×

ҶАҲОН ДАР ТАЛОШИ СУЛҲИ ПОЙДОР ВА ФАЛСАФАИ “МАН КОРИ ХУДРО АЗ СУЛҲ САР ХОҲАМ КАРД”-И ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Бозгашт ба мавод

ҶАҲОН ДАР ТАЛОШИ СУЛҲИ ПОЙДОР ВА ФАЛСАФАИ “МАН КОРИ ХУДРО АЗ СУЛҲ САР ХОҲАМ КАРД”-И ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ИОМДОА Сиёсат 06-07-2026 ш.Душанбе
ҶАҲОН ДАР ТАЛОШИ СУЛҲИ ПОЙДОР ВА ФАЛСАФАИ  “МАН КОРИ ХУДРО АЗ СУЛҲ САР ХОҲАМ КАРД”-И ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Дар оғози садаи XXI бисёре аз сиёсатшиносон ва таҳлилгарон бар он назар буданд, ки пас аз анҷоми Ҷанги сард ҷаҳон ба марҳилаи нави ҳамкорӣ ва суботи байналмилалӣ ворид мегардад. Аммо воқеияти солҳои охир нишон медиҳад, ки низоми байналмилалӣ имрӯз бо яке аз мураккабтарин давраҳои худ рӯ ба рӯ шудааст. Муноқишаҳои мусаллаҳона дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, рақобати рӯзафзуни геополитикии қудратҳои бузург, таҳдидҳои терроризм ва ифротгароӣ, ноамнии киберӣ, буҳронҳои башардӯстона ва паёмадҳои тағйирёбии иқлим нишон медиҳанд, ки сулҳ дигар танҳо ба маънои набудани ҷанг нест, балки ба яке аз муҳимтарин шартҳои рушди устувори инсоният табдил ёфтааст. Ин вазъиятро оморҳои байналмилалӣ низ тасдиқ мекунанд. Тибқи маълумоти охирини Пажӯҳишгоҳи байналмилалии таҳқиқоти сулҳи Стокҳолм (SIPRI), хароҷоти ҳарбии ҷаҳон дар соли 2025 ба 2,887 триллион доллар расида, барои ёздаҳумин сол пайдарпай афзоиш ёфт. Дар тӯли даҳ соли охир ҳаҷми умумии хароҷоти ҳарбӣ дар ҷаҳон беш аз 41 фоиз афзудааст, ки аз афзоиши эҳсоси ноамнӣ ва авлавият пайдо кардани рақобати низомӣ дар сиёсати бисёр давлатҳо шаҳодат медиҳад.  Дар баробари ин, Созмони Милали Муттаҳид низ борҳо ҳушдор додааст, ки афзоиши бесобиқаи хароҷоти ҳарбӣ метавонад захираҳоеро, ки барои рушди устувор, маориф, тандурустӣ ва мубориза бо тағйирёбии иқлим заруранд, маҳдуд созад. Дар гузориши Дабири кулли СММ таъкид мешавад, ки амнияти воқеӣ танҳо бо афзоиши тавоноии низомӣ таъмин намешавад, балки дипломатия, ҳамкории байналмилалӣ ва сармоягузорӣ ба рушди инсонӣ нақши ҳалкунанда доранд. Тибқи маълумоти Индекси ҷаҳонии сулҳ (Global Peace Index), дар солҳои охир шумораи давлатҳое, ки дар ҳолати муноқишаҳои фаъол ё ноустувории шадид қарор доранд, афзоиш ёфтааст ва сатҳи умумии сулҳи ҷаҳонӣ тадриҷан коҳиш меёбад. Ин тамоюл нишон медиҳад, ки низоми байналмилалӣ ба марҳилаи нави «ноустувории дарозмуддат» ворид шудааст, ки дар он муноқишаҳо на танҳо зуд ба анҷом намерасанд, балки хусусияти тӯлонӣ ва такроршавандаро мегиранд. Дар баробари ин, буҳрони муҳоҷират яке аз нишонаҳои возеҳи осебпазирии сулҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Тибқи гузоришҳои Комиссариати олии СММ оид ба гурезаҳо (UNHCR), шумораи одамоне, ки маҷбуран аз манзилҳои худ кӯчонида шудаанд, дар даҳсолаи охир ба сатҳи рекордӣ расидааст ва миллионҳо нафар дар ҳолати паноҳҷӯӣ ва муҳоҷирати иҷборӣ қарор доранд. Ин вазъ на танҳо мушкилоти башардӯстона, балки фишори мустақим ба низоми байналмилалии амниятӣ ва иқтисодӣ ба вуҷуд меорад. Маҳз дар чунин шароити мураккаби байналмилалӣ масъалаи сулҳ аз нав ба меҳвари рӯзномаи ҷаҳонӣ баргаштааст. Агар дар гузашта таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ бештар ба ҳалли муноқишаҳои алоҳида равона мешуд, имрӯз зарурати ташаккули фарҳанги ҷаҳонии сулҳ, пешгирии низоъҳо ва ҳифзи манфиатҳои наслҳои оянда беш аз ҳар вақти дигар эҳсос мегардад. Аз ин рӯ, ташаббусҳое, ки на танҳо ба ҳалли буҳронҳои кунунӣ, балки ба таҳкими пояҳои сулҳи дарозмуддат нигаронида шудаанд, аҳамияти махсус пайдо мекунанд.

Дар шароите ки ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳҳои муассири пешгирии низоъҳо ва таҳкими суботи байналмилалиро тоқозо дорад, пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036»  бисёр бамаврид садо дод. Ин пешниҳодро метавон ҳамчун идомаи мантиқии сиёсати хориҷии Тоҷикистон арзёбӣ кард, ки тайи ду даҳсолаи охир тадриҷан ба пешбурди масъалаҳои дорои аҳамияти ҷаҳонӣ равона гардидааст. Бояд зикр намуд, ки дар амалияи муносибатҳои байналмилалӣ на ҳар як давлат метавонад мавзуъи наверо ба рӯзномаи Созмони Милали Муттаҳид ворид созад. Барои чунин иқдом танҳо иродаи сиёсӣ ба кор нахоҳад омад, балки эътимоди байналмилалӣ, қобилияти ҷалби шарикон ва мавқеи фаъол дар дипломатияи бисёрҷониба низ зарур аст. Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият маҳз тавассути ҳамин усул, ки онро дар Консепсияи сиёсати хориҷии кишвар, сиёсати “дарҳои боз” мегӯянд,  тавонист аз як иштирокчии рӯзномаи байналмилалӣ ба кишвари ташаббускор табдил ёбад. Агар ба таҳаввули сиёсати хориҷии Тоҷикистон назар афканем, мушоҳида мегардад, ки аксари ташаббусҳои байналмилалии кишвар ба масъалаҳое нигаронида шудаанд, ки аз манфиатҳои як давлат фаротар мераванд. Ташаббусҳои марбут ба захираҳои об, рушди устувор, ҳифзи пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим намунаҳои равшани чунин иқдомҳо мебошанд. Қабули як қатор қатъномаҳои Маҷмаи Умумии СММ оид ба об ва муҳити зист бо пешниҳоди Тоҷикистон нишон дод, ки дипломатияи кишвар бештар ба пешниҳоди ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ низ такя мекунад ва танҳо ба ҳимояи манфиатҳои миллӣ маҳдуд нагардидааст. Дар ҳамин замина, пешниҳоди нави Тоҷикистон оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда низ идомаи ҳамин мантиқ мебошад. Агар ташаббусҳои қаблӣ бештар ба амнияти экологӣ ва истифодаи устувори захираҳои табиӣ нигаронида шуда бошанд, ташаббуси нав ба масъалае рӯ меорад, ки асоси ҳалли ҳамаи буҳронҳои муосир ба ҳисоб меравад, яъне сулҳи пойдор. Зеро на рушди иқтисодӣ, на ҳифзи муҳити зист ва на иҷрои Ҳадафҳои рушди устувор бидуни сулҳу субот имкони татбиқи комил надоранд. Аз ин лиҳоз, Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба рӯзномаи ҷаҳонӣ  ҳамчун посух ба вазъи кунунии байналмилалӣ арзёбӣ гардида,  ҳамзамон инъикоскунандаи таҷрибаи таърихии худи Тоҷикистон низ мебошад. Ҷолибият ва фалсафаи ин силсилаҳо дар он ҳувайдо мегарданд, ки Пешови миллат аз замоне, ки зимоми давлатдориро ба даст гирифтанд, чунин иброз доштанд “Ман кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард”. Ин албатта тасоддуфӣ нест, давлате, ки солҳои аввали истиқлолият бо ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронида, баъдан тавонист тавассути музокирот, созиш ва оштии миллӣ ба сулҳу субот ноил гардад, имрӯз кӯшиш мекунад ин таҷрибаро дар шакли як ташаббуси байналмилалӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод намояд. Аз ин нигоҳ, ташаббуси мазкур танҳо як ҳуҷҷати сиёсӣ нест, балки бозтоби таҷрибаи амалии давлатест, ки арзиши сулҳро аз воқеияти таърихии худ дарк кардааст.

Ҳамзамон, аҳамияти дигари ин ташаббус дар он аст, ки он мафҳуми сулҳро аз доираи анъанавии «пешгирии ҷанг» фаротар мебарад. Дар матни қатъномаи қабулшуда таваҷҷуҳ на танҳо ба ҳалли низоъҳои мавҷуда, балки ба ташаккули фарҳанги сулҳ, таҳкими ҳамбастагии байни наслҳо ва ба инобат гирифтани манфиатҳои шаҳрвандони оянда равона шудааст. Ин равиш бо ҳуҷҷатҳои стратегии нави Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла, “Паймон барои оянда» (Pact for the Future), ҳамоҳанг буда, нишон медиҳад, ки Тоҷикистон масъалаи сулҳро дар доираи тамоюлҳои нави идоракунии ҷаҳонӣ пешниҳод намудааст, на берун аз онҳо. Пешвли маллат зимни суханрониашон дар робита ба ин масъала изҳор доштанд, ки: “ Сулҳ танҳо набудани  ҷанг нест, сулҳ фарҳанг аст, сулҳ масъулият аст, сулҳ эҳтиром ба шанну шарафи инсон аст, сулҳ таъмин намудани адаолат ва икониятҳои баробар барои ҳамаи инсоният аст”.

Имрӯз шумораи муноқишаҳои мусаллаҳона афзоиш ёфта, хароҷоти ҳарбӣ ба баландтарин сатҳи таърихӣ расидааст, дар ҳоле ки эътимод миёни давлатҳо коҳиш меёбад ва дипломатия дар бисёр ҳолатҳо зери фишори рақобатҳои геополитикӣ қарор гирифтааст. Таҷрибаи таърих нишон медиҳад, ки низоми байналмилалӣ танҳо бар асоси тавозуни қудрат устувории дарозмуддат ба даст оварда наметавонад. Пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҷомеаи ба ин хулоса расид, ки сулҳи пойдор танҳо тавассути механизмҳои ҳарбӣ на, балки бо таъсиси низоми фарогири ҳамкории байналмилалӣ таъмин мегардад. Маҳз дар ҳамин замина Созмони Милали Муттаҳид таъсис дода шуд. Дар муқаддимаи Оинномаи СММ таъкид мегардад, ки халқҳои ҷаҳон уҳдадор мешаванд наслҳои ояндаро аз балои ҷанг, ки ду маротиба дар як насл инсониятро ба фоҷиаҳои бузург рӯ ба рӯ кард, ҳифз намоянд. Ин принсип имрӯз низ аҳамияти тоза пайдо кардааст, зеро ҷомеаи ҷаҳонӣ боз бо афзоиши муноқишаҳои тулонӣ ва ноустувории глобалӣ рӯ ба рӯ мебошад. Ҳамзамон, буҳронҳои муосир нишон медиҳанд, ки мафҳуми сулҳ низ тағйир ёфтааст. Агар дар гузашта сулҳ асосан ҳамчун набудани ҷанг фаҳмида мешуд, имрӯз он ба маҷмуъи омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва гуманитарӣ вобаста аст. Имрӯз ҷангҳо на танҳо ҷони одамонро мегиранд, балки рушди иқтисодӣ, амнияти озуқаворӣ, ҳифзи муҳити зист, дастрасӣ ба таҳсил ва тандурустиро низ зери хатар қарор медиҳанд. Аз ҳамин сабаб, сулҳ дигар танҳо масъалаи сиёсати дохиливу хориҷӣ набуда,  ба шарти асосии рушди устувор табдил ёфтааст. Дарпояи ин, ҷомеаи ҷаҳонӣ тадриҷан ба як дарки нав мерасад, яъне ҳалли буҳронҳои имрӯза танҳо бо нигоҳ ва посух ба оқибатҳои онҳо имконнопазир аст. Зарур аст, ки таваҷҷуҳ ба пешгирии низоъҳо, таҳкими фарҳанги муколама ва тарбияи наслҳое равона гардад, ки сулҳро ҳамчун арзиши умумии башарӣ қабул мекунанд. Бинобар ин, масъалаи наслҳои оянда дар солҳои охир ба яке аз меҳварҳои муҳими фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид табдил ёфтааст. Қабули “Паймон барои оянда» (Pact for the Future) дар соли 2024 низ маҳз ба ҳамин тағйирёбии ҷаҳонбинӣ такя мекунад, чун қарорҳое, ки имрӯз қабул мешаванд, бояд на танҳо ба манфиатҳои имрӯза, балки ба ҳуқуқ ва имкониятҳои шаҳрвандони фардо низ хизмат намоянд. Дар ҳамин нуқтаи меҳварӣ ташаббуси Тоҷикистон аҳамияти махсус пайдо мекунад. Агар аксари муҳокимаҳои байналмилалӣ имрӯз бештар ба идоракунии буҳронҳои мавҷуда нигаронида шуда бошанд, пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаи бунёдӣ ҷалб намояд: Чӣ гуна метавон сулҳро барои наслҳое ҳифз кард, ки ҳанӯз ба дунё наомадаанд? Ин савол доираи баҳсро аз ҳалли муноқишаҳои рӯзмарра фаротар бурда, сулҳро ҳамчун масъулияти муштараки инсоният дар назди оянда кундаланг гузошт.

Дар муҳити муносибатҳои байналмилалӣ на ҳар як давлат имкони табдил додани таҷрибаи дохилии худ ба модели пешниҳодшавандаи ҷаҳониро дорад. Аммо ҳолатҳои нодире вуҷуд доранд, ки таҷрибаи як кишвар аз ҳудуди миллӣ берун рафта, ба як намунаи омӯзишӣ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил меёбад. Тоҷикистон дар ин замина дорои чунин хусусият мебошад. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 ба анҷом расид, дар адабиёти илмии сулҳшиносӣ ҳамчун намунаи нодири ҳалли низоъ тавассути музокироти тӯлонӣ ва фарогир баррасӣ мешавад. Дар ин ҷараён, на танҳо қатъи даргириҳо, балки барқарорсозии низоми сиёсӣ, бозгашти гурезаҳо, ваҳдати миллӣ ва эҳёи сохтори иҷтимоӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт. Таҷрибаи Тоҷикистон нишон дод, ки ҳатто дар шароити буҳронҳои амиқи сиёсӣ низ имкон дорад роҳи ҳалли осоиштаи низоъ тавассути муколама ва созиш ёфт шавад. Маҳз ҳамин таҷрибаи таърихӣ имрӯз ба як унсури муҳими дипломатияи муосири Тоҷикистон табдил ёфтааст.  Аз ин лиҳоз, ташаббуси пешниҳодшуда оид ба эълони Қатъномаи “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда”-ро метавон идомаи мантиқии ҳамин раванд арзёбӣ кард. Агар дар гузашта таҷрибаи сулҳи миллӣ ҳамчун дастоварди дохилӣ дида мешуд, имрӯз он ҳамчун сармояи сиёсӣ ва дипломатӣ ба сатҳи байналмилалӣ бароварда шуда, манбаъи омӯзиш барои таҳияи сиёсати глобалии сулҳ мебошад.

Аз нигоҳи назарияи муносибатҳои байналмилалӣ, чунин равандро метавон ҳамчун шакли «дипломатияи меъёрсоз» шарҳ дод. Дар ин асно давлат на танҳо манфиатҳои худ, балки арзишҳо ва меъёрҳои навро ба низоми байналмилалӣ пешниҳод мекунад. Тоҷикистон бо таъкид ба зарурати таваҷҷуҳ ба наслҳои оянда, сулҳро аз сатҳи як ҳадафи сиёсӣ ба сатҳи як арзиши байнинаслӣ мебарорад. Он бо тамоюлҳои муосири идоракунии ҷаҳонӣ, ки дар санадҳои Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла, чунон ки дар боло ҳам зикр намудем, ташаббуси “Паймон барои оянда» инъикос ёфтааст, ҳамоҳанг мебошад. Ҳамин тавр, аҳамияти ташаббуси Тоҷикистон на танҳо дар худи матни қатънома, балки дар мантиқи амиқи он ифода меёбад.  Аз ин нуқтаи назар, Тоҷикистон танҳо ташаббускори ин қатънома нест, балки иштирокчии фаъоли ташаккули “забони нави” сулҳ дар сиёсати ҷаҳонӣ мебошад ва ин забон сулҳро на ҳамчун ҳолати муваққатӣ, балки ҳамчун низоми устувори ҳамзистии байни наслҳо ва давлатҳо муаррифӣ мекунад. Ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълони Қатъномаи “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027–2036)” метавонад ҳамчун кӯшиши ворид намудани як дидгоҳи нав ба рӯзномаи Созмони Милали Муттаҳид арзёбӣ гардад. Ин дидгоҳ сулҳро на ҳамчун натиҷаи муваққатии раванди сиёсӣ, балки ҳамчун масъулияти дарозмуддати инсоният дар назди оянда пешниҳод менамояд. Дар ниҳоят, метавон гуфт, ки дар ҷаҳоне, ки бо афзоиши хатарҳо ва ноустувории глобалӣ рӯ ба рӯ мебошад, чунин ташаббусҳо танҳо дорои аҳамияти сиёсӣ намбуда, балки аҳамияти стратегӣ ва тамаддунӣ низ доранд Пас бетардид метавон гуфт, ки Пешвои миллати тоҷикон дар ниҳодаш сулҳҷу, сулҳпарвар ва сулҳхоҳ мебошанд, ки онро тавонистанд ҳам ба мардумашон фароҳам оранд, ҳам талош доранд, то таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро низ ба он ҳар чӣ бештару зудтар равона созанд.

МАДИМАРОВА Гулҳаё

ходими пешбари илмии шуъбаи Аврупои

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ