АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Ташакули робитаҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Чин

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

 Робитаҳои иқтисодии ду давлати ҳамҷавор Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин таърихи хеле қадима дошта, шоҳроҳи бузурги Абрешим чун пайвадгари ин робитаҳо дар тўли таърих ба ҳисоб мерафт.
   Аз асрҳои 6-5 пеш аз милод аҷдодони мо бинобар маҳали мусоиди ҷойгиршавиашон пайвандгари кишварҳои машриқзамин, аз ҷумла Чин  буданд. Корвонҳои пур аз мол аз қаламрави имрўзаи Осиёи Марказӣ гузашта, то соҳилҳои Уқёнуси Ором ҳаракат менамуданд. Рафту омади тоҷирони форсизабони давлати Ҳахоманишиҳо солҳои 522-486 пеш аз мелод, ки дар он давра қаламрави Осиёи Марказиро дар бар мегирифт, ба аҳолии ҳудуди ҳозираи Чин хеле хуб ва аз ҷиҳати рафоқат дустона ба роҳ монда шуда буд. Чиниҳо дар тули солҳои хуб дарк карданд, ки тоҷикон халқи қадима ба шумор рафта, бо асилзодагӣ ва ба нажоди ориён дохил шудани худ фарқ мекунанд, ҳамкорӣ бо миллати тоҷик барои онҳо дар Чин ва берун аз марзи он маънои муваффақиятро дошт. (1)   Чунин рафоқат буд, ки ҳукумати Чин яке аз авалинҳо шуда соҳибистиқлолии Тоҷикистонро эътироф намуд ва дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе 13 марти соли 1992 сафортхона ва намояндагии тиҷорати худро таъсис дод ва сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 апрели соли 1997 дар шаҳри Пекин ба кор шурўъ намуд. Бинобар ин, пешрафти кишварро дар масъалаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иқтидори ҳарбӣ, таҷрибаи бой дар гузаронидани модернизатсияи мамлакат, гузаштани муносибатҳои бозориро ба инобат гирифта, муносибатҳои густурдаи худро бо ин кишвари ҳамҷавор оғоз бахшид. Ин аст ки ҳукумати Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ ба ин давлат эътибори махсус медиҳад.(2) Бояд гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба сафарҳои расмӣ ва дӯстона бо Хитой карданд. Сафари расмии аввалини  роҳбари давлати тоҷикон 7-11 соли 1993 ба ин кишвар сурат гирифта буд.
   Чин бузургтарин ҳамсояи Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, нуфузи ӯ вобаста ба инкишофи босуръат пеш рафтани иқтисодиаш барои Тоҷикистон роҳнамо мебошад.(3) Тоҷикистон, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, воқеан дар як давраи мушкили солҳои 90-ум ва аввалҳои солҳои 2000-ум қарор дошт. Чин дар ин давра яке аз кишварҳое буд, ки ба иқтисоди мо сармоягузорӣ намуд ва худро ҳамчун яке аз шарикони боэътимод муаррифӣ намуд, ки барои рушди ояндаи муносибатҳо як заминаи бунёдӣ гузошт. Чин кишваре мебошад, ки тамоми санадҳо ва шартномаҳои басташударо тибқи талабот иҷро менамояд. Он кишваре мебошад, ки дар баробари сармоягузориҳояш ҳеҷ  ягон шарту шароити сиёсӣ пеш намегузорад ва хамеша барои рушди иқтисод кӯшиш менамояд ва дар баробари ин аз ҳама муҳим ба корҳои дохилии давлат дахолат намекунад. Дар баробари ин, Хитой аз лиҳози сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон дар миёни шарикони иқтисодии кишвари мо мақоми махсусро соҳиб мебошад. То имрўз бо маблағгузории ин ҳамсояи бузург силсилаи лоиҳаҳои стратегӣ анҷом ёфта, ҳамчунин, дар назар дорад, ки дар оянда дар пиёдасозии лоиҳаҳои энергетикии кишвари мо, аз ҷумла дар бунёди нерўгоҳҳои барқии обӣ ширкат намуда, саҳми хешро дар рушди иқтисоди Тоҷикистон гузорад. Робитаҳои Тоҷикистон ва Чин дар асоси боварии якдигар то рафт мустаҳкам мегардад ва албатта ҳамин боварӣ ва эътимоди якдигар сабаб гардид. Ин буд, ки ба кишвари мо имконият дод, то шурўъ аз соли 2006 инҷониб қарзҳои имтиёзнокро соҳиб гардада, ба татбиқи лоиҳаҳои асосии инфрасохтор ҳусни оғоз бахшид.
   Чин ба қатори он кишварҳое дохил мешавад, ки дар рушди иқтисоди Тоҷикистон нақши бориз дорад ва давлату ҳукумат бо ин кишвари бузурги минтақа ҳамкории наздики густурдаи худро ба роҳ мондааст. Робитаҳои Тоҷикистону Чин бо суръат рушд намуда, хамеша дар ҳолати тағйирёбии мусбӣ қарор доранд. Комиссияи байниҳукуматии тоҷикию чинӣ доир ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ амал мекунад. Гардиши мол аз 2,75 млн. доллар дар соли 1992 то 885 млн. доллар дар соли 2016 ва ин нишондод соли 2018 ба зиёда аз 2 миллиард доллари ИМА афзоиш ёфтааст. Дар ин муддат гардиши мол байни ду кишвар зиёда аз 300 баробар афзудааст. Соли гузашта Чин бузургтарин сармоягузор ба иқтисодиёти Тоҷикистон эълон гардид, ки сармоягузориҳои он то ба зиёда аз 2 миллиард доллари ИМА баробар гардидааст. Корхонаҳои чини дар супоридани андози давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ таъхир  накардаанд. Бо маблағгузории Чин, дар ин муддат бузургтарин иншоотҳо ба мисли сохтмони шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе–Ҷанок, Ҷормағзак, хати интиқоли барқии 500 кв «Лолазор–Хатлон», хати интиқоли барқи 220 кв «Ҷануб–Шимол», ғайр аз ин Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистон имрўз дар ҳаҷми миллиардҳо доллари ИМА маблағгузорӣ менамояд, ки барои рушди иқтисоди Тоҷикистон такони ҷидди мебахшанд. Чин бо бунёди роҳҳо ва пулҳо, нақбҳо ва эҷоди воситаҳои инфрасохтории замонавӣ дар Тоҷикистон пуле  байни Шарқу Ғарб  бунёд хоҳад кард, ки ҳам дар рушди иқтисоди Тоҷикистон ва хам рушди иқтисоди Чин заминаи мусоидро эҷод хоҳад намуд.
   Дар баробари ҳамаи ин ширкатҳои Чин дар Тоҷикистон яке аз беҳтарин андозсупоранда ба шумор мераванд. Барои мисол дар моҳи январи соли 2017 аз тарафи мақомоти андози Тоҷикистон ширкатҳои муштараки тоҷику чинӣ беҳтарин андозсупоранда эътироф ва эълон гардиданд. Ин корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин дар шимоли Тоҷикистон яке аз корхонаҳои муштараки тиллои “Зарафшон”ва “Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин” мебошанд, ки ҳарду ба истихроҷи маъдан ва металҳои гаронбаҳо машғуланд.
Самти  сиёсати имрӯзаи Чин ба иқтисод равона гардидааст, ки ин имкон додаст, Хитой дар минтақа ва ҷаҳон соҳаи иқтисоди худро  зуд рушд диҳад ва албатта, барои ҳавасманд гардонидани шарикони иқтисодиаш ин беҳтарин роҳ буда метавонад. Имрӯз рушди иқтисодии ин кишвар барои васеъ ва мустаҳкам намудани нуфузи ин кишвар дар сиёсати ҷаҳонӣ ва минтақавӣ  нақши муҳимро бозида истодааст. Дар Тоҷикистон имрӯз таваҷҷуҳи бештар ба самти кори ширкатҳои хориҷӣ равона аст, зеро ин ширкатҳо зуд рушд мекунанд ва ҷойҳои кории нав меофаранд. Дар баробари ин ширкатҳои чинӣ имруз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  беҳтарин андозсупоранда ба шумор рафта истодаанд, ки ин барои рушди иқтисоди Тоҷикистон нақши муҳимро мебозад.
Чин бузургтарин ҳамсоя аз байни чор кишвари ҳамҷавори мо шинохта мешавад ва воқеан саҳми бузург дар рушди иқтисоди Тоҷикистон дорад. Нуфузи ин кишвар на танҳо дар минтақа, балки дар ҷаҳон марҳила ба марҳила боло рафта истодааст ва аз ин рушди кайҳонии Чин мо метавонем саҳми чашмрас бардорем. Бинобар ин бо Хитой доштани муносибати дипломатии устувор, ҳамкориҳои густурдаи тиҷоратӣ, иқтисодӣ, низомӣ ва фарҳангӣ ба манфиати Тоҷикистон буда, пеши роҳи ҳама хавфу хатари эҳтимолиро хоҳад гирифт. Барои рушди Тоҷикистон мебояд мо ҳарчи бештар шарикони боэътимод ба мисли ин кишвар пайдо намоем ва ҳамеша дар баробари рушди иқтисод дар дигар самтҳо низ корҳоро ҷоннок намоем.
   Ҷалби сармоя ва вусъат додани корҳову ташкили ҷойҳои нави корӣ дар Тоҷикистону минтака  ба ҳамгироии кишварҳои минтақа, ривоҷи робитаҳои  иқтисодӣ ва дар маҷмўъ, ба таҳкими сулҳу субот дар минтақа мусоидат хоҳад намуд.
Ҳамин   тариқ, дар даврони истиқлолияти Тоҷикистон тавонист бо сиёсати озмудашуда ва мутавозини хориҷӣ бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ робитаҳои гуногунҷанбаи сиёсӣ ва иқтисодӣ бо ҳамсоякишвари бузурги худ –Хитой ба роҳ монда, натиҷаҳои судманд низ ба даст овард. Чунин ҳамкориҳои судманд бо Чин ба рушди иқтисодии кишвар ва ҳалли чор масъалаи стратегӣ-баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ, дарёфти истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворивӣ ва саноатикунонии кишвар мусоидат хоҳад намуд.
   Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо Чин дар даврони навин ба марҳилаи шарики стратегӣ табдил ёфта, ба манфиати халқҳои тоҷику чин хизмат мекунанд.
 
      Адабиёт:
  1. Комиссина И. Китай и Центральная Азия: проблемы и перспективы сотрудничества. / Комиссина И., Кортов А./- М., 2003.
  2. Парамонов В. Экономическое присутствие Китая и России в Центральной Азии. / Парамонов В., Строков А./- М., 2007.
  3. Парамонов В. Этапы внешней политики Китая в Центральной Азии. / Парамонов В., Строков А., Столповский О./ -М.,  2008.
  4. Мирзоев Н. М. Тоҷикистон–созмони ҳамкории Шанхай: шоҳроҳи ҳамкориҳо./ Мирзоев Н. Д.2014
  5. Комиссина И. Китай и Центральная Азия: проблемы и перспективы сотрудничества. / Комиссина И., Кортов А./- М., 2003.
  6. Парамонов В. Экономическое присутствие Китая и России в Центральной Азии. / Парамонов В., Строков А./- М., 2007.
  7. Парамонов В. Этапы внешней политики Китая в Центральной Азии.
  8. Парамонов В., Строков А., Столповский О./ -М., 2008.
  9. Мирзоев Н. М. Тоҷикистон – созмони њамкории Шанхай: шоҳроҳи ҳамкориҳо./ Мирзоев Н. Д. 2014
Аҳмадҷон ОДИНАЕВ,
ходими хурди илмии Институт
 

БОЗГАШТ