(Дар ҳошияи сафари давлати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, 11-14 майи 2026)
Имрӯз Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз шарикони асосӣ ва боэътимоди иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ба шумор меравад. Вусъати минбаъдаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо Чин ҳамчун давлати пешрафта барои Тоҷикистон аҳаммияти махсус дорад. Ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи сарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии байни ҳар ду мамлакат ба манфиати тарафайн инкишоф ёфта, ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро фаро мегирад.
Робитаҳои наздик ва дӯстонаи сарони ду кишвар шарикию эътимоднокии муносибатҳои бисёрҷабҳаи ду давлатро ба вуҷуд оварда, гарави рушди ҳамкориҳо мебошад. Зимни сафари давлатии роҳбарони кишварҳо доир ба масъалаҳои ба роҳ мондани муносибатҳои шарикии стратегӣ, ки заминаи устувори рушди дарозмуддати ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин ба ҳисоб меравад, ба имзо расонида шуд. Инчунин, сарони ду кишвар изҳороти муштаракро нашр карданд, ки он боиси боз ҳам мустаҳкамтар гардидани ҳамкориҳои дуҷонибаи ду кишвар гардид. Инчунин, пайвастани ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” бо “Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, ки яке аз иқдомҳои бузург барои кишварҳои мазкур аст, ба рушди ҳамкориҳо мусоидат хоҳад кард. Дар доираи Ҳамоиши “Осиёи Марказӣ ва Чин”, ки ба таърихи 17 июни соли 2025 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин барои таҳкими шарикии стратегӣ дар самти ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаи саноат, ҳамгироии минтақавӣ ва навоварӣ баррасӣ намуданд. Сафари мазкур ҷанбаи таърихӣ дошта, сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон уфуқҳои нави шарикии ҳамаҷонибаи стратегии ду кишварро боз кард. Воқеан ҳам, Тоҷикистон сатҳи имрӯзаи шарикии стратегии ҳамаҷонибаро бо ин кишвари ҳамсоя баланд намуда, татбиқи натиҷаҳои онро барои ҳарду ҷониб самарабахш медонад. Солҳои охир байни ду кишвар як қатор санадҳои судманд доир ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, кишоварзӣ, молия, фарҳанг, сайёҳӣ ва ғайра ба имзо расиданд, ки ба амиқтар шудани ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи онҳо мусоидат намуданд. Дар натиҷа, ҳаҷми савдои дуҷониба афзоиш ёфта, самтҳои ҳамкорӣ васеъ гардида, ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Чин ба марҳалаи нави рушди худ ворид шуданд. Инкишофи босуръати муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ба созишномаҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ асос ёфтааст. Ҳамкориҳои
Тоҷикистон ва Чин дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии дуҷонибаи дар соҳаҳои иқтисод ба имзо расиданд, аз ҷумла:
–“Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи муносибатҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ” (16 сентябри соли 1996);
–Дар доираи сафари Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин (соли 2024)
“Ёддошти тафоҳум оид ба тақвияти ҳамкориҳо бо мақсади рушд ва мусоидат ба амалишавии Ташаббуси рушди ҷаҳонӣ миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии рушди ҳамкориҳои байналмилалии Чин”;
–Ёддошти тафоҳум дар бораи пешбурди лоиҳаҳои грантӣ дар бахши инфрасохтор байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии рушди ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Мардумии Чин;
–“Созишномаи байниидоравӣ оид ба рушди иқтисодӣ миёни Департаменти робитаҳои байналмилалии Комиссияи миллӣ оид ба рушд ва ислоҳоти Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон”. Тибқи ҳуҷҷатҳои имзошуда, ҷонибҳо сиёсати ҳавасмандгардонии тиҷорати фаромарзӣ ноил шудан ба мувозинати байни содирот ва воридот, диверсификатсияи сохтори молии тиҷорат, ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва транзитиро пеш мебаранд.
Мавриди зикр аст, ки Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Чин оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ механизмҳои амалигардонии ҳамкориҳои иқтисодии байни ду кишварро ба уҳда дорад. Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Чин оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ бошад давоми солҳои охир бомуваффақият идома дорад, ки дар он ҳамасола масъалаҳои бунёд ва диверсификатсияи шарикии дуҷонибаро баррасӣ менамоянд. Байни ду кишвар Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ таъсис дода шуда, имрӯз 13 ҷаласаи он баргузор гардидааст. Ҷаласаи 13-уми он 8 майи соли 2024 дар шаҳри Пекини Чин баргузор шуд. Инчунин, байни кишварҳо Зеркомиссияи Байниҳукуматии Тоҷикистону вилояти Мухтори Синдзян–Уйғури Чин оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ фаъолият менамояд, ки то ҳол 6 ҷаласаи он баргузор гардида, ҷаласаи охирини он рӯзи 2 ноябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе доир шуд. Дар доираи ҷаласаи мазкур масъалаҳои ҷалби сармояи мустақим, тавсеаи савдо, аз ҷумла рушди содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба вилояти Синзян–Уйғури Чин, зиёд намудани интиқоли мол тавассути гузаргоҳи сарҳади Душанбе–Қулма, ҷалби маблағгузории Чин барои сохтмони қитъаҳои шоҳроҳи Душанбе–Қулма, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, бахусус, дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, рушди минбаъдаи робитаҳо дар бахши нақлиёт ва логистика, ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоди “сабз”, энергетика ва тиҷорати электронӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Илова бар ин, дар доираи Форуми мазкур 25 санадҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла байни Вазорати энергетика ва захираҳои об ва ҶСК “ТВЕА”-и Чин, минтақаҳои озоди иқтисодӣ, донишгоҳҳои ҳарду тараф, муассисаҳои тиббӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва ҳамзамон, ба маблағи умумии зиёда аз 100 млн. доллари ИМА шартномаҳо байни субъектҳои хоҷагидорӣ ба имзо расонида шуданд. Дар ин самт яке азбахшҳои рушди ҳамкориҳои стратегии кишварҳо соҳаи иқтисод маҳсуб гардида, лоиҳаҳои он бо сармоягузории ҷониби чинӣ сурат мегирад. Дар доираи вохӯрии (соли 2025) роҳбарони ҳарду давлатҳо зарурати таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаи истеҳсоли электромобилҳо, панелҳои офтобӣ, саноати дорусозӣ, кимиё ва ғайра саривақтӣ баҳо доданд. Зеро самтҳои мазкур ҳам барои рушди саноати Чин ва ҳам баҳри таҳкими иқтидори иқтисодии Тоҷикистон мувофиқ дониста мешавад. Таъсиси ширкати лизингии Тоҷикистону Чин ва оғози парвозҳои мустақими Душанбе–Пекин низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дастовардҳои сиёсии ду кишвар, ки дар боло зикр намудем, ба ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузорӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон ва Чин нақши назарраси худро гузоштаанд.
Бояд тазаккур дод, ки Чин яке аз шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон буда, нишондиҳандаҳои гардиши савдо дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар масири шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ аз суръати баланди рушди он гувоҳӣ медиҳад. Тиҷорати Тоҷикистон бо Чин дар тули ин солҳо рушди назаррас доштааст. Гардиши тиҷоратӣ миёни Чин ва Тоҷикистон дар соли 2022 ҳудуди 2,6 млрд долларро ташкил дод.
Дар соли 2024 гардиши савдои хориҷӣ бо Чин 1956 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023 452,8 млн. доллар ё 30,1 дарсадафзоиш ёфтааст. Вазни хосси савдои мутақобила бо Чин дар ҳаҷми умумии гардиши савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024-ум 21,8 дарсадро ташкил дода, дар ҷойи 2-юм қарор гирифт. Дар соли 2024 ба Чин ба маблағи 410,7 млн. доллар молу маҳсулот содирот гардид. Воридот бошад, ба маблағи 1545,3 млн. доллар баробар гардид, ки нисбат ба соли 2023 355,9 млн. доллар ё 29,9 дарсад зиёд мебошад. Дар моҳҳои январ–апрели соли 2025 гардиши савдои дуҷониба 3114,1 млн. долларро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 2735,5 млн. доллар ё 32,2 дарсад зиёд гардидааст. Дар ин давра ба Чин ба маблағи 132,1 млн. доллари ИМА молу маҳсулот содирот гардидааст. Воридот бошад, ба маблағи 593,3 млн. доллар баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 152,8 млн. доллар ё 34,7 дарсад зиёд мебошад. Дар Тоҷикистон 700 ширкат, ки дар сармояи оинномавии онҳо ҳиссаи корхонаҳои чинӣ ҳаҷми умумии сармоягузориҳо аз ҷониби Чин зиёда аз 5 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, фаъолият менамоянд. Мувофиқи омори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин сармоягузори рақами як дар иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад. Аз нимаи дуюми солҳои 2000-ум то соли 2021 аз ин кишвар беш аз 3,2 миллиард доллари амрикоӣ сармоягузорӣ ҷалб карда шудааст. Танҳо дар соли 2021 аз Чин 211,4 миллион доллар сармоя ворид гардид, ки 61,8 дарсади ҳамаи сармоягузориҳои мустақими хориҷиро ташкил медиҳад. Ин маблағҳо ба истихроҷ ва ғанисозии конҳои сурб, руҳ ва қалъагӣ, сангҳои қиматбаҳо ва филлизоти нодир равона шудаанд.Чин дар соҳаҳои зерини иқтисодиёти Тоҷикистон сармоягузорӣ намудааст:
1. Яке аз намунаҳои бузурги сармоягузории ширкатҳои синзянии Чин дар Тоҷикистон Парки саноатии нассоҷии “Зиндаҷӯёи Роҳи абрешими нав” дар вилояти Хатлон (ноҳияи Данғара) мебошад. Ин парки саноатӣ аз ҷониби Гурӯҳи саноатии Zhongtai (Синзян Ҷунтай) бунёд гардида, тамоми занҷираи истеҳсолоти пахтаро аз коркарди нахи хом то дӯхти либоси тайёр дар бар мегирад. Лоиҳаи мазкур холигии тулонии Тоҷикистонро дар соҳаи нассоҷӣ пур намуда, технологияи пешрафтаи киштукор ва бофандагиро ворид сохт. Бо таъсиси ин парк барои ҳазорҳо нафар ҷойи корӣ фароҳам шуда, ҳамчунин, мушкилоти оби нӯшокии 50 ҳазор сокини маҳаллӣ ва обёрии 15 ҳазор гектар заминҳои кишт ҳаллу фасл гардид. Гузашта аз ин, корхонаи муштарак ба буҷети маҳаллӣ андозҳои зиёд ворид месозад. Ин намуна нишон медиҳад, ки сармояи вилояти Синзян (Шинҷон) метавонад бо дарназардошти эҳтиёҷоти рушди минтақавии Тоҷикистон равона гардад ва ҳамкории “бурд–бурд”-ро таъмин намояд. Бо истихроҷ ва истеҳсоли тилло дар кишвар Ширкати саҳомии пӯшидаи «Зарафшон» машғул аст, ки 75 дарсади саҳмияҳои он дар дасти сармоягузорони чинӣ мебошад. Ширкати дигари фаъол дар ин соҳа–ҶДММ «Пакрут» мебошад, ки соли 2014 тамоми саҳмияҳои он ба сармоягузорони чинӣ тааллуқ дорад. Соли 2023 корхонаи нави кӯҳкории ҶДММ «TBEA–Душанбе–саноати кӯҳӣ» бафаъолият оғоз кард. Қувваи истеҳсолии солонаи корхона 900 ҳазор тонна мебошад. Дар ин корхона 140 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд, ки аз онҳо 100 нафари онҳо сокинони маҳаллӣ мебошанд. Ба нақша гирифта шудааст, ки дар солҳои наздик дар ҳамин қитъа сехи аффинажи (тозакунии) тилло ва нуқра сохта шуда, 500 ҷойи нави корӣ таъсис дода шавад. Дар ширкати «TBEA–Душанбе–саноати кӯҳӣ» фаро гирифтани 500 сокини маҳаллӣ ва 120 шаҳрванди Чин дар назар аст. Дар оянда ба нақша гирифта шудааст, ки бо ҷалби бештари аҳолии маҳаллӣ шумораи кормандони ширкат ба 1200 нафар расонида шавад. Ҳамчунин, соли 2022 дар ноҳияи Айнӣ корхонаи нави кӯҳкорию ғанисозии ҶСК «ТАЛКО–Голд» ба истифода дода шуд. Барои татбиқи ин лоиҳа аз ҷониби ҶСК «Ширкати алюминии тоҷик» ва ҶД «Тибет Хуаюй» 136 миллион доллари ИМА сарф шудааст. Дар ин корхона ғанисозии маъдан бо усули флотасионӣ анҷом дода мешавад, ки иқтидори солонаи он 1,5 миллион тонна аст. Ҳаҷми солонаи истеҳсоли тилло 2,2 тонна ва истеҳсоли симоб 21 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Ин корхона дар асоси кони Чулбой, Кончоч ва Шахкон бунёд ёфтааст. Ба гуфтаи коршиносон, захираҳои умумии симоб 265 ҳазор тонна ва захираи тилло 50 тоннаро ташкил медиҳанд.
2. Дар бахши энергетика, ширкати машҳури TBEA (Tebian Electric Apparatus), ки қароргоҳаш дар Синзян ҷойгир аст, як қатор лоиҳаҳои стратегии энергетикии Тоҷикистонро амалӣ намудааст. Аз ҷумла, TBEA хатти баландшиддати 500-киловолтаи “Ҷануб – Шимол”-ро дар Тоҷикистон сохта ба истифода дод. Ин лоиҳа ҷанубу шимоли кишварро бо шабакаи воҳид пайваст кард ва вобастагии минтақаи шимоли Тоҷикистонро аз воридоти неруи барқ аз Узбекистон ва Қирғизистон аз байн бурд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни маросими ифтитоҳи ин хатти муҳим изҳор доштанд, ки он ҳамчун “ҳамёдгори дӯстии мардумони Тоҷикистону Чин дар таърих сабт хоҳад шуд". Ҳамчунин, ширкати TBEA дар шаҳри Душанбе ду неругоҳи гармии барқӣ (Маркази барқу гармидиҳии Душанбе–2 ва тавсеаи он) бунёд намудааст, ки мушкилоти норасоии барқро дар фасли зимистон то ҳадде сабук гардонид. Ширкатҳои дигари чинӣ, аз қабили “CNPC/CNPC Bohai” дар истихроҷи нафту газ дар Тоҷикистон саҳм гирифта, ҳамчунин, татбиқи лоиҳаи хатти қубури гази Тоҷикистону Чин – “Хатти D”-ро бар ӯҳда дорад) ва ғайраҳо дар иқтисоди Тоҷикистон нақши назаррас доранд.
Дар соҳаи энергетика дар Тоҷикистон ширкатҳои зерин фаъолият мекунанд: бузургтарин ширкати лоиҳакашӣ ва сохтмонии “Power Construction Corporation of China Limited” (Power China); ширкати электротехникӣ ва фотоэлектрикӣ “TBEA Company Limited”; яке аз бузургтарин ширкатҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи телекоммуникатсия — “Huawei”; ширкати энергетикии “Sinohydro International Engineering”. Ҳамчунин, бо Корпоратсияи миллии нафту гази Чин (China National Petroleum Corporation, CNPC), ки дар ҷумҳурӣ ба ҷустуҷӯйи захираҳои карбогидрид машғул аст, ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст. Ширкати чинии “Tebian Electric Apparatus Stock Co., Ltd.” (TBEA) се лоиҳаи сохтмони хатҳои баландшиддати интиқоли барқро амалӣ кардааст, ки онҳо низомҳои энергетикии ноҳияҳои марказии кишварро бо шимоли ҷумҳурӣ пайваст намудаанд, ба монанди хатҳои баландшиддати интиқоли барқи “Ҷанубу Шимол” бо иқтидори 500 кВ, сохтмони хатҳои баландшиддати интиқоли барқи “Лолазор– Хатлон” бо иқтидори 220 кВ ва хатҳои баландшиддати интиқоли барқи “Хуҷанд–Айнӣ” бо иқтидори 220 кВ мебошанд. Ҳамчунин, пажуҳишҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки барои татбиқи лоиҳаҳои мазкур Эксимбонки Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзҳои дарозмуддат дар ҳаҷми 377 млн. доллари ИМА бо меъёри 2 дарсади солона пешниҳод намудааст, ки чунин ҳолат муносибатҳои кишварҳои мазкурро дар ҷодаи дастрасӣ ба неруи барқ боз ҳам беҳтар кардааст.
Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамчунин, барои таъсиси корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ сармоягузорӣ мекунад. Масалан, дар Тоҷикистон ширкатҳои муштараки истеҳсоли семент, ба мисли “Чунгтсай Моҳир семент”, “Хуаксин Гаюр семент” ва “Хуаксин Гаюр Суғд семент” фаъолият доранд. Дар байни бузургтарин андозсупорандагони Тоҷикистон ширкатҳои дорои сармояи чинӣ мебошанд. Ин се корхона тақрибан 85% сементи истеҳсолии кишварро тавлид мекунанд. Сементи истеҳсолшуда ба миқдори калон ба содирот равона мегардад, ки Тоҷикистонро ба яке аз содиркунандагони асосии семент дар минтақа табдил медиҳад. Дар баробари ин, дар Тоҷикистон панҷ Минтақаи озоди иқтисодии "Данғара", "Панҷ", "Суғд", "Ишкошим" ва "Кӯлоб" таъсис дода шудааст.
Сармоягузорони чинӣ дар рушди МОИ хеле назаррас мебошад. Аз ҷумла, сармоягузории Чин ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар МОИ “Данғара” ва “Панҷ”, ки дар онҳо корхонаҳои истеҳсоли конструксияҳои металлӣ ва масолеҳи сохтмонӣ, коркарди маҳсулоти нафтӣ, нахи пахта, пӯсту пашм, меваҷот ва сабзавот, дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ ва бо ҷалб намудани манбаҳои меҳнатии маҳаллӣ таъсис ёфтаанд, равона карда шудааст.
Хулоса, дар ин ҳамкорӣ Тоҷикистон ва Чин, пеш аз ҳама, манфиати худро мебинанд, зеро саноати Чин рушд ёфта, ҳамеша ба тамоми номгӯйи филизоти қиматбаҳо ва маъданҳои нодире, ки дар замини Тоҷикистон мавҷуданд, эҳтиёҷ дорад. Як бартарии дигар барои сармоягузорони чинӣ дар он аст, ки онҳо аз инфрасохторе, ки аз давраи шуравӣ боқӣ мондааст ва маълумоти мавҷудаи геологҳои тоҷик истифода бурда, ҳамзамон, корҳои ҷустуҷӯйию геологиро низ анҷом медиҳанд. Чин баҳри ба даст овардани ҳадафҳои иқтисодии худ пайваста кӯшиш менамояд, дар робита ба ин, ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи худро бо Тоҷикистон дар соҳаҳои сиёсию дипломатӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмию фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ба роҳ монадааст.
Бояд гуфт, ки омилҳои зерин дар рушди ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Чин заминаи мусоидат гузошта истодаанд:
1. Мулоқоти судманди дуҷониба дар сатҳи олӣ ва ба имзо расидани санадҳои меъёрии ҳуқуқии байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ;
2. Фаъолияти босамари Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Чин оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ. Мутахассисон бар он ақидаанд, ки дар марҳалаи имрӯзаи рушд барои Тоҷикистон муҳимтарин шакли сармоягузорӣ, сармоягузориҳои мустақим ба шумор мераванд. Барои Тоҷикистон, мисли дигар кишварҳои рӯ ба тараққӣ, аз ҳисоби захираҳои худӣ бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ва сохтмони объектҳои хусусияти стратегидошта душвор мешавад. Чин ва ширкатҳои он барои амалишавии иқтидори иқтисодии Тоҷикистон саҳми худро мегузорад. Дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон саҳми Чин дар ҳудуди 20%-ро ташкил дода, то имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 700 ширкат дар соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ бо сармояи чинӣ амал мекунанд. Бо ҷалби сармояи чинӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак доир ба истихроҷи канданиҳои фоиданок ва нодир, саноати истеҳсолии Тоҷикистон ва энергетикӣ сол аз сол рушд меёбад. Ҳамкорӣ бо шарикони чинӣ боиси афзоиши шумораи корхонаҳои истеҳсолии кишвар ва зиёдшавии содироти он гардидааст.
Соҳиби Баҳруло
ходими калони илмии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Адабиёт:
1. Ниг: Соҳиби, Б. Ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии мардумии чин / Б. Соҳиби, Н. Н. Файзуллаева // Международные отношения и безопасность. – 2026. – No. 1(17). – P. 238-248. – EDN ZDXMQL.