20 июли соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Муғулистон ташриф оварданд. Ин сафар дар марҳилаи нави рушди муносибатҳои байналмилалӣ баргузор гардида, аҳамияти он на танҳо дар густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон, балки дар тавсеаи робитаҳои байни кишварҳои Осиё ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ низ зоҳир мегардад.
Дар шароити тағйирёбии низоми геополитикӣ ва афзоиши нақши кашварҳои Осиё дар раванди ҷаҳонӣ, рушди муносибатҳо бо Муғулистон барои Тоҷикистон имкониятҳои навро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ боз мекунад. Ин раванд идомаи сиёсати хориҷии мутавозини Тоҷикистон мебошад, ки ба густариши робитаҳо бо кишварҳои гуногун ва ҷустуҷӯи заминаҳои нави ҳамкорӣ равона шудааст.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ намуданд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Улан-Батор Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазири корҳои хориҷии Муғулистон Батсэтсэг Батмунхийн ва дигар шахсони воломақоми он кишвар бо эҳтироми баланд истиқбол гирифтанд. Маросими истиқболи давлатӣ бо риояи анъанаҳои дипломатӣ баргузор гардид, ки бозгӯи сатҳи баланди муносибатҳои дӯстонаи ду давлат мебошад.
Муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон 24 апрели соли 1992 оғоз гардидаанд. Дар тӯли зиёда аз си сол ин муносибатҳо тадриҷан рушд намуда, имрӯз соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва гуманитариро дар бар мегиранд. Гарчанде ду кишвар аз ҷиҳати ҷуғрофӣ бо ҳам ҳамсарҳад нестанд, онҳоро арзишҳои муштарак, эҳтироми истиқлолияти давлатӣ ва мавқеи умумӣ нисбат ба масъалаҳои рушди устувор ба ҳам наздик месозад.
Тоҷикистон ва Муғулистон дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, пеш аз ҳама СММ, масъалаҳои муҳими рӯзномаи ҷаҳониро баррасӣ намуда, дар масъалаҳои марбут ба сулҳ, амният ва рушди устувор мавқеи наздик доранд.
Бояд қайд кард, ки яке аз натиҷаҳои муҳими сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Муғулистон баргузор гардидани нахустин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон гардид. Таъсиси чунин механизм барои гузариши муносибатҳои иқтисодӣ ва сатҳи умумӣ ба ҳамкориҳои амалӣ мусоидат намуданд. Дар ҷараёни ҷаласа ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро ҳамаҷониба мавриди баррасӣ қарор дода ба масъалҳои рушди тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, саноат ва коркарди маҳсулот, энергетика, нақлиёт ва логистика, кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ, илму маориф, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш, инчунин тавсеаи ҳамкории байниминтақавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Ҳамзамон, масъалаҳои афзоиши гардиши мол, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамкории соҳибкорон, ҷалби сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои афзалиятноки иқтисод, рушди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, таҳкими робитаҳои нақлиёт ва логистикӣ, инчунин густариши ҳамкории илмию техникӣ ва табодули таҷриба байни ниҳодҳои дахлдори ду кишвар мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҷонибҳо таъсиси Комиссияи байниҳукуматиро механизми муассири ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои дуҷониба арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки фаъолияти он барои таҳкими муносибатҳои дӯстона ва шарикии судманд байни Тоҷикистон ва Муғулистон аҳамияти калидӣ дорад. Дар анҷоми ҷаласа Протоколи ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматӣ ба имзо расид, ки он ҳамчун қадами муҳим дар роҳи тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ арзёбӣ гардида, ҷонибҳо омодагии худро барои татбиқи пайвастаи муқаррароти он ва амалӣ намудани тадбирҳои мушаххас ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати ҳамкории дуҷониба, мутобиқ ба манфиатҳои муштараки ҳар ду давлат, изҳор намуданд.
Ҳамзамон Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муғулистон баргузор гардиданд, ки ба таҳкими робитаҳои фарҳангиву гуманитарии ду давлат такони тоза бахшиданд. Ин чорабинӣ намунаи равшани истифодаи дипломатияи фарҳангӣ ҳамчун воситаи муҳими таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ ва назиксозии мардумони ду кишвар мебошад. Дар доираи Рӯзҳои фарҳангӣ намоиши таъриху фарҳанг, урфу одат, дастовардҳои даврони истиқлол ва табиати зебои Тоҷикистон ташкил гардид, барномаи рангини консертии ҳунармандони тоҷик пешкаши тамошобинон шуд.
Ҳамзамон, вохӯрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири фарҳанг, варзиш, сайёҳӣ ва ҷавонони Муғулистон баргузор гардида, дар он масъалаҳои густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои фарҳангиву таълимӣ, омода намудани мутахассисони соҳа, мубодилаи таҷриба ва тавсеаи робитаҳое, ки манфиатҳои муштараки ду давлатро фаро мегиранд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ дипломатияи фарҳангӣ ҳамчун яке аз абзорҳои муҳими “неруи нарм” (Soft Power) барои таҳкими эътимод, муаррифии арзишҳои миллӣ ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ нақши калидӣ мебозад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар солҳои охир бо роҳандозии чунин ташаббусҳои фарҳангӣ сиёсати хориҷии худро бо унсурҳои дипломатияи мардумӣ ғанӣ гардонида, симои мусбати кишвар, таърихи куҳан, фарҳанги ғанӣ ва иқтидори тамаддунофари худро дар арсаи байналмилалӣ ҳарчи бештар муаррифӣ менамояд. Дар ин замина, баргузории Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муғулистон на танҳо таҳкими робитаҳои фарҳангии ду кишвар, балки ба тавсеаи ҳамкориҳои сиёсӣ, илмӣ ва гуманитарӣ низ мусоидат намуда, барои рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва шарикии дарозмуддати Тоҷикистону Муғулистон заминаи устувор фароҳам меорад.
Яке аз рӯйдодҳои муҳим ва рамзии сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Муғулистон шинондани ниҳоли дӯстӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух буд. Ин иқдом дар амалияи дипломатияи байналмилалӣ ҳамчун рамзи сулҳ, дӯстӣ, эҳтироми мутақобила ва рушди муносибатҳои дарозмуддати байнидавлатӣ арзёбӣ мегардад. Шинонидани ниҳоли дӯстӣ танҳо як маросими рамзӣ набуда, балки таҷассумгари иродаи сиёсии роҳбарони ду кишвар барои таҳким ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар тамоми самтҳои афзалиятнок мебошад. Аз ин рӯ, чунин иқдом на танҳо аҳамияти рамзӣ дорад, балки эътимоди сиёсӣ, дӯстии пойдор ва омодагии Тоҷикистону Муғулистонро барои рушди шарикии дарозмуддат ва таҳкими муносибатҳои стратегӣ дар оянда инъикос менамояд.
Дар баробари рушди муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Муғулистон, густариши ҳамкориҳои илмӣ низ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки муносибатҳои дуҷониба аҳамияти бештар касб менамояд. Пойгоҳи мусоиди сиёсӣ ва ҳуқуқии ҳамкориҳо имконият фароҳам меорад, ки муассисаҳои илмӣ ва таҳқиқотии ду кишвар дар доираи лоиҳаҳои муштарак, табодули олимону муҳаққиқон, баргузории конфронсҳои илмӣ ва анҷом додани таҳқиқоти муштараки ҳамкориҳои худро густариш диҳанд. Аз ҷумла, барои муҳаққиқон омӯзиши таърихи Роҳи бузурги Абрешим, таҳқиқоти шарқшиносӣ, масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи экосистемаҳои кӯҳӣ, амнияти озуқаворӣ, рушди иқтисоди сабз, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъи дар идоракунии давлатӣ аз ҷумла самтҳои дорои аҳамияти илмию амалӣ ба шумор мераванд. Бо назардошти он ки Тоҷикистон ва Муғулистон ҳарду ба масъалаҳои рушди устувор, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи самаранокии захираҳои табиӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд, татбиқи таҳқиқоти муштарак метавонад барои дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти умумӣ ва табодули таҷрибаи пешқадам мусоидат намояд. Аз ин рӯ, тақвияти ҳамкориҳои илмӣ на танҳо ба рушди илми ду кишвар такони ҷиддӣ мебахшад, балки барои таҳкими заминаи зеҳнӣ ва таҳлилӣ ҷиҳати тавсеаи муносибатҳои дарозмуддати Тоҷикистону Муғулистон низ аҳамияти стратегӣ дорад.
ДОРОНШОЕВА Некбахт Шоқосумовна,
мудири шуъбаи ШМА ва Канадаи
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,
номзади илмҳои сиёсӣ