АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Вохӯрӣ дар ҳошияи ҳамкориҳои илмӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Санаи 20 октябри соли 2022 дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ вохӯрии кормандони Институт бо сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ҷаноби Акрам Каримӣ ва доктор Муҳаммад ибни Сақр ас-Суламӣ – директори Пажӯҳишгоҳи байналмилалии эроншиносии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид.
  Нахуст директори Институт Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо ташрифи меҳмононро ба Институт хайрамақдам гуфта, сухани ибтидоиро ба ҷаноби сафир Акрам Каримӣ доданд.

                                                                           

  Ҷаноби сафир Акрам Каримӣ зимни суханронии худ қайд намуданд, ки боиси ифтихор аст, ки имрӯз дар ин боргоҳи илму маърифат, яъне Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ дар иҳотаи устодону бузургон ва дӯстон қарор дорам. Қобили зикр аст, ки ҳадафи ин мулоқот барқарор намудани робитаҳои илмиву тадқиқотӣ бо муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Сипас, ҷаноби сафир Акрам Каримӣ суханро ба доктор Муҳаммад ибни Сақр ас-Суламӣ доданд.
  Доктор Муҳаммад ибни Сақр ас-Суламӣ аз баргузор гардидани чунин як мулоқоти судманд изҳори сипос намуданд ва қайд карданд, ки Пажӯҳишгоҳи байналмилалии эроншиносии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бештар ба омӯзиши масоили сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон машғул мебошад. Аз нуқтаи назари ман барқарор намудани робитаҳои илмиву тадқиқотии пажӯҳишгоҳи мазкур бо муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз манфиат холӣ нест.
  Дар идомаи вохӯрӣ байни директори Пажӯҳишгоҳи байналмилалии эроншиносии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, доктор Муҳаммад ибни Сақр ас-Суламӣ ва кормандони Институт саволу ҷавоб сурат гирифт ва ҷонибҳо ба саволҳои худ посухи қаноатбахш гирифтанд.
  Дар интиҳои вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд мақолаҳои илмии худро байни ҳамдигар мубодила намуда, дар расонаҳо ва маҷаллаҳои илмии худ ба нашр мерасонанд.

БОЗГАШТ