Аннотатсия. Дар мақола вазъи кунунии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ҳамчун яке аз пружаҳои муҳимтарини ҳамгироии иқтисодӣ дар фазои пасошуравӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, сохтори ниҳодӣ (институтсионалӣ), иқтидори иқтисодӣ, раванди ҳамгироии дохилӣ, фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, инчунин мушкилоти низомӣ ва чолишҳои он таҳлил карда мешаванд. Ба масъалаи эҳтимоли наздикшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ИИАО таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Дар асоси таҳлили ҳамаҷонибаи омилҳои иқтисодӣ, муҳоҷиратӣ, инфрасохторӣ, институтсионалӣ ва геополитикӣ зарурати гузариш аз матраҳсозии дугонаи масъалаи «узвият — адами узвият» ба модели марҳалавии ҳамкории прагматикӣ асоснок карда мешавад. Нишон дода мешавад, ки ИИАО барои Тоҷикистон ҳамзамон манбаи муҳими имконҳои эҳтимолии иқтисодӣ ва маҷмуи хатарҳое мебошад, ки бо сиёсати гумрукӣ, рақобат, маҳдудияти институтсионалӣ, таъсири таҳримҳо ва маҳдуд гардидани имконҳои манёвр дар соҳаи робитаҳои иқтисодии хориҷӣ алоқаманданд. Контсепсияи «наздикшавии нарм» пешниҳод мегардад, ки тавсеаи пайдарпайи ҳамкориро бидуни қабули пеш аз муҳлати уҳдадориҳои марбут ба узвияти комилҳуқуқ дар назар дорад. Муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳамкории тиҷоративу гумрукӣ, рақамикунонӣ, инфрасохтори нақлиётиву логистикӣ, энергетика, аккредитатсияи касбӣ ва ҳамкории сармоягузорӣ ҳамчун самтҳои афзалиятнок баррасӣ мешаванд. Муаллиф ба хулосае меояд, ки сиёсати оқилонаи Душанбеи расмӣ бояд на бар мантиқи геополитикии интихоби яке аз ҷонибҳои соҳибқудрат, балки бар ҳадафи то ҳадди аксар амалӣ гаштани манфиатҳои иқтисодии миллӣ, бо нигоҳ доштани соҳибихтиёрии давлатӣ ва бисёрсамтии робитаҳои иқтисодии хориҷӣ, асос ёбад.
Калидвожаҳо: Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ИИАО, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамгироии иқтисодӣ, Осиёи Марказӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, тиҷорат, сармоягузорӣ, долонҳои нақлиётӣ, рақамикунонӣ, геоиқтисод, ҳамкории минтақавӣ, сиёсати иқтисодии хориҷӣ.
Муқаддима
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳамчун лоиҳаи аз тариқи ниҳодӣ (институтсионалӣ) ба расмият даровардашудаи ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ ташаккул ёфт, ки ҳадафи он таъмини ҳаракати озоди мол, хизматрасонӣ, сармоя ва қувваи корӣ миёни давлатҳои иштирокдор мебошад. Созишнома дар бораи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё 29 майи соли 2014 ба имзо расида, фаъолияти Иттиҳод аз 1 январи соли 2015 оғоз гардид. Дар айни замон ба ҳайати он Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Арманистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон шомил мебошанд. Сохтори ташкилии ИИАО Шурои олии иқтисодии АвруОсиё, Шурои байниҳукуматии АвруОсиё, Комиссияи иқтисодии АвруОсиё ва Суди ИИАО-ро дар бар мегирад. Чунин сохтор аз талоши давлатҳои иштирокдор ҷиҳати таъсиси низоми устувори танзими фаромиллӣ ва байниҳукуматии равандҳои иқтисодӣ шаҳодат медиҳад, ҳарчанд сатҳи воқеии ҳамгироӣ дар арсаҳои мухталиф яксон нест.
Мубрамияти таҳқиқот бо он муайян мегардад, ки ИИАО дар шароити таҳаввулоти амиқи иқтисоди ҷаҳонӣ, тақвияти минтақагароӣ, тағйир ёфтани масирҳои нақлиётиву логистикӣ, фишори таҳримҳо, бозсозии рақамии тиҷорати байналмилалӣ ва шиддат гирифтани рақобат миёни марказҳои бузургтарини қудрат рушд мекунад. Дар чунин шароит иттиҳодияҳои иқтисодии минтақавӣ ҳамчун созукорҳои (механизмҳои) мутобиқсозии иқтисоди миллӣ ба маҳдудияти беруна ва воситаҳои ташаккули фазоҳои устувори тиҷоративу сармоягузорӣ аҳамияти бештар пайдо мекунанд. Ҳамзамон ИИАО-ро танҳо ба ҳайси созмони иқтисодӣ ба маънои маҳдуди ин мафҳум баррасӣ кардан ҷоиз нест. Фаъолияти он ба таври воқеӣ бо равандҳои фарохтари муносибатҳои байналмилалӣ, амният, муҳоҷират, рушди инфрасохтор ва мавқеъгирии геоиқтисодии давлатҳои АвруОсиёи Марказӣ иртибот дорад.
*****
Тибқи арзёбиҳои мавҷуда барои солҳои 2024–2025, иқтидори умумии иқтисодии кишварҳои ИИАО тақрибан 2,5 триллион доллари ШМА ва шумораи аҳолии онҳо қариб 184 миллион нафарро ташкил медод. Гардиши савдои хориҷии Иттиҳод бо кишварҳои сеюм ба ҳадди 1 триллион доллари ШМА наздик мешавад. Ин нишондиҳандаҳо имкон медиҳанд, ки ИИАО ҳамчун субъекти муҳими иқтисодӣ тавсиф гардад, ки қодир аст ба равандҳои тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва логистикӣ дар АвруОсиё таъсир расонад. Захираҳои энергетикӣ, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ ва истеҳсолоти коркардкунанда дар иқтидори иқтисодии Иттиҳод мавқеи назаррас доранд. Бо вуҷуди ин, нишондиҳандаҳои миқдорӣ худ аз худ маънои ба даст омадани ҳамгироии комили иқтисодиро надоранд. Байни давлатҳо фарқияти назаррас дар сохтори хоҷагидорӣ, сатҳи рушди иқтисодӣ, танзими андозиву маъмурӣ, фазои сармоягузорӣ ва вижагиҳои робитаҳои иқтисодии хориҷӣ боқӣ мондаанд.
Яке аз хусусиятҳои ИИАО нобаробарии сохтори иқтисодии он мебошад. Федератсияи Россия қисми асосии маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, захираҳои энергетикӣ, истеҳсолоти саноатӣ, имконҳои молиявӣ ва бозори истеъмолии Иттиҳодро дар ихтиёр дорад. Дар натиҷа Россия дар фаъолияти ИИАО нақши объективии низомсозро иҷро мекунад. Аз як тараф, мавҷудияти иқтисоди бузург ба Иттиҳод имконият медиҳад, ки миқёси назаррас дошта бошад ва дар шароити фишори беруна созукорҳои (механизмҳои) ҳамгироиро дастгирӣ намояд. Аз тарафи дигар, нобаробарии иқтисодӣ хатари бастагии аз ҳад зиёди давлатҳои хурду миёнаи иштирокчиро аз вазъи иқтисодии Федератсияи Россия ба вуҷуд меорад. Аз ҳамин сабаб арзёбии дурнамои ИИАО тақозо мекунад, ки ду раванди бо ҳам алоқаманд аз ҳам ҷудо карда шаванд: рушди институтсионалии ҳамгироӣ ва боқӣ мондани номувозинатии иқтидорҳои иқтисодии давлатҳои иштирокдор.
Яке аз дастовардҳои калидии ИИАО ташаккули бозори умумии заҳмат мебошад. Ҳаракати озоди қувваи корӣ миёни давлатҳои аъзо монеаҳои маъмуриро барои шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳод ба таври назаррас коҳиш дода, имконҳои шуғлро васеъ ва ба ташаккули фазои ягонаи шуғл мусоидат мекунад. Ин ҷанба барои кишварҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти усулӣ дорад, зеро муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия ва Қазоқистон яке аз каналҳои муҳимтарини ҳаракати фаромарзии қувваи корӣ ба шумор меравад. Маҳз омили муҳоҷират яке аз унсурҳои муҳимтарини ҷолибияти эҳтимолии ИИАО барои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ҳамзамон аз тасаввуру дидгоҳи сода ва ғайривоқеӣ дар бораи ИИАО ҳамчун бозори ягонаи комилан ташаккулёфта бояд худдорӣ кард. Дар дохили Иттиҳод маҳдудияти техникӣ, маъмурӣ, нақлиётӣ, молиявӣ ва танзимӣ боқӣ мондаанд. Дар давраҳои гуногун мавҷудияти монеаҳо ва маҳдудияти зиёде дар савдои мутақобила ба қайд гирифта шуда, дараҷаи либерализатсияи бозорҳои алоҳида ба таври назаррас фарқ кардааст. Ин тафовутҳо махсусан дар соҳаҳои хизматрасонӣ, энергетика, молия, нақлиёт, сертификатсия ва фаъолияти касбӣ баръало ба мушоҳида мерасанд. Ин ҳолат нишон медиҳад, ки раванди ҳамгироии ИИАО ҳанӯз идома дорад ва шакли ниҳоии институтсионалии он ҳанӯз пурра муайян нашудааст.
Ҷанбаи иқтисодии хориҷии фаъолияти Иттиҳод аҳамияти назаррас дорад. ИИАО ҳамкориро бо давлатҳои берун аз ҳайати худ пайваста густариш дода, аз созишномаҳои тиҷорати озод ва дигар созукорҳои (механизмҳои) ҳамкории иқтисодӣ истифода мебарад. Ба қувваи амал даромадани созишномаи тиҷорати озод байни ИИАО ва Эрон дар моҳи майи соли 2025 аҳамияти хос пайдо кард. Ҳамзамон равандҳои музокирот бо Ҳиндустон ва кишварҳои дигар низ идома ёфтанд. Чунин раванд нишон медиҳад, ки ИИАО талош дорад аз доираи фазои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ берун рафта, низоми васеътари робитаҳои иқтисодии хориҷиро ташаккул диҳад. Дар дурнамои стратегӣ ин метавонад мавқеи Иттиҳодро ҳамчун ҳалқаи пайванддиҳандаи бозорҳои Аврупо, Осиёи Марказӣ, Ховари Миёна, Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Шарқӣ тақвият бахшад.
Бо вуҷуди ин, густариши робитаҳои хориҷӣ дар заминаи чолишҳои ҷиддии дохилӣ ва беруна сурат мегирад. Омили муҳимтарин вазъи геополитикии атрофи Федератсияи Россия ва маҳдудияти таҳримии марбут ба он боқӣ мемонад. Фишори таҳримҳо ба ҳисоббаробаркуниҳои молиявӣ, масирҳои нақлиётӣ, равандҳои сармоягузорӣ, арзиши логистика ва дастрасӣ ба баъзе бозорҳои байналмилалӣ таъсир мерасонад. Ҳамзамон паёмадҳои низоми таҳримҳо миёни кишварҳои ИИАО ба таври нобаробар тақсим мешаванд. Барои давлатҳои хурду миёнаи Иттиҳод зарурати объективии ҳамзамон истифода бурдан аз бартариҳои дастрасӣ ба бозори Россия ва кам кардани паёмадҳои эҳтимолии иқтисодии маҳдудияти беруна ба миён меояд.
Мушкилоти дигари сохторӣ амиқ набудани ҳамкории иқтисодии дохилӣ мебошад. Қисми зиёди фаъолияти иқтисодии хориҷии давлатҳои аъзо ба бозорҳои берун аз ИИАО, пеш аз ҳама ба Чин, Аврупо, кишварҳои Ховари Миёна ва дигар бозорҳо равона шудааст. Ин ҳолат нишон медиҳад, ки Иттиҳод ҳанӯз ба фазои иқтисодии пӯшида ё асосан худкифо табдил наёфтааст. Баръакс, рушди минбаъдаи он то андозае зиёд аз қобилияти ҳамоҳанг сохтани амиқсозии ҳамгироии дохилӣ бо тавсеаи робитаҳои иқтисодии хориҷӣ вобаста хоҳад буд.
Фарқияти манфиатҳои иқтисодии миллӣ низ мушкилоти камаҳамият нест. Барои Қазоқистон, Беларус, Арманистон, Қирғизистон ва Россия аҳамияти самтҳои алоҳидаи ҳамгироӣ ба таври назаррас фарқ мекунад. Ин тафовутҳо дар энергетика, сиёсати саноатӣ, тиҷорат, муҳоҷират, логистикаи нақлиётӣ ва танзими молиявӣ зоҳир мешаванд. Аз ин рӯ, ҳамоҳангсозии манфиатҳо талошҳои назарраси музокиротиро тақозо мекунад. ИИАО танҳо дар сурате қобилияти пойдории худро нигоҳ дошта метавонад, ки созукорҳои (механизмҳои) ҳамгироӣ на танҳо самараи умумии иқтисодӣ, балки тақсимоти қобили қабули манфиатҳо ва хароҷотро миёни иштирокдорон низ таъмин намоянд.
Рақамикунонӣ ба яке аз омилҳои муҳимтарини таҳаввулоти минбаъдаи ИИАО табдил меёбад. Ташаккули корпояҳои (платформаҳои) рақамӣ, гардиши электронии ҳуҷҷатҳо, низомҳои пайгирии ҳаракати мол, расмиёти рақамии гумрукӣ ва дигар созукорҳо (механизмҳо) метавонанд хароҷоти муомилотиро ба таври назаррас коҳиш диҳанд. Барои кишварҳое, ки дар чорроҳаи долонҳои байналмилалии нақлиётӣ ҷойгиранд, ҳамоҳангии рақамӣ аҳамияти стратегӣ дорад. Аз ҳамин сабаб ҳамкории рақамӣ метавонад ҳатто бидуни узвияти расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳод ба яке аз самтҳои ояндадортарини ҳамкории он бо давлатҳои аъзои ИИАО табдил ёбад.
Дурнамои ИИАО-ро бояд дар доираи чанд сенарияи эҳтимолӣ баррасӣ кард. Сенарияи якум нигоҳ доштани модели мавҷуда бо бартарафсозии тадриҷии монеаҳои дохилӣ ва тавсеаи маҳдуди робитаҳои хориҷиро пешбинӣ мекунад. Дар ин сурат ИИАО, пеш аз ҳама, ҳамчун созукори (механизми) ҳамоҳангсозии сиёсати иқтисодӣ ва осон намудани тиҷорат миёни давлатҳои аъзо фаъолият хоҳад кард. Сенарияи дуюм бо амиқсозии ҳамгироӣ, аз ҷумла рушди бозорҳои умумӣ, ҳамкории саноатӣ, энергетика, иқтисоди рақамӣ ва инфрасохтор алоқаманд аст. Сенарияи сеюм густариши ҳамкории ИИАО-ро бо сохторҳои дигари минтақавӣ ва марказҳои иқтисодӣ, пеш аз ҳама Чин, Эрон, Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар назар дорад. Дар амал эҳтимолан омезиши унсурҳои ҳар се сенария бештар воқеӣ ба назар мерасад.
Дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ИИАО
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҳамкорӣ бо ИИАО аҳамияти хос дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон расман узви Иттиҳод нест ва мақоми давлати нозирро низ надорад. Бо вуҷуди ин, робитаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ бо давлатҳои аъзои ИИАО, пеш аз ҳама бо Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон, бо фаъолнокии баланд фарқ мекунанд. Муҳоҷирати меҳнатӣ омили муҳимтарин ба шумор меравад. Қисми назарраси шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолияти меҳнатӣ берун аз кишвар даромад ба даст меоваранд ва интиқоли маблағҳои муҳоҷирон ба талаботи дохилӣ, тавозуни пардохт, даромади хонаводаҳо ва суботи иҷтимоию иқтисодӣ таъсири назаррас мерасонад. Аз ин рӯ, ҳар гуна тағйирот дар низоми муҳоҷиратии Россия бевосита ба вазъи иқтисодии Тоҷикистон таъсир мерасонад.
Маҳз ҷанбаи муҳоҷират масъалаи ҳамкорӣ бо ИИАО-ро нисбат ба баҳси маъмулӣ дар бораи бастани созишномаи тиҷоратӣ хеле мураккабтар месозад. Узвияти эҳтимолии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонист низоми институтсионалии ҳаракати қувваи кориро мукаммалтар намуда, дастрасии шаҳрвандонро ба бозори меҳнати давлатҳои аъзои Иттиҳод осон ва имконҳои мутобиқшавии иҷтимоию иқтисодии муҳоҷиронро васеъ намояд. Аммо бояд ба назар гирифт, ки узвият худ аз худ вобастагии сохтории иқтисодро аз муҳоҷирати хориҷӣ бартараф намекунад. Афзуда ба ин, тамаркузи аз ҳад зиёд ба бартариҳои бозори меҳнати хориҷӣ метавонад модели рушди иқтисодиро, ки ба содироти неруи корӣ асос ёфтааст, устувор гардонад. Аз ин рӯ, бартариҳои муҳоҷират бояд танҳо ҳамчун яке аз унсурҳои стратегияи васеътари диверсификатсияи иқтисодӣ баррасӣ шаванд.
Бартарии эҳтимолии дуюм барои Тоҷикистон тавсеаи дастрасӣ ба бозорҳои мол ва хизматрасонӣ мебошад. Шомил шудан ба иттиҳодияи ҳамгироӣ метавонад барои тиҷорат, ҳамкории истеҳсолӣ ва робитаҳои сармоягузорӣ шароити мусоидтар фароҳам оварад. Барои иқтисоди Тоҷикистон маҷмааи агросаноатӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати сабук, бахши истихроҷи маъдан, энергетика, нақлиёт ва логистика аҳамияти хос дошта метавонанд. Аммо таъсири мусбат худкор ба вуҷуд намеояд. Кушодани бозорҳо ҳамзамон маънои пурзӯр шудани рақобатро аз ҷониби истеҳсолкунандагони давлатҳои аъзои ИИАО дорад, ки бисёре аз онҳо аз заминаи нисбатан пешрафтаи саноатӣ ва молиявӣ бархӯрдоранд. Аз ин рӯ, масъалаи эҳтимолии пайвастан ба Иттиҳод бояд бевосита бо арзёбии рақобатпазирии корхонаҳои ватанӣ алоқаманд карда шавад.
Самти сеюми бартариҳои эҳтимолӣ ҳамкории инфрасохторӣ мебошад. Мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ҷумҳурӣ ҳамчун унсури эҳтимолии пайвастагии нақлиётӣ ва энергетикии Осиёи Марказӣ бо Осиёи Ҷанубӣ ва дигар минтақаҳои АвруОсиё баррасӣ гардад. Иштирок дар пружаҳои марбут ба рушди масирҳои автомобилгард ва роҳи оҳан, инфрасохтори энергетикӣ, шабакаҳои рақамӣ ва тиҷорати фаромарзӣ метавонад мавқеи геоиқтисодии кишварро тақвият бахшад. Дар ин замина лоиҳаҳое, ба монанди CASA-1000 ва масирҳои ояндадори нақлиётӣ тавассути қаламрави Афғонистон, на танҳо ҳамчун ташаббусҳои инфрасохторӣ, балки ҳамчун воситаҳои ташаккули вобастагии мутақобилаи дарозмуддати иқтисодӣ аҳамият пайдо мекунанд.
Ҳамзамон наздикшавии эҳтимолии назаррас ба ИИАО бо хатарҳои назаррас алоқаманд аст. Яке аз онҳо эҳтимоли маҳдуд шудани имконҳои миллӣ барои пешбурди сиёсати мустақили тарифӣ мебошад. Барои давлате, ки заминаи нисбатан маҳдуди саноатӣ ва саҳми назарраси тиҷорати хориҷӣ дорад, тағйир додани низоми танзими гумрукӣ метавонад паёмадҳои назарраси буҷетӣ ба бор орад. Дар сурати узвияти комилҳуқуқ дар ИИАО Тоҷикистон бояд қоидаҳои ягонаи гумрукию тарифии Иттиҳодро ба инобат гирад ва ҳамзамон дар созукорҳои (механизмҳои) тақсими даромадҳои гумрукӣ иштирок намояд. Аз ин рӯ, масъалаи эҳтимолии аз даст рафтани як қисми воридоти гумрукии миллӣ таҳлили алоҳидаи молиявию иқтисодиро тақозо мекунад ва набояд танҳо бар асоси фарзияҳо арзёбӣ гардад.
Хатари дигар бо рақобат алоқаманд аст. Либерализатсияи дастрасӣ ба бозори умумӣ метавонад содирот ва сармоягузориро ҳавасманд созад, аммо ҳамзамон корхонаҳоеро, ки маҳсулнокии кофӣ, сатҳи муносиби технологӣ ва дастрасӣ ба маблағгузорӣ надоранд, зери фишор қарор диҳад. Аз ин рӯ, пеш аз тавсеаи эҳтимолии ҳамгироӣ бояд маҷмуи тадбирҳо ҷиҳати баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ амалӣ карда шавад. Ба ин тадбирҳо навсозии саноат, рушди соҳибкории хурду миёна, баланд бардоштани сифати таҳсилоти касбӣ ва такмили инфрасохтор дохил мешаванд.
Масъалаи нигоҳ доштани тавозуни сиёсати хориҷӣ таваҷҷуҳи махсусро тақозо мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии бисёрсамтро пеш мебарад, ки дар доираи он муносибатҳо бо Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, кишварҳои Осиёи Марказӣ, давлатҳои ҷаҳони ислом ва созмонҳои байналмилалӣ мавқеи муҳим доранд. Чин барои рушди сармоягузорӣ, инфрасохтор ва тиҷорати Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад, дар ҳоле ки Россия нақши калидии худро дар соҳаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, тиҷорат, амният ва робитаҳои башардӯстона нигоҳ медорад. Аз ин рӯ, наздикшавии эҳтимолӣ ба ИИАО набояд ҳамчун зарурати интихоби миёни Россия ва Чин қабул карда шавад. Модели оқилонатар он аст, ки иштирок дар як қолаби иқтисодӣ рушди самтҳои дигари ҳамкории байналмилалиро истисно накунад.
Дар ин робита принтсипи муносибати функсионалӣ, на геополитикӣ, аҳамияти махсус дорад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбии ИИАО, пеш аз ҳама, бояд бар натиҷаҳои мушаххаси иқтисодӣ асос ёбад: то кадом андоза узвият ё наздикшавӣ ба коҳиш додани хароҷоти муҳоҷират, тавсеаи содирот, ҷалби сармоягузорӣ, беҳтар шудани пайвастагии нақлиётӣ, баланд гардидани ҳамоҳангии рақамӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар дохили кишвар мусоидат мекунад. Чунин муносибат имкон медиҳад, ки баҳс аз доираи қутббандии сиёсӣ берун рафта, ба самти таҳлили оқилонаи манфиатҳои миллӣ равона карда шавад.
Дар дурнамои миёнамуддат стратегияи «наздикшавии нарм» ба ИИАО ояндадортарин ба назар мерасад. Тафовути асосии он аз роҳи мустақими узвият дар марҳалавӣ будан ва бозгаштпазирии қарорҳои қабулшаванда ифода меёбад. Дар марҳалаи аввал Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонист машваратҳои коршиносӣ ва байниҳукуматиро бо Комиссияи иқтисодии АвруОсиё ва давлатҳои аъзои Иттиҳод тақвият бахшад. Ҳамзамон таъсиси гурӯҳи кории миллии байниидоравӣ мувофиқи мақсад аст, ки ба ҳайати он намояндагони бахшҳои иқтисодӣ ва сиёсати хориҷии Ҳукумат, мақомоти молиявию гумрукӣ, Бонки миллӣ, ҷомеаи илмӣ ва доираҳои соҳибкорӣ дохил шаванд. Вазифаи он набояд асосноккунии сиёсии қарори қаблан қабулшуда, балки арзёбии мустақилонаи сенарияҳои гуногун бошад.
Чунин арзёбӣ бояд моделсозии макроиқтисодии паёмадҳои узвияти эҳтимолӣ, таҳлили тағйироти воридоти гумрукӣ, ҳисоб кардани таъсир ба содирот ва воридот, арзёбии рақобатпазирии соҳаҳо, пешгӯии ҷараёнҳои муҳоҷиратӣ, таҳлили таъсири эҳтимолӣ ба интиқоли маблағҳо, омӯзиши натиҷаҳои сармоягузорӣ ва арзёбии хатарҳо барои низоми молиявии миллиро дар бар гирад. Таҳлили ҳуқуқии мутобиқати қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо заминаи меъёрии ҳуқуқии ИИАО низ аҳамияти камтар надорад. Танҳо мавҷудияти чунин таҳқиқоти ҳамаҷониба имкон медиҳад, ки аз арзёбиҳои умумии сиёсӣ ба сиёсати давлатии далелмеҳвар гузариш сурат гирад.
Марҳалаи минбаъда метавонад гирифтани мақоми нозир дар назди ИИАО бошад, ба шарте ки қарори дахлдор, бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ва мувофиқати дипломатӣ, қабул гардад. Шакли ҳамкорӣ дар мақоми нозир маҳз аз он ҷиҳат арзишманд аст, ки имкони гирифтани иттилоъ дар бораи созукорҳои (механизмҳои) фаъолияти Иттиҳод, иштирок дар чорабиниҳои алоҳида ва арзёбии паёмадҳои амалии қарорҳои ҳамгироиро бидуни қабули тамоми ҳаҷми уҳдадориҳои давлати узв фароҳам меоварад. Таҷрибаи Узбекистон дар ин самт аз ҷиҳати таҳқиқотӣ лоиқи таваҷҷуҳ аст, ҳарчанд онро бино бар фарқияти сохтори иқтисодӣ, вобастагӣ аз муҳоҷират, мавқеи ҷуғрофӣ ва афзалҳои сиёсати хориҷӣ ба шароити Тоҷикистон ба таври механикӣ татбиқ кардан мумкин нест.
Ҳамзамон рушди ҳамкории соҳавӣ низ мувофиқи мақсад мебошад. Самти равшантарини он муҳоҷирати меҳнатӣ аст. Тоҷикистон ба такмили созукорҳои (механизмҳои) бо кор таъмин намудани шаҳрвандони худ, баланд бардоштани шаффофияти расмиёти муҳоҷират, ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, эътирофи тахассусҳои касбӣ ва васеъ намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои рақамии давлатӣ манфиатдор мебошад. Самти минбаъда ҳамкории гумрукӣ ва рақамӣ аст, ки метавонад хароҷоти маъмуриро коҳиш дода, самаранокии тиҷорати фаромарзиро баланд бардорад. Дар соҳаи маориф бояд созукорҳои (механизмҳои) эътирофи мутақобилаи тахассусҳо ва аккредитатсияи касбӣ рушд дода шаванд. Дар соҳаи инфрасохтор афзалият бояд ба лоиҳаҳое дода шавад, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои воқеии транзитӣ, энергетикӣ ва сармоягузорӣ ба вуҷуд меоваранд.
Муносибатҳои дуҷониба бо давлатҳои аъзои ИИАО низ аҳамияти алоҳида доранд. Самти Россия бояд ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ, такмили танзими муҳоҷират, рушди сармоягузориҳои мутақобила ва тавсеаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ равона карда шавад. Қазоқистон, бо дарназардошти имконҳои нақлиётиву логистикӣ, тиҷорат ва таҷрибаи фаъолияти иқтисоди нисбатан бузурги Осиёи Марказӣ, дар дохили ИИАО таваҷҷуҳи махсусро ба худ ҷалб мекунад. Ҷумҳурии Қирғизистон, ки дорои хусусиятҳои шабеҳи иқтисоди хурд ва робитаҳои зич бо муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад, аз ҷиҳати омӯзиши паёмадҳои амалии узвият дар Иттиҳод дорои аҳамият мебошад.
Бо вуҷуди ин, стратегияи наздикшавӣ ба ИИАО бояд бо сиёсати фаъоли диверсификатсия ҳамроҳ бошад. Тақвияти ҳамкорӣ бо ИИАО набояд боиси маҳдуд шудани робитаҳо бо Чин, кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, давлатҳои ҷаҳони ислом ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ гардад. Баръакс, ҳар қадар шабакаи робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фароху васеъ бошад, ҳамон қадар имконияти он барои кам кардани хатарҳои вобастагӣ аз як бозор бештар мешавад. Дар ин замина иштирок дар ИИАО бояд ҳамчун воситаи иловагии иқтисодӣ, на ҷойгузини низоми мавҷудаи ҳамкории байналмилалӣ, баррасӣ гардад.
Дар стратегияи пешниҳодшуда рушди иқтисоди дохилӣ мавқеи махсус дорад. Ҳамгироии хориҷӣ наметавонад заъфҳои сохтории иқтисоди миллиро ҷуброн кунад. Агар иқтисод аз заминаи кофии истеҳсолӣ, имконҳои технологӣ ва бахши рақобатпазири содиротӣ бархӯрдор набошад, тавсеаи дастрасӣ ба бозори бузург метавонад асосан боиси афзоиши воридот гардад. Аз ин рӯ, наздикшавии эҳтимолӣ ба ИИАО бояд бо сиёсати саноатие ҳамроҳ бошад, ки ба афзоиши арзиши иловашуда дар дохили кишвар, рушди истеҳсолоти коркардкунанда, ҳамкории агросаноатӣ, энергетика, нақлиёт, логистика ва иқтисоди рақамӣ равона шудааст.
Масъалаи коҳиш додани бастагӣ аз интиқоли маблағҳо аҳамияти махсус дорад. Новобаста аз қарори марбут ба ИИАО, Ҷумҳурии Тоҷикистон объективона манфиатдор аст, ки тадриҷан аз модели иқтисодие, ки дар он қисми назарраси даромади хонаводаҳо аз ҳисоби муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ ташаккул меёбад, ба модели бар тавсеаи шуғли дохилӣ, сармоягузорӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда асосёфта гузарад. Дар акси ҳол ҳатто низоми муҳоҷиратии аз ҳама мусоид танҳо муваққатан маҳдудияти сохтории бозори меҳнати миллиро ҷуброн хоҳад кард.
Аз нуқтаи назари илмӣ-таҳлилӣ, даст кашидан аз муносибати якҷониба ба арзёбии ИИАО аҳамияти усулӣ дорад. Тасаввуроте, ки Иттиҳодро танҳо ҳамчун механизми тавсеаи нуфузи Россия маънидод мекунад, тамоми маҷмуи равандҳои иқтисодии дар дохили ин ташкилот ҷараёнёфтаро инъикос намекунад. Аммо тафсири ИИАО танҳо ҳамчун фазои ҳамгироии аз ҷиҳати иқтисодӣ бетараф низ аз лиҳози методологӣ нокифоя мебуд. Арзёбии воқеӣ бояд ҳамзамон мантиқи иқтисодӣ, хусусиятҳои институтсионалӣ, нобаробарии иштирокчиён, заминаи сиёсати хориҷӣ ва манфиатҳои дарозмуддати давлатҳои миллиро ба инобат гирад.
Маҳз чунин муносибати ҳамаҷониба барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти махсус пайдо мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои бархӯрди чанд раванди бузурги геоиқтисодӣ қарор дорад: ҳамгироии АвруОсиё, тавсеаи инфрасохтории Чин, ҳамкории минтақавии Осиёи Марказӣ ва ташаккули масирҳои нави нақлиётӣ миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ. Дар чунин шароит мавқеи ҷуғрофии кишвар метавонад аз маҳдудияти сохторӣ ба манбаи бартарии рақобатӣ табдил ёбад, ба шарте ки инфрасохтори нақлиётӣ, энергетикӣ ва рақамӣ рушд дода шавад.
Баъзе хулосаҳо
Таҳлили анҷомдодашуда имкон медиҳад ба хулосае расем, ки Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё лоиҳаи ҳамгироии устувор, вале ҳанӯз ба анҷомнарасида мебошад, ки иқтидори назарраси умумии иқтисодиро бо маҳдудияти ҷиддии институтсионалӣ ва сохторӣ муттаҳид месозад. Ҷиҳатҳои қавии он аз миқёси бозори умумӣ, созукори (механизми) ташаккулёфтаи ҳаракати озоди қувваи корӣ, таҷрибаи андӯхташудаи ҳамоҳангсозии сиёсати иқтисодӣ, рушди рӯзномаи рақамӣ, ҳамкории энергетикӣ ва нақлиётӣ, инчунин тавсеаи робитаҳои иқтисодии хориҷӣ иборатанд. Ҳамзамон нобаробарии иқтисодӣ миёни давлатҳои аъзо, мавқеи бартаридоштаи Федератсияи Россия, боқӣ мондани монеаҳои дохилӣ, фарқияти танзими миллӣ ва таъсири омилҳои геополитикӣ ва таҳримӣ маҳдудияти муҳим маҳсуб меёбанд.
Дурнамои ИИАО на он қадар аз тавсеаи расмии шумораи иштирокдорон, балки бештар аз қобилияти Иттиҳод барои баланд бардоштани самаранокии созукорҳои (механизмҳои) дохилӣ, коҳиш додани монеаҳои маъмурӣ, амиқсозии ҳамкории саноатӣ ва сармоягузорӣ ва ҳамзамон густариш додани робитаҳо бо бозорҳои хориҷӣ вобаста хоҳад буд. Фаъолияти иқтисодии хориҷии ИИАО, аз ҷумла рушди муносибатҳои тиҷоратӣ бо Эрон, Ҳиндустон ва давлатҳои дигар, аз ташаккули нақши васеътари геоиқтисодии Иттиҳод гувоҳӣ медиҳад.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории эҳтимолӣ бо ИИАО хусусияти якмаъно надорад. Бартариҳои эҳтимолӣ, пеш аз ҳама, бо муҳоҷирати меҳнатӣ, дастрасӣ ба бозорҳо, сармоягузорӣ, ҳамкории инфрасохторӣ, рақамикунонӣ ва тавсеаи имконҳои нақлиётиву логистикӣ алоқаманданд. Хатарҳои эҳтимолӣ тағйир ёфтани ҳаҷми воридоти гумрукӣ, шиддат гирифтани рақобат, вобастагӣ аз вазъи иқтисодии беруна, таъсири омилҳои таҳримӣ ва эҳтимоли маҳдуд шудани имконҳои манёвр дар арсаҳои робитаҳои иқтисодии хориҷиро фаро мегиранд.
Бо дарназардошти ин ҳолат, дар марҳалаи кунунӣ ба ҷои ба таври шитобкорона гузоштани масъалаи узвияти комилҳуқуқ, татбиқи стратегияи пайдарпайи «наздикшавии нарм» оқилонатар ба назар мерасад. Асоси ин стратегияро бояд машваратҳои амиқи байнидавлатӣ, арзёбии коршиносии паёмадҳои эҳтимолӣ, иштироки имконпазир дар қолабҳои нозирӣ, рушди ҳамкории соҳавӣ ва ба даст овардани созишномаҳои мушаххасе ташкил диҳанд, ки бартариҳои иқтисодии ченшавандаро таъмин мекунанд. Ҳамзамон ҳар гуна қарори минбаъда бояд бар натиҷаҳои таҳлили ҳамаҷонибаи макроиқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ асос ёбад.
Хулосаи ниҳоӣ
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба марҳалаи нави рушди худ ворид гардидааст, ки дар он масъалаҳои самаранокии дохилии Иттиҳод бо тағйироти низоми геоиқтисодии ҷаҳонӣ торафт зичтар омезиш меёбанд. Иттиҳод иқтидори назарраси иқтисодӣ ва устувории институтсионалии худро нигоҳ доштааст, вале ҳамзамон бо чолишҳое рӯ ба рӯ мебошад, ки аз нобаробарии имконҳои иқтисодии давлатҳои иштирокдор, фишори таҳримҳои беруна, нокифоя будани амиқии баъзе самтҳои ҳамгироӣ ва рақобат бо пружаҳои дигари иқтисодии минтақавӣ сарчашма мегиранд. Аз ин рӯ, ояндаи ИИАО аз қобилияти он барои табдил додани иқтидори институтсионалии андӯхташуда ба бартариҳои устувори амалӣ барои ҳамаи иштирокчиён вобаста хоҳад буд.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ИИАО набояд дар доираи мантиқи интихоби сиёсӣ миёни марказҳои гуногуни қудрат баррасӣ гардад. Аз лиҳози стратегӣ муносибати прагматикӣ бештар асоснок мебошад, ки дар доираи он ҳар як шакли ҳамкорӣ аз нигоҳи манфиати иқтисодии миллӣ, устувории рушди давлат ва ҳифзи мустақилияти сиёсати хориҷӣ арзёбӣ карда мешавад. Аз ин лиҳоз наздикшавӣ ба ИИАО метавонад ба яке аз унсурҳои стратегияи бисёрсамтаи иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёбад, ба шарте ки доираи васеи муносибатҳо бо Чин, давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ, Россия, созмонҳои байналмилалӣ ва дигар шарикон нигоҳ дошта шавад.
Модели аз ҳама ояндадор ҳамкории марҳалавӣ ба назар мерасад, ки қолабҳои машваратӣ ва нозирӣ, ҳамкории соҳавӣ ва созишномаҳои дуҷонибаро бо рушди пайдарпайи заминаи иқтисодии дохилии Тоҷикистон муттаҳид месозад. Диққати махсус бояд ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, тавсеаи заминаи истеҳсолӣ ва содиротӣ, навсозии инфрасохтори нақлиётӣ ва энергетикӣ, рақамикунонии расмиёти давлатӣ ва тиҷоратӣ, рушди таҳсилоти касбӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ равона карда шавад.
Ҳамин тариқ, масъалаи эҳтимоли пайвастани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ИИАО набояд танҳо дар асоси манфиатҳои кӯтоҳмуддати иқтисодӣ ё мулоҳизаҳои даргузари сиёсати хориҷӣ ҳал карда шавад. Ин интихоби стратегии дарозмуддат аст, ки паёмадҳои он ба сохтори тиҷорати хориҷӣ, низоми буҷетӣ, сиёсати муҳоҷират, рушди саноат, низоми сармоягузорӣ ва мавқеъгирии байналмилалии ҷумҳурӣ таъсир хоҳанд расонд. Дар марҳалаи кунунӣ сиёсати наздикшавии пайдарпай, бидуни пешакӣ даст кашидан аз дигар самтҳои ҳамкории байналмилалӣ, муносибтарин ба назар мерасад. Чунин модел имкон медиҳад, ки ҳамзамон фазои қабули қарорҳои мустақилона нигоҳ дошта шавад, аз ҳамгироии АвруОсиё бартариҳои амалӣ ба даст оварда шаванд ва раванди таҳаввулоти минбаъдаи худи ИИАО мавриди мушоҳида қарор гирад. Дар ниҳоят самаранокии ин стратегия на аз мақоми расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ё он созмони байналмилалӣ, балки аз қобилияти давлат барои истифодаи ҳамгироии минтақавӣ ба манзури ҳалли вазифаҳои навсозӣ, диверсификатсияи иқтисод, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ва таҳкими мавқеи дарозмуддати геоиқтисодии кишвар муайян карда мешавад.
САЙИДЗОДА Зафар Шералӣ,
мудири шуъбаи ИДМ-и
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
доктори илмҳои таърих, мушовири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
фиристодаи фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Адабиёт ва манбаъҳо
1. Созишнома дар бораи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аз 29 майи соли 2014.
2. Комиссияи иқтисодии АвруОсиё. Маводи расмии оморӣ ва таҳлилӣ оид ба савдои хориҷӣ ва мутақобила, бозори дохилӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, рӯзномаи рақамӣ ва равандҳои ҳамгироӣ.
3. Reuters. Мавод оиди ба қувваи амал даромадани созишномаи тиҷорати озод миёни ИИАО ва Эрон, соли 2025.
4. The Economic Times. Мавод оид ба оғози музокирот байни ИИАО ва Ҳиндустон дар бораи созишномаи тиҷорати озод, соли 2025.
5. Шурои Россия оид ба корҳои байналмилалӣ. Маводи таҳлилӣ оид ба рушди ИИАО ва дурнамои ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ.
6. Jamestown Foundation. Маводи таҳлилӣ оид ба ихтилофҳои дохилӣ ва чолишҳои берунии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё.
7. ISPI — Институти таҳқиқоти сиёсии байналмилалии Италия. Маводи таҳлилӣ оид ба бартариҳо ва нуқсонҳои ИИАО барои давлатҳои хурду миёнаи иштирокдор.
8. Eurasianet. Маводи таҳлилӣ оид ба Осиёи Марказӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва сиёсати минтақавӣ.
9. Mostafa G., Mahmood M. Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё: Таҳаввулот, чолишҳо ва самтҳои эҳтимолии рушди минбаъда // Journal of Eurasian Studies. 2018. Ҷилди 9. Шумораи 2. Саҳ. 163–172.
10. MDPI, Journal of Risk and Financial Management. Таҳқиқот оид ба хатарҳои молиявӣ ва самаранокии институтсионалии давлатҳои аъзои ИИАО.
11. Шурои сиёсати хориҷӣ ва мудофиаи Федератсияи Россия. Маводи таҳлилӣ оид ба ҳамгироии АвруОсиё ва мавқеи давлатҳои Осиёи Марказӣ.