустон, Покистон, Бангладеш, Шри-Ланка, Непал аз тарафи дигар нишон дода шудааст. Дар диссертатсия аҳаммияти илмиву амалии омӯзиши проблемаҳо ва аксуламали Ҳиндустон ба онҳо ҳам дар сатҳи минтақавӣ ва ҳам ҷаҳонӣ баррасӣ гардидааст. Сиёсати хориҷии ҷаҳонӣ ва минтақавии Ҳиндустон дар асар баррасӣ гардидааст.
  Ҷойи махсусро дар таҳқиқоти олимон масъалаи ҳамкориҳои иқтисодии Ҳиндустон ва ИҶШС ишғол менамояд. Дар маҷмӯи асарҳои вобаста ба ин масъала иншошуда қайд гардидааст, ки туфайли ёрии ИҶШС Ҳиндустон имрӯз ба қатори 10 кишвари рушдёфтаи саноатии дунё ворид мешавад ва бо кӯмаки ИҶШС сектори давлатӣ дар иқтисодиёт ҷойи муҳимро ишғол мекунад.
  Дар диссертатсияи А.А. Иосифов «Рушди алоқаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ миёни ИҶШС ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар солҳои 1970-1985»[69] ҳолати ҳамкориҳои сиёсии ИҶШС ва Ҳиндустон дар оғози солҳои 70-ум, созишномаи шӯравӣ -ҳиндӣ дар хусуси сулҳ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ, моҷарои ҳинду покистонии соли 1971 ва таъсири он дар шарикии сиёсии ИҶШС ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар оғози солҳои 70-ум, густариши ҳамкориҳои сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Ҳиндустон ва ИҶШС дар марҳилаи солҳои 1972 то соли 1985, моҷарои ҳарбӣ дар Афғонистон ва таъсири он ба густариши муносибатҳои сиёсии ИҶШС ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар охири солҳои 70-ум –аввали солҳои 80-ум, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҳарбию техникӣ миёни Ҷумҳурии Ҳиндустон ва ИҶШС дар марҳилаи солҳои 1970-1985 ба риштаи таҳқиқ кашида шудааст.
  Муаллиф ғояҳо дар бораи ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ миёни ИҶШС ва Ҳиндустонро дар солҳои 1970-1985 аз нав дида баромадааст. Тамаркузи асосии илми шӯравӣ ба ҷанбаи мусбати муносибатҳои Ҳиндустон ва ИҶШС нигаронида шуда, ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар, нақши пешбари ИҶШС дар рушди иқтисодиёти мустақил ва рақобатпазири Ҳиндустон нишондода шуда, сабабҳои чунин ҳамкориҳои қавиротаҳлил кардааст. Омӯзиши ҳамаҷонибаи муносибатҳои ИҶШС ва Ҳиндустон дар давраи аз соли 1970 то 1985 бо назардошти он, ки таҷрибаи дар ин муносибатҳо бадастомада берун аз ҳамкориҳои дуҷониба мегузарад, зарурат дорад ва метавонад дар муносибатҳои муосир миёни кишварҳои пасошӯравӣ муфид бошад.
  Бо назардошти алоқаҳои сиёсӣ, ҳарбӣ ва иқтисодии ИҶШС ва Ҳиндустон К.П. Менон дар асараш «Созишномаи ҳиндӣ-шӯравӣ. Хулоса ва аҳаммият»[70] онро марҳилаи мантиқии кулли комплекси ҳамкориҳои ду кишвар маънидод кардааст.
  Дар таълифоти Ф.Д. Поспелов[71] таҷрибаи ҳамкориҳои иқтисодии Ҳиндустон бо кишварҳои сармоядорӣ нишон дода шудааст. Муаллиф хислат ва натиҷаи ҳамкориҳо бо кишварҳои сармоядориро дар диссертатсия ҳақиқатнигорона таҷассум кардааст.
  Доир ба вазъи иқтисод ва энергетикаи Ҷумҳурии Ҳиндустон як қатор таҳқиқоти илмӣ таълиф карда шудааст. Диссертатсияҳои илмии С.А. Қурбонов, Н.В. Галиешева[72] аз зумраи таҳқиқоте мебошанд, ки ба масъалаи иқтисоди Ҷумҳурии Ҳиндустон бахшида шудаанд.
  С.А. Қурбанов дар таҳқиқоташ мавқеъ ва нақши иқтисоди Ҳиндустон дар низоми муносибатҳои иқтисодии муосири ҷаҳонӣ ва сохтори соҳавии иқтисоди миллии Ҳиндустонро таҳлил намуда, хусусиятҳои онро муайян кардааст. Ҳамзамон заминаҳои ташаккул ва марҳилаҳои эволютсияи модели инноватсионии рушди иқтисодии Ҳиндустон омӯхта шуда, ба вазъи соҳаи технологияи баланд, хусусиятҳои сохторӣ ва нақши он дар рушди иқтисодии Ҳиндустон баҳогузорӣ шудааст. Омилҳои рақобатпазирӣ дар бозори муосири ҷаҳонӣ ва самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳиндустон бо назардошти нақши афзояндаи минтақаи Осиё дар иқтисоди ҷаҳонӣ муайян карда шудааст.
  Н.В. Галиешева сабабҳои объективӣ ва шартҳои ислоҳоти соҳаи иқтисодиёти хориҷии Ҳиндустонро муайян карда, хусусиятҳои ислоҳоти сиёсати хориҷии иқтисодӣ ва таҳлили нақши он дар ҳавасмандгардонии рушди иқтисодии Ҳиндустони муосирро нишон додааст. Самтҳои асосии сиёсати тиҷорати хориҷии Ҳиндустон, динамика ва сохтори тиҷорати хориҷии он, инчунин тағйири бесобиқа дар ҷойгоҳи Ҳиндустон дар тиҷорати ҷаҳонии мол ва хизматрасонӣ баррасӣ гардидааст. Тағйирот дар сиёсати сармоягузории Ҳиндустон дар давраи пас аз ислоҳот ва муайян кардани дараҷаи таъсири он ба нақши тағйирёбандаи Ҳиндустон дар ҳаракати байналмилалии сармоя (ҳам соҳибкорӣ ва ҳам қарзӣ ), сиёсати пулию қарзӣ ва мавқеи он дар низоми танзими давлатии иқтисодиёт, инчунин тавозуни пардохт ҳамчун нишондиҳандаи самаранокии сиёсати хориҷии иқтисодии Ҳиндустон таҳлил карда шудааст. Тамоюлҳои охирини иштироки Ҳиндустон дар муҳоҷирати байналхалқии меҳнатӣ, аз ҷумла муносибати навоварона дар самти ҷалби сармояи диаспора ба кишвар ва дигар масъалаҳои иқтисодӣ хулосабарорӣ шудааст.
  Доир ба проблемаи терроризм дар Ҳиндустон як қатор муҳаққиқон асарҳои илмӣ иншо кардаанд. Муаллиф А.Ю. Яковлев[73] дар асараш заминаҳои пайдоиши терроризм, таҳаввулоти он, таъсири омили исломӣ ба фаъолияти терроризм, институтҳои миллӣ, технология ва сохтори муқовимат бо терроризм дар Ҳиндустон ва дигар масъалаҳои вобаста ба терроризмро қаламдод намудааст. Таҳқиқот дар ташаккули мушкилоти илмии омӯзиши терроризм, муассисаҳо ва технологияҳо барои муқовимат ба он дар Ҳиндустон аҳаммиятнок мебошад.
  Дар баробари асарҳои таҳқиқотии номбаршуда садҳо асарҳо доир ба вазъу сатҳи сиёсати хориҷии иқтисодии Ҳиндустон бо забонҳои гуногун интишор шудаанд, ки таҳлили онҳо дар доираи як диссертатсия ғайриимкон аст.
  Доир ба сиёсатии дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаҳои зиёди илмӣ офарида шудаанд. Дар мақолаҳои илмии М.Олимов[74] вазъ ва ҳолати ҷанги дохилии Тоҷикистон ва марҳилаи тағйирпазирии он таҳлил гардидааст. Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақолаҳои илмии олимони тоҷик, аз ҷумла Р.Ш. Нуриддинов, Т. Негматова, Д.Х. Назриев, А.Б. Баҳоваддинов, Х.А. Додихудоев, Алиҷонова А.Х., Р.Р. Алиева[75] мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Муаллифон ба сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи кунунӣ, мушкилот ва дурнамои он тамаркуз кардаанд. Аз ҷумла, мафҳуми «сиёсати дарҳои кушода», моҳият ва таърихи он, инчунин дурнамои қабули ин доктрина аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян карда шудааст. Мақолаҳо инчунин ба масъалаҳои мубрами марбут ба табиат ва динамикаи рушди марҳилаҳои сиёсати хориҷӣ дар заминаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳон, чи дар сатҳи минтақавӣ ва чӣ дар сатҳи байналмилалӣ, бахшида шудааст.
  Дар мақолаҳои олимони машҳури тоҷик, академик Т.Н. Назаров, ҳамзамон Р.К. Раҳимов, Ш.Д. Дӯстбоев, Т.Х. Мирзоев, Н.К. Қаюмов, Ҳ.У. Умаров,Ҷ. Маҳмадшоев масоили вазъ ва дурнамои иқтисодиёти Тоҷикистон таҳлилу баррасӣ шудаанд.[76] Паҳлӯҳои масъалаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар мақолаҳои Ш. Дӯстбоев, Ҳ. Умаров[77] инъикос ёфтааст. Профессор Ҳ.Умаров аз ҷумла, қайд мекунад, ки дар сурати ҳудуди ягонаи Ҳиндустон будани Кашмир гардиши тиҷорат миёни Тоҷикистон ва Ҳиндустон рушд меёбад ва ҳаҷми воридоту содирот байни ду кишвар нисбат ба воридоту содироти миёни Тоҷикистону Хитой зиёдтар мегардад. Ҳамзамон вобастагии ҳамлу нақли молу маҳсулот миёни Тоҷикистон ва Ҳиндустон аз Покистон бартараф мегардад. Муаллиф Ш. Дӯстбоев дар мақолааш вазъи кунунии иқтисоди Ҳиндустонро таҳлил намуда, роҳҳои самарбахши ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустонро пешниҳод кардааст.
  Доир ба масъалаи сиёсати иқтисодӣ ва тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон олимон М.М. Авезова, А.И. Асламов, А.А. Байматов, А.В. Гулмамадов, К.Х. Зоидов, А.А. Медков, З.К. Зоидов, М. Каримова, С.И. Олимов, А.Д. Ҳайдаров, М.Г. Петрушков, А.М. Раҳимов, С. Рязанцев, Е. Письменная, О. Пичков, Ф. Гарибова, С.Ф. Сатторова, А.И. Сафаров, Солеҳзода А.А., Саидмуродова М.А., А.В. Гулмамадов, А.Х. Тоҷибоев, Л.В. Шкваря [78] мақолаҳои ҷолиб иншо намудаанд. Дар мақолаҳои илмии онҳо масъалаи сиёсати иқтисодӣ ва тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус тиҷорати хориҷӣ таҳлил, баррасӣ ва хулосабарорӣ гардидааст.
  Муносибатҳо ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар маҷмӯаи мақолаҳои олимони тоҷик: Ю. Яқубов, М. Муллоаҳмадов, Ҳ. Раҷабов, О. Хуҷамуродов, А. Раҷобов, Н. Ғаффоров, У. Сайдалиев, Ш. Арабова, М. Раҳмонов ва дигарон, ки ба 25-солагии барқарор шудани муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустон ва 70-солагии соҳибистиқлолии Ҳиндустон бахшида шудааст, инъикос ёфтааст.[79] Дар маҷмӯа марҳилаҳои гуногуни таърихиву самтҳои мухталифи ҳамкориҳои тоҷику ҳиндтаҷассум ёфтааст. Аммо, маҷмӯаи мазкур бозгӯи самтҳои асосии ҳамкориҳо нест.
  Дар мақолаҳои С.И. Лунёв[80] таҳаввулоти сиёсати хориҷии Ҳиндустон дар марҳилаи истиқлолият ва таъсири омилҳои эндогенӣ ба стратегияи сиёсати хориҷӣ, муносибаҳои Ҳиндустон бо кишварҳои хориҷӣ ва дигар масъалаҳои сиёсати хориҷии Ҳиндустон нишон дода шудааст. Масалан, марҳилаи муҳимтарини муносибатҳои байни ИҶШС ва Ҳиндустон (нимаи дуюми солҳои 1950-1960) ва зерсистемаҳои асосии муносибатҳои дуҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, низомӣ ва ҳамбастагии онҳо дар яке аз мақолаҳо баррасӣ шудааст. Дар мақола таҳаввулоти сиёсати хориҷии ИҶШС ва Ҳиндустон дар давраи зикршуда ва таъсири омилҳои экзогенӣ ва эндогенӣ ба стратегияи сиёсати хориҷии кишварҳо таҳлил шудааст. Таҳлили стратегияи ягонаи хос ва маъмули ҳарду кишвар ба мо имкон медиҳад, ки дар арзёбии самтҳои манфиатҳои геоиқтисодӣ ва ҷаҳонӣ, муайян кардани сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, ки ба татбиқи ин манфиатҳо мусоидат кардаанд, маълумотҳои нав гирем. Зерсистемаҳои асосии муносибатҳои дуҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, низомӣ ва ҳамбастагии онҳо дар мақола баррасӣ шудааст.
  Дар мақолаҳои илмии А. Володин[81] сиёсати муосири хориҷии Ҳиндустон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шудааст.
  Як қатор мақолаҳои илмӣ бевосита ба ҳамкориҳои Ҳиндустон бо кишварҳои ОМ бахшида шудаанд. Аз ҷумла, дар мақолаи Е.Ф. Троитский[82] сабабҳои шиддат ёфтани дипломатияи Ҳиндустон дар ОМ ва самтҳои асосии сиёсати Ҳиндустон дар минтақа баррасӣ карда шудааст. Муаллиф омилҳоеро, ки ба мустаҳкам намудани мавқеи Ҳиндустон дар ОМ монеъ мешаванд, мавриди таҳлил қарор додааст. Қайд гардидааст, ки пас аз соли 2000-ум Ҳиндустон кӯшиш мекунад, ки яке аз давлатҳое гардад, ки ба кишварҳои ОМ ва зерсистемаи минтақавии муносибатҳои байналмилалӣ таъсир расонад.
  Дар мақолаҳои А.И Салитский, Н.К. Семёнова, А. Рогожин, К.А. Гемуева, А.В. Шахматов, А.[83]ба масъалаи асосҳои назариявии таҳлили масъалаи энергетика аз нуқтаи назари таъсири он ба сиёсати дохиливу хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ, мавқеи Ҳиндустон дар бозори ҷаҳонии технологияи иноватсионию технологӣ, сиёсати хориҷии ҳукумати нави Ҳиндустон дар қаринаи муносибатҳои Ҳиндустон, Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва Россия бахшида шудааст.
  Муаллифон Е.А. Брагина, А.Р. Рева ва А.В. Купирянов[84] дар мақолаҳояшон натиҷаи интихоботи Ҳиндустон, муносибатҳои тиҷоратии Ҳиндустону Ветнам ва дигар масъалаҳои сиёсати хориҷии Ҳиндустонро шарҳу тавзеҳ додаанд.
Дар бюллетени ахборотии Вазорати корҳои хориҷӣ «Дипломатияи Тоҷикистон», ки аз соли 2007 инҷониб интишор мешавад, ба тафсил фаъолияти сиёсати хориҷии давлат, кӯшишҳо барои беҳтар сохтани муносибатҳои байни кишварҳо дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҳамасола интишор мешавад. Ҳамзамон аз соли 2011 журнали Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Сиёсати хориҷӣ» ба табъ мерасад, ки дар он мавдҳои марбут ба сиёсати хориҷӣ, аз ҷумла мақолаҳои таҳлилӣ ва таҳқиқотии дипломатҳо, олимон ва мутахассисон интишор мешавад.
  Дар мақолаҳои дар сайтҳои интернетӣ интишорнамудаи олимону коршиносон ва сиёсатшиносону дипломатҳо ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустон инъикос гардидааст. Масадан, дар мақолаи Р. Шарма[85] қайд шудааст, ки аз нуқтаи назари ҳарбию стратегӣ бо сабаби наздикии Тоҷикистон бо Кашмир ва Покистон, Ҳиндустон ба ҳамкориҳои низомӣ ҳавасманд аст. Ҳамзамон оид ба пойгоҳи низомии Фархор ва манфиатҳои Ҳиндустон нуқтаи назар иброз шудааст. Дар мақолаи С. Бланк[86] доир ба мавқеи фурудгоҳи низомии Айнии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва манфиатҳои Ҳиндустон маълумот дода шудааст. Дар мақолаи И. Комиссина[87] дипломатияи Ҳиндустон дар муносибат бо кишварҳои ОМ мухтасар таҳлил карда шудааст.
  Таҳлилгари сиёсӣ ва коршиноси ОМ А. Дубнов фаъолшавии Ҳиндустонро дар ОМ аз заъфи мавқеи Маскав дар минтақа медонад ва қайд мекунад, ки «ман фикр мекунам тасодуф нест, ки сарвазири Ҳиндустон пас аз нишасти СҲШ ва БРИКС дар Уфа, ба Тоҷикистон ташриф меорад, вагарна мавзӯи пойгоҳи Айнӣ омили ҷиддӣ хоҳад шуд, ки муносибатро ба хоҳиши Ню-Деҳлӣ ба узвияти СҲШ тағйиир додаст».[88] Ба андешаи ӯ истифодаи фурудгоҳи Айнӣ аз тарафи Ҳиндустон барои ташкили пойгоҳи ҳавоӣ далели тағйири тавозуни нерӯҳо дар минтақа ва заиф шудани нуфузи Россия мебошад.
  Ба андешаи муҳаққиқи Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Россия А.Князев[89] аз нуқтаи назари суботи минтақавӣ ҳузури низомии Ҳиндустон дар Тоҷикистон хуб нест. Ҳиндустон дар сиёсати минтақавӣ аз рӯйи манфиатҳои Иёлоти Муттаҳидаи Америка пайравӣ мекунад.Америка Ҳиндустонро боназардошти муқовимати пешини Ҳинду Хитой бар зидди Ҷумҳурии Халқии Хитой истифода мебарад. Инчунин Ҳиндустон ба ин маъно воситаи таъсиррасон ба Покистон мебошад, ки бештар ба Ҷумҳурии Халқии Хитой тамаркуз мекунад ва кӯшиши сиёсати мустақил дар Афғонистонро дорад.
  Дар мақолаи Д.К. Ниведита[90] ҳамкориҳои Ҳиндустон бо кишварҳои ОМ пас аз инқирози ИҶШС, алалхусус мавқеи Роҳи Бузурги Абрешим, робитаҳо дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, ҳамкориҳои иқтисодивутиҷоратӣ мухтасар таҳлил гардидааст.
  Ҳамин тариқ, муаррихон, сиёсатмадорон, иқтисоддонҳо дар омӯзиши таърих ва сиёсати дохиливу хориҷӣ ва тиҷоративу иқтисодии Ҳиндустон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд ва натиҷаи тадқиқотҳои онҳо дар илми таърихнигорӣ дорои аҳаммияти умда мебошад. Аммо дар тадқиқотҳои анҷомёфта танҳо ҷузъиёти муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон матраҳ гардидааст.
  То имрӯз дар таърихнигории муносибатҳои байналмилалӣ таҳқиқоти махсусе офарида нашудааст, ки мушкилоти муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳиндустонро дар давраи мусори таърих (с.1991-2020) баррасӣ кунад. Дар асоси корҳои илмӣ, ҳуҷҷатҳои расмии давлатӣ, маводи бойгонӣ ва интернетӣ, мақолаҳои илмӣ ва оммавӣ мо муносибатҳои сиёсӣ ва ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустонро ҷамъбаст намуда, марҳилаҳои мантиқии инкишофи он, хусусиятҳо ва дурнамои ояндаи онро муайян намудем.
  Қайд кардан зарур аст, гарчанде масъалаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муносибатҳои сиёсиву иқтисодиву тиҷоратии он бо Ҷумҳурии Ҳиндустон дар асарҳои олмони ватаниву хориҷӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта бошад ҳам, аммо таълифоти бевосита, ки таҷассумгари муносибатҳои сиёсӣ ва иқтисодиву тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон бошад, мавҷуд нест.
  Ҳамин тариқ, таърихнигории таърихи муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустонро таҳлил намуда, ба хулоса омадем, ки:
 -асарҳои олимони тоҷик ва муҳаққиқони хориҷӣ то андозае нақши муҳимми муаррихон ва сиёсатмадоронро дар таҳқиқи муносибатҳои сиёсӣ ва ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон бозгӯ менамояд;
-адабиёти илмии дар таърихнигории хориҷӣ ва ватанӣ нашршуда, ки ба муносибатҳои байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон марбут мебошанд, дар таҳқиқи масъалаи матраҳшаванда саҳми муайяне гузоштаанд. Аммо, гарчанде асарҳои сершумор аз ҷониби муаррихон, сиёсатмадорон, иқтисоддонҳо оид ба ҷанбаҳои алоҳидаи масъалаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкориҳои ду кишвар нашр шуда бошанд ҳам, мавзӯи тадқиқотии интихобшуда ҳанӯз мустақилона таҳлил ва дар доираи як асари мукаммал то имрӯз ҷамъбаст нагардидааст;
-мушкилот ва дурнамои муносибатҳои сиёсӣ ва ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон ба таври кофӣ дар адабиёти илмии муосир инъикос нагардидааст ва ҳамчун мавзӯи махсуси таҳқиқотӣ қарор нагирифтааст;
-ҷанбаҳо ва марҳилаҳои муайяни муносибатҳои сиёсӣ ва иқтисодиву тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон аз нуқтаи назари замони муосир ба омӯзиши амиқ ва ҳамаҷониба ниёз дошт ва мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.
 
 
Турсунов Т.Х.
сарходими илмии
Институти омӯзиши масълаҳои
давлатҳои Осиё ва Аврупо, д.и.т., дотсент
 
[1] Сатторзода А. Арзишҳои Ваҳдати миллӣ [Матн] / А. Сатторзода. –Душанбе, 2017.-252 с.
[2]Тоштемиров М. Президент Рахмонов: человек и политик [Текст]/ М. Тоштемиров, З. Саидов. -Алмата: КИТК, 1997.-79 с.; Саидов З. Один год Президента Рахмонова: /По материалам российского информационного агентства «Интерфакс» за 1997 год [Текст]/ Сост.: Саидов З., Тоштемиров М. - Душанбе: Шарқи озод, 1998.-122 с.; Саидов З. По меридианам дружбы. Политика открытых дверей Эмомали Рахмона [Текст] / З.Саидов.-Душанбе: Шарки озод, 2010. -247 с.; Саидов З. Внешняя политика Президента Рахмонова [Текст] / З.Саидов. - Душанбе: Авасто.-2000. - 176 с.; Саидов З. Внешняя политика Президента Рахмонова/ З. Саидов. -Душанбе: Сарпараст, 2001.-396 с.;
[3]Юлдашев К. Эмомали Рахмонов - основатель дипломатии и внешней политики суверенного Таджикистана [Текст] / К.Юлдашев. - Душанбе: Ирфон, 2001. - 95 с.
[4] Саидов З.Ш. Таджикистан на рубеже тысячелетий: Реализация национальных интересов на международной арене [Текст] / З.Ш. Саидов, А.З. Сабуров.- Душанбе: Деваштич, 2005.-432 с.
[5]Шарипов А. Эмомалӣ Раҳмонов – наҷотбахши миллат (Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Тоҷикистон дар солҳои 1992 - 1995). -Китоби 1 [Текст] / А.Шарипов, С. Фаттоев. - Душанбе: Деваштич, 2006. - 314 с.; Шарипов А. Эмомалӣ Раҳмонов - поягузори Сулҳ ва Ваҳдати миллӣ (Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Тоҷикистон дар солҳои 1996 - 1999). -Китоби 2 [Матн] / А.Шарипов, С. Фаттоев. - Душанбе: Деваштич, 2006. - 378 с.; Шарипов А. Эмомалӣ Раҳмонов: Оғози марҳалаи созандагӣ (Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Тоҷикистон дар солҳои 2000-2003).-Китоби 3. [Матн] / А.Шарипов, С. Фаттоев. - Душанбе: Деваштич, 2006. - 331 с.
[6]Шарипов А. Эмомалӣ Раҳмонов: Соле, ки ба қарнҳо баробар аст. (Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Тоҷикистон дар соли 2004) [Матн] / А.Шарипов, С. Фаттоев.-Душанбе: Деваштич, 2005.-220 с.
[7]Шарипов А. Эмомалӣ Раҳмонов: Пайвандгари дӯстии байни Тоҷикистон ва Россия [Матн] / А.Шарипов, С. Шамсиддинов. -Душанбе: Деваштич, 2005.-80 с.; Шарипов А. Нақши Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва истиқлолияти миллӣ [Матн] / А.Шарипов, С. Шамсиддинов. -Душанбе: Деваштич, 2005.-70 с.
[8]Шарипов А. Эмомалӣ Раҳмонов: Соли фарҳанги оламгир (Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Тоҷикистон дар соли 2005) [Матн]/А.Шарипов, З.Сироҷов. -Душанбе: Деваштич, 2006. - 456 с.
[9]Салимов Н. Признаный миром таджик [Текст]/Н.Салимов, А.Шарифзода.- Душанбе, 2011. -372 с.
[10] Шарифзода А. Спаситель нации [Текст] /А.Шарифзода, А.Гафуров.- Душанбе, 2012. -320 с.
[11]Алимов Р. Дипломатия Таджикистана [Текст] / Р. Алимов, М. Лебедев, Дж. Шарипова.- Душанбе: МИД РТ, 1994.-72 с.
[12]Назаров Т. Дипломатияи муосири тоҷик [Текст] / Т.Н. Назаров, А. Сатторзода. – Душанбе: Ирфон, 2006. -224 с.
[13] Сатторзода А. Дипломатияи парлумонӣ ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000-2010) [Матн] /А.Сатторзода, А.Султонов. -Душанбе: Истеъдод, 2010.-140 с.
[14] Шарифи С. Таджикская дипломатия в период независимости [Текст] /С.Шарифи.- Душанбе: Ирфон, 2011. 102 с.; Шарифи С. Таджикская дипломатия: этапы формирования и развития [Текст] /С.Шарифи.-Душанбе: Ирфон, 2011.-87 с.; Шарифи С. Становление и развитие таджикской дипломатии: этапы формирования и развития [Текст] /С.Шарифи.-Душанбе: Ирфон, 2013.-224 с.
[15] Зарифи Х. Многовекторная дипломатия Таджикистана (Статьи, интервью, выступления, хроника визитов и встреч) [Текст] / Х. Зарифи. – Душанбе, 2009. - 352 с.
[16]Сабуров А. Таджикистан: внешняя политика и массовая информация (1993 - 1995) [Текст] /А.Сабуров, З.Саидов. - Душанбе: Шарқи озод, 1997.-72 с.; Сабуров А. Таджикистан на рубеже тысячелетий: реализация национальных интересов на международной арене [Текст] / А.Сабуров, З.Саидов.-Душанбе: Деваштич, 2005. - 432 с.; Саидов З. Политика открытых дверей [Текст] / З.Саидов. -Душанбе, 2003. - 224 с.;
[17]Нуриддинов Р.Ш. Сиёсати ҷаҳонӣ [Матн] / Р.Ш. Нуриддинов, П.Р. Нуриддинов.-Душанбе, 2016. 352 с.; Нуриддинов Р. Геополитика [Текст] / Р. Ш. Нуриддинов. – Новосибирск.: СибАГС, 2007.-184 с;
[18]Саидов З. Межгосударственные отношения Республики Таджикистан в двустороннем формате / З.Саидов. - Душанбе: Авасто, 2001.-112 с.; Саидов З. Внешняя политика Таджикистана в условиях глобализации [Текст] / З.Саидов. - Душанбе: Авасто, 2004. - 590 с.
[19] Саидов З.Ш. Внешняя политика Республики Таджикистан на современном этапе (1992-2005 гг.) [Текст] /З.Ш.Саидов.- Душанбе, 2006.-560 с.
[20] Саидзода З.Ш. Внешняя политика Таджикистана в период его становления как суверенного независимого государства (1992-2004 гг.).-Седьмое издание [Текст] / З.Ш.Саидзода. - Душанбе: ООО «Контраст», 2010.-446 с.
[21] Саидов З.Ш. Республика Таджикистан на межгосударственной арене до и после объявления политики «открытых дверей» [Текст] /З.Ш. Саидов. -Душанбе, 2015.-346 с.
[22] Холикназар Х. Деятельность Республики Таджикистан в процессе становления и развития ШОС. Монография [Текст] / Х. Холикназар. Под общ. ред. д.и.н. В.В. Дубовицкого. -Душанбе, 2014. -384 с.; Мирзоев Н.М. Тоҷикистон-Созмони Ҳамкориҳои Шанхай: роҳи бузурги ҳамкориҳо [Матн] / Н.М.Мирзоев.- Душанбе, 2014.-192 с.; Мамадазимов А. Великий Шелковый путь: история становления, расцвета, распада [Текст] /А.Мамадазимов. -Душанбе, 2014.-384 с.
[23] Назаров Т.Н. Таджикистан: горизонты настоящего и будущего. /Пер. на анг. Л. Лапшина [Тест] / Т.Н. Назаров.- Нью-Йорк, 1999; Назаров Т.Н. Мирный процесс и постконфликтное восстановление экономики Таджикистана [Тест] / Т.Н. Назаров. - Душанбе, 2000; Назаров Т.Н. Экономическая реформа, сотрудничество и безопасность [Тест] / Т.Н.Назаров.- Душанбе: Эр-Граф, 2013. -264 с.;
[24]Назаров Т.Н. Таджикистан: экономика, политика, международное сотрудничество [Тест] / Т.Н. Назаров .- Душанбе: УИ МИД РТ, 2001.-250 с.
[25]Назаров Т.Н. Таджикистан: экономическое сотрудничество и безопасность [Тест] / Т.Н. Назаров .-Минск: 2003.-264 с.
[26]Назаров Т.Н. Рыночная экономика и международное сотрудничество [Тест] / Т.Н. Назаров. -Душанбе: Ирфон, 2007.- 204 с.
[27]Рахимов Р.К. Проблемы развития переходной экономики Республики Таджикистан [Тест] /Р.К.Рахимов.- Душанбе, 2012. -534 с.
[28]Раҳимов Р.К. Теоретико-методологические вопросы иновационного развития экономики Республики Таджикистан [Тест] / Р.К. Раҳимов, Я.П. Довгилло.-Душанбе: Дониш. 2018. -217 с.
[29]Умаров Х.У. Таджикистан и глобалная торговля [Тест] / Х.У. Умаров, М.А. Одинаев.–Душанбе: Ирфон, 2005.-73 с.
[30] Назаров Т.Н. Экономическая реформа, сотрудничество и безопасность (проблемы и суждения) [Тест] / Т.Н. Назаров. - Душанбе: Эр-Граф, 2013.- 264 с.
[31] Сафиев Ҳ.С. Об-мӯъҷизаи табиат / Ҳ.С. Сафиев, А.О. Аминҷонов, М.Б. Каримов.-Душанбе, Эр-Граф. 2003.-376 с.; Тоҳиров С. Обнома [Матн] / С. Тоҳиров, Н. Искандаров.- Душанбе, Ирфон. 2010. -480 с.; Ашуров Н. Об-зиндагӣ [Тест] / Н. Ашуров, С. Тоҳиров.- Душанбе, 2003.-56 с.; Алиев Ҷ. Об-мӯъҷизаи ҳаёт [Матн] / Ҷ. Алиев.- Хуҷанд: Ношир, 2015.-36 с.; Авазов Т. Об ва энергия [Матн] / Т. Авазов. -Душанбе, 2003.-100 с.; Назриев Д. Обҳои Тоҷикистон: дар бораи онҳо чӣ медонед?/ Д. Назриев, Т. Салимов.-Душанбе, 2000. -50 с.; Тоҳиров И.Ғ. Сарчашмаҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Китоби 2. Кӯлҳо ва обанборҳо /Маркази миллии патенту ахбор [Матн] / И.Ғ. Тоҳиров, Г.Ҷ. Купайи.- Душанбе, 1998. -144 с.
[32] Маликов М.А. Электрофикация сельского хозяство Таджикистана [Тест] / М.А. Маликов. –Душанбе, 1987.-254 с.; Маликов М.А. Энергетическая независимость Таджикистана: история, проблемы, перспективы [Тест] / М.А. Маликов. - М., 2013. - 392 с.; ва ғ.
[33] Турсунов Т.Х. Таджикско-индийские взаимоотношения [Тест] / Т.Х. Турсунов.- Душанбе, 2009.-130 с.
[34]Алаев Л.Б. Историография истории Индии [Тест] / Л.Б. Алаев. -М.: Институт востоковедения РАН, 2013. -472 с.
[35]Юрлов Ф.Н. История Индии. ХХ век [Тест] / Ф.Н. Юрлов, Е.С. Юрлова.– М.: Институт востоковедения РАН, 2010. -920 с.
[36]Датт В.П. Внешняя политика Индии. Перевод с английского М.Х. Тарховой, Т.Л. Шаумян [Тест] / В.П. Датт. -М.: Прогресс, 1988.- 440 с.
[37]Ганди И. Внешняя политика Индии [Тест] /И.Ганди.- М.: Прогресс. 1982.-351 с.
[38] Ваджпаи А.Б. Индия на пути в будущее: Сборник речей и выступлений (март 1998 - сентябрь 2001) [Текст] / (сост. Ванина Е.Ю., Исаев В.А., Рыбаков Р.Б. и др.) 2001 г. -296 с.
[39] Белокреницкий В.Я. Южная Азия в мировой политике [Тест] / В.Я. Белокреницкий, В.Н. Москаленко, Т.Л. Шаумян. -М.: 2003. - 368 с.
[40] Stobdan P. India and Central Asia: the strategic dimension [Text] / P. Stobdan 2020.- New Delhi.-524 p.
[41]Белов Е. В. Исторический опыт переговорного процесса по урегулированию межтаджикского конфликта (1993-1997 гг.): дис.… канд. ист. наук: 07.00.02. [Текст] / Е.В. Белов. -Душанбе, 1999. - 215 с.
[42]Воронцов А.П. Политическое урегулирование конфликтных ситуаций в ближнем зарубежье: На примере Таджикистана: автореф. дис... канд. полит. наук: 23.00.04 [Текст]/ А.П. Воронцов. М.: 2002.- 24 с.
[43] Саймудинов Ш. Национальное примирение в Таджикистане и его современное значение: автореф. дис...канд. полит. наук: 23.00.02 [Текст]/ Ш.Саймудинов. Душанбе, 2002.- 24 с; Мансуров Т.А. Национальное согласие и примирение феномен демократизации общества: Из опыта Таджикистана.: автореф. дис... канд. полит. наук: 23.00.02 [Текст]/ Т.А. Мансуров. -Душанбе, 2003.- 23 с.; Мирзоев Г.Р. Преодоление конфликтной ситуации в Республике Таджикистан. Россия и восстановление мира: 90-годы XX в.: автореф. дис... канд. ист. наук: 07.00.02. [Текст]/ Г.Р. Мирзоев. М.: 2004- 40 с.; Саъдуллоев И.И. Роль Комиссии по национальному примирению в установлении мира и национального согласия в Таджикистане: 1997-2000 гг.: автореф. дис... канд. ист. наук: 07.00.02. [Текст] / И.И. Саъдуллоев.-Душанбе, 2006.-24 с.; Сайфуллоева З.Х. Роль международных организаций и стран содружества в укреплении мира в Таджикистане: из опыта Таджикистана: автореф. дис...канд. полит. наук: 23.00.02. [Текст]/ З.Х.Сайфуллоева. -Душанбе, 2007.- 22 с.; Алимов Б.Х. Социально-экономические и политические процессы в Республике Таджикистан: 1991-1997 гг.: автореф. дис... канд. ист. наук: 07.00.02. [Текст]/ Б.Х. Алимов. -Худжанд, 2008.- 22 с.; Акмалова М. А. Становление и развитие политической независимости в условиях трансформирующегося общества. Опыт Таджикистан: автореф. дис...канд. полит. наук: 23.00.02. [Текст]/ М.А. Акмалова.-Душанбе, 2008. 23 с.; Восиев Ф.К. Национальное примирение и национальное единство: проблемы становления и развития: опыт Таджикистана.: автореф. дис... канд. полит. наук: 23.00.02. [Текст]/ Ф.К. Восиев. -Душанбе, 2010.- 26 с.; Шарафиева О.Х. Гражданская война в Таджикистане: 1990 - 1997 гг.: автореф. дис... канд. ист. наук: 07.00.03. [Текст]/ О.Х. Шарафиева.-Томск, 2010. 28 с.; Фардин Б. Проблемы и процессы постсоветского развития Таджикистана и его особенности.: автореф. дис...канд. полит. наук: 23.00.02. [Текст]/ Б.Фардин.-Душанбе, 2011.- 22 с.;
[44] Тоджев Ф.Н. Эмомали Рахмон –основатель и руководитель внешней политики Республики Таджикистан (1992-2018 гг.).: автореф. дис. канд. ист. наук: 07.00.15. [Текст] /Ф.Н. Тоджев.- Душанбе, 2015. -27 с.
[45] Назризода Д.Х. Становление и развитие дипломатической службы Республики Таджикистан в период независимости (1991–2016 гг.): автореф. дис. канд. ист. наук: 07.00.15. [Текст]/ Д.Х. Назризода. Душанбе, 2017.- 25 с.
[46] Насретдинов Д.И. Внешняя политика Республики Таджикистан в контексте проблем региональной безопасности Центральной Азии: автореф. дис. канд. ист. наук: 07.00.15. [Текст]/ Д.И. Насретдинов.- М., 2013.- 31 с.
[47]Юсуфджанов Ф.М. Место и роль Таджикистана в системе современных международных отношений: автореф. дис. канд. полит. наук: 23.00.04. [Текст]/ Ф.М. Юсуфджанов.-Душанбе, 2018.-23 с.;
[48]Ризоён Ш.Ш. Национальные интересы во внешней политике Республики Таджикистан: структура и специфика.: автореф. дис. канд. полит. наук: 23.00.04. [Текст]/ Ш.Ш. Ризоён.-Душанбе, 2017. -27 с.
[49]Солиходжаева С.А. Историография внешней политики Республики Таджикистан (1991-2016 гг.): автореф. дис. канд. ист. наук: 07.00.15. [Текст] / С.А. Солиходжаева. -Душанбе, 2019. -33 с.
[50]Комилова Х.Г.История взаимоотношений между Республикой Таджикистан и Федеративной Республикой Германия: 1991-2009 гг.: автореф. дис. канд. ист. наук: 07.00.02. [Текст] / Х.Г. Комилова. -Душанбе, 2010.-25 с.; Шарипов А.Н. Дипломатические, торгово-экономические и культурные взаимоотношения Таджикистана с Казахстаном: 1991-2006 гг.: автореф. дис.. канд. ист. наук [Текст] / А.Н. Шарипов. -Душанбе, 2011.-24 с.; Ли Цзин. Сотрудничество Республики Таджикистан и Китайской Народной Республики в рамках ШОС: 1996-2012 гг.: автореф. дис. канд. ист. наук: 07.00.02. [Текст] / Ли Цзин.-Душанбе, 2013.-26 с.; Муртеза М. Состояние и перспективы развития таджикско-иранского сотрудничества в конце XX - начале XXI веков.: автореф. дис. канд. ист. наук: 07.00.02. [Текст] / М. Муртаза.-Душанбе, 2012.-25 с.; Разоков Ш.А. Установление и развитие дипломатических, социально-экономических и культурных взаимоотношений Таджикистана с арабскими государствами Персидского залива: 1991-2011 гг.: автореф. дис. канд. ист. наук: 07.00.02. [Текст] / Ш.А.Разоков.-Душанбе, 2012.-26 с.; Казаков Р.С. Становление и развитие политических, торгово-экономических и культурных отношений между Республикой Таджикистан и Исламской Республикой Афганистан: 1991-2013 гг.: автореф. дис. канд. ист. наук: 07.00.02. [Текст] / Р.С.Казаков.-Душанбе, 2014.-25 с.; Мамадазимов А.А. Становление и развитие таджикско-американских взаимоотношений в период независимости (1991-2016 гг.): дис. канд. ист. наук: 07.00.15. [Текст] / А.А. Мамадазимов. -Душанбе, 2019.-176 с.; Бахтовари Н. Политические, экономические и культурные связи Республики Таджикистан и Туркменистан в годы независимости (1991-2016 гг.): автореф. дис. канд. ист. наук: 07.00.15. [Текст] / Бахтовари Н. Душанбе,-2019.-26 с.;
[51]Мирзоев Н. Становление и развитие взаимоотношений Таджикистана с сопредельными странами зарубежного Востока 1945-1997 гг.): автореф. дис.…докт. ист. наук: 07.00.02. [Тест] / Н.Мирзоев.- Душанбе, 1998. - 38 с.; Ибрахимов М. Научные связи Таджикистана с зарубежными странами (60-80-е гг.ХХ в): автореф. дис...докт. ист. наук: 23.00.02. [Тест] / М. Ибрахимов.- Душанбе, 2006. - 35 с.; Искандаров А.И. Интеграционные процессы в государствах Центральной Азии: на примере Республики Таджикистан и Туркменистана: дис…канд. полит. наук: 23.00.02. [Тест] / А.И. Искандаров. -М., 2002. -172 с.; Каримова М. Б. Особенности развития политической системы Республики Таджикистан: её влияние на внутреннюю и внешнюю политику страны: автореф. дис.…канд. полит. наук: 23.00.02. [Тест] / М.Б. Каримова.-М., 2010. - 21 с.; Холикназар Х. Вклад Республики Таджикистан в становление и развитии Шанхайской организации сотрудничества (1996-2014 гг.): автореф. дис. докт. ист. наук: 07.00.15. [Тест] / Х. Холикназар. – Душанбе, 2015.-48 с., Фармонова Д. Ж. Политическое, экономическое и культурное сотрудничество Республики Таджикистан с государствами Центральной Азии в период независимости: 1992-2007 гг.: автореф. дис...канд. ист. наук: 07.00.02. [Тест] / Д.Ж. Фармонова. -Худжанд, 2012.- 24 с.
[52]Нигина Дж.М. Становление и развитие военно-политического сотрудничества между Республикой Таджикистан и Российской Федерацией в 90-е годы XX века.: автореф. дис. канд. ист. наук: 07.00.03. [Тест] /Дж.М. Нигина.-М., 2001.-27 с.
[53]Пирумшоев Х.П. Россия-Таджикистан: история взаимоотношений [Тест] / Х.П. Пирумшоев, М.Х. Маликов.- Душанбе, 2009.-677 с.; Махонина С.В. Военно-политическое сотрудничество между Республикой Таджикистан и Российской Федерацией в 1993-1999 годы: Исторический опыт и уроки.: дис. канд. ист. наук: 07.00.02. [Тест] /С.В. Махонина.-Душанбе, 1999.-233 с.; Афандихонов И. X. Правовые основы военного сотрудничества между Республикой Таджикистан и Российской Федерацией: автореф. дис.…канд. юрид. наук: 20.02.03. [Тест] /И.Х. Афандихонов. - М., 2006.-21 с.; Пирназарова П.А. Взаимоотношения Республики Таджикистан и Российской Федерации в сфере образования, науки и культуры: 1991-2011 гг.: автореф. дис. канд. ист. наук: 07.00.02. [Тест] /П.А. Пирназарова.-Душанбе, 2013.-29 с.; Алиева Р. Р. Становление и развитие межгосударственный отношений Республики Таджикистан Российской Федерации в конце XX – начале XXI вв.: автореф. дис. … док. ист. наук: 07.00.15. [Тест] / Р.Р. Алиева. - Худжанд. 2019.-58 с; Розиков Ф.М. Дипломатические, торгово-экономические и культурные взаимоотношения Таджикистана и России в период независимости (1991-2011 гг.): автореф. дис. …канд. ист. наук: 07.00.02. [Тест] / Ф.М. Розиқов. -Душанбе, 2013.-24 с.; Джураев Д. Г. Торгово-экономические отношения Республики Таджикистан с Российской Федерацией в годы независимости ( 1991 – 2013 гг.). дис.… канд. ист. наук: 07.00.15. [Тест] /Д. Г. Джураев. -Душанбе. 2015. -177 с.
[54] Маджиди У.К. Таджикско-индийские культурные связи (конец XX –начало XXI): автореферат. дис..канд. ист. наук: 07.00.15. [Тест] /У.К. Маджиди.-Душанбе,2016.-24 с.
[55]Микоян С. А. Внешнеполитические проблемы национально-освободительного движения народов Индостана. 1917-1947: автореферат дис… канд. ист. наук. 07.00.03.[Тест] / Микоян С.А. -М.: ИВ АН СССР, 1975. - 32 с.
[56] Ефимова О.А. Внешняя политика временного правительства Индии: истоки, дипломатическая деятельность, результаты: сентябрь 1946 - август 1947 гг.: автореф. дис... канд. ист. наук: 07.00.03. [Тест] /О.А. Ефимова О.А. Владимир, 2011.-23 с.
[57] Кармакар А. Проблема обеспечения мира и безопасности в Индийском океане и позиция стран Южной Азии: дис…канд. ист. наук: 07.00.05. [Тест] / А. Кармакар.-Киев. 1984.-194 с.
[58] Равичандран К. Проблема безопасности в зоне Индийского океана (в Южной Азии) во внешней политике СССР с конца 1960-х до 1991 г.: дис…канд. ист. наук: 07.00.02. [Тест] / К. Равичандран.-М.:1999. - 246 с.
[59]Титов В.П. Индийский океан: милитаристская политика США и международная политическая ситуация в регионе (конец 70 - х - начало 80 - х гг.): дис…канд. ист. наук: 07.00.03. [Тест] / В.П. Титов.-М.:1984. - 236 с.
[60] Гукасова Н.И. Религиозно-этические истоки и основные направления внешней политики Республики Индия: 1947-1964: дис…канд. ист. наук: 07.00.03.[Тест] / Н.И. Гукасова.-М.:2004.-131.
[61] Клюев Н.В. Индо-пакистанский кризис и гонка вооружений: 1947-1999 гг.: дис…канд. ист. наук: 07.00.03. [Тест] / Н.В. Клюев.-М.:2006.-150 с.
[62] Ганич Д.В. Проблема нераспространения ядерного оружия в Южной Азии и политика России: 1998-2007 гг.: дис…канд. ист. наук: 07.00.03. [Тест] /Д.В. Ганич.-М.:2007. -176 с.
[63] Оборотов С.А. Ядерный фактор в американо-индийских отношениях: 1991-2006 гг.: дис…канд. ист. наук: 07.00.00. [Тест] /С.А. Оборотов.-М.:2008.- 279 с.
[64]Олсуфьев И.В. Формирование и развитие политики США в отношении ядерного потенциала Индии: 1998-2008 гг.: дис… канд. пол. наук: 07.00.00. [Тест] /И.В. Олсуфьев. -М.:2011. -232 с.
[65] Мухсин А. Арабо-индийские отношения и их развитие в 50-е - первой половине 80-х годов: автореф. дис…. ист. наук: 07.00.05. [Тест] /А.А.Мухсин. -М.:1992. -21 с.
[66]Савченко Д.В. Индопакистанское противостояние и война в Афганистане автореферат дис. канд. полит. наук: 23.00.04. [Тест] / Д.В. Савченко.- М.:2009.-20 с.
[67]Листопадов А.Н. Бирмано-индийские отношения в 1947-1990 годах: автореф. дис….канд. ист. наук: 07.00.05. [Тест] /А.Н. Листопадов.-М.:1990. -21 с.
[68]Журавлева Е.С. Приоритеты внешней политики Индии: (1960-е-90-е годы): автореферат дис.... доктора исторических наук: 07.00.07. [Тест] / Рос. акад. управления.- М.: 1993.- 51 с.
[69] Иосифов А.А. Развитие внешнеполитических и экономических связей между СССР и Республикой Индия в 1970-1985 гг.: дис…канд. ист. наук: 07.00.03. [Тест] / А.А. Иосифов.-М.: 2010.-188 с.
[70]Менон К.П. Индо-советский договор. Заключение и значение [Тест] /К.П. Менон К.П. -Дели. 1973.
[71] Поспелов Ф.Д. Влияние экономических связей с развитыми капиталистическими странами на воспроизводственные процессы Индии: автореф. дис…канд. экон. наук: 08.00.14.[Тест] /Ф.Д. Поспелов.-М.: 1989.-20 с.
[72] Курбанов С.А. Особенности развития экономики современной Индии: автореф. дис. … канд. эконм. наук: 08.00.14. [Тест] / С.А. Курбанов. -М.: 2012.-24 с.; Галищева Н.В. Внешнеэкономическая политика Индии в условия либералных реформ: автореф. дис.… док. эконом. наук: 08.00.14. [Тест] / Н.В. Галищева. -М.: 2013.-49с.
[73]Яковлев А.Ю. Терроризм в Индии: особенности эволюции, институты и технологии противодействия: диссертация ... доктора политических наук: 23.00.02. [Тест] / А.Ю. Яковлев.- М.: 2016.- 327 с.
[74] Олимов М. Проблемы методологии анализа и прогноза в изучении межтаджикского конфликта [Текст] / М.Олимов // Центральная Азия. -1997. - №5. - С.54-60.; Олимов М. Межтаджикский конфликт в центральноазиатском контексте/ М.Олимов [Текст] / Межтаджикский конфликт: путь к миру. -М.,1998. - 81 с.; Олимов М. Таджикистан на пороге перемен [Текст] / М.Олимов, С.Олимов. - М.: Центр стратегии и политики ШОС, Научно-аналитический цент «Шарк», 1999.
[75] Нуриддинов Р.Ш. Некоторые вопросы становления внешней политики Республики Таджикистан в годы независимости [Текст] / Р.Ш. Нуриддинов, Т. Негматова // Сиёсати хориҷӣ - Душанбе. - 2016.-№1. - С. 68–84.; Назриев Д.Х. К истории создания теоретических основ и правовой базы внешней политики Республики Таджикистан [Текст] / Д.Х. Назриев. // Сиёсати хориҷӣ – 2015.-№1. – С. 93–112.; Назриев Д.Х. Об истории и традициях таджикской дипломатии // Дипломатия Таджикистана: вчера и сегодня. В двух томах. Т. I. [Текст] / Под общ. ред. Х. Зарифи / Сост. Д. Назриев. – Душанбе: Ирфон, 2009. – С. 244–293.; Баховаддинов А.Б. Геополитические ориентиры Таджикистана [Текст] / А.Б. Баховаддинов, Х.А. Додихудоев // Центральная Азия и Кавказ 2005.-№ 1. С. 144–151.; Алиджанова А.Х. Некоторые аспекты внешней политики Республики Таджикистан на современном этапе [Текст] / А.Х. Алиджанова //Вестник ТГУПБП.-№3 (47). 2011. –С. 116-122.; Алиева Р.Р. Внешняя политика Республики Таджикистан: становление и развитие [Текст] /Р.Р. Алиева //Вестник ДИС ДДТТ. - Душанбе, 2015.- №1, март. - С.126-138.
[76] Назаров Т.Н. Таджикистан: экономика, политика, международное сотрудничество [Тест] /Т.Н. Назаров. //Сб. статей. Душанбе, УИ МИД РТ, 2001; Назаров Т.Н. Таджикистан: экономическое сотрудничество и безопасность / Т.Н. Назаров //Сб. статей и выступлений.-Минск, 2003; Назаров Т.Н. Таджикистан: экономический рост, интеграция и региональное сотрудничество [Тест] / Т.Н. Назаров. -Душанбе, УИ МИД, 2004; Назаров Т.Н. Таджикистан: на пути достижения целей развития тысячелетия [Тест] / Т.Н. Назаров //Экономика Таджикистана: стратегия развития. -Душанбе, 2005. -№4. -С.28-33. Рахимов Р. К. Экономика переходного периода: факторы и тенденции [Тест] /Р. Рахимов // Известия Академии Наук Республики Таджикистан. Сер. экономика и политология. -№ 3-4, 1996.-С.21-27; Умаров Х. Трансформационные процессы в экономике Таджикистана [Тест] / Х. Умаров, Дж. Махмадшоев // Центральная Азия и Кавказ. –Швеция, 2001. -№ 2 (14).
[77] Дӯстбоев Ш. Барои ҳамкорӣ бо Ҳиндустон имкони фаровоне дорем [Тест] / Ш. Дӯстбоев // Ҷумҳурият.-22 январ.-2008.-№10 (21367); Умаров Х. Торгово-экономические отношения между Таджикистаном и Индией [Тест] /Х.Умаров // Ҳиндустон-Тоҷикистон: 25 соли дӯстӣ. (Лексияҳои ҷашнӣ: 2017-2018).-Душанбе: Эр-Граф, 2018.-С. 131-153.
[78]Авезова М.М. Современное состояние и проблемы развития внешней торговли Республики Таджикистан [Тест] / М.М. Авезова //Вестник Таджикского национального университета. Серия социально-экономических и общественных наук. 2012.-№ 2/8-2 (100). -С. 64-72.; Асламов А.И. Оценка степени и качества интегрированности Республики Таджикистан в систему глобальной торговли [Тест] / А.И. Асламов //Вестник Российского государственного торгово-экономического университета (РГТЭУ). 2014.-№ 5 (85). -С. 86-94.; Байматов А.А. Становление и развитие внешнеэкономических связей Республики Таджикистан в условиях глобализации [Тест] / А.А. Байматов //Вестник Таджикского государственного университета права, бизнеса и политики. Серия общественных наук. 2014.-№ 1 (57). -С. 71-78.; Гулмамадов А.В. Исследование либерализации внешнеэкономических связей Республики Таджикистан [Тест] / А.В. Гулмамадов //Вестник Таджикского национального университета. Серия социально-экономических и общественных наук. 2018.-№ 8.-С. 23-29.; Зоидов К.Х. Направления торгово-экономического сотрудничества и интеграции экономики Республики Таджикистан в большое евразийское пространство [Тест] / К.Х. Зоидов, А.А. Медков, З.К. Зоидов //Проблемы рыночной экономики. 2018.-№ 4.-С. 77-88.; Каримова М. Перспективы экономического сотрудничества Таджикистана со странами ШОС [Тест] / М. Каримова//Центральная Азия и Кавказ. 2012. Т. 15. -№ 1.-С. 159-168.; Олимов С.И. Некоторые аспекты внешней торговли Республики Таджикистан: проблемы и пути решения [Тест] / С.И. Олимов, А.Д. Хайдаров //Вестник Таджикского национального университета. Серия социально-экономических и общественных наук. 2016. № 2/8 (215).-С. 75-78.; Петрушков М.Г. Внешняя торговля и интеграционные векторы торговой политики Республики Таджикистан [Тест] /М.Г. Петрушков //Современные евразийские исследования. 2015. -№ 4.-С. 33-39.; Рахимов А.М. Некоторые вопросы эффективности внешней торговли Республики Таджикистан [Тест] / А.М. Рахимов //Вестник науки. 2019. Т. 3. -№ 10 (19).-С. 91-93.; Рязанцев С. Внешняя торговля Таджикистана с приграничными странами: новые тренды и общественно-политические эффекты [Тест] /С Рязанцев, Е. Письменная Е., О. Пичков, Ф. Гарибова //Центральная Азия и Кавказ. 2019. Т. 22. -№ 2.-С. 93-102.; Сатторова С.Ф. Проблемы развития внешней торговли Республики Таджикистан после входа во всемирную торговую организацию [Тест] / С.Ф. Сатторова //Вестник Таджикского национального университета. Серия социально-экономических и общественных наук. 2015. -№ 2/8 (181).-С. 113-118.; Сафаров А.И. Современное состояние и тенденции развития внешней торговли Республики Таджикистан в условиях глобализации мировой экономики [Тест] / А.И. Сафаров //Успехи современной науки и образования. 2016. Т. 2. -№ 6.-С. 16-20.; Солехзода А.А. Внешнеэкономический комплекс Таджикистана: индексный и структурный анализ гипертрофированности состояния [Тест] / А.А. Солехзода, М.А. Саидмуродова, А.В. Гулмамадов //Вестник Таджикского национального университета. Серия социально-экономических и общественных наук. 2018. -№ 10.-С. 14-24.; Точибоев А.Х. Приоритетное направление стратегии развития внешнеэкономических связей Республики Таджикистан [Тест] / А.Х. Точибоев //Проблемы современной экономики. 2009. -№ 3 (31).-С. 281-283.; Шкваря Л.В. Внешняя торговля Республики Таджикистан в 1992-2013 гг.: анализ основных тенденций [Тест] / Л.В. Шкваря //В сборнике: Сотрудничество России с зарубежными странами в условиях международных экономических санкций сборник статей. Москва, 2015.-С. 145-156.
[79]Ҳиндустон-Тоҷикистон: 25 соли дӯстӣ. (Лексияҳои ҷашнӣ :2017-2018) [Матн].-Душанбе: Эр-Граф, 2018.- 244 с.
[80] Лунев С.И. Внешняя политика Индии и воздействие на нее внутренних факторов [Текст] / С.И. Лунёв // Вестник МГИМО – Университета. – 2010. – № 1. – С. 189–201.; Лунев С.И. Индийско-иранские отношения в 2018 г. [Текст] /  С.И. Лунев, В. Юртаев // Запад – Восток – Россия. -2019.-С. 37-41.; Лунев С.И. Балансирование Индии между США, Китаем и Россией [Текст]  С.И. Лунев // Запад – Восток – Россия.- 2018.-С. 70-76.;  Лунев С.И. Инкубаторы для инноваций - опыт Индии [Текст]  С.И. Лунев // Запад – Восток – Россия. -2017.-С. 71-75.; Лунев С.И. Советско-индийские отношения (1955 - 1971 гг.): рождение дружбы [Текст] / С.И. Лунев // Вестник МГИМО -Университета. – 2017. – № 2(53). – С. 24-51.
[81] Володин А. Современность истории: истоки внешней политики Индии /А. Володин [Текст] // Мировая экономика и международные отношения, 2021.- т. 65.- № 1. -С. 132-138.; Володин А. Внешняя политика Индии в 2017 г.: поворот к реализму? [Текст] /А. Володин // Запад – Восток – Россия, 2018.-С. 67-69.; Володин А.Г. Внешняя политика Индии: смена парадигмы [Текст] / А.Г. Володин // Вестник Дипломатической академии МИД России. Россия и мир. – 2015. – № 2(4). – С. 44 – 55.
[82]Троицкий Е.Ф. Политика Индии в Центральной Азии (2001 г.) [Тест] /Е.Ф. Троицкий //Вестник Томского государтвенного университа. 2013. -№375.-С. 106-108.
[83] Салицкий А.И. Центральная Азия: политико-энергетическая проблематика в формате РФ-КНР [Текст] / А. И. Салицкий, Н. К. Семенова // Азия и Африка сегодня. – 2019. – № 2. – С. 2-9.; Рогожин А. Индия на мировом рынке информационно-коммуникационных технологий [Текст] /А. Рогожин //Мировая экономика и междунар. отношения, 2004.-№ 7. - С. 74-82.; Гемуева К.А. Индия и Китай в мировой экономике, энергетике и политике [Текст]/ К.А. Гемуева, А.И. Салицкий, А.,В. Шахматов.-М.: Ин-т стран Востока, 2015.- 148 с.
[84] Брагина Е.А. Индия: итоги выборов и новая расстановка политических сил [Текст] / Е.А. Брагина // Международная жизнь. – 2014. – № 11. – С. 96 – 112.; Брагина Е.А. Индия - иной средний класс? [Текст] / Е.А. Брагина // Международная жизнь, 2014.- № 2.- С. 131-142., Брагина Е.А. Вьетнам – Индия: внешнеторговое взаимодействие в XXI веке [Текст] / Е. А. Брагина // Вьетнамские исследования. – 2019. – Сер. 2. – № 3. – С. 28-40.; Рева А.Р. Энергоэффективная политика Индии как ключевая возможность достижения целей COP 21 [Текст] / Р. А. Рева // Инновации и инвестиции. – 2019. – № 11. – С. 97-102.; Куприянов А.В. “Китайская угроза” в экспертном дискурсе Индии [Текст] / А. В. Куприянов // Анализ и прогноз. Журнал ИМЭМО РАН. -2019.-№ 1.-С. 33-44.
[85]Sharma R. India in Central Asia: The Road Ahead [Text] / R. Sharma.- New Delhi, 2008.-С. 6-7.
[86]Blank S. Russian – Indian Row over Tajik Base Suggests Moscow Caught in Diplomatic Vicious Circle. [Электронный ресурс]. URL: http://www.eurasianet.org/departments/insight/articles/eav011108f.shtml (дата обращения: 6.06.2020).
[87]Komissina I. Will India Become a Full-Fledged Participant in the Big Game in Central Asia? [Электронный ресурс]. URL: http://www.ca-c.org/journal/2008-01-eng/07.shtml (дата обращения: 6.06.2020).
[88] Активизация Индии в Центральной Азии свидетельствует об ослаблении позиций Москвы в регионе [Электронный ресурс]. URL: http://www.dem.kg/en/article/16953 (дата обращения: 23.05.2020).
[89] Индийские военные разместили свою авиацию на таджикском аэродроме Айни [Электронный ресурс]. URL: http://www.news-asia.ru/view/2251 (дата обращения: 17.03.2020).
[90]Ниведита Д.К. Индия и Центральная Азия: товарищеское взаимодействие [Электронный ресурс].URL: https://ru.valdaiclub.com/a/highlights/indiya-i-tsentralnaya-aziya/ (дата обращения: 7.06.2020).

БОЗГАШТ