×

МУСИҚИИ ФАЛАК - ҲАМЧУН ОМИЛИ ТАҲКИМБАХШИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Бозгашт ба мавод

МУСИҚИИ ФАЛАК - ҲАМЧУН ОМИЛИ ТАҲКИМБАХШИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

ИОМДОА Сиёсат 21-10-2026 ш.Душанбе
МУСИҚИИ ФАЛАК - ҲАМЧУН  ОМИЛИ ТАҲКИМБАХШИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Фалак - мусиқии суннатии шифоҳии мардуми тоҷик мебошад, ки тӯли асрҳо ҳамчун ифодагари розу ниёз, талабу хостаҳои мардумӣ иҷрои вазифа кардааст. Дар суруди Фалак, асосан, рубоӣ ва ё дубайтие интихоб мегардад, ки маънои фалсафӣ дошта, ифшогари розу ниёзи мардум бошад. Фалак - маҷмӯи суруд ва навои мардуми тоҷик аст, ки бештар дар навоҳии кӯҳистон маъмул аст. Зеро дар тӯли асрҳо марди кӯҳистонӣ аз мушкилот, нодорӣ, гирудору нобасомониҳои рӯзгор ба танг омада, рӯ ба кӯҳсор овардаву аз таҳти дил фарёд мезад ва ба ин васила дарду ғам ва розу ниёзи худро ба осмонҳову офаридгори оламу одам ифшо менамуд.

Фарёди ӯ дар кӯҳҳо мунъакис гардида, ба фалак мепечид. Фалакжанри мусиқии қадимаи шифоҳӣ буда, дар тӯли садсолаҳо аз гӯш ба гӯш, аз забои ба забон, аз дил ба дил ба тарзи мактаби «устод-шогирд» то ба имрӯз расидааст. Фалак аз бахшҳои созию овозӣ иборат аст. Бахши созӣ мусиқии холис буда, овозӣ бо суруд, яъне рубоӣ иҷро карда мешавад. Ҳар кадоме аз ин бахш ду сабки иҷроӣ дорад: фалаки даштӣ ва фалаки роғӣ. Аз рӯи анъана Фалакро бо ҳамовозии созҳои мусиқии дутор (думбура), ғижак, най (тутак), сетор ва рубоби бадахшонӣ, бо ҳамсадоии дафу таблак иҷро мекунанд. Андозаи мусиқии фалакӣ бештар панҷ ҳаштякӣ (5/8), чор чорякй (4/4), ҳафт ҳаштякӣ (7/8), шаш ҳаштякӣ (6/8) ва ду чорякӣ (2/4) мебошанд. Жанри мусиқии Фалак ба ғайр аз Тоҷикистон, инчунин дар қисми шимолии Афғонистон ва якчанд вилоёти тоҷикнишини Покистону Ҳиндустон маъмул аст.

Аз рӯи анъана матни асосии Фалакро рубоӣ ташкил медиҳад, вале дар замони мо фалаксароён ҳангоми иҷрои сурудҳои фалакӣ ба ғайр аз дубайтиву рубоӣ, инчунин ғазалҳои баландмазмунро аз адаби классикӣ ва шоирони имрӯзаи тоҷик низ истифода менамоянд. Албатта замина, таърихи пайдоиш ва таркиби Фалак ягона аст, вале бо назардошти тарзи иҷро, истифода аз созҳои гуногуни мусиқӣ ва мавқеи ҷуғрофӣ Фалакро ба навъҳои даштӣ, роғӣ, дарвозӣ, афғонӣ (бадахшонӣ) ва кӯҳистонӣ ҷудо мекунанД. Фалак- жанри озод буда, ҳамеша дар ташаккулу такомул ва таҳаввулу инкишоф аст. Яке аз хусусиятҳои хоси Фалак бадоҳатан иҷро гардидани он аст ва аз шахси фалаксаро оқиливу зиракӣ, сухандонӣ, маҳорати баланди касбиро тақозо менамояд. Бояд бигӯем, ки бо заҳмату кӯшишҳои як идда донандагону иҷрокунандагони санъати фалаксароӣ, аз ҷумла, Бобохалили Одина, Раҷабмади Валӣ, Мадалии Барот, Карими Шиш, Акашариф Ҷӯраев, Ҳошими Қосим, Одина Ҳошим, Гулчеҳра Содиқова, Абдулло Назрӣ, Иброҳим Кобулиев, Мусаввар Минаков, Мамадато Таваллоев, Наврӯзшоҳ Қурбонхусейнов, Моҷон Назардодова, Нусайрӣ Одинаев, Ҳаким Махмудов, Файзалӣ Ҳасанов, Давлатманди Хол, Сафармуҳаммад Муродов, Дона Баҳром, Аслия Искандарова, Панҷшанбе Ҷорӯбов ва дигарон дар асри сипаригашта ва замони мо мусиқии Фалакривоҷу равнақ ёфт ва машхури олам гардид. 20-уми июли соли 1989 бо қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон дар назди театри мусиқӣ-драмавии шаҳри Кӯлоб, таҳти сарварии хунарманди варзида Давлатманди Хол ансамбли Фалак таъсис до да шуд, ки дар рушду нумуи ин мусиқии нодири мардуми тоҷик ахмияти хело мухдм дошт ва нақши бориз гузошт.

Дар замони мо низ Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва бахусус Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президента кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ба рушду нумӯи жанри мусиқии Фалак ғамхории зиёд зоҳир менамояд. Бо ташаббуси ӯ 16 ноябри соли 2001 ба ансамбли Фалак мақоми давлатӣ дода шуд, ки ҳоло дар назди Кумитаи телевизион ва радиои Ҷумхурии Тоҷикистон дорад. Инчунин бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августа соли 2007, ҳар сол 10-уми октябр ҳамчун «Рӯзи Фалак» ҷашн гирифта мешавад ва ин чорабинии фарҳангӣ бо тантана ва шукӯҳу шаҳомати ба худ хос таҷлил мегардад. Аз ҳар гӯшаю канори кишвар ва ҳатто аз хориҷи он хунармандони асили мардумӣ гирд омада, санъату хунари волои хешро пешкаши мардум менамоянд. Имрӯзҳо анъанаи эҷодию иҷроии фалаксароӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов мавриди тадрису омӯзиш қарор гирифта, устодону донандагони мардумии ин жанри шеърию мусиқии халқамон ба наели ҷавони ҳунармандон сирри нозукиҳои онро меомӯзонанд. Фалак яке аз падидаҳои марказии мусиқии тоҷикони кӯҳистон аст, жанри мусиқии суннатӣ, сабки иҷрокунандагӣ, асарҳои мусиқии якқисма ва силсилавӣ. Шаклҳои овозӣ ва созиро дорад. Дар мусиқии тоҷик ду шакли Фалак ҷо дорад: фалаки кӯлобӣ ва фалаки помирӣ. Ҳар яки он сабки иҷрокунандагии худро дорад. Дар Фалак ду навъи композитсияи асар ҷо дорад: яке дар асоси қолабзарб (усул) ва дигаре бидуни он, ба таври озодона баён мешавад. Хелҳои фалаки кӯлобӣ инҳоянд: фалаки даштӣ, фалаки равона, фалаки роғӣ, фалаки паррон, фалаки қаландарӣ, фалаки сафарӣ, фалаки ғарибӣ. Аз онҳо фалаки даштӣ бидуни қолабзарб аст. Фалаки сафарӣ, ғарибӣ ва даштӣ якқисма мешаванд. Фалаки роғӣ, паррон ва қаландарӣ дорои сохти якқисма ва силсилавианд.

ҚУРБОНОВА Ширин,

сарходими илмии Шуъбаи ИДМ-и

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ