×

ШИНОХТУ ШАҲОМАТИ РӮДАКӢ ДАР МИНТАҚАИ ОСИЁИ ҶАНУБӢ (БА МУНОСИБАТИ ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ РӮДАКӢ -22 СЕНТЯБР)

Бозгашт ба мавод

ШИНОХТУ ШАҲОМАТИ РӮДАКӢ ДАР МИНТАҚАИ ОСИЁИ ҶАНУБӢ (БА МУНОСИБАТИ ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ РӮДАКӢ -22 СЕНТЯБР)

ИОМДОА Адабиёт 22-09-2026 ш.Душанбе
ШИНОХТУ ШАҲОМАТИ РӮДАКӢ ДАР МИНТАҚАИ ОСИЁИ ҶАНУБӢ (БА МУНОСИБАТИ ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ РӮДАКӢ -22 СЕНТЯБР)

“Устод Рӯдакӣ на танҳо поягузори адабиёти тоҷику форс, одамушшуаро, султони шоирон, қофиласолори шеър ва соҳибқирони шоирӣ, балки рамзи бедориву худшиносӣ ва истиқлолхоҳӣ, инчунин рамзи ҷовидонаи адаб ва фарханги миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Маврид ба зикри хос аст, ки кишварҳои олам бо тамаддун, фарҳанг, забону адабиёт ва донишмандону мутафаккирони худ мақому макону манзалати худро дар ҷаҳон пойдору устувор нигоҳ дошта, ба равишу усули геофарҳангиро тақвият мебахшанд. Чунин пайванду робитаҳо ба монанди пули иртиботие мебошанд, ки ин ё он кишвар тавассут он метавонад худро ба суи қуллаҳои баланд расонад. Ин ҳама чун сутуну пояҳои қавии кишварҳо мебошанд, ки танҳо бо ин васила арзият ва мавҷудияти таърихиро фароҳам оварда, боқӣ мемонанд. Минтақаи Осиёи Ҷанубӣ аз ҷумла Ҳиндустону Покистон аз кишварҳое мебошанд, ки бо тамаддуну фарҳангу таърихи қадимаи муштараки худ бо Осиёи Марказӣ ба хусус Тоҷикистон шӯҳрату шукуҳ дорад. Ба ин муносибат инҷо хостем, нигоҳе ба шинохту шаҳомати Рӯдакӣ дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ аз ҷумла Ҳиндустону Покистон дошта бошем, ки таърихан бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон робитаҳои хубу ҳасана доранд.

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рӯзҳои ид дар ҷумҳурии мо ҳар сол 22 сентябр Рӯзи Асосгузори адабиёти тоҷику-форс Абуабдулло Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад[8]. Боиси ифтихор аст, ки таҷлил аз Рӯзи Рӯдакӣ бо ибтикори тамоми муассисаҳои илмӣ ва адабиву фарҳангии кишвар, аз ҷумла Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ ҳамасола  баргузор мегардад. Забону адаби форсу тоҷик бо шеваҳои зебову ширинаш заминаи донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии қавму миллатҳои гуногуни ҷаҳон ба хусус Шибҳи Қораи Ҳинд нақши таърихсоз бозидааст. Тибқи баррасиҳо забони тоҷикӣ-форсӣ дар шумули қадимтарин забонҳои бостонист, ки то ба имрӯз дар марказу шуъбаҳои донишгоҳҳои ҷаҳон мавриди омӯзиш қарор мегирад.

Бо вуҷуди он ки Ҳиндустону Покистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва хусусан Тоҷикистон ҳамсарҳад набуда, балки мардумони ин сарзамин аз давраҳои гузашта бо ҳам раобита ва пайванди муштараки қавӣ доштанд, ки дар он саҳми шоирон, адибону нависандагон назаррас мебошад. Бояд зикр кард, ки ҳамаи муносибатҳо дар заминаи тамаддун, забон, фарҳанг ва тиҷорат сурат мегирад, ки то имрӯз идома дорад.

Ин сарзаминҳо саршор аз шахсиятҳост, ки осорашон то ҳол дар китобхонаву марказҳои илмии онҷо маҳфузанд. Шаҳру маҳаллаҳои гуногуни ин манотиқ ба монанди Деҳлӣ, Агра, Тӯғлақобод, Муршидобод, Колкатта, Лоҳур, Мултон, Пешовар, Кашмир, Ҳунза, Гилгету Свот аз ҷойҳое мебошанд, ки адибону донишмандон ба монанди Мирзо Ғолиб, Мирзо Абдулқодири Бедил, Амир Хусрав, Низомиддин Авлиё, Масъуди Саъди Салмон, Саид Шоҳ Фатҳи Алии Вайсӣ (1816-1886) ва Мирзо Адиб (1914-1999) чун ёди ёрони меҳрубон ба хотир меоварад, ки файласуфи Шарғу Ғарб Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ шефтаи забону адаби онҳо шуда, дар васфашон чунин сурудааст:

Гарчи ҳиндӣ дар узубат шаккар аст,

Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст.

Таърихи башарият манбаъ ё саргаҳест, ки даруни он пур аз ганҷ нуҳуфта аст. Бо гузашти айём инсон ҳар боби таърихро варақзада чун оина сурату сирати онро аз назар мегузаронад ва бо ин восита кашшофи шахсиятҳо ва абармардоне мегардад, ки то имрӯз ному насаби онҳо дар назди башар нақш бастааст.Инсонҳо бо ин восита тавони дубора бозёфти он ганҷҳоеро доранд, ки бо дарёфту ҳосили он саҳифаи тозае ба рӯи аҳли башар боз мегардад ва бо ин ковиши эҷодӣ башарият нерӯмандтар мешавад.

Дар миёни халқиятҳову миллиятҳои дунё аз чунин бозёфтҳои башарӣ нафарҳое мавҷуданд,ки таърихи башарият бо онҳо ифтихору шарафмандӣ мекунад ва ҳаргиз онҳоро ба фаромӯшӣ намегӯзорад ва ба қавле "бузургон шиносанд қадри бузургон" масалест,ки ишора ба он мекунад,ки қадри зар заргар шиносад, қадри ҷавҳар ҷавҳарӣ ба ёд меорад.

Барои Тоҷикистону тоҷикистониён ифтихор ва шарафмандист, ки дорои фарзандоне мебошанд, ки таърих онҳоро ҳеҷгоҳ фаромӯш нахоҳад кард ва набояд кунад. Зеро ин шахсиятҳо нафароне мебошанд, ки донишмандӣ ва заковату бинишиашон тамаддун ва адабу фарҳанги миллатро ба авҷи камол расонд ва онро ба ҷаҳониён низ нишон додааст. Дар миёни ин фарзандони асили миллат боз шахсиятҳое мебошанд, ки ганҷи тамаддуну фарҳанги моро ба ҷаҳониён шиносонданд, ки миллати мо аз гӯзаштаи таърих адабпарвару фарҳангсолор буда, ҳамеша барои аҳли башарият доштани инсонгариву инсоншиносиро орзу мекунад ва дӯст медорад.

Дар мисоли чунин нафарони ин миллат метавон устод Абуабдуллоҳ Ҷаъфар Рӯдакиро масал зад, ки то имрӯз хадамот ва кӯмакҳои адабию инсондӯстии ӯ дар таърих нақш ва сабт мебошад.

Дар бораи ҳаёту фаъолияти устод Рӯдакӣ олимон ва муҳаққиқони зиёд асарҳои гуногуни илмӣ ва оммавӣ дар рӯзномаву маҷаллаҳои эҷод кардаанд.Аммо мо бештар маълумотҳоро аз навиштаҷоти адабиётшиносони шинохтаи кишвар зиндаёдон Абдуғанӣ Мирзоев(1908-1976) ва Мирзо Муллоаҳмад рӯи коғаз овард. Бояд қайд кард, ки яке аз корномаҳои асосии адабиётшинос Абдулғанӣ Мирзоев марбут ба устод Рӯдакӣ ва шинохти ӯ мебошад, ки хишти аввали онро дар остонаи 1100 солагии ин шоири шаҳир дар соли 1958 бунёд гузошт. Ин кори хайр бо қарори ҳукумати Тоҷикистони шуравӣ дар санаи 1955 "дар бораи гузарондани ҷашни 1100 солагӣ рӯзи таваллуди Рӯдакӣ" қабул шуд, ки дар ҳайати корӣ саҳми асосӣ ба дӯши Абдуғанӣ Мирзоев гузошта шуда буд. Зиндаёд А.Мирзоев ба ҷамъоварӣ ва таҳқиқи осори шоир оғоз кард ва дар натиҷа бо заҳмату талошҳои эшон дар соли 1957 рисолаи таҳти унвони "Рӯдакӣ ва инкишофи ғазал дар асрҳои даҳум ва понздаҳум дар шакли китоби ҷудогона чоп гардид,ки он дертар дар соли 1958 бо кӯмаки Муҳаммаднурӣ Усмонов ба забони рӯсӣ тарҷума ва нашр шуд. Дар бораи корномаҳои устод А. Мирзоев ва нақши ӯ дар рушди адабиёт устод Аълохон Афзаҳзод китобе зери унвони "Академик Абдуғанӣ Мирзоев" таҳия намудааст, ки заминаи хубест дар шинохт ва шахсият ӯ. Ҷолибии асар дар он аст, ки марҳум Афсаҳзода саҳми академик А.Мирзоевро дар бораи шинохти Рӯдакӣ дар кишварҳои олам аз ҷумла кишвари ба мо дӯст ва шарик Покистон махсус зикр кардааст,ки хонанда аз он метавонад маълумоти муфид пайдо кунад. Дар китоби мазкур ишорат шудааст, ки А.Мирзоев ба кишвари Покистон сафар карда, дар маҳфилу семинарҳои илмӣ суханронӣ кардааст. Боиси ифтихор ва шараф аст, ки аввалин маротиба соли 1976 бо ташаббуси шуъбаи Осиёи Миёна ва Ғарбии донишгоҳи Карочии Покистон "Тазкират-уш-шуаро"-и подшоҳи Ҳиндустон Ҷаҳонгир (1605-1628)-ро бо муқаддима,тасҳеҳ ва эҳтимоми А.Мирзоев чоп намуд, ки аз вуҷуди чунин китоб ва рабти он ба Ҷаҳонгир ҳанӯз касе огоҳӣ надошт.Роҷеъ ба моҳияти китоби мазкур ва арзиши хидмати А.Мирзоев устоди донишгоҳ Сайид Ҳисомуддин Рошидӣ чунин менависад: "Китоби ҳозир "Тазкират-уш-шуарои Ҷаҳонгир"-ро ҷаноби оқои профессор Абдуғанӣ Мирзоев муҳаққиқ ва нависандаи маъруфи Тоҷикистони шуравӣ кашф карда ва онро тасҳеҳ карда ва рӯи он муқаддимаи бисёр муфиде навиштааст." Ба гуфти ин донишмади покистонӣ ин китоб заминаи хубест дар эҷоди равобити таъриху фарҳанги адабии кишварҳо ва чунонеки қайд кардааст, "китоби мазкур хишти аввалинест дар эҷоди ҳамкорӣ ва дӯстию ҳамдастии илмии оянда байни ҳар ду кишвари дӯст ва институти ховаршиносии Академияи Илмҳои Тоҷкистон,ки бояд ҳифз шавад,зеро он дар асари таваҷҷӯҳу ковиш ва нигоҳи дурраси А.Мирзоев баъзе аз авроқи гумгаштаи равобити илмии байни Покистон ва Мовароуннаҳр инак пеши ҷаҳони илмӣ арза мегардад". (А.Афсаҳзода,Академик Абдуғанӣ Мирзоев,Душанбе, Ирфон, 1985)

Адабиётшинос ва эроншиноси Тоҷикистон зиндаёд Мирзо Муллоаҳмад низ роҷеъ ба корнамоҳои зиёди А.Мирзоев мақолаву осори зиёде ба чоп расондаанд.Тибқи санадҳои овардаи Мирзо Муллоаҳмад академик А.Мирзоев китоби ҷудогонае зери унвони "Абӯ Абдулло Рӯдакӣ" таҳия кардааст, ки хонанда метавонад аз зиндагӣ ва аҳволу осори ӯ огоҳии илмӣ дастрас намояд. Корнамоии асосии А.Мирзоев дар ҷамъоварии маводи ӯ ва эҷоди мақолаи махсус оиди қасидаи машҳури Устод Рӯдакӣ дар маҷаллаи "Садои Шарқ" № 9, 1971 таҳти унвони "Бӯи Ҷуи Мулиён ва таъсири он" бо овардани муқаддима аз ашъори шоирони дигар,ки дар пайравии он навиштаанд, дида мешавад. Роҷеъ ба таъсири ин қасида ва аҳамияти аввалини худро ба тамоми маънӣ нигоҳ доштани он академик А.Мирзоев таъкид варзида, аз шоирони минтақаи Ҷануби Осиё хусусан Покистон иқтибосҳои илмӣ меоварад, ки нуктаи калидии мақолаи мо низ ба баррасӣ ва назарсанҷии он бахшида шудааст. Кишвари Покистон дар тули таърих маркази васеъи забон ва адабиёти форсии тоҷикӣ маҳсуб ва ҳазорон шоиру нависанда ба ин забони ширину форам дар домани худ паноҳ ва парвариш додааст.

Нашр ва чопи мақолаи нодир ва машҳури А.Мирзоев дар маҷаллаи Садои Шарқ №9, 1975 зери унвони "Захмаи чангӣ Рӯдакӣ дар Покистон" –ро метавон инҷо таҳлилу баррасӣ кард, ки дар он таъсири қасидаи "Бӯи Ҷуи Мулиён..." ба осори шоирони Покистон тааллуқ дорад. Академик А.Мирзоев ба ин андеша аст, ки қасидаи мазкур бештар дар қаламрави манотиқи форсизабонон ё тоҷиктаброн шукуҳу шӯҳрати зиёд дорад, зеро дар он тарзу услуби баён оиди мафҳуму мазмуни ватандӯстӣ ва тарғибу ташвиқи ватан ба таври хосе тасвирсозӣ шудааст.Аммо дертар он дар кишвари Покистон низ шӯҳрат пайдо кард, ки дар пайравии "Бӯи Ҷуи Мулиён.." сурудаҳои шоирони асри ҳафдаҳум ва нимаи асри аввали асри нуздаҳуми минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ба монанди Мирғуломалии Моилӣ (1768-1836), Сайид Обидшоҳи Таъсир (1898-1949), Зафаралихон (1870-1956), Сайд Ансори Ништарии Лоҳурӣ (1894-1956) ва Шиблии Нуъмонӣ эҷод шудаанд.

Мавриди зикр аст, ки шаш байти боқимондаи қасидаи "Бӯи Ҷуи Мулиён ..."-и устод Рӯдакӣ то ҳол шӯҳрат дар байни адибону донишмандон шуҳрат дошта ному насаби шоирро то замони мо зинда нигоҳ доштааст.Воқеан агар ба мазмун ва моҳияти ҳар сатри он дуруст ва дақиқ назарсанҷӣ ва андеша шавад, метавон аз он ганҷҳову баҳраҳое ҳосил кард,ки заминаи ҳисси ватандӯстӣ ва меҳри инсонӣ пайдо гардад.Муаллиф дар аввали мақола ба ин нукта таъкид менамояд,ки қасидаи “Буи ҷуи Мулиён” барои мардуми Покистон дар эҷоди ватандӯстӣ ва ҳуввияти миллӣ арзиш ва таъсири зиёд дорад. Зеро аз шеъри устод Рӯдакӣ шоирони покистонӣ илҳом гирифта,офаридаҳои худашонро ба меҳри ватан ва ватандӯстӣ бахшиданд. Ба назари академик А.Мирзоев хоки Покистони имрӯза дар даврони муборизаҳои сиёсӣ ва истиқлолталабӣ аз таъсири “захмаи чанги Рӯдакӣ” дар канор намондааст,балки руҳия ва неруи тоза гирифтааст. Аммо бояд дониста бошем,ки мақом ва қадру манзалати устод Рӯдакиро дар назди аҳлу адаби Покистон дар асри бистум дар қасидаи “мадиҳат-уш-шуаро”-и шоир Искандаршоҳ Козимӣ (1886-1931) бо тахаллуси “Раъно” метавон мушоҳида кард, ки мегӯяд:

Ҳазор сол фузунтар гузашт зи ончи гузашт,

Зи Рӯдакӣ чи баҷо мондааст ҷуз ашъор.

Дар шинохти устод Рӯдакӣ ва дар пайравии қасидаи машҳури ӯ “Буи ҷуи Мулиён”....шоирони дигар аз ҷумла Мирғуломалии Моилӣ (1768-1836), низ ғазал навиштааст.Барои равшании калом метавонем чанд иқтибосе аз ӯ инҷо биёварем, то дарки мавзуъ осонтар гардад.

Шоир васфи ватани худ ва маҳалли зебои худашро ки “Милоя” ном доштааст, ба монанди “ҷуи Мулиёни”-и Рӯдакӣ ба таври хос тавсирсозӣ карда чунин мегӯяд:

Ҳаббазо ин гулзамин “Милоя” ном,

К-аз осмонаш мадҳхон ояд ҳаме.

То гулистон созад аз нав ин замин,

Саъдӣ андар "Бӯстон" ояд ҳаме.

Дар байте оид ба зебоӣ ва дилкашии маконе ки “қасри Бангла” ном дошт, дар пайравӣ ба устод Рӯдакӣ ин маҳалро чунин таъриф мекунад:

Ҳаббазо бо гулшани нав Бангала,

Тавамон чун ҷисму ҷон ояд ҳаме.

Яъне акнун табъи ман дар назми шеър,

Пайрави он нуктадон ояд ҳаме.

Баски назмаш ҳамчу назми Рӯдакӣ,

Дилфурузи дӯстон ояд ҳаме.

Офарин ба табъи он рангинкалом,

Аз дили ман ҳар замон ояд ҳаме.

Шоир дар охири шеъраш тамоми мақсаду мароми худро баён карда қасидаашро дар 9 байт бо чунин тарз тамом мекунад:

Мекунам дар рамз пешат арзи хеш,

Донишат чун рамздон ояд ҳаме.

Аз пайравони дигари қасидаи “Буӣ ҷуи Мулиёни”-и устод Рӯдакӣ дар байни шоирони покистонӣ Мавлоно Зафар Алихон(1870- мебошад,ки бо тахаллуси “Зафар” машҳур аст. Ӯ ба устод Рӯдакӣ иродат ва ихлосмандии хос дошта, назароташро роҷеъ ба ӯ чунин баён мекунад, “дидаварон муттафиқ ҳастанд,ки ҳеҷ кас аз суханварони аҷам ба пояи Рӯдакӣ нарасид. Ман ҳиндинажоди каҷ-маҷ забон,ки бошам,ки ҷавоби Рӯдакӣ бинависам. Ин чанд абёт, ки килки ман фуру чакида,посухи он бор ба таронаи рез намебошад. Аммо наъраест мастона ки алассабили изтирор аз дили дарманд барҷост” ( маҷаллаи Ваҳид шумораи ҳафтум Рӯдакӣ саҳ.719)

Шоир ихлосу эҳтиромашро баён намудааст:

Соқиё бархезу май дар ҷом кун,

Фасли гул дар бӯстон ояд ҳаме,

Ёди наврӯзӣ вазид андар чаман,

Нағмааш анбар фишон ояд ҳаме.

Рӯдакӣ чангасту килкам захмааш,

"Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме".

Ин ҳама аз он шаҳодат медиҳад,ки захмаи чанги устод Рӯдакӣ ба шинохти меҳри ватандӯстӣ ва истиқлолталабии мардуми Ҳинду Покистон таъсир расонда,ҳуввияти миллии ононро афзудааст.

Устод Рӯдакӣ дар байташ чунин мегӯяд:

Буи ҷуи Мулиён ояд ҳаме,

Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.

Навиштаҳои А.Мирзоев гувоҳӣ аз он медиҳад,ки нақши ин марди наҷибу шариф дар рушди адабиёт ва шахсиятҳои шаҳири он ва хусусан устод Рӯдакӣ ва шинохти ӯ дар Покистон муҳим арзёбӣ шуда,метавон тасдиқ кард,ки академик А.Мирзоев аз аввалинҳое мебошад,ки қасидаи машҳури "Бӯи Ҷуи Мулиён.." ва таъсирашро бо паёмадҳои иқтибосии он дар эҷодиёти шоирони покистонӣ нишон додааст.

Яке аз омилҳои шӯҳрати зиёди шоир ин аст,ки шеъри “Буй ҷуи Мулиён” бо оҳанг суруда шудааст. Мусиқишиносон ба ин назаранд,ки Рӯдакӣ дар баробари зеҳни гирову ақли расо овози хуш ва савти дилкаше низ доштааст ва барои тақвияти каломашон дар бораи ба илми мусиқӣ шавқу рағбат доштани худ бо ин шеъраш ишора мекунанд,ки чунин сурудааст:

Рудакӣ чанг бигрифту навохт,

Бода андоз, к-у суруд андохт.

Устод Рудакӣ соҳиби девони бузург буд, ки шаҳомату бузургӣ ва афзунии миқдори шеърҳои уро шоири асри XI Рашидии Самарқандӣ арзёбӣ карда, чунин мегӯяд:

Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба некӯ шоирӣ,

Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.

Шеъри уро баршумурдам: сенздаҳ раҳ сад ҳазор,

Ҳам фузун ояд, агар, чунонки боз, бишмарӣ.

Бояд қайд кард,ки осор ва мероси адабии боқимондаи устод Рудакӣ аз қасида, ғазал, қитъа, рубоӣ ва маснавӣ иборат буда, ашъори дигари боқимондааш, махсусан ғазалҳояш, аз нигоҳи мазмун ва мундариҷа бамонанди қасидаҳои ӯ рангорангу пурмаъно мебошанд. Илова аз ин маснавиҳои шоир аслан аз қиссаву ривоятҳо, саргузаштҳои ибратомӯз, панду ахлоқ ва афкору андешаи инсондӯстӣ иборатанд.

Дар ниҳоят метавон ишора кард, ки сурудаи “Буи ҷуи Мулиён”-и устод Рӯдакӣ як навъ ҳамгироиву ҳамовозиеро нишон медиҳад, ки адибону шоирони минтақаи Осиёи Ҷанубӣ аз он хело таъсирпазир гардида, дар шинохти ҳувияти худ намунаи адабу фарҳанг пайдо карданд. Ҳамин тариқ, минтақаи Осиёи Ҷанубӣ хусусан Ҳиндустону Покистон бо чунин донишмандони бузурги тоҷику форс чун устоду омӯзгор аз шахсони фозилу равшанзамир мебошанд, ки осорашон меҳру дӯстӣ, сулҳу амонӣ ва ҳамдиливу ҳамгироиро таҷассум намуда, заминаро дар таҳкими муносибатҳои ҳасана дар рушди дипломатияи мардумӣ фароҳам оварда, тақвият мебахшад.

РАҲМОНОВ Мирсаид,

ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,

Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Сарчашмаҳо:

1.Мирзо Муллоаҳмад, Рӯдакӣ ва рӯдакишиносон, 2012,  нашриёти «Адиб»

2.А.Мирзоев, "Буи ҷуи Мулиён" ва таъсири он", Садои шарқ,№9,1971

3.А.Мирзоев, "Захмаи чанги Рӯдакӣ дар Покистон, Садои шарқ,№9,1975

4.А.Афсаҳзода,Академи Абдулғанӣ Мирзоев,Душанбе,Ирфон,1985

5.Мирзо Муллоаҳмад,Осори Эронишиносӣ,ҷилди аввал,Душанбе,2017

6.маҷаллаи Ваҳид (забони форсӣ), шумораи ҳафтум, Рӯдакӣ, саҳ.719

7.Мирсаид Раҳмонов. Нақши геофарҳангии забони тоҷикӣ дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ.

8. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 16.04.2017 majmilli (АМОҶТ  с.2011, №7-8, мод. 608; с.2012, №7, мод.684; №12, қ.1, мод.1011, 1012; с. 2014, №7,қ.2, мод.401; с.2015, №3, мод.209; №7-9, мод.706; с.2016, №5, мод.371, №7, мод.619; с.2016,№11, мод.878)