Дар шароити тағйирёбии босуръати низоми муносибатҳои байналмилалӣ ва афзоиши аҳаммияти геоиқтисодӣ ва геосиёсии Осиёи Марказӣ, ҳамкориҳои Ҷумҳурии Корея бо кишварҳои минтақа аҳаммияти рӯзафзун касб менамоянд. Мавқеи стратегии минтақа, захираҳои фаровони табиӣ, бозорҳои рушдёбанда ва иқтидори транзитии он таваҷҷуҳи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонро бештар ҷалб намудаанд. Дар ин замина, Ҷумҳурии Корея бо назардошти зарурати диверсификатсияи шарикони иқтисодӣ, таҳкими устувории занҷираҳои таъминот ва дастрасӣ ба захираҳои муҳимми стратегӣ, ҳузури иқтисодӣ ва дипломатии худро дар Осиёи Марказӣ тадриҷан густариш медиҳад.
Робитаҳои Ҷумҳурии Корея бо кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатӣ дар соли 1992 рушд намуда, дар марҳалаи аввал бештар хусусияти дуҷониба доштанд. Ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон ҳамчун иқтисодҳои нисбатан бузурги минтақа дар рушди муносибатҳои Корея бо Осиёи Марказӣ нақши муҳим бозиданд. Бо гузашти вақт, муносибатҳои тарафайн аз доираи робитаҳои дуҷониба берун рафта, ба самти ҳамкориҳои бисёрҷониба ва минтақавӣ густариш ёфтанд.
Яке аз воситаҳои муҳимми ин раванд Форуми ҳамкории Корея–Осиёи Марказӣ мебошад, ки соли 2007 таъсис ёфтааст. Ҳадафи асосии он таҳкими ҳамкориҳои ҳамаҷониба байни Ҷумҳурии Корея ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон – тавассути татбиқи ташаббусҳо ва лоиҳаҳои муштарак мебошад. Фаъолияти форум ба ташаккули рӯзномаи муштараки ҳамкорӣ ва рушди робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ мусоидат кардааст. Аз соли 2017 фаъолияти Котиботи доимии форум низ ба таҳкими ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои бисёрҷониба мусоидат менамояд.
Дар доираи форум шаш самти асосии ҳамкорӣ муайян шудаанд:
- нақлиёт ва логистика;
- энергетика;
- модернизатсия ва диверсификатсияи саноат;
- тағйирёбии иқлим ва экология; тандурустӣ ва тиб;
- маориф ва фарҳанг.
Ин самтҳо ба ниёзҳои рушди кишварҳои минтақа ва афзалиятҳои стратегии Ҷумҳурии Корея мутобиқат дошта, барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак имкониятҳои назаррас фароҳам меоранд.
Дар солҳои охир аҳаммияти иқтисодӣ ва захиравии Осиёи Марказӣ барои Корея бештар шудааст. Кишварҳои минтақа дорои захираҳои муҳимми энергетикӣ ва маъданӣ, аз ҷумла уран, литий, волфрам, молибден, хром ва дигар ашёи хоми стратегӣ мебошанд. Барои Ҷумҳурии Корея, ки иқтисоди он ба технологияҳои пешрафта, истеҳсоли нимноқилҳо, батареяҳо ва дигар маҳсулоти баландтехнологӣ такя мекунад, диверсификатсияи манбаъҳои таъминоти ашёи хом аҳаммияти стратегӣ дорад. Аз ҷониби дигар, кишварҳои Осиёи Марказӣ ба сармоягузорӣ, технология, таҷрибаи идоракунӣ ва рушди кадрҳои баландихтисос ниёз доранд. Ин вобастагии мутақобила заминаи иқтисодии рушди ҳамкориҳои дарозмуддатро фароҳам месозад.
Тақвияти таваҷҷуҳи Корея ба минтақа, инчунин дар доираи сафари Президенти Ҷумҳурии Корея Юн Сок Ёл ба Туркманистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон дар моҳи июни соли 2024 ба назар расид. Дар ҷараёни ин сафар масъалаҳои энергетика, нақлиёт, технология ва ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои табиӣ мавқеи муҳим доштанд. Дар ин замина, ташаббуси “Роҳи Абрешим” ҳамчун кӯшиши таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва технологӣ бо кишварҳои минтақа арзёбӣ мешавад. Ҳадафи муҳимми чунин сиёсати Корея диверсификатсияи занҷираҳои таъминот ва густариши иштироки ширкатҳои кореягӣ дар лоиҳаҳои минтақавӣ мебошад.
Дар баробари имкониятҳои назаррас, ҳамкориҳои Корея ва Осиёи Марказӣ бо як қатор маҳдудиятҳо низ рӯ ба рӯ мебошанд. Фарқияти сатҳи рушди иқтисодӣ, маҳдудияти инфрасохтори нақлиётӣ, рақобати Чин, Ҷопон ва дигар шарикони байналмилалӣ, инчунин зарурати мутобиқ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба хусусиятҳои иқтисодии ҳар як кишвар метавонанд ба самаранокии ҳамкориҳо таъсир расонанд. Аз ин рӯ, барои рушди устувори формати “С5+1” гузариш аз созишҳои умумӣ ба татбиқи лоиҳаҳои мушаххас аҳаммияти махсус дорад.
Дурнамои ҳамкориҳои Корея ва Осиёи Марказӣ пеш аз ҳама ба рушди соҳаҳои дорои арзиши иловашудаи баланд вобаста хоҳад буд. Инчунин, иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ, энергетикаи сабз ва барқароршаванда, коркарди ашёи хом, логистика, тандурустии рақамӣ, маориф ва омодасозии кадрҳо метавонанд ба самтҳои калидии марҳалаи нави ҳамкорӣ табдил ёбанд. Омезиши имкониятҳои технологии Корея бо захираҳои табиӣ, бозорҳо ва мавқеи геоиқтисодии Осиёи Марказӣ метавонад барои ташаккули модели нави ҳамкории иқтисодӣ замина гузорад.
Ҳамин тариқ, формати “С5+1” тадриҷан ба яке аз воситаҳои муҳимми ҳамкории Ҷумҳурии Корея бо Осиёи Марказӣ табдил ёфта истодааст. Самаранокии минбаъдаи он аз сатҳи иродаи сиёсӣ, рушди воситаҳои ҳамоҳангсозӣ, татбиқи лоиҳаҳои мушаххас ва ба назар гирифтани манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақа вобаста мебошад. Дар сурати истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, ҳамкориҳои Корея ва Осиёи Марказӣ метавонанд ба рушди иқтисодӣ ва технологӣ, диверсификатсияи робитаҳои хориҷии минтақа, таҳкими пайвастагии иқтисодӣ ва рушди устувори муносибатҳои байнидавлатӣ мусоидат намоянд.
ФАЙЗУЛЛАЕВА Нигора,
ходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ