×

МАРҲИЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ

Бозгашт ба мавод

МАРҲИЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ

ИОМДОА Сиёсат 16-09-2026
МАРҲИЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ

 

Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея дар солҳои охир мазмун ва самтҳои нави рушд пайдо намуда, тадриҷан ба яке аз самтҳои муҳими ҳамкории байналмилалии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Шарқӣ табдил меёбанд. Хусусияти муҳимми марҳилаи кунунии муносибатҳо дар он ифода меёбад, ки ҳамкории ду кишвар танҳо ба масъалаҳои алоҳидаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ё гуманитарӣ маҳдуд намонда, самтҳои нави технологӣ, саноатӣ, сармоягузорӣ ва рушди иқтидори инсонро низ фаро мегирад.

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея, ки 15 сентябри соли 2026 оғоз гардид, дар чунин шароити рушди муносибатҳои дуҷониба сурат гирифт. Ҳадафи сафар ҳамчунин иштирок дар нахустин Ҳамоиши «Осиёи Марказӣ - Ҷумҳурии Корея» маҳсуб мешавад.

Мавриди зикр аст, ки дар муносибатҳои ду кишвар заминаи ҳуқуқии зарурӣ барои рушди ҳамкорӣ ташаккул ёфтааст.

Муколамаи сиёсӣ ҳамчун заминаи рушди муносибатҳои иқтисодӣ. Яке аз хусусиятҳои муҳими марҳилаи нави муносибатҳои Тоҷикистону Корея таҳкими муколамаи сиёсӣ дар сатҳи олӣ ва баланд мебошад. Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Корея Ли Ҷэ Мён 16 сентябри соли 2026 аҳамияти фаъол будани муколамаи байнидавлатӣ барои рушди муносибатҳои гуногунҷанба таъкид гардид. Ҷонибҳо рушди ҳамкориро дар савдо ва иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, нақлиёт ва логистика, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ, кишоварзӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳифзи муҳити зист ва сайёҳӣ аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ карданд.  Ҳамзамон, ҷонибҳо ба фаъол намудани механизмҳои мавҷудаи ҳамкории иқтисодӣ, аз ҷумла Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва истифодаи имкониятҳои Фонди рушди иқтисодӣ ва ҳамкорӣ (EDCF) таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Дар ҳамин замина, пешниҳоди таъсиси гурӯҳи муштараки корӣ оид ба ҳамкории саноатӣ ва сармоягузорӣ низ қобили таваҷҷуҳ мебошад. Чунин механизм метавонад барои пайвастани имкониятҳои сармоягузорӣ бо лоиҳаҳои мушаххаси истеҳсолӣ ва саноатӣ замина фароҳам оварад. Дар мулоқоти Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ҳан Сон Сук низ масъалаи тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, инчунин фаъол намудани механизмҳои дуҷониба баррасӣ гардид.

Гузариш аз ҳамкории иқтисодӣ ба сармоягузорӣ ва истеҳсолот. Яке аз самтҳои асосии марҳилаи нави муносибатҳо метавонад ташаккули модели ҳамкорие бошад, ки дар он сармоягузорӣ бо технология, истеҳсолот, омодасозии кадрҳо ва содирот пайваст карда мешавад.

Дар мулоқоти сатҳи олӣ зарурати ҷалби фаъолтари доираҳои соҳибкории Корея барои ворид намудани сармояи мустақим ва технологияҳои муосир ба Тоҷикистон таъкид гардид. Ҳамчунин ҷонибҳо пешниҳоди кушодани намояндагии Агентии Корея оид ба мусоидат ба савдо ва сармоягузорӣ (KOTRA) дар Тоҷикистонро дастгирӣ намуданд.

Ин раванд барои Тоҷикистон аз нуқтаи назари саноатикунонии иқтисод аҳамияти хос дорад. Агар сармоягузорӣ танҳо ба ворид намудани таҷҳизот ё маблағгузории лоиҳаҳои алоҳида маҳдуд нашавад ва бо ташкили истеҳсолоти коркардкунанда, интиқоли технология, тайёр намудани мутахассисон ва баромадан ба бозорҳои хориҷӣ пайваст гардад, ҳамкории ду кишвар метавонад мазмуни дарозмуддати иқтисодӣ пайдо намояд.

Дар ин самт, мулоқоти роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бо ширкати SK Specialty-и Корея 16 сентябр аҳамияти махсус дорад. Дар он дурнамои таъсиси занҷираи муттаҳидаи арзиши волфрам дар Тоҷикистон тибқи модели «аз истихроҷ то истеҳсол» (Mine-to-Manufacturing) баррасӣ шудааст. Ин лоиҳа ба истифодаи захираҳои конҳои кишвар ва ташкили занҷираи арзиши иловашуда аз марҳилаи истихроҷ то истеҳсоли маҳсулоти коркардшуда равона мешавад.

Аз нуқтаи назари сиёсати саноатӣ, чунин муносибат масъалаи коркарди дохилии ашёи хом, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, тайёр кардани мутахассисони соҳавӣ ва рушди иқтидори истеҳсолиро ба ҳам мепайвандад.

Ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ. Самти дигари фарқкунандаи марҳилаи нави муносибатҳои Тоҷикистон ва Корея рушди ҳамкории рақамӣ ва технологӣ мебошад. 15 сентябри соли 2026 дар Сеул ҷаласаи нахустини вазирони рақамии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар формати «C5+1» таҳти унвони «Ояндаи ҳамкории Корея ва Осиёи Марказӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ, илм ва технология» баргузор гардид. Дар он иқтидор ва афзалиятҳои Тоҷикистон дар рушди зеҳни сунъӣ, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ муаррифӣ шуданд.

Дар доираи ин ҳамкорӣ масъалаҳои омодасозии кадрҳои баландихтисос, таҳқиқоти муштарак, рушди инфрасохтори рақамӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд. Ҳамчунин имкони истифодаи Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ барои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе ҳамчун платформа барои омӯзиш, такмили ихтисос, тадқиқоти илмӣ ва рушди лоиҳаҳои инноватсионӣ пешниҳод гардидааст.

Рушди иқтидори инсонӣ ва омодасозии кадрҳо. Дар муносибатҳои Тоҷикистону Корея самти гуманитарӣ, махсусан маориф ва омодасозии кадрҳо, аҳамияти афзоянда дорад. Зимни мулоқоту музокироти сатҳи олӣ 16 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши Ҷумҳурии Кореяро дар татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва рушди иқтидори инсонӣ тавассути барномаҳои таълимию академӣ ва ҷудо намудани квотаҳои давлатии таҳсилӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуданд. Ҳамзамон пешниҳоди зиёд намудани шумораи чунин бурсияҳо, пеш аз ҳама дар самтҳои технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, тиб, авиатсия ва муҳандисӣ баррасӣ шуд.

Ин самт бо талаботи нави бозори меҳнат ва тағйироти технологӣ робитаи мустақим дорад. Саноати муосир, рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ ва истеҳсолоти технологӣ на танҳо сармоя ва таҷҳизот, балки кадрҳои дорои донишҳои махсусро талаб мекунанд.

Аз ин рӯ, ҳамкории маориф ва илм метавонад қисми таркибии ҳамкории иқтисодӣ гардад. Дар чунин ҳолат донишгоҳҳо, марказҳои илмӣ, ширкатҳои технологӣ ва муассисаҳои давлатӣ метавонанд дар доираи барномаҳои муштарак ба тайёр намудани мутахассисон ва татбиқи лоиҳаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ҷалб шаванд.

Муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамчун самти муҳими ҳамкорӣ. Муҳоҷирати меҳнатӣ низ дар рӯзномаи муносибатҳои Тоҷикистону Корея ҷойгоҳи муҳим дорад. Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ҳан Сон Сук 16 сентябр масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва соддагардонии равандҳои дахлдор муҳокима шуданд.

Ин масъала барои Тоҷикистон аҳамияти иҷтимоию иқтисодӣ дорад. Дар шароити рушди технология ва талаботи нави бозори меҳнат, ҳамкории меҳнатӣ метавонад тадриҷан ба модели тайёр намудани кадрҳои дорои малакаҳои мушаххас, баланд бардоштани сатҳи тахассус ва истифодаи самараноки қувваҳои корӣ равона гардад.

Аз ин нуқтаи назар, таҷрибаи Корея дар соҳаи рушди малакаҳои касбӣ, омодасозии кадрҳо ва истифодаи технологияҳои муосир метавонад яке аз самтҳои омӯзиш ва ҳамкории дуҷониба бошад.

Саноат, захираҳои минералӣ ва ташкили занҷирҳои арзиш. Ташкили занҷирҳои устувори истеҳсолӣ ва таъминот яке аз масъалаҳои муҳими ҳамкории Корея бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. 14 сентябри соли 2026 дар Сеул ҷаласаи вазирони саноати Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар формати «C5+1» баргузор шуда, масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, тиҷорат ва ташаккули занҷирҳои устувори таъминот баррасӣ гардиданд. Барои Тоҷикистон ин раванд дар заминаи захираҳои табиии кишвар аҳамияти махсус пайдо мекунад. Масъалаи волфрам, ки 16 сентябр дар мулоқоти намояндагони Тоҷикистон ва SK Specialty баррасӣ шуд, намунаи эҳтимолии гузариш аз содироти ашёи хом ба ташкили занҷираи пурраи арзиши иловашуда мебошад.

Дар чунин модели ҳамкорӣ метавон марҳилаҳои зеринро ба ҳам пайваст намуд: истихроҷи ашёи хом, коркард, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, омодасозии кадрҳо, таҳқиқоти технологӣ ва содироти маҳсулоти дорои арзиши иловашуда.

Энергетика, муҳити зист ва рушди устувор. Дар музокироти сатҳи олӣ инчунин масъалаҳои мубориза бо оқибатҳои тағйирёбии иқлим, аз ҷумла босуръат об шудани пиряхҳо, татбиқи барномаҳои экологӣ ва ҳифзи гуногунии биологӣ баррасӣ гардиданд.

Ин самт барои Тоҷикистон ва Корея заминаҳои муштараки ҳамкорӣ фароҳам меорад.Тоҷикистон дорои иқтидори назарраси гидроэнергетикӣ ва масъалаҳои муҳими марбут ба пиряхҳо ва захираҳои об мебошад, дар ҳоле ки рушди технологияҳои камкарбон, рақамӣ ва экологӣ дар Корея метавонад барои татбиқи баъзе лоиҳаҳои муштарак аҳамият дошта бошад.

Ҳамин тариқ, масъалаҳои энергетика, технологияҳои сабз, идоракунии оқилонаи захираҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим метавонанд ба самти алоҳидаи ҳамкории Тоҷикистону Корея табдил ёбанд.

Ҳамкории иҷтимоӣ, тандурустӣ ва сайёҳӣ. Ҷумҳурии Корея дар татбиқи як қатор барномаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон низ нақш дорад. Зимни мулоқоти 16 сентябр ин таҷриба аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид гардид. Аз ҷумла, масъалаи дастгирии молиявии лоиҳаи сохтмони бинои асосии «Маркази ҷумҳуриявии илмии онкологӣ» низ дар доираи музокирот матраҳ шуд.

Ҳамкории тандурустӣ метавонад дар оянда соҳаҳои табодули таҷрибаи тиббӣ, тайёр намудани кадрҳо, технологияҳои тиббӣ ва таҳқиқоти муштаракро бештар фаро гирад.

Дар соҳаи сайёҳӣ низ зарурати густариши робитаҳо таъкид гардид. Тибқи иттилои расмӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва ташкили парвозҳои мустақим байни Тоҷикистон ва Корея аз ҷумлаи масъалаҳои пешниҳодшуда мебошанд.

Аҳамияти формати «Осиёи Марказӣ - Ҷумҳурии Корея». Марҳилаи нави муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Корея дар алоҳидагӣ аз рушди механизми минтақавии «Осиёи Марказӣ - Ҷумҳурии Корея» баррасӣ шуда наметавонад.

Иштироки Тоҷикистон дар нахустин Ҳамоиши сарони давлатҳо дар ин формат имконият медиҳад, ки масъалаҳои дуҷониба бо масъалаҳои минтақавӣ пайваст шаванд. Ҷаласаҳои соҳавии «C5+1» дар соҳаҳои саноат ва технологияҳои рақамӣ нишон медиҳанд, ки формати мазкур тадриҷан самтҳои мушаххаси ҳамкориро фаро мегирад.

Барои Тоҷикистон ин механизм метавонад барои муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ, захираҳои табиӣ, иқтидори энергетикӣ, лоиҳаҳои рақамӣ ва имкониятҳои рушди инфрасохторӣ истифода шавад.

Ҳуҷҷатҳои нави ҳамкорӣ ҳамчун заминаи ҳуқуқии густариши муносибатҳои Тоҷикистону Корея. Натиҷаҳои муҳими сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея баргузории маросими имзои санадҳои нави ҳамкории дуҷониба мебошад, ки 16 сентябри соли 2026 дар шаҳри Сеул баргузор гардид. Ин рӯйдод идомаи амалии музокироти сатҳи олии ду кишвар буда, барои рушди минбаъдаи заминаи меъёриву ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Корея аҳамияти муҳим дорад.

Дар натиҷаи мулоқот ва музокироти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Корея Ли Ҷэ Мён миёни ду давлат дар маҷмӯъ 17 санад, аз ҷумла созишномаҳо ва ёддоштҳои тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Санадҳои баимзорасида доираи васеи самтҳоро - аз инфрасохтор, нақлиёти роҳи оҳан ва тиҷорат то рушди идоракунии давлатӣ, технологияҳои рақамӣ ва омодасозии кадрҳо - фаро мегиранд.

Яке аз самтҳои муҳим густариши ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан мебошад. Ин ҳамкорӣ масъалаҳои сиёсати соҳавӣ, технологияҳо ва татбиқи лоиҳаҳои дахлдорро дар бар мегирад. Барои Тоҷикистон, ки ба рушди минбаъдаи иқтидори нақлиётиву логистикӣ ва таҳкими пайвастагии минтақавӣ манфиатдор мебошад, ин самт аҳамияти назарраси амалӣ дорад. Ҳамзамон, масъалаҳои омодасозии мутахассисони соҳаи нақлиёт низ мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифтанд.

Қисми муҳими санадҳои нав ба такмили заминаи институтсионалӣ ва ҳуқуқии ҳамкориҳои иқтисодӣ бахшида шудааст. Аз ҷумла, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи гумрук, аз ҷумла расонидани ёрии маъмурии мутақобила, ҳамкорӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, инчунин мубодилаи иттилооти молиявии иктишофӣ оид ба масъалаҳои муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм пешбинӣ шудааст.

Ҷойгоҳи махсусро ҳамкории саноатӣ ва инноватсионӣ ишғол менамояд. Ҷонибҳо ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи саноат, аз ҷумла саноати сабук ва нассоҷӣ, инчунин мубодилаи иттилооти илмию техникӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Ин раванд ба самти ҷалби технологияҳои муосир, сармоягузорӣ ва қарорҳои нави истеҳсолӣ ба иқтисоди Тоҷикистон мутобиқат менамояд.

Санадҳои нави баимзорасида ҳамчунин бояд дар заминаи гузариши муносибатҳои дуҷониба ба сатҳи нави институтсионалӣ арзёбӣ карда шаванд. Дар рафти мулоқоти сатҳи олӣ роҳбарони ду давлат ба мувофиқа расиданд, ки муносибатҳои байни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ба сатҳи шарикии ҳамаҷониба бароварда шаванд. Ин қарор яке аз натиҷаҳои муҳими мулоқоти роҳбарони ду кишвар ба ҳисоб рафта, идомаи мантиқии рушди муносибатҳои дуҷониба аз замони барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ дар соли 1992 мебошад.

Шарикии нав на танҳо самтҳои анъанавии ҳамкории сиёсӣ ва иқтисодиро фаро мегирад. Дар ҷараёни музокирот дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои муҳими маъданӣ, нақлиёти роҳи оҳан ва технологияҳои рақамӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ин самтҳо бо дарназардошти тағйироти иқтисодиву технологии ҷаҳонӣ ва зарурати таҳкими занҷираҳои таъминот аҳамияти рӯзафзун пайдо карда истодаанд.

Бо ҳамин тартиб, маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ 16 сентябри соли 2026 на танҳо як чорабинии дипломатӣ, балки марҳилаи муҳими ташаккули заминаи муосири шартномавию ҳуқуқӣ ва институтсионалии муносибатҳои Тоҷикистону Корея ба ҳисоб меравад. Маҷмӯи санадҳои баимзорасида барои гузариш аз ҳамкориҳои алоҳида ва соҳавӣ ба шарикии низомманду ҳамаҷониба замина фароҳам меорад, ки соҳаҳои иқтисод, нақлиёт, технологияҳои рақамӣ, маориф, саноат, амнияти низоми молиявӣ ва рушди сармояи инсониро фаро мегирад.

Татбиқи амалии ин санадҳо метавонад ба рушди минбаъдаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби сармоя ва технологияҳои муосир, омодасозии мутахассисон ва таҳкими ҳамкории институтсионалии байни ду давлат мусоидат намояд.

Хулоса, равандҳои 15-16 сентябри соли 2026 нишон медиҳанд, ки муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ба марҳилаи васеътар ва гуногунҷанбаи ҳамкорӣ ворид шудаанд. Дар музокироти сатҳи олӣ самтҳои савдо ва иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, нақлиёт ва логистика, рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ, кишоварзӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, муҳити зист ва сайёҳӣ ҳамчун самтҳои муҳими ҳамкорӣ баррасӣ шуданд.

Аз ин рӯ, марҳилаи нави муносибатҳои Тоҷикистону Кореяро метавон ҳамчун марҳилаи сифатан нав дар тавсеаи ҳамкории бисёрсоҳа: аз муносибатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ то технология, сармоягузорӣ, истеҳсолот, илм ва рушди иқтидори инсонӣ тавсиф кард. Натиҷаи амалии ин марҳила аз татбиқи созишҳо, лоиҳаҳои муштарак ва механизмҳои пешниҳодшуда вобаста хоҳад буд. Махсусан, таъсиси механизмҳои муштараки саноатӣ ва сармоягузорӣ, рушди ҳамкории технологӣ, васеъ намудани барномаҳои таълимӣ ва пешбурди лоиҳаҳои коркарди захираҳои минералӣ метавонанд самтҳои асосии рушди минбаъдаи муносибатҳои ду кишварро ташкил диҳанд.

МАҲМАДУЛЛОЗОДА Нурулло Раҳматулло,

муовини директори

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,

доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ