×

ТАЪСИРИ ҶАҲОНИШАВӢ ВА ИНҚИЛОБИ ФАНОВАРӢ ДАР ЭҶОДИ ЧОЛИШҲОИ ФАРҲАНГӢ

Бозгашт ба мавод

ТАЪСИРИ ҶАҲОНИШАВӢ ВА ИНҚИЛОБИ ФАНОВАРӢ ДАР ЭҶОДИ ЧОЛИШҲОИ ФАРҲАНГӢ

ИОМДОА Технология 22-07-2026 ш.Душанбе
ТАЪСИРИ ҶАҲОНИШАВӢ ВА ИНҚИЛОБИ ФАНОВАРӢ ДАР ЭҶОДИ ЧОЛИШҲОИ ФАРҲАНГӢ

Ҷаҳонишавӣ савор ба аспи низоми сармоядорӣ – пас аз фурӯпошии сотсиализм – бо суръати ҳарчи тамомтар паҳнои ҷаҳонро мепаймояд. Аз он замон то кунун дар раванди ҷаҳонишавӣ тавсеаи консорсиумҳои бузурги саноатии Ғарб, бонкҳо ва бозорҳои молӣ бо суръати рӯзафзуне идома дорад. Ҳарчанд ки бисёре аз кишварҳои дунё ба ҷаҳонишавӣ назари хубе надоранд, қарору тасмимҳое, ки роҳбарон ва раисони бузургу соҳибқудрат дар бузургшаҳрҳо қабул мекунанд, ҳатто дар дурафтодатарин нуқтаҳои Осиё, Африқо ва Амрикои ҷанубӣ таъсир мегузоранд.

Аммо ин ки чаро аксари кишварҳо бо он мухолифанд, посухи ин пурсиш низ бо таваҷҷуҳ ба он чи, ки дар маънои ҷаҳонишавӣ дар саҳифаҳои пеш баён шуд, равшан мегардад. Яке аз ҳадафҳои асосии ҷаҳонишавӣ ҳуҷуми фарҳангӣ ба кишварҳои заиф ва дар ҳоли рушд ва нуфузи фарҳангиву иқтисодӣ бар онҳост, ки боварҳо ва эътиқодҳо ва фарҳангҳои бумиро дар бар доранд. Ба ин сабаб аст, ки бисёре аз равшанфикрони ҷаҳон бар ин боваранд, ки ҷаҳонишавӣ бо амрикоӣ шудан дар ҳам танида шудааст ва дар ин раванд ҳувияти фикриву фарҳангии миллатҳои кӯчак ба хатар меафтад.

Дар воқеъ ҷаҳонишавӣ иқдоми амалии назарияи ҷанги тамаддунҳои Сэмюэл Хантингтон аст, ки ӯ тамаддуну фарҳанги Ғарбро ягона тамаддуни ҳақиқӣ меҳисобад ва хоҳони пирӯзии бечунучарои он бар дигар тамаддунҳост. Хантингтон вижагиҳои тамаддуни Ғарбро дар таҳаммулгароӣ, озодбаёнӣ, инсонӣ будан мебинад ва дигар тамаддунҳоро дар ҳалли мушкилоти башарият баставу ноком ва худраъю худсар муаррифӣ мекунад. Ин ҷомеашинос, ки тамаддуни Ғарбро мероси Юнон, католитсизму протестантизм, Ренессанс, ислоҳоти зидди Ренессанс ва забонҳои аврупоӣ медонад, натиҷа мегирад, ки ин тамаддун арзишҳоеро, аз ҷумлаи ҳокимияти қонун, озодибаёнии иҷтимоӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи башар, доро мебошад, ки дар дигар тамаддунҳо аз ин арзишҳо хабаре нест.

Бидуни шак, таъсиргузортарин воситаи интиқоли арзишҳои тамаддуни ғайр ва ба мағзҳо ҷо намудани онҳо Интернет ва шабакаҳои моҳвораӣ ва муносибтарин ниҳоде, ки бо осеб расондан ба он дар бархурди тамаддунҳо метавон бештар ва пештар ба пирӯзӣ расид, оила мебошад. Ба ҳамин далел аст, ки осебрасонии шабакаҳои моҳвораӣ ва интернетӣ бар низоми оила дар маркази диққати идеологҳои раванди ҷаҳоникунӣ қарор гирифтааст.
Бо он ки нуфузи моҳвора ва шабакаи Интернет мушкилоти фарҳангиву иҷтимоии бисёре дар байни оилаҳои кишварҳои дар ҳоли рушд падид овардааст, мутаассифона, таҳқиқоти илмии ҳамаҷонибаву дақиқе дар ин замина сурат нагирифтааст. Аз ин рӯ дар ин навишта, ки аз пайомадҳои манфии Интернет, моҳвора ва дигар расонаҳо ба арзишҳои фарҳангӣ, пеш аз ҳама ба арзишҳои оилавӣ, сухан меравад, усулан намешавад дар атрофи тамоми ҷанбаҳои масъалаи мазкур изҳори назар кард.

Косташавии пайвандҳои оилавӣ

Бисёре аз наврасон ва ҷавонон ба далели истифодаи зиёди Интернет, тамошои беш аз ҳад ва бидуни назорати барномаҳои моҳвораӣ гирифтори хурофотпарастӣ, коҳиш ёфтани эътиқодот ва, аз ҳама муҳимтар, бебандуборӣ гардидаанд, ки ҳамаи инҳо, дар маҷмӯъ, бо коста шудани ҳувияти шахсияти онҳо анҷом мегиранд.

Дар ҷаҳони имрӯз пешрафти технологӣ дар заминаи иртиботот боиси ба вуҷуд омадани муносибатҳои иртиботии зиёде дар саросари ҷаҳон шудааст. Бо таваҷҷуҳ ба рушду густариши расонаҳои иртиботи оммавӣ ва истифодаи рӯзафзун аз ин фановариҳои муосир, бавижа шабакаҳои моҳвораӣ, унсурҳои фарҳангии наве дар миёни хонаводаҳо ва ҳарими хусусии онҳо ворид гаштаанд, ки боиси пайдоиши рафторҳо, нигаришҳо ва боварҳои гуногуне дар миёни онҳо шудааст. Вобаста ба ин вазъ доштани хонаводаи солим аҳамияти бештаре касб мекунад, зеро хонавода аз бунёдитарин ниҳодҳои ҷомеа ва шарти саломату бақои он аст. Бино бар ин, саломати ҷомеа дар гарави доштани оилаи солиму дорои ахлоқи ҳамида аст.

Дар қарни муосир хонавода дар Машриқзамин ҳанӯз асолату ҳувияти ахлоқии худро то ҳудуде ҳифз кардааст. Дар шароити таҳаввулоти ҷаҳонӣ бо қарор гирифтани хонавода зери ҳуҷуми фарҳанги ғарбӣ, ки расонаҳои навин онро анҷом медиҳанд, албатта, ин ниҳод ба ҳимоят ва қудрати бештаре ниёз дорад, то тавонад ҳувияти худро ҳифз кунад.

Имрӯзҳо хонавода дар Ғарб дар ҳоли фурӯпошӣ аст ва равшантарин далелаш ҳам канор рафтани ахлоқ аз ҳамаи арсаҳои зиндагӣ аст. Кор ба ҷое расидааст, ки издивоҷи ҳамҷинсгароён бар издивоҷи анъанавӣ бартарӣ пайдо намуда, дар ҳуҷҷатҳои барасмиятдароварандаи никоҳ, ба ҷои мафҳумҳои «шавҳар» ва «зан», «шарики якум» ва «шарики дуввум» менависанд.
Издивоҷи ҳамҷинсгароён навъе аз издивоҷ мебошад, ки бар асоси он ду завҷи ҳамҷинс ба сурати қонунӣ вориди зиндагии муштарак мешаванд. То ба имрӯз издивоҷи афроди ҳамҷинс дар даҳҳо кишвари ҷаҳон, аз ҷумла дар бархе аз штатҳои ИМА, Мексика, ҳамчунин Англия ва Уэлс, вуҷуд дорад. Ҳанӯз дар соли 2013 дар чаҳор кишвари ҷаҳон – Бразилия, Фаронса, Уругвай ва Зеландияи Нав – издивоҷи ҳамҷинсгароён қонунӣ шуда буд. Баъдан лоиҳаи чунин қонунҳо дар Шотландия ва дигар кишварҳо ба тасвиб расида буд.

Воқеият ин аст, ки хонавода ҳам аз назари сохторӣ дигаргун гаштааст ва ҳам аз нигоҳи эътиқодиву арзишӣ – зери таъсири навгароӣ, дунёгароӣ ва динзудоӣ – бо дигаргуниҳои бисёре рӯ ба рӯ шудааст. Технологияҳо ва васоити иртиботи оммавӣ бо ворид шудан ба оилаҳо арзишҳои иҷтимоии хонаводаҳоро таҳти таъсир қарор додаанд ва боиси тағйирот дар андешаву рафтору гуфтори насли ҷавон гардидаанд.
Аз ҷумлаи ин воситаҳо метавон ба шабакаҳои телевизионии моҳвораӣ ишора кард. Замоне шунидан ва тамошо кардан дар ҳар хона ба таври якҷоя сурат мегирифт, дар ҳоле ки акнун шунидану дидани расонаҳо инфиродӣ шудааст ва истифодаи ҳамзамон аз якчанд расонаҳои гуногун ба меъёрҳои зиндагии хонаводагӣ табдил шудааст. Васоити иртиботи оммавӣ фосилаҳоро нопадид месозад ва девори байни инсонҳоро низ то ҳудуди зиёде шаффофтар мегардонад. Бино бар ин, чӣ гуна метавон тасаввур кард, ки ин воситаҳо ба ниҳодҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла оила, таъсир нарасонанд?

Бисёре аз коршиносон муътақиданд, ки пешрафтҳои технологӣ дар ҷомеа ба ҷои ин, ки ба озодии инсон ва ҳукмронии ӯ ба табиат анҷом шаванд, ба воситаи баҳраи бештаре бурдан аз инсонҳо табдил шудаанд. Инсон дорои як ҷанба, ҷанбаи мошинӣ шудааст ва дигар ҷанбаҳои шахсияти ӯ тақрибан аз байн рафтаанд. Ахлоқ, забон, фарҳанг, ҳунар, эҳсос – ҳама – таҳти ҳукумату таъсири технологияҳо қарор гирифтаанд ва, дар натиҷа, дар ҷомеа тафаккури яксоҳавӣ ба вуҷуд омада, ҳуқуқу озодиҳои фардӣ маънои анъанавиашонро гум карда, ҷои худро ба фарҳанги моддӣ супурдаанд.
Донистани ин, ки мо дар истифода аз воситаҳои иртиботи оммавӣ дар чӣ вазъияте қарор дорем, аҳамияти вижа дорад. Чаро ки инқилоби технологии иттилоот, ки муҳимтарин омили ба вуҷуд овардани тағйирот ба ҳисоб меравад, ҳокимон ва маҳкумони худро дорад. Расонаҳои фаромиллӣ, ки аз дидгоҳи бисёре аз андешамандону коргузорон, афзори асосии фароянди ҷаҳоникунӣ ба шумор мераванд, омили аслии пешкаш намудани фарҳанги ҷаҳонӣ маҳсуб мешаванд. Фарҳанге, ки дар он моддагароӣ, истеъмолгароӣ, сервисҳои саргармкунандаву авомписанд, секс(шаҳват) ва хушунати ифротӣ талқин мешаванд.
Ба эътиқоди баъзе аз назарияпардозон, маҳз ҳамин омилҳову арзишҳо ба суботу ҳамбастагии рукнҳои хонаводаи суннатӣ ва издивоҷи анъанавӣ ба таври ҷиддӣ таҳдид мекунанд. Ин назарияпардозон омори дар ҳоли афзоиши пошхӯрии иттиҳоди заношӯӣ ва фарзандони таваллудшуда аз издивоҷҳои ғайрирасмиро дар кишварҳои пешрафтаи ғарбӣ, ки марҳалаҳои зиёди ҷаҳонишавиро тай кардаанд, далели маҳкаме бар тасдиқи иддаои хеш медонанд.
Густариши расонаҳои оммавӣ, бавижа расонаҳои намоишӣ ва барномаҳои шабакаҳои моҳвораӣ, ба бесуботии оилаҳо доман задааст. Нахустин мушкиле, ки ин расонаҳо дар хонаводаҳо эҷод мекунанд, тарғиби истиқлоли фардӣ ва гӯшагирӣ дар оила аст. Метавон гуфт, ки моҳвора яке аз расонаҳои бисёр таъсиргузор дар дунёи имрӯз аст, ки ба дунболи афзоиши инқилоби саноатӣ ва вуруди технологияҳо бунёди хонаводаҳоро дучори осеб кардааст.

Баррасии назарияҳои ҷомеашинохтӣ дар бораи
гироиши хонаводаҳо ба шабакаҳои моҳвораӣ

Аъзои хонавода иттилогирандагоне ҳастанд, ки дар маърази паёмҳои расонаҳои оммавӣ қарор доранд. Иттилогирандагон бахши асосии фарояндҳои марбут ба иртиботи оммавӣ мебошанд, ки паёмҳои пахшуда дар расонаҳоро дарёфт мекунанд ё дарёфт кардаанд. Дар натиҷа

иттилогирандагон гурӯҳе ҳастанд, ки дар фароянди иртиботи оммавӣ иштирок мекунанд, аммо маъмулан ба мазмуну муҳтавои паёмҳо наметавонанд таъсир расонанд.

Имрӯзҳо моҳвораҳо ва барномаҳое, ки аз ин шабакаҳо пахш мешаванд, воқеиятҳоро, он тавре ки бояду шояд, ба тасвир намекашанд ва гоҳе бунгоҳҳои истеъморӣ ҳастанд, ки масъалаҳоро кӯчаку бузург мекунанд ва ба афрод маҷоли тааммулу тафаккур намедиҳанд. Зеро робита миёни моҳвора ва иттилогиранда робитаи яксӯя аст ва дар ин фароянди паёмрасонӣ таъйини навъи паёмҳо ва огоҳиҳо дар ихтиёри фиристанда аст ва гирандаи паём ба гунаи хунсо ва ғайрифаъол онро дарёфт мекунад. Аз нигоҳи устоди Донишгоҳи Амстердам Дэнис Маккуэйл низ, мафҳуми анъанавии иттилоъгиранда аз байн рафтааст ва ҷои онро маҷмуаҳои бешуморе аз истеъмолкунандагони навъҳои номаҳдуди хидматҳои иттилоӣ гирифтаанд. Мафҳуми расонаи оммавӣ дигар коргузории собиқашро надорад.
Дар ин миён яке аз вазифаҳои расонаи миллӣ моделсозӣ барои рафторҳо ва одатҳои арзишӣ ва фарҳангии ҷомеа аст. Барои ин манзур расонаи миллӣ бояд – зимни пахши матлабе аз ахлоқи миллӣ – иттилоъгирандагонро ба тафаккур, жарфандешӣ ва хирадварзӣ даъват кунад ва барои боло бурдани сатҳи тафаккури онҳо заминаи парвариши фарҳанги пӯёи миллиро фароҳам созад.
Агар дар гузашта анъана, ирсият, муҳит ва хонавода омилҳои асосии шаклгирии шахсият ва таълиму тарбияи фард ба ҳисоб меомаданд, имрӯз бо таваҷҷуҳ ба густурдагӣ ва таъсиргузории воситаҳои иртиботи оммавӣ ба афроди ҷомеа метавон омили дигарро ба ин маҷмуа афзуд, яъне омили радио ва телевизионро.

Назарияи ҷорӣ шудан

Назарияи ҷорӣ шудан – ҳамчун яке аз пуркорбурдтарин назарияҳои марбут ба таъсири расонаҳои иртиботи оммавӣ – беҳтар аз ҳар назарияе таъсири технологияҳои расонаиро бар ҷомеа ва таҳаввулоти ононро нишон медиҳад. Ин назария маҳсули фаъолияти пажӯҳишии ду даҳсолаи гурӯҳе бо сарпарастии назарияпардози амрикоии иртиботот Ҷорҷ Гербнер аст, ки доир ба воситаҳои иртиботи оммавӣ, дар маҷмуъ, ва телевизион ба таври хос, анҷом шудааст. Гербнер бар ин бовар аст, ки телевизион, дар миёни расонаҳои замонавӣ, дар зиндагии рӯзмарраи мо чунон ҷойгоҳи меҳварӣ пайдо кардааст, ки намоиш ва паёмҳояш барои дарёфти воқеият ҷои таҷрибаи шахсӣ ва дигар тарзи шинохти ҷаҳонро гирифтаанд.
Гербнер бар асоси мушоҳидаҳои шаҳрвандоне, ки мизони тамошои телевизион дар миёни онҳо зиёд аст ва муқоисаи онҳо бо афроде, ки камтар телевизион тамошо мекунанд, чунин натиҷа гирифтааст, ки аз назари тамошогарони фаъол, телевизион амалан манбаи иттилоот, афкор ва огоҳиҳоест, ки онҳоро ҷамъоварӣ кардаву дар инҳисори худ қарор додааст. Асари чунин рӯбарӯӣ бо паёмҳои ба якдигар монанд чизеро тавлид мекунад, ки Гербнер онро «ҷорӣ шудан» ё омӯзиши ҷаҳонбинии ҷорӣ ва нақшҳову арзишҳои ҷорӣ номидааст. Аз назари Гербнер, ҷорӣ гаштан ҳангоме рӯй медиҳад, ки тамошои беш аз андоза ба иттифоқи назарҳо дар миёни инсонҳои зиёд анҷом мепазирад. Шиддат пайдо кардани ин вазъият низ замоне рӯй медиҳад, ки асари ҷорӣ шудан дар гурӯҳи хосе аз ҷамъият бештар бошад. Ҳамчунин Гербнер мегӯяд: «Кӯдакони имрӯз дар ҳоле по ба арсаи ҳаёт мегузоранд, ки дар даруни хонавода ба ҳисоби миёна рӯзе 7 соат телевизион тамошо мекунанд. Нахустин қиссаҳои башариро дар бораи мардум, зиндагиву арзишҳо на аз волидайн, мактаб, ибодатгоҳ ва дигар ниҳодҳои ҷомеа, балки аз роҳи зарраҳое, ки аз дур паёмҳоеро мерасонанд, дарёфт мекунанд».
Ҷомеаи солим бидуни доштани хонаводаҳои солим наметавонад ба вуҷуд ояд ва ҳеҷ як аз осебҳои иҷтимоӣ бидуни таъсир ба хонавода падид наомадаанд. Бино бар ин, метавон аҳамияти пажуҳишро дар мавриди таъсири фарҳангии моҳвора бар хонаводаҳо пай бурд ва ба он эҳтимом варзид.

Ниҳоди хонавода дар Тоҷикистон дар се даҳаи ахир дучори дигаргуниҳои зиёде шудааст. Оила дар асри ҷаҳонӣ шудан ба ҳаёти худ идома медиҳад, арзишҳои хонавода, робитаҳои ҷорӣ дар он ва низоми дарунии хонавода дигаргун шудаанд ва инсонҳо бо шаклҳои нав ва дар айни замон гуногуни робитаҳои хонаводагӣ рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Оила аз ҷумлаи ниҳодҳоест, ки дар анъанаҳо, боварҳо ва меъёрҳои ахлоқӣ реша доранд. Хонавода ҳалқаи пайвасти фарҳанг ва низоми иҷтимоӣ мебошад

ва дар воқеъ ниҳодест, ки масъулияти сомон бахшидан ба саломатии ахлоқии ҷомеаро бар уҳда дорад.
Агар хонаводае дучори ошуфтагиву нобасомонӣ бошад ва вазифаю нақши асосии худ, яъне тарбияро аз даст диҳад, фароянди ҷомеапазирӣ ба хубӣ анҷом намешавад. Хонавода ба унвони як маҷмааи табиӣ сарчашмаи аслии зуҳури меъёрҳои иҷтимоӣ аст.
Тағйир дар фарҳанги асили иттилоъгирандагон ва таъсир дар арзишҳо, боварҳо ва рафторҳои мазҳабии онон, беэътиқод кардани мардум нисбат ба ҳукуматҳои дохилӣ ба далели ифшои бисёре аз ахбори дохилии кишварҳо аз таъсирҳои дигари ин шабакаҳост.
Аз ин нигоҳ хонаводаҳо бузургтарин қурбониёни моҳвораҳо ҳастанд. Моҳвораҳо бо аз байн бурдани зиштии равобити ғайриахлоқӣ дар конуни гарми хонавода сустии пояҳо ва азҳампошидагии онро фароҳам меоваранд. Яке аз омилҳои бунёдие, ки самти рафторҳои инсониро дар ҳама ҳол таъйин мекунад, арзишҳои фарҳангии он ҷомеа мебошад.
Арзишҳо нерумандтарин унсури таъйинкунанда дар низоми иҷтимоиву фарҳангии ҷомеаҳо ба шумор мераванд, ки хатти сайри андеша ва рафтори афродро дар ҷомеа ҳидоят ва назорат мекунанд. Ҳамчунин ба унвони равишҳои рафтории нисбатан собите ҳастанд, ки пайваста аз сӯи афроди ҷомеа бозбинӣ ва назорат мешаванд.
Гироиши мардум ба моҳвора, бавижа дар кишварҳои суннатгаро, арзишҳо, боварҳо, рӯҳияҳои фарҳангӣ ва фарҳанги асили онҳоро таҳти таъсир қарор додааст. Ба таъбири дигар, расонаҳо, аз ҷумла телевизион ва моҳвора, намоди фарҳангие ҳисоб мешаванд, ки боварҳо, арзишҳо ва меъёрҳои ахлоқиро таҳти таъсир қарор медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки ҷомеаи Тоҷикистон ҷомеаи нисбатан пойбанд ба суннатҳоест, ки имрӯзҳо наслҳои нав то ҳудуде онҳоро ба чолиш кашидаанд.

Бисёре аз хонаводаҳо – бидуни таваҷҷуҳ ба осебҳои моҳвора – аз ин васила истифода мекунанд ва аз он, ки фарзандонашон низ ҳамроҳи онҳо ба тамошои филмҳову сериалҳои моҳвора мепардозанд, ҳеҷ нигаронӣ надоранд. Вақте аъзои як хонавода соатҳо пеши телевизор барои тамошои филмҳои моҳвора менишинанд, риояи бисёре аз арзишҳо, аз ҷумла ҳарими миёни зану мард, ба гузашти замон назди онҳо коста мегардад. Бино ба назари ҷомеашиносон, тамошои барномаҳои бархе аз шабакаҳои моҳвораӣ бо фасоди ахлоқӣ, бебандуборӣ дар робитаҳо байни навҷавонон ва ҷавонон меанҷомад. Аммо падару модарон ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд.
Мутаассифона, тамошои моҳвора на танҳо ҳарими аъзои хонаводаро аз байн бурдааст, балки сабаби ибратгириҳои нодурусти навҷавонон низ гардидааст. Бисёре аз навҷавонон ва ҷавонон – ба далели тамошои бидуни назорати барномаҳои моҳвораӣ – гирифтори хурофапарастӣ, костагии эътиқод ва, аз ин ҳам бадтар, бебандуборӣ шудаанд.
Ҷавонони имрӯз бар пояҳои ларзони ҳувиятҳои асри ихтироъҳои бесобиқа қарор гирифтаанд, ки дар қолаби ҳеҷ кадом аз онҳо наметавонанд мавқеи инсони фаъолро пайдо кунанд. Густариши иртиботот ва гардиши озоди иттилоот дар ҷаҳони муосир заминаи навин ва саршор аз чолишҳоро фароҳам овардааст, ки дар он ҳувияти фарҳангии ҳамаи ҷомеаҳо дар маърази тағйироти амиқ қарор гирифтааст. Бисёре аз соҳибназарон бар ин ақида ҳастанд, ки имрӯзҳо ҳувияти фарҳангии наврасону ҷавонони Тоҷикистон дар вазъияти мубҳаму ҳассос ва дар маърази чолишҳои ҳувиятии ҷиддии аз таъсири расонаӣ бавуҷудомада қарор дорад.

Дар ҷаҳони имрӯз, ки кишварҳову миллатҳо бо риштаи садҳо омилҳои иҷтимоиву иқтисодиву фарҳангӣ ба ҳам пайвастаанд, субот ё тағйири арзишҳои фарҳангии як ҷомеа, ки дар назари сатҳӣ танҳо бахши аслии он ҷомеа ба шумор мераванд, мӯҷиби субот ё тағйири фарҳанги ҷомеаҳои дигар мешаванд ва вобаста ба он субот ё дигаргунии хонаводаҳо низ таҳти таъсир қарор мегиранд.

Дар солҳои охир арзишҳои фарҳангӣ – ҳамчун яке аз омилҳои муассир дар суботу пойдории зиндагии заношӯӣ – дар бисёре аз ҷомеаҳо боаҳамият ташхис дода шудаанд, ба гунае ки аз онҳо ба унвони як пешбиникунандаи суботу пойдории издивоҷҳо ёд шудааст.
Аз назари ҷомеашинос ва файласуфи неомарксисти амрикоӣ Иммануил Валлерстайн, агар ҷаҳонӣ шудани фарҳангӣ ба маънои бартарии фарҳанги Ғарб бар дигар фарҳангҳо бошад, ин ба дугонагии фарҳангӣ дар кишварҳои Ҷануб поён хоҳад пазируфт. Мунаққидоне, чун ӯ, бар ин боваранд, ки ғарбӣ кардан  наметавонад охирин ва беҳтарин посух ба ҷаҳонӣ шудан бошад, зеро худи Ғарб бо мушкилоти зиёди иҷтимоиву фарҳангӣ ва чолишҳои фаровон рӯ ба рӯ мебошад. Нуфузи Ғарб бар расонаҳо ва воситаҳои навини расонаӣ, бавижа шабакаҳои моҳвораӣ ва Интернет, танҳо ба бесуботии фарҳангӣ, арзишӣ ва ҳувиятӣ дар кишварҳои музофотӣ охир мешавад. Ба ҳамин сабаб аст, ки тамоми давлатҳои дунё – чи равшанфикру чи ғайриравшанфикр – пайваста саъй доранд муҳтавои телевизион ва ҷараёни иттилоотиро зери назорат қарор диҳанд. Аммо сензура кардани иртибототи моҳвораӣ ва Интернет барои давлатҳо ҳанӯз кори мушкил ва тақрибан ғайриимкон аст.
Дар ин миён телевизион – ҳамчун воситаи ба вуҷуд овардани афкори умумӣ – бо пӯшондани мушкилоти иҷтимоӣ ва масъалаҳои марбут ба сиёсатҳои дохиливу хориҷӣ бо роҳи пахши барномаҳои фароғативу намоишӣ нақши худро ифо менамояд. Бо ин ки дар телевизион дар канори тарғибу ташвиқи сиёсати давлат барномаву намоишҳои дигаре, аз қабили фарҳангӣ, мусиқӣ, мусобиқоти варзишиву телевизионӣ, филму сериал ва ғайра, пахш мешаванд, нақши ин воситаи иртиботӣ, ҳамчун муҳимтарин минбари идеологӣ, боқӣ мондааст ва то дер замоне чунин боқӣ хоҳад монд.

САЙИДЗОДА Зафар Шералӣ,

мудири шуъбаи ИДМ-и

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,

доктори илмҳои таърих