×

ФОРУМИ СУЛҲИ ФАРҒОНА - ПЛАТФОРМАИ НАВИ ТАҲКИМИ ЭЪТИМОД ВА ҲАМСОЯГИИ НЕК ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Бозгашт ба мавод

ФОРУМИ СУЛҲИ ФАРҒОНА - ПЛАТФОРМАИ НАВИ ТАҲКИМИ ЭЪТИМОД ВА ҲАМСОЯГИИ НЕК ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ИОМДОА Сиёсат 25-09-2026 ш.Душанбе
ФОРУМИ СУЛҲИ ФАРҒОНА - ПЛАТФОРМАИ НАВИ ТАҲКИМИ ЭЪТИМОД ВА ҲАМСОЯГИИ НЕК ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Дар шароити таҳаввулоти мураккаби геополитикии ҷаҳони муосир масъалаҳои ҳифзи сулҳ, таҳкими эътимоди мутақобил ва рушди ҳамкории минтақавӣ аҳамияти бештар пайдо мекунанд. Барои Осиёи Марказӣ ин масъалаҳо хусусияти хос доранд, зеро амният ва рушди устувори кишварҳои минтақа аз сатҳи ҳамдигарфаҳмӣ, муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва қобилияти давлатҳо барои ҳалли муштараки масъалаҳои фаромарзӣ вобастагии зиёд дорад.

Дар ин замина ташаккули Форуми сулҳи Фарғона ҳамчун майдони доимии муколама яке аз падидаҳои ҷолиби солҳои охир дар раванди ҳамкории минтақавӣ ба ҳисоб меравад. Аҳамияти ин ташаббус пеш аз ҳама дар он аст, ки водии Фарғона, ки Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистонро бо ҳам мепайвандад, имрӯз тадриҷан аз фазои масъалаҳои мураккаби сарҳадӣ ба фазои ҳамкорӣ, муколама ва ташаббусҳои муштарак табдил меёбад.

Тибқи маълумоти марбут ба таърихи ташаккули Форум, идеяи таъсиси Форуми сулҳи Фарғона моҳи марти соли 2024 дар шаҳри Душанбе аз ҷониби директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра миён гузошта шудааст. Дар  яке аз  ҷаласаҳои коршиносони байналмилалӣ, доктори илмҳои фалсафа Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра, дар қаринаи ташаббусҳои сулҳофарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Осиёи Марказӣ,  пешниҳод намуд, ки барои  идомаи муколамаи сулҳофарин дар водии Фарғона платформаи доимии минтақавӣ  бояд таъсис дода шавад.

Моҳияти пешниҳод аз он иборат буд, ки ҳамкории коршиносон ва ҷомеаҳои кишварҳои водии Фарғона танҳо бо баргузории чорабиниҳои алоҳида маҳдуд нашавад. Баръакс, зарурати ташкили механизми доимии муколама ба миён гузошта шуд, ки тавонад намояндагони доираҳои илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, мақомоти давлатӣ, ҷавонон, занон ва ҷомеаҳои наздисарҳадиро муттаҳид намояд.

Ҳадафи асосии чунин платформа таъмини пайдарҳамии равандҳои сулҳофарин, таҳкими фарҳанги муколама, баланд бардоштани сатҳи эътимоди мутақобил ва фароҳам овардани шароит барои ҳамкории устувори ҷомеаҳои се кишвари водии Фарғона буд.

Пас аз таҳия ва такмили консепсияи Форум ба татбиқи ташаббус шарикон аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ҷалб гардиданд. Аз ҷониби Қирғизистон пешниҳод гардид, ки фаъолияти Форум бо ғояи «Ынтымак» сулҳ, ризоият, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ  пайваст карда шавад. Ба раванди ташаккули платформа тадриҷан ниҳодҳои байналмилалӣ ва созмонҳои сулҳофарин низ ҷалб гардиданд.

Ҳамин тариқ, идеяе, ки дар Тоҷикистон ҳамчун пешниҳоди таъсиси майдони доимии муколама ба миён гузошта шуд, тадриҷан хусусияти минтақавӣ касб намуд.

Марҳалаи муҳими ташаккули платформа баргузории нахустин Форуми сулҳи Фарғона рӯзҳои 15-16 октябри соли 2025 дар шаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон гардид.

Форум таҳти унвони «Водии Фарғона: муттаҳид намудани саъю кӯшишҳо барои сулҳ ва пешрафт» баргузор шуда, доираи васеи намояндагони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, инчунин созмонҳои байналмилалӣ ва марказҳои таҳлилӣ ва илмиро ба ҳам овард.

Дар кори он намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираҳои коршиносӣ, соҳибкорон, ҷавонон ва занон ширкат намуданд. Чунин таркиби иштирокчиён нишон дод, ки сулҳи устувор танҳо натиҷаи муносибатҳои байнидавлатӣ нест. Барои ҳифзи он иштироки ҷомеа, минтақаҳои наздисарҳадӣ ва институтҳои ғайридавлатӣ низ муҳим мебошад.

Яке аз натиҷаҳои асосии нахустин Форум қабули Коммюнике гардид, ки дар он зарурати табдил додани Форуми сулҳи Фарғона ба платформаи доимӣ таъкид шуд. Ҳамзамон пешниҳод гардид, ки нишастҳои минбаъдаи он ба таври навбатӣ дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор карда шаванд.

Ин қарор ба Форум хусусияти нав бахшид, он аз як чорабинии алоҳида ба раванди доимии минтақавӣ табдил ёфт.

Идомаи мантиқии ин раванд баргузории нишасти навбатии Форуми сулҳи Фарғона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Қарор аст, ки рӯзҳои 28-29 сентябри соли 2026 бо ташаббуси Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Хуҷанд мизбони нишасти навбатии Форум гардад.

Интихоби Хуҷанд дорои аҳамияти рамзӣ ва сиёсӣ мебошад. Маҳз дар ин шаҳр 31 марти соли 2025 мулоқоти сеҷонибаи сарони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон баргузор гардида, санадҳои муҳими марбут ба сарҳад ва ҳамкории се давлат ба имзо расиданд. Ин рӯйдод барои гузариш ба марҳалаи нави муносибатҳои ҳамсоягӣ дар водии Фарғона заминаи муҳим фароҳам овард.

Аз ин нуқтаи назар, баргузории Форум дар Хуҷанд метавонад идомаи мантиқии равандҳои нави сулҳофарин ва эътимодсоз дар минтақа бошад.

Саҳми Тоҷикистонро дар ташаккули Форуми сулҳи Фарғона метавон дар чанд самт арзёбӣ намуд.

Пеш аз ҳама, пешниҳоди таъсиси майдони доимии муколама ба мантиқи сиёсати сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон мувофиқат мекунад. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон нишон додааст, ки муколама, созиш ва эътимод метавонанд воситаи муассири ҳалли масъалаҳои мураккаби сиёсӣ ва иҷтимоӣ бошанд.

Дуюм, Тоҷикистон ба масъалаи сулҳ дар водии Фарғона танҳо аз нуқтаи назари амнияти сарҳадӣ нигоҳ намекунад. Мафҳуми сулҳи устувор дар ин ҷо фарогиртар буда, рушди иқтисодӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, ҳифзи муҳити зист, робитаҳои фарҳангӣ, иштироки занон ва ҷавонон ва густариши робитаҳои байни ҷомеаҳои наздисарҳадиро низ дар бар мегирад.

Сеюм, ташаббуси Форум ба таҳкими нақши дипломатияи ҷамъиятӣ ва коршиносӣ мусоидат мекунад. Муносибатҳои байнидавлатӣ заминаи асосиро фароҳам меоранд, аммо эътимоди дарозмуддат бояд дар сатҳи ҷомеаҳо низ ташаккул ёбад. Маҳз робитаҳои олимон, ҷавонон, занон, соҳибкорон ва сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ метавонанд сулҳро ба арзиши устувори иҷтимоӣ табдил диҳанд.

Аҳамияти Форуми сулҳи Фарғона танҳо бо баргузории мулоқотҳо маҳдуд намешавад. Агар он ҳамчун платформаи доимӣ рушд ёбад, метавонад ба яке аз механизмҳои амалии эътимодсозӣ дар Осиёи Марказӣ табдил ёбад.

Дар чунин формат масъалаҳои истифодаи муштараки об, экология ва тағйирёбии иқлим, рушди минтақаҳои наздисарҳадӣ, тиҷорати фаромарзӣ, иштироки занон ва ҷавонон дар сулҳофаринӣ, пешгирии ихтилофҳо ва рушди робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ метавонанд мунтазам баррасӣ шаванд.

Дар ин маврид Форум на ҷойгузини дипломатияи расмӣ, балки такмилдиҳандаи он мебошад. Қарорҳои сиёсӣ дар сатҳи давлатҳо қабул мешаванд, аммо фазои эътимод тавассути робитаҳои доимии байни ҷомеаҳо ва коршиносон устувор мегардад.

Ташаккули Форуми сулҳи Фарғона нишон медиҳад, ки дар Осиёи Марказӣ тадриҷан фарҳанги нави ҳамкории минтақавӣ ташаккул меёбад. Агар дар гузашта водии Фарғона бештар дар заминаи масъалаҳои сарҳадӣ, тақсимоти захираҳо ва ихтилофҳо мавриди баррасӣ қарор мегирифт, имрӯз имконият фароҳам омадааст, ки он ҳамчун фазои сулҳ, ҳамкорӣ ва ҳамгироии ҷомеаҳо муаррифӣ гардад.

Баргузории нишасти навбатии Форум дар Хуҷанд барои Тоҷикистон ҳам аҳамияти рамзӣ ва ҳам амалӣ дорад. Он имконият медиҳад, ки ташаббуси ба миён гузошташуда дар Тоҷикистон дар шакли платформаи муштараки минтақавӣ идома ёфта, ба таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ миёни Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон мусоидат намояд.

Дар ниҳоят, арзиши асосии Форуми сулҳи Фарғона дар худи мафҳуми он ифода меёбад, сулҳ бояд на ҳамчун ҳолати муваққатии набудани низоъ, балки ҳамчун раванди доимии муколама, эътимодсозӣ ва ҳамкории ҷомеаҳо фаҳмида шавад. Маҳз чунин муносибат метавонад водии Фарғонаро ба намунаи ҳамзистии осоишта ва ҳамкории устувор дар Осиёи Марказӣ табдил диҳад.

 

ДОРОНШОЕВА Некбахт Шоқосумовна

мудири шуъбаи ШМА ва Канадаи

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои сиёсӣ,