Маврид ба зикр аст, ки мактабу маориф мақоми хос дошта,таҷлил аз Рӯзи Дониш ва Дарси Сулҳ фароҳамсози нахустин мактаби худогоҳиву худшиносии насли имрӯзу фардои кишвар мебошад. Зеро тавассути роҳандозии дурусту босифати он ҷомеа неруи зеҳнӣ, иқтидори эҷодию таҳлилӣ ва сармояи инсониро ҳамчун пояи рушди устувор ташаккул медиҳад. Он на танҳо воситаи интиқоли дониш ва таҷрибаи наслҳо, балки заминасозии ҳадафҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии давлатро фароҳам оварда, дар доираи стратегии дарозмуддати давлат сармояи рушди инсонӣ арзёбӣ мешавад. Тавассути он сифату самараи илму донишу маърифат дар баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, тавонмандсозии қувваи корӣ ва афзоиши рақобатпазирии миллӣ хубтар инъикос меёбад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, соли 2026-ро “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон намуданд. Маврид ба зикр аст, ки қабули Қатъномаи Созмони Миллали Муттаҳид«Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда барои солҳои 2027–2036», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод гардид, натиҷа ва самараи Дарси Сулҳ мебошад, ки бо тавсияи Президенти кишвар ба хотири ҳифзу ҳимояи аҳли сайёра ба СММ ироа шуд.
Бо чунин ташаббусҳои созанда ва таъкидҳои Пешвои миллат метавон гуфт, ки “Дарси сулҳ”-и Рӯзи дониш дарси садоқату ватандорӣ буда, заминагузори худшиносиву худогоҳӣ, паёмрасони озодиву оромӣ ва ободии кишвар мебошад.
1.Таҳияи тадбирҳои саривақтӣ барои фарҳанги истифодаи шабакаи интернет, телефонҳои мобилӣ, зеҳни сунъӣ ва бахусус шабакаҳои иҷтимоӣ
2.Мутахассисон ва соҳибкасбон метавонад ҷомеаро ободтар созанд
3.Дар байни қишрҳои гуногуни аҳолӣ, алалхусус ҷавонону наврасон фарҳанги истифодаи шабакаи интернет, телефонҳои мобилӣ, зеҳни сунъӣ ва бахусус шабакаҳои иҷтимоӣ дуруст ва мунтазам фаҳмонида шавад.
4.Истифодаи бемеъёру беназорати телефонҳои ҳушманд ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба солимии равонӣ, хоб, нутқ, ҳофиза, қобилияти азхудкунии саводу дониш, фаъолият ва рушди ҷисмонии онҳо зарари ҷиддӣ мерасонад.
5.Ҷавонон бояд дар шароити рақамикунонии босуръат, рушди пайвастаи технологияҳои иртиботӣ ва афзоиши теъдоди шабакаҳои иҷтимоиву расонаҳои хабарии электронӣ фарҳанги баланди иттилоотӣ дошта бошанд.
Хулосаи калом, бо чунин роҳнамоиҳои дурбинонаи Президенти кишвар ва муаллимону роҳбарони кордону соҳибхираду соҳибмаърифат аз фарҳанги сулҳу созандагӣ бояд бештар истифода карда, фазои сулҳу дӯстӣ ва хуррамиву хушҳолии мардумро ҳифзу ҳимоя намуда, диёру Ватанро ободу озоду ором нигоҳ дошт.
РАҲМОНОВ Мирсаид,
ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон