Дар ҳошияи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш”
ш. Душанбе
21 октябри соли 2026
№1231
Васфи табиат аз мавзўҳоест, ки тақрибан ҳамаи адибон дар эҷодиёти худ онро тасвирнамоӣ намуданд. Манзараҳои мафтункунандаи табиат бо гулу обу парандаву чарандаҳои рангин аст, ки бо сиру асрори ҳайратовари худ илҳоми ҳазорҳо адибонро меорад. Адибон васфи табиат, аз ҷумла гулҳои рангоранги онро ба қалам тасвир намуда, ба ҷой, обу дарахту сабзаи маҳал, шукуфтани гулҳои чаман, навои паррандаҳои зебопару хушхони боғ бештар эътибор медиҳанд. Васфи чунин манзараҳо дар осори адибони маъруф ба мисли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Мавлоно, Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ, Айнӣ, Турсунзода ва Лоиқ хело хуб тасвир шудааст. Шоири шаҳири Шарқ Муҳаммад Иқбол ”Фасли баҳор”, “Қатраи об”, “Шабнам”, “Ҷўйи об”, “Насими субҳ” ва “Бўйи гул” барин як силсила шеърҳо гуфтааст, ки ба васфи табиат, ёдовар шудан аз ҳусни табиат ва дарки дурусти мақоми табиат дар ҳамаи он намудор мешавад.
Шоир дар шеъри ”Фасли баҳор”, ки иборат аз шаш банд аст, васфи баҳор, фасли бедор шудану лиқои тоза гирифтани табиатро бо шавқи хосаи хушҳолӣ, ки нишони ба тамошои манзараҳои афсунгари баҳор баён кардааст. Муҳаммад Иқбол ҳар мавриди муносибро, аз ҷумла васфи табиати сеҳрангезро барои аз бетафовутӣ берун кашидану бедор кардани инсон ва фаъолона амал кардан истифода мебарад, ки инсон натанҳо аз табиати зебо ҳаловат мебарад, балки хосиятҳои нотакрори онро сармашқи кори худ менамояд.
Ҳамин тавр, дар китоби маҷмўаи “Бонги даро”-и Муҳаммад Иқбол шеърҳо ба мисли “Гули рангин”, “Абри кўҳсор”, “Кўҳ ва санҷоб”, “Офтоби субҳ”, “Гули пажмурда”, “Моҳи нав”, “Паёми субҳ”, “Мавҷи дарё”, “Ситораи субҳ”, “Абр”, “Охири субҳ”, “Навиди субҳ”, “Шабнаму ситораҳо”, “Шуои офтоб”, “Шоҳзодаи гулҳо” (“Пҳулон кӣ шаҳзадӣ”), “Гул” (“Пҳул”) оварда шудаанд. Дар маҷмўаи мазкур як силсила шеърҳо ба тавсири гул бахшида шудааст, ки ба ҳамаи онҳое, ки эҳсоси воқеии зебопарастӣ доранд, эҳсоси роҳат ва хушҳолӣ меорад. Зеро зебоӣ, нозукиву нафисӣ ва рангорангиву хушбўии гул табъи инсонро шоду масрур мегардонад. Бешак инсон баробари руйи гулро дидан олами дигари андешаро фаро мегирад.
Шоир дар шеъри “Гули пажмурда” бо ҳасрат ва афсўсхўрӣ назар намуда, ҳақиқати онро ҷусутуҷу карда,ки натиҷагирӣ мекунад, ки он дар асл пажмурда офарида нашудааст. Балки замони нав шукуфтанаш мавриди ҳасуду рашки аттор буду зинат ва қимати болое дошт.
Ба қавли адабиётшинос ва иқболшиноси тоҷик Ҳабибулло Раҷабов дар ашъори Муҳаммад Иқбол тасвири гули лола тасвири хосе дорад. Нисбат ба ҳамаи гулҳои дигар шоир маҳз гули лоларо зиёдтар дар шеърҳои гуногунаш ёдовар мешавад.
Ба андешаи ӯ шоир аслан на барои он такрор ба такрор лола мегўяд, ки тасвири мукаммали рангу бўи онро бештар намояд, балки адибро ҳадаф ин аст, ки гоҳе дида ва андешаи худро боқувваттар созад:“Аз хиҷолат дида бар по дўхта, Орази ў лолаҳо андўхта”, гоҳе барои он ки ба мавзўи тасвиршаванда зиёдтар диққати хонандаро ҷалб намояд: “Ба барги лола рангомезии ишқ, Ба ҷони мо балоангезии ишқ”, гоҳе азми баёни доғҳои синаи пур аз ҳасрати хеш дорад, ки пеши онҳо доғҳои лолаҳо ҳеҷанд: “Доғе, ки сўзад дар синаи ман, Он доғ, ки кам сўхт дар лолазорон”.
Ҳамин тавр, шоир ҳоли хешро бо тавсири “Лола”-ро иншо кардааст, ки шомили 163 дубайтӣ буда, бахши форсӣ-тоҷикии он “Лолаи Тур” номгузорӣ шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки диёри зебоманзари Тоҷикистон дорои гулу гиёҳу обу чашмаву табиати зебои рангоранг мебошад, ки унсури муҳими фарҳанг, таърих ва ҷаҳонбинии ниёгонамон ба шумор мераванд. Дар миёни ҳамаи онҳо Гули Сиёвуш ва гули Лола ҷойгоҳи махсусу таърихӣ дошта, чун рамзи баҳору ифтихори миллӣ шинохта мешаванд. Гули Сиёвуш танҳо номи як гул буда, балки он рамзи қадимии баҳор, Наврӯз эҳёи табиат ва ёдбуди қаҳрамонони таърих мебошад. Дар минтақаҳои гуногун бо номҳои гуногун ин гулҳо, ба мисли гули сияҳгӯш, гули наврӯзӣ, гули ҳасрат, бойчечак ё гули Сиёвуш мегӯянд, ки аз аввалин шуда мардумро аз наздик шудани Наврӯз огоҳ мекунанд.
Дар фарҳанг мардумон ин гул бо афсона, таърих, маросимҳои наврӯзӣ ва эътиқодҳои қадима пайванди наздик дошта, ба ривоятҳои мардумӣ ва достонҳои «Шаҳнома»-и Фирдавсӣ он тасвире аз хуни ноҳақ рехтаи шаҳзодаи ҷавону покдоман Сиёвуш мебошад . Он паёму рози зиндашавии табиат буда, аввалин шуда аз омадани Наврӯзи оламрӯз мужда медиҳад. Ба қавли фолклоршиносон дар баъзе устураҳои қадима гули Сиёвуш ҳамчун рамзи табиат мебошад.
Ҳамин тариқ, Гули Лола рамзи ҷавонӣ ва тасвири ишқу меҳру муҳаббат мебошад, ки ранги сурхи онро шоирон ба рухсори ёр ва ё дили хуншори ошиқ монанд кардаанд. Агар гули Сиёвуш муждарасони баҳор бошад, гули лола таҷассуми авҷи зебоии он мебошад, ки дар адабиёти классикӣ ва муосир рамзи ҷавонӣ, зебоӣ, латофат ва ишқ ба шумор меравад.
Маҳз ба хотири чунин зебоӣ яке аз ҷашнҳои қадимии баҳории мардуми тоҷик«Сайри гули лола» мебошад, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол аз нав зинда гардида, ҳамчун озмуни ҷумҳуриявӣ ва ҷашни умумихалқӣ ба таври васеъ ва бо шукуҳи хоса таҷлил мегардад, ки шаҳру деҳоти моро ба гулистон табдил додааст.
Дар ниҳоят бояд зикр кард, ки гули лола чун гули «Ороиши соли нав», «Арӯси сол» ва ҳоло бо номи «Маликаи табиат» дар айёми баҳор ба ҳисоб рафта, дар фасли баҳор тамоми дашту теппаҳоро дар байни сабзаву гиёҳҳо махмалпӯш намуда, табиатро бо ҷилваи латифи худ зебову ҳаловатбахш менамояд. Ин гул ҳамчун «Маликаи табиат» хело зарифу нозук буда, ҳавои баҳоронаи нарму латиф ва муътадилро дӯст медорад, ки пайваста паёмрасони ишқу муҳаббат, ваҳдату ягонагӣ байни гиёҳону дигар гулҳои худрӯи табиат буда, ҳаргиз ба ҳеҷ кадоми онҳо зарар намерасонад.
Боиси ифтихори бузург аст, ки сарзаминҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон дорои чунин гулу лолаҳо ва обу кӯҳҳо мебошад. Ба қавле муаррихон дар асри 16 салотини Туркия ҳазорҳо дона пиёзаки лоларо ба кишвараш бурда, ба Аврупо, махсусан ба Голландия (Нидерланд) мебаранд.
Дар ниҳоят бояд зикр кард, ки гулҳои миллии Тоҷикистон - гули Сиёвуш ва лола муждарасони баҳору Наврӯзи ватан буда, ба мову шумо ёдрас мекунанд, ки мо ворисони замине ҳастем, ки ба ҷаҳон зебоӣ ва фарҳанги гулпарвариро ҳадя кардааст. Ҳамин тавр, муҳофизату муносибати хуб бо чунин гулҳо, эҳёи ҷашнҳои марбут ба онҳо ва шукуфон кардани Тоҷикистон вазифаву ифтихори ҳар як сокини он мебошад.
РАҲМОНОВ Мирсаид ,
ходими калони илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ