“Дар ҷаҳони муосир варзиш ба василаи муҳимтарини таъмини сулҳ ва ҳамзистии ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, тавассути он давлатҳо ва халқу миллатҳо мақом ва нуфузи байналмилалии худро ҳифз намуда, аз ҳувияту шарафи худ дифоъ менамоянд”.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар шароити муосири рушди муносибатҳои байналмилалӣ дипломатияи варзишӣ ба яке аз воситаҳои муҳимми таҳкими ҳамкориҳои байни давлатҳо ва муаррифии имиҷи мусбати кишварҳо табдил ёфтааст. Имрӯз варзиш на танҳо василаи рақобати ҷисмонӣ, балки воситаи муассири сиёсати хориҷӣ, таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва тарбияи насли солим ба ҳисоб меравад. Бо истифода аз имкониятҳои дипломатияи варзишӣ давлатҳо метавонанд нуфузи байналмилалии худро баланд бардоранд, муносибатҳои фарҳангиву иҷтимоиро густариш диҳанд ва арзишҳои миллӣ ва умумибашариро тарғиб намоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи варзиш ва ҷалби ҷавонон ба ҳаёти солими ҷомеа диққати махсус медиҳад. Бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар барои рушди инфрасохтори варзишӣ, баргузор намудани мусобиқаҳои байналмилалӣ ва омода намудани варзишгарони касбӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Нақши ҷавонон дар рушди дипломатияи варзишӣ хеле назаррас мебошад, зеро маҳз ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа метавонанд тавассути дастовардҳои варзишӣ обрӯ ва нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд. Иштироки фаъоли варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ на танҳо ҳисси ифтихори миллиро тақвият мебахшад, балки барои таҳкими дӯстии байни халқҳо ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ низ мусоидат мекунад.
Дар баробари ин, дипломатияи варзишӣ ба тарбияи ҷавонони ватандӯст, худшинос ва дорои тарзи ҳаёти солим мусоидат менамояд. Варзиш ҷавононро ба иродаи қавӣ, интизом, эҳтиром ба рақиб ва ҳисси масъулиятшиносӣ раҳнамоӣ карда, онҳоро аз таъсири омилҳои номатлуби ҷомеа дур месозад.
Воқеан, дар ҳамаи давру замонҳо ҷомеаи солим ба неруи асосии пешбарандаи худ – ҷавонон такя мекунад. Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: “Ҷавонон идомадиҳандаи таъриху фарҳанги қадимаи Ватан, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав ва эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд”.
Бо такя ба андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавон гуфт, ки ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ неруи созандаи имрӯз ва фардои миллат буда, бо неруи зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва фаъолияти пурсамари худ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиву давлатӣ саҳми назаррас мегузоранд ва сазовори бовариву эътимоди давлату ҷомеа гардидаанд.
Дар замони муосир варзиш яке аз воситаҳои муҳимми тарбияи насли солим ба ҳисоб меравад. Варзиш ҷавононро аз одатҳои номатлуб дур намуда, ба тарзи ҳаёти солим раҳнамоӣ мекунад. Ҳар шахсе, ки ба варзиш машғул мешавад, на танҳо ҷисман солим, балки аз ҷиҳати иродаву рӯҳия низ қавӣ мегардад. Беҳуда нагуфтаанд: “Ақл дар бадани солим аст”.
Аз ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ то имрӯз тавассути барномаҳои давлатӣ, дастгирии инфрасохторӣ ва ташкили мусобиқаҳои варзишии сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ барои рушди ҳамаҷонибаи варзиш шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Имрӯз варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои осиёӣ, ҷаҳонӣ ва олимпӣ натиҷаҳои назаррас ба даст меоранд, ки ин ҳама самараи сиёсати варзишпарваронаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бино ба маълумоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2025 варзишгарони тоҷик аз мусобиқаҳои байналмилалӣ 510 медал, аз ҷумла 140 медали тилло, 166 нуқра ва 204 биринҷӣ ба даст оварданд.
Ҳамчунин, боиси фараҳу шодист, ки дар соли 2026 дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии Dushanbe Grand Slam баргузор гардид, ки варзишгарони тоҷик дар он 4 медал (3 тилло ва 1 биринҷӣ) ба даст оварданд.
Варзишгарони тоҷик имрӯз ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа, омили рушди дипломатияи варзишӣ ва муаррификунандаи имиҷи байналмилалии кишвар нақши муҳим доранд.
Дипломатияи варзишӣ метавонад барои тарғиби арзишҳои умумибашарӣ, аз ҷумла адолат, рақобати солим, эҳтиром ба рақиб ва ҳамдигарфаҳмӣ истифода гардад. Аз ин рӯ, истифодаи дипломатияи варзишӣ дар сиёсати хориҷии давлатҳо аҳаммияти мубрам дорад, зеро он воситаи муассири ташаккули имиҷи мусбат, рушди муносибатҳои осоишта, муаррифии арзишҳои миллӣ ва ҷалби пуштибонии байналмилалӣ мебошад.
Дар шароити ҷаҳони пуртазоди муосир кишварҳое, ки аз воситаҳои “неруи нарм”, бахусус варзиш, самаранок истифода мебаранд, метавонанд мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ таҳким бахшанд.
Ҳамин тариқ, дипломатияи варзишӣ дар шароити муосир ба яке аз воситаҳои муҳимми таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ, баланд бардоштани обрӯву нуфузи давлат ва тарбияи ҷавонони фаъолу ватандӯст табдил ёфтааст. Варзиш ҳамчун воситаи “неруи нарм” имконият фароҳам меорад, ки давлатҳо тавассути мусобиқаҳои байналмилалӣ, ҳамкориҳои варзишӣ ва дастовардҳои варзишгарон сиёсати сулҳҷӯёна ва арзишҳои миллии худро муаррифӣ намоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи варзиш ва дастгирии ҷавонон аҳаммияти хосса зоҳир намуда, барои ташаккули тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст. Дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ далели равшани сиёсати варзишпарваронаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Нақши ҷавонон дар рушди дипломатияи варзишӣ хеле муҳим буда, онҳо ҳамчун неруи созанда ва муаррификунандаи миллат метавонанд тавассути дастовардҳои варзишӣ обрӯи давлатро баланд бардоранд. Варзиш дар баробари таҳкими саломатии ҷисмонӣ, инчунин ба рушди маънавӣ, иродаи қавӣ, ҳисси масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мусоидат менамояд.
Дипломатияи варзишӣ на танҳо воситаи муаррифии давлат, балки омили муҳимми таҳкими сулҳ, дӯстии байни халқҳо, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва нерумандсозии ҷавонон ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, истифодаи самараноки дипломатияи варзишӣ барои таҳкими неруи ҷавонон ва боло бурдани мавқеи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ дорад.
ДОСТИЕВА Дилафруз
ходими хурди илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ