×

ИСТИФОДАИ САҲЕҲИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ҲАМЧУН ОМИЛИ ТАҚВИЯТДИҲАНДАИ ФАЪОЛИЯТИ АКАДЕМӢ ВА СИФАТИ ТАЪЛИМ ДАР ДОНИШГОҲҲОИ КИШВАР

Бозгашт ба мавод

ИСТИФОДАИ САҲЕҲИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ҲАМЧУН ОМИЛИ ТАҚВИЯТДИҲАНДАИ ФАЪОЛИЯТИ АКАДЕМӢ ВА СИФАТИ ТАЪЛИМ ДАР ДОНИШГОҲҲОИ КИШВАР

ИОМДОА Сиёсат 03-09-2026 ш.Душанбе
ИСТИФОДАИ САҲЕҲИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ  ҲАМЧУН ОМИЛИ ТАҚВИЯТДИҲАНДАИ ФАЪОЛИЯТИ АКАДЕМӢ ВА СИФАТИ ТАЪЛИМ ДАР ДОНИШГОҲҲОИ КИШВАР

31 августи соли 2026 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ба омӯзиши технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳ намуда, аз ҷумла зарурати дар сатҳи баланд аз худ намудани истифодаи технологияҳои замонавӣ ва зеҳни сунъиро таъкид карданд. Ҳамзамон ба сохторҳои дахлдор супориш дода шуд, ки масъалаҳои ташаккули фарҳанги истифодаи интернет, телефонҳои мобилӣ, зеҳни сунъӣ ва шабакаҳои иҷтимоиро ҳамаҷониба таҳлил намуда, пешниҳодҳои дахлдор манзур намоянд.

 Муҳимияти мавзӯъ боз аз он иборат аст, ки 31 августи соли 2026 Маҷмаи Умумии СММ бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъномаеро қабул намуд, ки аз соли 2027 сар карда 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод таҷлил карда мешавад.

Аз ин рӯ, масъалаи асосӣ имрӯз на он аст, ки «оё зеҳни сунъиро дар донишгоҳ истифода бурдан лозим аст ё не», балки он аст, ки чӣ гуна онро дуруст, бехатар, ҳифзшуда, боэътимод ва ба манфиати рушди инсон истифода бурдан мумкин аст.

Рушди босуръати технологияҳои иттилоотию рақамӣ дар солҳои охир муҳтавои муносибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва таълимиро ба таври назаррас тағйир дода истодааст. Дар ин раванд зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои муҳимтарини асри XXI табдил ёфта, тадриҷан ба соҳаҳои илм, маориф, тандурустӣ, идоракунии давлатӣ, иқтисодиёт ва дигар самтҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ворид мегардад. Барои низоми таҳсилоти олӣ ин раванд на танҳо имкониятҳои нави технологиро ба вуҷуд меорад, балки масъалаҳои нави ҳуқуқӣ, ахлоқӣ, методӣ ва академиро низ ба миён мегузорад.

Дар чунин шароит истифодаи зеҳни сунъӣ дар донишгоҳҳо бояд аз мавқеи муносибати одии технологӣ берун рафта, ҳамчун қисми сиёсати баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди иқтидори илмӣ, такмили фаъолияти омӯзгорӣ ва ташаккули малакаҳои рақамии донишҷӯён арзёбӣ гардад. Зеҳни сунъӣ худ аз худ сифати таълимро таъмин намекунад. Самаранокии он аз мақсади истифода, сифати маълумоти воридшаванда, салоҳияти истифодабаранда, сатҳи назорати инсонӣ ва мавҷудияти қоидаҳои равшани академӣ вобаста мебошад.

Бо назардошти ин, таъсиси низоми зеҳни сунъӣ барои баланд бардоштани сифати таълим ва дастгирии академӣ маҳз чунин муносибатро бояд пешбинӣ намояд. Дар  муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд низоми интеллектуалии рақамие таъсис дода шавад, ки  фаъолияти таълимӣ, омодагии методии омӯзгорон, таҳлили маводи таълимӣ ва ёрии академӣ ба донишҷӯёнро дастгирӣ намояд.

Зеҳни сунъӣ ҳамчун воситаи нави рушди таҳсилоти олӣ. Дар шароити муосир зеҳни сунъӣ метавонад ба сифати воситаи ёрирасони таълимӣ, илмӣ ва академӣ истифода шавад. Аммо, бояд таъкид кард, ки мақсади истифодаи он дар донишгоҳ набояд танҳо автоматикунонии омодасозии матн ё ҷавоб додан ба саволҳо бошад. Вазифаи асосӣ бояд баланд бардоштани имкониятҳои инсонӣ, рушди тафаккури илмӣ ва ташаккули муҳити муосири донишмеҳвар бошад.

Низоми зеҳни сунъӣ дар донишгоҳҳои кишвар ба назари мо бояд се самти асосиро муттаҳид намояд: таҳлили барномаи таълимӣ, дастгирии рушди касбии омӯзгор ва ёрии академӣ ба донишҷӯён. Ин сохтор метавонад ҳамчун модели ибтидоии рақамикунонии равандҳои академӣ дар донишгоҳҳои кишвар истифода шавад.

Зеҳни сунъӣ метавонад пеш аз оғози семестр силлабус, нақшаи мавзӯӣ, матни лексияҳо, рӯйхати адабиёт, рунамоҳо, саволҳои санҷишӣ ва дигар маводи таълимиро таҳлил намояд. Дар натиҷа сохтори мантиқии фан, мавзӯъҳои асосӣ, мафҳумҳои калидӣ ва натиҷаҳои интизоршавандаи таълим муайян карда мешаванд.

Ин имконият махсусан барои омӯзгороне муҳим мебошад, ки ҳамзамон бо фаъолияти педагогӣ ба корҳои илмӣ, методӣ ва ташкилии донишгоҳ машғуланд. Зеҳни сунъӣ метавонад қисми муайяни корҳои такрорӣ ва таҳлилии омӯзгорро осон намуда, ба ӯ имконият диҳад, ки вақти бештарро ба таҳияи усулҳои нави таълим, машғулиятҳои амалӣ, муҳокимаи илмӣ ва кор бо донишҷӯён равона созад.

Истифодаи зеҳни сунъӣ барои баланд бардоштани фаъолияти академии омӯзгор. Сифати таҳсилоти олӣ пеш аз ҳама ба сатҳи касбӣ ва методии омӯзгор вобаста мебошад. Аз ин рӯ, истифодаи зеҳни сунъӣ бояд ба рушди омӯзгор равона карда шавад, на ба кам кардани нақши ӯ.

Низоми зеҳни сунъӣ метавонад ба омӯзгор дар таҳияи нақшаи дарс, омода намудани мисолҳои амалӣ, сохтани саволҳои муҳокимавӣ, таҳияи машқҳо, гурӯҳбандии мавзӯъҳо ва муайян намудани масъалаҳои мураккаби фан мусоидат кунад. Дар асоси таҳлили фаъолияти донишҷӯён низом метавонад нишон диҳад, ки кадом мавзӯъҳо барои онҳо мушкилтар мебошанд, кадом мафҳумҳо шарҳи иловагӣ талаб мекунанд ва кадом саволҳо бештар пешниҳод мешаванд.

Ҳамин тариқ, зеҳни сунъӣ метавонад ба воситаи рушди касбии омӯзгор табдил ёбад. Аммо, қарорҳои марбут ба мазмуни ниҳоии дарс, арзёбии дониш, таъин ва тақсимоти дарсҳо ва дигар масъалаҳои академию маъмурӣ бояд аз ҷониби инсон қабул карда шаванд.

Аз ин нуқтаи назар метавон принсипи «Зеҳни сунъӣ - ёрдамчии омӯзгор, на ҷойгузини омӯзгор»-ро ҳамчун яке аз принсипҳои асосии сиёсати истифодаи зеҳни сунъӣ дар донишгоҳҳо пешниҳод намуд.

Дастгирии академии донишҷӯён тавассути зеҳни сунъӣ. Самти дигари муҳим истифодаи зеҳни сунъӣ барои дастгирии донишҷӯ мебошад. Донишҷӯ метавонад берун аз вақти дарс ба низоми рақамӣ муроҷиат намуда, оид ба мавзӯи муайян савол пешниҳод кунад ва ҷавоби мувофиқ ба маводи таълимии тасдиқшудаи фанро гирад.

Дар низоми зеҳни сунъӣ дар донишгоҳҳо бояд  барои донишҷӯ чунин имкониятҳо пешбинӣ шаванд: пешниҳоди хулосаи кӯтоҳи мавзӯъ, шарҳи мафҳумҳо бо забони содда, тавзеҳи истилоҳоти тахассусӣ, овардани мисолҳои амалӣ, таҳияи саволҳои санҷишӣ ва машқҳои мустақилона, сохтани нақшаи омодагӣ ба семинар ё имтиҳон ва ҷавоб ба саволҳо дар доираи маводи тасдиқшудаи фан.

Ин равиш метавонад ба ташаккули модели «таълим дар ҳама вақт ва дар ҳама ҷой» мусоидат кунад. Яъне донишҷӯ танҳо дар доираи вақти дарсӣ ба омӯзгор вобаста намемонад, балки барои такрор, фаҳмиши мавзӯъ, машқи мустақилона ва омодагӣ ба дарс имконияти иловагӣ пайдо мекунад.

Аммо, чунин низом набояд барои донишҷӯ ҷавоби тайёрро ҳамчун натиҷаи ниҳоии фаъолияти академӣ пешниҳод намояд. Вазифаи он бояд пеш аз ҳама фаҳмондан, роҳнамоӣ кардан, савол гузоштан ва рушди қобилияти мустақилонаи фикрронӣ бошад.

Манбаи донишгоҳӣ ҳамчун шарти эътимоднокии зеҳни сунъӣ. Яке аз масъалаҳои муҳимтарини истифодаи ЗС дар таҳсилоти олӣ эътимоднокии иттилоот мебошад. Низомҳои умумии зеҳни сунъӣ метавонанд маълумоти нодуруст, нопурра ё манбаъҳои тасдиқнашударо пешниҳод намоянд. Аз ин рӯ, барои донишгоҳҳои Тоҷикистон истифодаи манбаи дохилии донишгоҳӣ аҳаммияти махсус дорад. Низом бояд пеш аз ҳама ба силлабусҳо, китобҳои дарсӣ, маводи лексионӣ ва дигар манбаъҳои тасдиқшуда такя намояд ва дар сурати имкон истиноди дақиқ ба манбаи истифодашуда пешниҳод кунад.

Ин пешниҳодро метавон ба шакли модели «Зеҳни сунъии донишгоҳӣ» инкишоф дод. Дар чунин низом барои ҳар як донишгоҳ ё муассисаи таҳсилоти олӣ базаи электронии маводи таълимии тасдиқшуда ташкил карда мешавад. Зеҳни сунъӣ ба ин манба такя намуда, ҷавобҳоро дар доираи барномаи таълимии мушаххас таҳия мекунад.

Бартарии чунин модел дар он аст, ки ҷавоби пешниҳодшуда ба ихтисос, фан, силлабус ва сатҳи таҳсилоти донишҷӯ мутобиқ мегардад. Ин ҳолат махсусан барои фанҳои ҳуқуқшиносӣ, тиббӣ, муҳандисӣ, иқтисодӣ ва дигар фанҳои тахассусӣ муҳим мебошад.

Зеҳни сунъӣ ва сифати таълим. Яке аз вазифаҳои муҳими сиёсати давлатии маориф баланд бардоштани сифати таълим мебошад. Дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 31 августи соли 2026 ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ба масъалаҳои такмили сифати таҳсил, мазмун ва сифати китобҳои дарсӣ, мутобиқ намудани онҳо ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва истифодаи усулҳои инноватсионии таълим таваҷҷуҳ намуданд. Дар робита ба ин, зеҳни сунъӣ метавонад дар ин раванд ҳамчун воситаи таҳлилии иловагӣ истифода шавад. Масалан, низом метавонад мутобиқати силлабус ба барномаи таълимӣ, пайдарҳамии мантиқии мавзӯъҳо, такрори маводи таълимӣ, мавҷудияти натиҷаҳои омӯзиш ва мувофиқати саволҳои санҷиширо таҳлил намояд.

Дар сатҳи кафедра ва факултет маълумоти ҷамъбастӣ метавонад барои муайян намудани мавзӯъҳои мураккаб, таҳияи маводи методӣ ва банақшагирии курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон истифода шавад.

Ҳамин тавр, зеҳни сунъӣ метавонад аз воситаи одии «ҷавобдиҳанда» ба воситаи идоракунии сифати таълим табдил ёбад.

Принсипҳои истифодаи дурусти зеҳни сунъӣ дар донишгоҳ. Барои истифодаи самараноки зеҳни сунъӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ зарур аст, ки низоми ягонаи принсипҳо ташаккул дода шавад.

Якум, принсипи инсонмеҳварӣ. Зеҳни сунъӣ бояд фаъолияти инсонро дастгирӣ кунад ва ба ҷойи омӯзгор ё донишҷӯ қарор қабул накунад.

Дуюм, принсипи шаффофият. Омӯзгор ва донишҷӯ бояд донанд, ки дар кадом ҳолат аз зеҳни сунъӣ истифода шудааст, кадом маълумот коркард гардидааст ва ҷавоб дар асоси кадом манбаъҳо пешниҳод шудааст.

Сеюм, принсипи ҳифзи маълумот. Маълумоти шахсӣ, маълумоти илмӣ, корҳои таҳқиқотӣ ва дигар маълумоти ҳассоси донишгоҳӣ бояд бо риояи талаботи дахлдори ҳуқуқӣ ва техникӣ ҳифз карда шаванд. Низом бояд маҳдуд намудани дастрасӣ ба иттилооти ҳассос ва риояи қоидаҳои ҳифзи маълумоти шахсиро пешбинӣ намояд.

Чорум, принсипи баробарӣ ва дастрасӣ. Зеҳни сунъӣ бояд барои донишҷӯёни дорои сатҳи гуногуни омодагӣ ва қобилиятҳои гуногуни рақамӣ дастрас бошад. Истифодаи забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ метавонад дастрасии онро васеъ намояд.

Панҷум, принсипи масъулияти академӣ. Ҳар як ҷавоби зеҳни сунъӣ бояд мавриди санҷиши инсонӣ қарор гирад. Донишҷӯ набояд ҷавоби зеҳни сунъиро бе таҳлил ҳамчун натиҷаи кори мустақили худ пешниҳод намояд.

Зеҳни сунъӣ ва ҳифзи ростқавлии академӣ. Паҳншавии воситаҳои генеративии зеҳни сунъӣ масъалаи нави ростқавлии академиро ба миён овардааст. Агар донишҷӯ кори курсӣ, мақола, реферат ё рисоларо пурра тавассути зеҳни сунъӣ таҳия намуда, онро ҳамчун кори шахсии худ пешниҳод кунад, моҳияти таълимӣ ва илмии супориш коҳиш меёбад. Аз ин рӯ, донишгоҳҳо бояд аз сиёсати одии «манъи истифодаи зеҳни сунъӣ » ба сиёсати «истифодаи масъулона ва шаффофи зеҳни сунъӣ» гузаранд.

Дар ин замина пешниҳод мегардад, ки донишгоҳҳо қоидаҳои дохилии истифодаи зеҳни сунъиро таҳия намоянд, ки дар онҳо масъалаҳои зерин муайян карда шаванд:

-ҳолатҳое, ки истифодаи зеҳни сунъӣ иҷозат дода мешавад;

-ҳолатҳое, ки истифодаи он маҳдуд ё манъ карда мешавад;

-тартиби нишон додани истифодаи зеҳни сунъӣ дар корҳои академӣ;

-масъулияти донишҷӯ барои дурустии маълумоти пешниҳодшуда;

-манъи пешниҳоди маълумоти бардурӯғ ё сохтаи зеҳни сунъӣ ҳамчун манбаи илмӣ;

-талаботи санҷиши манбаъҳо;

-ҳифзи маълумоти шахсӣ ва илмӣ;

-тартиби истифодаи зеҳни сунъӣ ҳангоми таҳқиқоти илмӣ.

Дар ин ҳолат мақсади сиёсати донишгоҳ на мубориза бо технология, балки ташаккули фарҳанги академии нави рақамӣ мебошад.

Фарҳанги истифодаи зеҳни сунъӣ ҳамчун қисми фарҳанги рақамӣ. Супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 31 августи соли 2026 оид ба таҳлили масъалаҳои ташаккули фарҳанги истифодаи интернет, телефонҳои мобилӣ, зеҳни сунъӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки масъалаи истифодаи технология танҳо масъалаи техникӣ нест, балки масъалаи фарҳангӣ, маърифатӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Дар муҳити донишгоҳӣ фарҳанги истифодаи зеҳни сунъӣ бояд якчанд унсурро дар бар гирад: қобилияти дуруст гузоштани савол, санҷиши ҷавоб, муқоисаи манбаъҳо, муайян намудани маълумоти сохта, эҳтироми ҳуқуқи муаллиф, ҳифзи маълумоти шахсӣ, риояи ростқавлии академӣ ва истифодаи технология барои рушди дониш.

Аз ин нуқтаи назар метавон пешниҳод намуд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ «Кодекси истифодаи масъулонаи зеҳни сунъӣ дар фаъолияти академӣ» таҳия ва қабул карда шавад.

Чунин кодекс метавонад барои омӯзгорон, донишҷӯён, муҳаққиқон ва кормандони маъмурӣ қоидаҳои ягонаи истифодаи зеҳни сунъиро муқаррар намояд.

Қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ аз 31 августи соли 2026 рӯйдоди муҳим дар рушди рӯзномаи байналмилалии зеҳни сунъӣ мебошад. Бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 август аз соли 2027 ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод таҷлил хоҳад шуд.

Ин ташаббус дар заминаи ташаббусҳои қаблии Тоҷикистон дар соҳаи технологияҳои нав ва зеҳни сунъӣ қарор дорад. Мақсади Рӯзи байналмилалӣ танҳо таҷлили як сана нест, балки фароҳам овардани платформаи байналмилалӣ барои ҷалби таваҷҷуҳ ба рушд, истифода ва идоракунии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимоди зеҳни сунъӣ, инчунин мубодилаи таҷриба ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ мебошад.

Дар ин замина, муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон метавонанд ҳар сол 31 августро ҳамчун рӯзи рушди фарҳанги академии зеҳни сунъӣ истифода баранд. Дар донишгоҳҳо метавонанд конференсияҳо, мизҳои гирд, дарсҳои кушод, озмунҳои илмӣ, семинарҳо ва курсҳои омӯзишӣ оид ба истифодаи масъулонаи зеҳни сунъӣ баргузор карда шаванд.

Инчунин санаи мазкур метавонад ба таҳияи барномаҳои нави таълимӣ дар самти ҳуқуқи технологияҳои рақамӣ, ахлоқи зеҳни сунъӣ, амнияти иттилоотӣ, ҳифзи маълумот, киберамният ва идоракунии масъулонаи технология мусоидат намояд.

Модели пешниҳодшавандаи низоми зеҳни сунъӣ барои донишгоҳҳои Тоҷикистон. Бо дарназардошти таҳлили масъалаи мазкур метавон модели зерини низоми донишгоҳии зеҳни сунъиро пешниҳод намуд:

Сатҳи якум - манбаи донишҳои тасдиқшуда. Ба низом силлабусҳо, барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, лексияҳо, презентатсияҳо ва дигар маводи тасдиқшуда ворид карда мешаванд.

Сатҳи дуюм - таҳлили академӣ. Зеҳни сунъӣ сохтори фан, мавзӯъҳои асосӣ, натиҷаҳои таълим, истилоҳоти муҳим ва робитаи байни мавзӯъҳоро муайян мекунад.

Сатҳи сеюм - дастгирии омӯзгор. Низом барои таҳияи нақшаи дарс, мисолҳо, саволҳо, машқҳо ва маводи методӣ кӯмак мерасонад.

Сатҳи чорум - дастгирии донишҷӯ. Донишҷӯ метавонад шарҳи мавзӯъ, хулоса, мисол, саволҳои санҷишӣ ва машқҳои мустақилона дархост намояд.

Сатҳи панҷум - таҳлили сифати таълим. Кафедра ва роҳбарият метавонанд маълумоти ҷамъбастиро барои муайян намудани мавзӯъҳои мураккаб ва такмили раванди таълим истифода баранд.

Сатҳи шашум - назорати инсонӣ ва ҳуқуқӣ. Ҳамаи қарорҳои муҳим дар соҳаи таълим, арзёбӣ, идоракунии кадрӣ ва фаъолияти академӣ таҳти назорати инсон мемонанд.

Ин модел истифодаи зеҳни сунъиро ҳамчун низоми ягонаи таҳлили барномаи таълимӣ, рушди касбии омӯзгор ва дастгирии академии донишҷӯён пешниҳод менамояд.

Марҳилаҳои татбиқи низоми зеҳни сунъӣ дар донишгоҳҳо. Барои пешгирии хатогиҳо татбиқи чунин низом бояд марҳила ба марҳила сурат гирад.

Дар марҳилаи аввал метавон як ё ду кафедра ва чанд фанни таҷрибавиро интихоб намуд. Дар ин марҳила силлабусҳо, маводи таълимӣ ва саволҳои санҷишӣ ба система ворид шуда, функсияҳои асосии он санҷида мешаванд.

Дар марҳилаи дуюм кабинетҳои рақамии алоҳида барои омӯзгор, донишҷӯ, кафедра ва роҳбарият ташкил карда шуда, имкониятҳои таҳлили саволҳои донишҷӯён ва муайян намудани мавзӯъҳои мушкил васеъ карда мешаванд.

Дар марҳилаи сеюм низом метавонад ба факултетҳо ва дигар сохторҳои донишгоҳ пайваст шуда, дастгирии бисёрзабона, манбаи ягонаи таълимӣ ва ҳамгироӣ бо низомҳои электронии таҳсилот таъмин гардад.

Бо назардошти таҳлили боло барои такмили сиёсати истифодаи зеҳни сунъӣ дар донишгоҳҳо пешниҳод мегардад:

1.Дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар стратегия ё консепсияи истифодаи зеҳни сунъӣ дар таълим ва фаъолияти илмӣ таҳия карда шавад.

2. Барои донишгоҳҳо дастури ягона оид ба истифодаи масъулона ва академии зеҳни сунъӣ таҳия гардад.

3. Дар донишгоҳҳо низоми ягонаи зеҳни сунъӣ дар асоси манбаи дохилии маводи тасдиқшудаи таълимӣ ба таври озмоишӣ ҷорӣ карда шавад.

4. Барномаҳои махсуси баланд бардоштани саводи рақамӣ ва зеҳни сунъии омӯзгорон таҳия карда шаванд.

5. Дар барномаҳои таълимии донишгоҳҳо мавзӯъҳои «Зеҳни сунъӣ ва маориф», «Этикаи зеҳни сунъӣ», «Ҳуқуқи технологияҳои рақамӣ», «Амнияти иттилоотӣ» ва «Фарҳанги рақамӣ» ворид карда шаванд.

6. Кодекси истифодаи масъулонаи зеҳни сунъӣ дар фаъолияти академӣ таҳия ва қабул карда шавад.

7. Барои донишҷӯён низоми истифодаи зеҳни сунъӣ  ҳамчун воситаи омӯзишӣ, на ҳамчун воситаи иҷрои автоматии корҳои академӣ, ҷорӣ карда шавад.

8. Масъалаҳои ҳифзи маълумоти шахсӣ, махфияти иттилооти илмӣ ва амнияти киберӣ дар тамоми марҳилаҳои истифодаи  ба назар гирифта шаванд.

9. Ҳар сол 31 август дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар чорабиниҳои илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод баргузор карда шаванд.

10. Натиҷаҳои истифодаи зеҳни сунъӣ дар донишгоҳҳо мунтазам таҳлил гардида, нишондиҳандаҳои таъсири он ба сифати таълим, фаъолияти омӯзгорон ва натиҷаҳои таълимии донишҷӯён муайян карда шаванд.

Хулоса, истифодаи дуруст ва масъулонаи зеҳни сунъӣ метавонад ба яке аз самтҳои муҳими навсозии таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёбад. Аммо, самаранокии ин раванд танҳо дар сурати татбиқи муносибати инсонмеҳвар, академӣ, шаффоф, бехатар ва ба дониш асосёфта таъмин карда мешавад.

Таъсиси низоми зеҳни сунъӣ барои баланд бардоштани сифати таълим ва дастгирии академӣ имкониятҳои васеъро фароҳам меорад. Низом метавонад таҳлили силлабус ва барномаҳои таълимӣ, дастгирии методии омӯзгорон, ёрии академӣ ба донишҷӯён, таҳияи саволҳои санҷишӣ, муайян намудани мавзӯъҳои мураккаб ва таҳлили сифати таълимро таъмин намояд.

Дар баробари ин, зеҳни сунъӣ набояд ҷойгузини омӯзгор, донишҷӯ ё муҳаққиқ гардад. Мақсади асосии он бояд васеъ намудани имкониятҳои инсонӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти академӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои омӯзиш ва таҳқиқот бошад.

Қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ аз 31 августи соли 2026 бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълони 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод аз соли 2027 ин равандро ба сатҳи байналмилалӣ баровардааст. Аз ин рӯ, барои Тоҷикистон муҳим аст, ки ташаббуси байналмилалӣ дар самти зеҳни сунъиро бо сиёсати дохилии рушди маориф ва илм пайваст намуда, донишгоҳҳоро ба марказҳои ташаккули фарҳанги нави истифодаи масъулонаи технология табдил диҳад.

ШАРИФЗОДА Абдураҳмон Маҳмадамин,

ходими илмии шуъбаи Шарқи наздик ва Миёнаи

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

МАҲМАДУЛЛОЗОДА Нурулло Раҳматулло,

муовини директори Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ