×

ҲАДАФИ АСОСИИ ҚАБУЛИ ҚАТЪНОМАИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД ТАҲТИ УНВОНИ «ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА, СОЛҲОИ 2027 – 2036»

Бозгашт ба мавод

ҲАДАФИ АСОСИИ ҚАБУЛИ ҚАТЪНОМАИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД ТАҲТИ УНВОНИ «ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА, СОЛҲОИ 2027 – 2036»

ИОМДОА Сиёсат 04-09-2026 ш.Душанбе
ҲАДАФИ АСОСИИ ҚАБУЛИ ҚАТЪНОМАИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД ТАҲТИ УНВОНИ «ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА, СОЛҲОИ 2027 – 2036»

Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 25-уми июни соли равон қатъномаи махсусро бо ташаббус ва пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» қабул намуд. Тавассути қатъномаи мазкур, давлатҳои узви СММ уҳдадории муштараки худро дар ҷодаи пешбурди сулҳ, муколама ва ҳамбастагии байни наслҳо  ҳамчун рукнҳои ниҳоят муҳими таъмини сатҳи устувори некуаҳволии наслҳои оянда тасдиқ намуданд.

Қатънома аҳамияти Эъломия ва Барномаи амал оид ба фарҳанги сулҳро ҳамчун ваколати ҷаҳонӣ барои таблиғи фарҳанги сулҳ ва адами хушунат эътироф намуда, Маҷмаи умумӣ солҳои 2027 – 2036-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда эълон менамояд. Мусоидат ба таҳкими сулҳ, тарғибу ташвиқи муколама ва мусолиҳа, ҳамзамон, дастгирии таомул миёни наслҳо, аз ҷумла кӯдакону ҷавонон ва пиронсолон, бо назардошти талаботу манфиатҳои наслҳои оянда дар таҳияи сиёсат ва равандҳои қабули қарорҳо иборат мебошанд.

Қатънома саҳми давлатҳои аъзо, роҳбарон ва халқҳоеро, ки тавассути равандҳои сиёсии фарогир, чораҳои эътимодбахш, барқарорсозии пас аз низоъ ва сармоягузориҳои дарозмуддат ба ваҳдати иҷтимоӣ дар таҳкими сулҳ, оштӣ, муколама ва ваҳдати миллӣ саҳм гузоштаанд, истиқбол мекунад.

 Ҷоизи қайд аст, ки дар қатънома ҳамзамон талошҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон, дар самти ҳалли мусолиматомези масъалаҳои сарҳадӣ, аз ҷумла имзои созишномаҳои дахлдор, истиқбол мегардад.

Қабули қатъномаи мазкур бо ташаббуси навбатии Роҳбари давлати мо дар Маҷмаи умумии СММ ба даврае рост меояд, ки дар минтақаҳои мухталифи сайёраи мо миллионҳо нафар шаҳрвандони осоишта ба  таҳдидҳои амниятӣ ва ҷангҳо рӯ ба рӯ мебошанд.

Сарчашмаи қабули ин санади ниҳоят муҳиму саривақтӣ нақши сулҳофару ваҳдатпарвари миллати тоҷик маҳсуб меёбад ва иқдоми мазкур аз сӯи шахсияте ба мисли Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Роҳбари давлате, ки мардумонаш даҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронданд, ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мерасанд ва сабақҳои талхи он фоҷиаи миллиро ҳаргиз фаромӯш намекунанд, иқдоми басе зарурӣ мебошад.

Махсусан бояд қайд намуд, ки дар қатънома ҳадафҳо ва принсипҳои Оинномаи СММ, махсусан иродаи «наҷоти наслҳои оянда аз офати ҷанг» ва уҳдадории ҳалли мусолиматомези баҳсҳо ифода ёфтааст. Он инчунин аҳамияти Эъломия ва Барномаи амал оид ба фарҳанги сулҳро ҳамчун ваколати умумиҷаҳонӣ барои таблиғи фарҳанги сулҳ ва адами хушунат эътироф менамояд.

Ҳадафҳои асосии Даҳсола аз мусоидат ба таҳкими сулҳ, ташвиқи муколама ва мусолиҳа, инчунин дастгирии таомул миёни наслҳо, аз ҷумла кӯдакон, ҷавонон ва пиронсолон, бо назардошти ниёзҳо ва манфиатҳои наслҳои оянда дар таҳияи сиёсат ва равандҳои қабули қарорҳо иборат мебошанд.

Қатънома аз Дабири Кулл, ниҳодҳои махсусгардонидашуда, комиссияҳои минтақавӣ ва дигар ниҳодҳои СММ дархост менамояд, ки ҷиҳати татбиқи Даҳсола дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳо ва ҷонибҳои манфиатдор мусоидат кунанд. Аз давлатҳои узв, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар шарикон ҷиҳати дастгирии татбиқи Даҳсола, аз ҷумла табодули таҷрибаву дониш даъват ба амал оварда шудааст.

Дар қатънома зарурати таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирӣ кардани низоъҳо, тақвияти таҳаммулгароӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши гуфтугӯи тамаддунҳо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун заминаи зиндагии шоистаи наслҳои оянда таъкид карда мешавад. Он аз ҳамаи давлатҳо даъват менамояд, ки дар роҳи расидан ба сулҳи пойдор ва арҷгузорӣ ба он дар ҳамаи сатҳҳо – аз оила, ҷомеа, кишвар ва минтақа то муносибатҳои байналмилалӣ талош варзанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иҷрои муқаррароти қатъномаи мазкур чунин таъкид менамоянд: “Мо бояд дар навбати аввал ба наврасону ҷавонон, ки созандагони ҷаҳони фардо мебошанд, омӯзонем, ки сулҳ танҳо набудани ҷанг нест.

Сулҳ фарҳанг аст.

Сулҳ масъулият аст.

Сулҳ эҳтиром ба шаъну шарафи инсон аст.

Сулҳ таъмин намудани адолат ва имкониятҳои баробар барои ҳамаи инсоният аст.

Аз ин лиҳоз, сарнавишти наслҳои оянда ба тасмимҳое, ки мо имрӯз мегирем, вобаста мебошад.

Мо вазифадорем аз худ ҷаҳоне ба мерос гузорем, ки дар он наслҳои ояндаи инсоният дар фазои сулҳу оромӣ имкони ҳамзистӣ, рушд ва ҳамкориро дошта бошанд.”

Сарвари давлат ҳамзамон қайд менамоянд, ки ҳалли ҳама гуна мушкилоти ҷаҳонӣ танҳо аз роҳи муколама ва ҳамкории созанда имконпазир мебошад.

Пешниҳоди Даҳсолаи сулҳ аз ҷониби Тоҷикистон бар пояи  таҷрибаи воқеӣ ва сабақҳои таърихӣ асос ёфтааст. Баъдан, аз нуқтаи назари сиёсӣ ҳамовоз ёфтани ин пешниҳод мақоми байналмилалии Тоҷикистонро таҳким мебахшад. Давлате, ки ташаббусҳояш аз ҷониби созмонҳои бонуфузтарини ҷаҳон дастгирӣ меёбанд, ҳамчун шарики боэътимод ва масъули ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта мешавад.

  Ин раванд ба болоравии нуфузи дипломатии кишвар ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат мекунад.

 Маврид ба зикр аст, солҳои охир Тоҷикистон тавассути ташаббусҳои байналмилалӣ дар соҳаи обу иқлим, рушди устувор ва ҳамкорӣ дар арсаи ҷаҳонӣ обрӯ ва нуфузи хосса пайдо кардааст. Ҳамовозӣ ёфтани ташаббуси нави сулҳпарварона идомаи мантиқи ҳамин сиёсат мебошад.

Ташаббуси “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027-2036” аз ҷиҳати иҷтимоӣ ва маънавӣ ҳам аҳмияти бузург дорад. Зеро, он таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаи тарбияи  насли сулҳпарвар ҷалб менамояд. Ҷавонон бояд дар руҳияи таҳаммулпазирӣ, эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ ва ҳамзистии осоишта ба камол расанд.

Бояд эътироф намуд, ки қатъномаи “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, барои солҳои 2027-2036” саҳифаи нави нуфузи байналмилалии Тоҷикистон буда, собит мекунад, ки овози сулҳхоҳонаи миллати тоҷик дар ҷаҳон шунида ва қадр карда мешавад.

Сулҳ арзишмандтарин неъмат барои башарият аст. Танҳо сулҳу ваҳдат ояндаи дурахшони миллату давлат ва зиндагии шоистаро барои наслҳои оянда таъмин менамояд. Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори сулҳ, дӯстӣ ва ҳамкории созанда бо тамоми кишварҳои ҷаҳон буд ва хоҳад монд.

Ҳамзамон, қабули катъномаи мазкур шаҳодати эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон буда, ин андешаи бузург омили муҳимми таҳкими сулҳу амният дар саросари ҷаҳон арзёбӣ мегардад. Зеро дар шароити кунунӣ башарият ба мушкилоти зиёд, аз ҷумла ҷангу хунрезиҳо рӯ ба рӯ гардидааст,  ки бар асари он миллонҳо нафар иҷборан макони зисти худро тарк намудаанд. Аз сӯйи дигар, мушкилоти глобалии тағйирбёбии иқлим, камбуди захираҳои табиӣ, буҳронҳои иқтисодӣ ва беморҳои сироятӣ ба амнияти байналмилалӣ таъсири манфӣ расонида, кишварҳои ташаббускорро водор менамоянд, ки бо арҷгузорӣ ба ҳуқуқу арзишҳои башарӣ ва саъю кӯшиш ба хотири сулҳу суботи пойдорро таъмин намоянд.

Қабули қатъномаи мазкур аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид аз мавқеи устувори Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор, сулҳпарвар ва дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ пешоҳанг дарак медиҳад. Дар доираи амалисозии ин ташаббуси ҷаҳонӣ заминаи нави ҳамкории кишварҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ фароҳам мегардад. Ҳамзамон, қатъномаи мазкур масъулияти ҷомеаи ҷаҳониро дар пешгирии низоъҳо, таҳкими дипломатия ва ҳифзи ҳуқуқи инсон дучанд менамояд.

Ҳамин тариқ, қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» моро водор месозад, ки ба оянда бо масъулияти бештар назар кунем.

Ба таъкиди Пешвои Миллат: “Вазифаи мо аз он иборат аст, ки арзишҳои сулҳ, таҳаммулгароӣ, фарҳанги муколама ва эҳтиром ба гуногунрангиро ба наслҳои ҷавон мерос гузорем. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем ҷомеае бунёд намоем, ки дар он сулҳу суботи комил, амният ва некуаҳволии инсон барои солҳои зиёд таъмин гардад.”

МАҲМАДБЕКЗОДА Моёншо ,

сарходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,

доктори илмҳои сиёсӣ