×

ҶАВОНОН НЕРӮИ СОЗАНДА ВА ОЯНДАИ ДАВЛАТ

Бозгашт ба мавод

ҶАВОНОН НЕРӮИ СОЗАНДА ВА ОЯНДАИ ДАВЛАТ

ИОМДОА Ҷомеашиносӣ 21-05-2026 ш.Душанбе
ҶАВОНОН НЕРӮИ СОЗАНДА ВА ОЯНДАИ ДАВЛАТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон қайд намуданд, ки “Мо сиёсати давлатии кор бо ҷавононро ҳамчун самти калидӣ дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ намуда, барои самаранок амалӣ гардидани он аз тамоми имкониятҳо истифода карда истодаем. Зеро ҷавонони мо неруи асосии пешбарандаи ҷомеа мебошанд ва мо бо ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии онҳо ифтихор мекунем. Имрӯз ҷавонони мо бо кору фаъолияти созандаи худ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвари соҳибистиқлоламон саҳми бузург доранд. Ҳоло дар кишварамон соҳае нест, ки ҷавонон дар он нақши фаъол надошта бошанд.”

Воқеан ҳам ҷавонон дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат аз онҳо вобастагии калон дорад. Дар давоми  солҳои соҳибистиқлолӣ дар самти баланд бардоштани мақоми ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардида, барои амалӣ намудани ташаббусҳои ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шароитҳои  мусоид фароҳам оварда шудааст.

Ба душвориҳои ибтидои замони соҳибистиқлолӣнигоҳ накарда,   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳибихтисос, касбу ҳунар ва мавқеи хоса пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Махсусан, бо ташаббуси Президенти кишвар аз соли 1997 Квотаи Президентӣҷудо гардид, ки ин як иқдоми саривақтӣ ҷиҳати тарбияи кадрҳои маҳаллӣ ва дастгирии ҷавонони донишманду кордон, аз ҷумла, духтарони деҳот буд.

Ҳамчунин, ҷиҳати ҳавасмандгардонии олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 20-уми марти соли 1998 таҳти №967 ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ таъсис дода шуд. Санаи 23 май бошад, дар ҳаёти ҷавонони кишвар нақши арзишманду таърихиро доро мебошад. Чунки маҳз ҳамин санаи соли 1997 Сарвари маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии навбатиашон бо ҷавонони лаёқатманд 23 майро “Рӯзи ҷавонон” эълон намуданд, ки аз соли 1998 дар кишвар ҳамасола ин рӯз ҷашн гирифта мешавад. Бо мақсади дастгирии шахсони болаёқат ва таҳсил намудани мутахассисон дар хориҷи кишвар аз ҳисоби фонди махсуси Сарвари давлат стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» таъсис дода шуд, ки дар ин самт фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 - юми августи соли 2008, №502 ба тасвиб расидааст. Тавассути чунин иқдом ҷавонони зиёде дар дохил ва хориҷи мамлакат дар бахшҳои мухталиф таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳои замонавӣ гардида, барои рушди соҳаҳои гуногун ба дар кишварамон хизмат намуда истодаанд.

Барои тарбияи нерӯи ободкор дар мамлакат ҳамасола баргузор гардидани як қатор озмунҳо, аз ҷумла Озмуни  ҷумҳуриявии  «Фурўғи  субҳи  доноӣ китоб  аст»,  «Тоҷикистон - Ватани  азизи  ман», «Илм-фурӯғи маърифат» мебошад, ки чунин ташаббусҳо нерӯи инсониро комил ва баҳри баланд бардоштани ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният нақши бузург дорад.      Ҳамчунин Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» дар соли 2023 ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров ва  ба ҳар як хонадони кишвар тақдим намудани китоби “Тоҷикон”, зиёд намудани нашри китобҳои бадеӣ, мутолиаи пайвастаи китоб ва ҳифзи асарҳои адибони гузаштаву муосир як тадбири саривақтӣва муассире дар ташаккули мафкураи миллии ҷавонон хоҳад буд.

Ҳадафи асосии Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо, пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.

Зеро ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа метавонанд дар таҳкими суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ нақши муҳим бозанд. Дар шароити таҳдидҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла экстремизм, терроризм ва ҷангҳои иттилоотӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷавонон аҳаммияти махсус дорад.

Бояд қайд намуд, ки эълон гардидани соли 2017 “Соли ҷавонон” соли хотирмон ва беназиртарину нотакрор дар ҳаёти ҳар як ҷавони саодатманди кишвар буд. Ҳамчунин, дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои миллии кор бо ҷавонон таъсис дода шудааст, ки намунаи олии эҳтиром ва эътимоди роҳбарияти олии сиёсии кишвар ба ҷавонон буда, аз сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат дарак медиҳад. Ин бори дигар собит месозад, ки Президенти кишвар дар таҳкими сиёсати давлатдорӣ ва ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ташаккули сиёсати ҷавонпарваронаро яке аз самтҳои асосии стратегии фаъолият медонад. Маҳз ин талошу заҳматҳои Пешвои миллат, муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон ҳаст, ки дар мусобиқаҳои варзишӣ,  ҷавонони Тоҷикистон ба дастовардҳои бузург ноил мегарданд. Махсусан Бозиҳои олимпӣ, ки мусобиқаи аз ҳама бошукуҳу бонуфуз ба шумор меравад, варзишгарон  парчами Тоҷикистонро баланд бардошта давлати моро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ менамоянд. Ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ дар таърихи варзиши тоҷик ин Расул Боқиев, ки дар Бозиҳои олимпии Пекин-2008 (Чин), соҳиби медали биринҷӣва Юсуф Абдусаломов аз намуди гӯштини тарзи озод сазовори медали нуқра гардиданд. Дар Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Мавзуна Чориева дар намуди бокс миёни бонувон сазовори медали биринҷӣ шуд. Соли 2016 дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро Дилшод Назаров дар намуди гурзандозӣ аввалин медали тиллоро ба Тоҷикистон овард. Дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов ва Давлат Болтаев соҳиби медалҳои биринҷи шуданд. Тоҷикистон бо се медали биринҷӣ миёни 206 давлати иштирокчӣ мақоми 79-умро касб кард, ки боиси ифтихор аст.

Дастоварди дигари даврони соҳибистиқлолӣ ин мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Dushanbe Grand Slam 2026”, ки рӯзҳои 1-3-юми май дар шаҳри Душанбе доир шуд, варзишгарони тоҷик соҳиби медалҳои тилло гардиданд.

Бо ҳам тавъам омадани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол дар моҳи май бесабаб нест. Бо ташаббуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҳимояти Созмони Милали Муттаҳид 25 май бо қабули қатъномаи махсус «Рӯзи ҷаҳонии футбол» эълон карда шуд. Чунин иқдом бори дигар собит мекунад, ки Тоҷикистон на танҳо ба рушди футбол дар маҳдудаи муайян, балки дар саросари сайёра манфиатдор буда, ҷонибдори густариши амиқ пайдо кардани варзиши рақами як дар тамоми ҷаҳон аст.

Тавре Пешвои миллат қайд намудаанд, “Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд. Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд”.

Воқеан, дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба дастовардҳои зиёд ноил гардид ва дар оянда маҳз ҷавонон метавонанд барои рушду густариши он саҳмгузор бошанд. Ҷавононро зарур аст, ки ҷавобан ба дастгирию пуштибонии Пешвои миллат баҳри ҳифзу густариш додани кишвар саҳмгузор бошанд. Махсусан, дар шароити дигаргуниҳои геополитикӣасоси тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангии ҷавононро пеш аз ҳама ғояи таҳкими истиқлоли давлатӣ, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, таъмини амният, ҳифзи тамомияти арзӣ ва татбиқи манфиатҳои умумимиллӣ бояд ташкил диҳанд.

ҚОДИРОВА Зулайхо

ходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон