Дар шароити муосири низоми муносибатҳои байналмилалӣ густариши ҳамкориҳои бисёрҷониба миёни давлатҳо яке аз омилҳои муҳими таъмини субот, рушди иқтисодӣ ва таҳкими амнияти минтақавию ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ сиёсати хориҷии худро дар асоси принсипҳои ҳамкории мутақобилан судманд, эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба роҳ монда, бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд. Дар ин замина Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамчун яке аз шарикони муҳими стратегӣ ва иқтисодии Тоҷикистон мавқеи махсусро ишғол мекунад.
Ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд яке аз омилҳои асосии рушди робитаҳои дипломатӣ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин раванд дур намонда, пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба низоми муносибатҳои байналмилалӣ ворид гардида, робитаҳои гуногунсамтаи худро бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ба роҳ монд. Аз оғози муносибатҳои дипломатӣ то имрӯз вохӯриҳои сатҳи олӣ ва муколамаҳои сиёсӣ миёни роҳбарони ду кишвар барои таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, дипломатӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, инфрасохторӣ, техникӣ, иҷтимоӣ ва илмӣ-фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Бояд таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз қудратҳои бузурги сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳон аҳамияти хос дорад. Чин имрӯз аз ҷумлаи шарикони асосии иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар татбиқи лоиҳаҳои муҳими зерсохторӣ, энергетикӣ ва сармоягузорӣ саҳми назаррас мегузорад. Ҳамзамон, ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин на танҳо дар доираи муносибатҳои дуҷониба, балки дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ низ густариш ёфта, ба таҳкими суботу амнияти минтақа ва рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд мусоидат менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии муносибатҳои ду кишварро зиёда аз 250 санади дуҷонибаи байнидавлатӣ ташкил медиҳад. Аз ҷумла, Изҳороти муштарак оид ба усулҳои асосии муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 9 марти соли 1993, Шартнома дар бораи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 15 январи соли 2007, Изҳороти муштараки сарони давлатҳо оид ба барқарор намудани муносибатҳои шарикии стратегӣ аз 20 майи соли 2013 ва Изҳороти муштарак оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои стратегӣ аз 13 сентябри соли 2014 аз ҷумлаи санадҳои муҳиме мебошанд, ки барои рушди муносибатҳои устувору дарозмуддати ду кишвар пояи қавии ҳуқуқӣ-шартномавӣ гузоштанд. Ҳамчунин, 31 августи соли 2017 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин Эъломияи муштарак оид ба истиқрори шарикии стратегии ҳамаҷониба ба имзо расид, ки барои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар рӯзҳои 11–14 майи соли 2026 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафари расмӣ анҷом доданд, ки ҳамчун қадами муҳим дар таҳкими муносибатҳои бисёрҷонибаи ду кишвар арзёбӣ мегардад. Дар натиҷаи ин сафар ҷонибҳо 31 санади нави ҳамкориро баҳри густариши минбаъдаи муносибатҳо ба имзо расониданд. Зимни музокирот роҳбарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин — Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таъмиқи ҳамкориҳои ҳамаҷониба ва шарикии стратегӣ дар давраи нав, инчунин Аҳднома оид ба ҳамсоягии неку абадӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду кишварро ба имзо расониданд. Қобили таъкид аст, ки ин санадҳо бо шиори «Дӯстӣ — абадан, душманӣ — ҳеҷ гоҳ» амалӣ хоҳанд гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дорои манфиатҳои муштараки иқтисодиву тиҷоратӣ мебошанд ва барои амалӣ намудани онҳо пайваста талош менамоянд. Ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, энергетика ва иқтисоди «сабз» самтҳои афзалиятноки рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ба ҳисоб мераванд. Тавре таъкид гардид, Чин дар миёни шарикони иқтисодии хориҷии Тоҷикистон мақоми пешсафро ишғол намуда, имрӯз дар кишвар зиёда аз 700 ширкати дорои сармояи чинӣ фаъолият мекунанд.
Дар мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷараёни ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дастгирии Ҳукумати он дар татбиқи лоиҳаҳои муҳими зерсохторӣ, аз ҷумла сохтмони шоҳроҳҳои дорои аҳамияти стратегӣ, изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ҳамзамон дурнамои таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноат, энергетика, иқтисоди «сабз», рақамикунонӣ, технологияҳои муосир ва татбиқи зеҳни сунъӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Инчунин, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, гидроэнергетика, нерӯи офтобӣ ва маҷмааи агросаноатӣ муҳим арзёбӣ гардид. Аз ин рӯ, Ҳукумати Тоҷикистон иштироки ширкатҳои чинӣ дар таъсиси паркҳои саноатӣ ва рушди технологияҳои кишоварзиро омили муҳими густариши робитаҳои гуногунсамта медонад.
Дар доираи сафари расмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону намояндагони як қатор ширкатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин низ мулоқот анҷом доданд. Пешвои миллат таваҷҷуҳи соҳибкоронро ба фазои мусоиди иқтисодӣ, имкониятҳои рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ва тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу сармоягузорӣ ҷалб намуданд. Таъкид гардид, ки ҳаҷми сармоягузориҳои чинӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон ба наздики 6 миллиард доллар расида, аз он тақрибан 3,5 миллиард доллар сармоягузории мустақимро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи ин сафар миёни ширкатҳои Тоҷикистону Чин беш аз 50 санади ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ҷалби зиёда аз 8 миллиард доллари амрикоиро ба иқтисоди Тоҷикистон пешбинӣ менамояд.
Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай ва механизми «Осиёи Марказӣ — Чин» низ ба роҳ монда шудаанд. Дар доираи ин созмонҳо масъалаҳои мубрами замони муосир, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, тундравӣ, ҷинояткории киберӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Зимни мулоқот муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳалли ҳама гуна низоъҳо ва ихтилофот тавассути роҳҳои сулҳомез ва воситаҳои сиёсиву дипломатӣ мебошад.
Ҳамчунин, дар ҳошияи мулоқот аҳамияти ташаббуси Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин оид ба «Идоракунии глобалӣ» тавассути ташаккули низоми одилонаи байналмилалӣ ва пешниҳоди таъсиси Созмони байналмилалии сулҳовар таъкид гардид. Дар фарҷоми музокирот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпинро барои анҷом додани сафари ҷавобӣ ба Тоҷикистон даъват намуданд.
Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи худро дар соҳаҳои сиёсӣ, дипломатӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, саноат, илмӣ-фарҳангӣ, техникӣ, соҳибкорӣ, бонкдорӣ, инфрасохтор, иқтисоди «сабз», рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ ба таври назаррас густариш додааст. Нуқтаҳои зикршуда нишон медиҳанд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар ҳоли рушду таҳким қарор дошта, дар оянда низ ҳамкориҳои дӯстонаву судманд дар тамоми самтҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо боз ҳам тавсеа хоҳанд ёфт. Густариши чунин ҳамкориҳо дар таҳкими суботу амнияти минтақавӣ аҳамияти калон дошта, таъмини амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳам барои кишварҳои минтақа ва ҳам барои Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳим арзёбӣ мегардад.
ФАЙЗУЛЛАЕВА Нигора
ходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ