×

АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ҲАМЧУН САМТИ НАВИ ҲАМКОРИИ МИНТАҚАВИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ: МАВҚЕИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР САММИТИ ОСТОНА ДАР ҲОШИЯИ “РАВАНДИ АҚАБА”

Бозгашт ба мавод

АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ҲАМЧУН САМТИ НАВИ ҲАМКОРИИ МИНТАҚАВИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ: МАВҚЕИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР САММИТИ ОСТОНА ДАР ҲОШИЯИ “РАВАНДИ АҚАБА”

ИОМДОА Сиёсат 06-11-2026 ш.Душанбе
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ҲАМЧУН САМТИ НАВИ ҲАМКОРИИ МИНТАҚАВИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ: МАВҚЕИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР САММИТИ ОСТОНА ДАР ҲОШИЯИ  “РАВАНДИ АҚАБА”

(Дар ҳошияи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон ҷиҳати иштирок дар Мулоқоти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар қаринаи «Раванди Ақаба» оид ба амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ, Остона,5-6 ноябри соли 2026)

 Дар шароити муосири тағйирёбӣ  Осиёи Марказӣ аз минтақаи танҳо географӣ ба фазои муҳими стратегӣ табдил ёфтааст, ки дар он манфиатҳои давлатҳои минтақа, қувваҳои бузурги ҷаҳонӣ ва сохторҳои байналмилалӣ ба ҳам алоқаманд мешаванд. Дар ин фазо масъалаҳои анъанавии амният - мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва таҳдидҳои сарҳадӣ — бо хатарҳои нави технологӣ пайваст гардидаанд. Зеҳни сунъӣ, ки солҳои охир ба яке аз самтҳои асосии рушди илмӣ-техникӣ табдил ёфтааст, ҳам имкониятҳои калон барои иқтисодиёт, идораи давлатӣ ва хадамоти ҷамъиятӣ фароҳам меоварад, ҳам барои истифодаи нодуруст ва ҷинояткорона фазои нав мекушояд. Аз ин рӯ, баррасии амнияти зеҳни сунъӣ дар сатҳи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ нишон медиҳад, ки минтақа кӯшиш дорад аз мавқеи объекти таҳдидҳо ба мавқеи фаъоли субъектҳои танзимкунандаи равандҳои рақамӣ гузарад.

Дар ҳамин замина, сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон санаи 5 ноябри соли 2026  оғоз ёфт. Дар доираи ин сафар,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон  дар Мулоқоти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҳошияи “Раванди Ақаба” оид ба амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок мекунад. Мавзӯи асосии ин мулоқот амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ  нишон медиҳад, ки рӯйхати таҳдидҳои муштараки минтақа васеъ шуда, ба соҳаи технологияҳои муосир роҳ ёфтааст. Барои Тоҷикистон, ки дар маркази Осиёи Марказӣ ҷойгир аст ва мубориза бо терроризм ва экстремизмро яке аз самтҳои муҳими сиёсати амниятии худ мешуморад, иштирок дар чунин формат имкониятҳои нави ҳамоҳангсозии сиёсат ва мубодилаи таҷриба фароҳам меоварад.

Мусаллам аст, ки сафари мазкур на танҳо давоми равобити дутарафаи Душанбе ва Остона, балки нишонаи таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар сохторҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ аст. “Раванди Ақаба”,  ки бо ташаббуси Шоҳи Урдун Абдуллоҳи II таъсис ёфтааст, дар солҳои гузашта ба яке аз механизмҳои муҳими ҳамкорӣ бар зидди терроризм ва экстремизм табдил ёфтааст. Баргузории аввалин саммити ин формат дар Остона ва иштироки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар он нишон медиҳад, ки минтақа ба мубодилаи таҷрибаи ҳамкорӣ бо Шарқи Миёна ва дигар минтақаҳои ҷаҳон таваҷҷуҳи зиёд дорад. Ҳамзамон, ин раванд имкон медиҳад, ки таҷрибаи мубориза бо таҳдидҳои анъанавӣ ба самти муқобила бо хатарҳои киберӣ, дурӯғсозии рақамӣ ва истифодаи зарарноки зеҳни сунъӣ интиқол ёбад.

Дар доираи ин сафари расмӣ маъалаҳои зерин аз қабилӣ: таҳлили мазмуни сафари сатҳи олӣ ва мулоқотҳои дутарафа, омӯхтани моҳияти “Раванди Ақаба”  ва нақши он дар амнияти минтақавӣ, ташхиси хатарҳо ва имкониятҳои зеҳни сунъӣ барои Осиёи Марказӣ, инчунин муайян кардани дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва рақамӣ баррасӣ хоҳад шуд.

Агар мо ба заминаи таърихии муносибатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон назар афканем, он аз солҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти  ҳарду давлат маншаъ мегирад, ки бо принсипҳои эҳтироми мутақобили соҳибихтиёрӣ, баробарҳуқуқӣ ва манфиатҳои муштарак бунёд гардидааст. Пайвандҳои таърихию фарҳангӣ ва ҳамзабонӣ байни халқҳои тоҷик ва қазоқ  заминаи  рушди муносибатҳои мутақобила гардид. Дар солҳои аввали истиқлолият, вақте ки ҳар ду кишвар бо мушкилоти гузариш аз системаи шӯравӣ ба модели давлатдории мустақил рӯ ба рӯ буданд, ҳамкорӣ асосан дар самтҳои тиҷоратӣ, нақлиётӣ ва гуманитарӣ ташаккул меёфт. Тадриҷан, бо устувор гардидани сохторҳои давлатӣ ва васеъ шудани иқтидори иқтисодии ҳар ду мамлакат, муносибатҳо аз шакли оддии ҳамкорӣ ба сатҳи шарикии стратегӣ  гузашт. Аслан  марҳилаи муҳим дар таърихи равобити дутарафа бо имзои “Аҳднома дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ба  14 сентябри соли 2015 алоқаманд аст. Ин санад принсипҳои асосии муносибатҳои ду давлатро муайян кард, аз ҷумла эҳтироми истиқлол ва соҳибихтиёрии давлатӣ, баробарҳуқуқӣ ва кӯшиши тарафайн барои таъмини робитаҳои мутақобилан судманд.  Аҳамияти ин ҳуҷҷат дар он буд, ки ҳамкориро аз қолаби гуфтугӯҳои давраӣ берун оварда, онро ба системаи ҳуқуқии мустақам ва дурнамодор табдил дод. Дар ҳамин замина, комиссияҳои байниҳукуматӣ, музокироти сатҳи вазирон ва механизмҳои муттаҳидшавии минтақавӣ фаъол шуданд, ки онҳо заминаи амалигардонии лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва савдо гардиданд. Дар идомаи ин раванд, сафари давлатии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷуҳурии  Қазоқистон дар моҳи майи соли 2023 сурат гирифт, ки аҳамияти махсус пайдо кард ва қадами сифатан нав дар ин раванд имзои “Аҳднома дар бораи муносибатҳои иттифоқӣ  байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон” буд, ки  санаи  22 августи соли 2024 дар Душанбе сурат гирифт. Ин санад дар давоми сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон  Қосим- Жомарт Токаев ба Тоҷикистон ба имзо расид ва ба оғози марҳалаи нави ҳамкорӣ асос гузошт.

Ратификатсияи ин аҳднома дар Қазоқистон дар соли 2026 аҳамияти ҳуқуқии онро боз ҳам устувортар гардонд. Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим- Жомарт Токаев қонуни ратификатсияи аҳдномаро имзо кард,  ки ин амал иҷрои ӯҳдаҳои ҳуҷҷатро ба марҳалаи нави амалӣ овард.  Дар ҳамин замина, сафари навбатӣ метавонад нақши санади таҳкими иҷрои аҳднома ва муайян кардани самтҳои нави ҳамкориро бозкушоӣ  намояд.

Хулосаи умумии таҳқиқ ин аст, ки сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон ва иштироки ӯ дар Мулоқоти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҳошияи “Раванди Ақаба” оид ба амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ  на танҳо рӯйдоди дипломатии муайян, балки нишонаи таҳаввули сиёсати амниятии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии технологияҳои муосир мебошад. Ин раванд нишон медиҳад, ки Тоҷикистон кӯшиш дорад мавқеи худро ҳамчун давлати фаъоли минтақавӣ, шарики иттифоқии Қазоқистон ва иштирокчии сохторҳои байналмилалӣ таҳким бахшад. Дар оянда, муваффақияти ин раванд ба суръати амалигардонии санадҳои имзошуда, амиқ шудани ҳамкории иқтисодӣ ва рақамӣ, инчунин ташаккули механизмҳои муштараки амнияти зеҳни сунъӣ вобаста хоҳад буд.

ДОСТИЕВА Дилафруз,

ходими хурди илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои  АМИТ