×

ДАҲСОЛАИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА – КАФОЛАТИ ФАРДОИ ОСОИШТА

Бозгашт ба мавод

ДАҲСОЛАИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА – КАФОЛАТИ ФАРДОИ ОСОИШТА

ИОМДОА Сиёсат 11-08-2026 ш.Душанбе
ДАҲСОЛАИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА – КАФОЛАТИ ФАРДОИ ОСОИШТА

Сулҳ яке аз арзишҳои бузурги башарият ба шумор рафта, бидуни он рушди устувори давлат, пешрафти иқтисод, илму маориф ва зиндагии шоистаи мардум ғайриимкон аст. Таҷрибаи таърихӣ собит намудааст, ки ҳар миллате, ки дар тулии таърихи куҳан то ба имрӯз сулҳу суботро дар қаламрави давлату давлатдории худ ҳифз кардааст, тавонистааст ба дастовардҳои назаррас ноил гардад ва умри абадиро дар низоми сиёсӣ ва пиндори давлатдории миллӣ тазмин ва фароҳам созад. Аз ин рӯ, масъалаи таҳкими сулҳ дар ҷаҳони муосир на танҳо вазифаи давлатҳо, балки масъулияти ҳар як инсони соҳибандеша, донишвару огоҳ ва хирадманд мебошад.

Дар шароите, ки ҷаҳон бо низоъҳои сиёсӣ, таҳдидҳои амниятӣ, терроризм, ифротгароии хушунатомез ва дигар мушкилоти глобалӣ рӯ ба рӯ гардидааст, ташаббуси навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» аҳамияти махсус касб мекунад. Моҳияти ин ташаббус дар он ифода меёбад, ки сулҳ бояд ҳамчун арзиши умумии инсоният ҳифз гардида, фарҳанги ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамкорӣ байни давлатҳо ва халқҳо боз ҳам тақвият ёбад. Ин иқдом ба тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи сулҳпарварӣ, эҳтиром ва иззати ҳуқуқи инсон ва ҳамзистии осоишта мусоидат менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҳамчун давлати сулҳпарвар дар арсаи байналмилалӣ шинохта шудааст. Пас аз барқарор гардидани сулҳу ваҳдати миллӣ, кишвари ҳуқуқбунёди мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол роҳи рушди устуворро пеш гирифта, дар ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ пайваста ташаббусҳои созанда пешниҳод менамояд. Пешниҳоди ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои обу иқлим, сулҳ ва маърифати ҳуқуқӣ собит менамояд, ки кишвари мо фаротар аз минтақаи Осиёи Марказӣ барои таҳкими пояҳои сулҳи ҷаҳонӣ ва субботу оромӣ дар олам меандешад. Қобили зикр аст, ки ин сиёсати сулҳҷӯёна боис гардидааст, ки Тоҷикистон ҳамчун шарики боэътимод дар таҳкими амният, ҳамкориҳои минтақавӣ ва рушди муносибатҳои дӯстона эътироф шавад.

Дар ин самт саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр арзишманд мебошад. Бо сиёсати хирадмандона ва дурбинона сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар пойдор гардида, барои рушди ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлат заминаи мусоид фароҳам оварда шуд. Имрӯз низ сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими сулҳ, ҳамкории байналмилалӣ ва ҳалли масъалаҳои глобалӣ тавассути муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ равона гардидааст, ки чунин сиёсати муваффақ аз иродаи башардӯстона ва ояндабинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.

Таҳкими иродаи сулҳ, субот, амният ва оромӣ дар зеҳну замири наврасону ҷавонон дар шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир хеле зарур дониста мешавад. Дар ин росто ҷавонон неруи асосии созандаи ҷомеа ва бунёдкунандагони фардои давлат мебошанд. Аз ин рӯ, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, таҳаммулпазирӣ ва сулҳпарварӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Ҷавонони соҳибмаърифат метавонанд дар мубориза бо андешаҳои ифротӣ, таҳмили фарҳанги бегона, зиёдаравӣ ва бегонапарастӣ муқовимат карда тавонанд. Ҳар қадар сатҳи дониш, маърифат ва масъулияти шаҳрвандии ҷавонон баланд бошад, ҳамон андоза замина барои сулҳу суботи пойдор дар ҷомеа мустаҳкам мегардад.

Имрӯз рушди иқтисод, пешрафти илм, маориф, технология ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум бевосита ба мавҷудияти сулҳу субот вобаста мебошад. Дар фазои ором сармоягузорӣ меафзояд, муассисаҳои таълимӣ рушд мекунанд, ҷавонон имконияти бештар барои омӯзиш ва фаъолияти созанда пайдо менамоянд. Аз ин рӯ, ҳифзи сулҳ танҳо масъалаи сиёсӣ нест, балки шарти муҳими зиндагии шоистаи ҳар як шаҳрванд мебошад. Сулҳ ба ҳайси як неъмати бузург, фарҳанги пойдор ва тамаддуни инсонсоз метавонад дар пойдории давлати миллӣ нақши абадӣ дошта бошад.

Ташаббуси «Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» моро водор месозад, ки нисбат ба ояндаи фарзандон ва ҷомеаи худ масъулияти бештар эҳсос намоем. Ҳифзи сулҳ аз оила, мактаб, ҷомеа ва муносибати ҳар як шаҳрванд оғоз меёбад. Танҳо бо ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ метавон ҷомеаи пешрафта ва давлати нерумандро бунёд намуд.

Дар ниҳоят метавон гуфт, ки сулҳ бузургтарин сарвати миллат аст. Ҳифзи он вазифаи танҳо давлат нест, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Бигзор ҳар яки мо бо рафтор, гуфтор ва фаъолияти созандаи худ барои таҳкими сулҳ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм гузорем, то наслҳои оянда дар фазои амну осоишта зиндагӣ ва фаъолият намоянд.

Пояндаву ҷовидон бод парчами сулҳ дар фазои Тоҷикистон ва ҷаҳон!

НУРИДДИНОВА Муниса,

ходими илмии шуъбаи

Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳоидавлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,

номзади илмҳои таърих