(Ба истиқболи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо Истиқлолияти давлатӣ яке аз падидаҳои сиёсӣ ва бунёдии эҳёи ҳувият ва худшиносиву худогоҳии миллӣ ба шумор меравад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳёи давлатдории миллӣ ва ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар солҳои 90-уми асри XX ба марҳилаи нави ташаккул ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ замина гузошт.
Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми тоҷик на танҳо зуҳуроти сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, балки гардиши куллӣ дар масири эҳёи руҳу равон ва ташаккули нави ҳувияти миллӣ гардид. Маҳз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба миллати тоҷик шароит фароҳам овард, ки ба таърихи гузаштаи худ бо нигоҳи нав, озод аз таассуб ва бо ифтихори воқеӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфт, зеро ҳеҷ як давлати навбунёд бе такя ба заминаҳои устувори фарҳангӣ ва таърихӣ наметавонад амну субот ва бақои худро таъмин намояд.
Қобили зикр аст, ки худшиносиву худогоҳии миллӣ дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар дар даврони Истиқлолияти давлатӣ хусусияти комилан навро ба худ касб намуда, тадриҷан ба мафҳуми давлатдорӣ ва ватандорӣ пайваст шуд. Дар ин замина қабули рамзҳои давлатӣ - Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ, инчунин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввалин иқдомҳое буданд, ки дар зеҳни шаҳрвандон дарки дурусти соҳибдавлатӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандиро ҷойгир намуд. Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” ба забони тоҷикӣ мақоми шоиста дода шуд, ки минбаъд аз унсурҳои муҳими худшиносии миллӣ эътироф шуда, имрӯз воситаи муҳими интиқоли таъриху фарҳанг ва афкори илмиву сиёсии миллати куҳанбунёди тоҷик арзёбӣ мегардад. Унсури дигар, ки ҳамчун пули иртиботӣ байни гузаштаи дур ва давлатдории муосир нақши муассир дорад, хотираи таърихӣ ва рамзсозӣ мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери раҳбарии сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таърихи пурифтихори гузашта муроҷиат намуда, ҷиҳати баланд бардоштани ҳувияти миллии шаҳрвандон таваҷҷуҳи бесобиқа зоҳир менамоянд. Дар ин замина, эҳёи фарҳанги суннатӣ ва ҷашнҳои миллӣ, дар мисоли таҷлили ҷашни байналмилалии “Наврӯз”, ҷашнҳои бостонии “Сада” ва “Меҳргон” бамаврид маҳсуб меёбанд.
Илова бар ин, баргузор намудани чандин чорабиниҳои бонуфузи байналмилалӣ, ки дар раванди тақвияти худшиносиву худогоҳии миллӣ нақши калидӣ доранд, аз ташаббусҳои сарнавиштсози Сарвари давлат дар самти арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги волои миллати тоҷик ба шумор меравад. Аз ҷумла, 110 - солагии давлати Сомониён (1999), соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ (2006), ҷашнвораҳои шаҳрҳои қадима (2700 - солагии Кулоб, 3000 - солагии Ҳисор, 5500 - солагии Саразм), инчунин нашр ва дастраси ҳар як хонадони тоҷик намудани шоҳасари “Тоҷикон”-и Б. Ғафуров ва “Шоҳнома”- и А. Фирдавсӣ дар кишвар аз иқдомҳое мебошанд, ки ҳисси баланди ифтихори миллиро дар ҳар оилаи тоҷик бедор намуда, ба ҷаҳониён исбот намуд, ки давлати имрӯзаи тоҷикон соҳиби таърихи ҳазорсола ва сарзамини аҷдодӣ буда, бо аввалин давлати тоҷикон – Сомониён пайванди таърихӣ дорад ва миллати тоҷик марбут ба қавмҳои қадимтарини тамаддуни башарӣ мебошад.
Боиси тазаккур аст, ки дар замони Истиқлолияти давлатӣ маҳз асарҳои бунёдӣ ва идеологии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз қабили “Тоҷикон дар оинаи таърих”, “Забони миллат – ҳастии миллат” ва “Нигоҳе ба таърихи тамаддуни ориёӣ” ҳамчун қутбнамо дар раванди тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ нақши муассир доранд. Зеро дар шароити замони муосир, дар баробари рушди босуръати технология, рақобати геополитикии қудратҳои манфиатхоҳ ва раванди ҷаҳонишавӣ, инсоният ба таҳдиду хатарҳои нав ва мураккаб дучор омадааст. Ба ҳама маълум аст, ки чунин таҳдиду хатарҳо, аз ҷумла терроризм, экстремизм, кибертерроризм, тағйирёбии иқлим ва буҳрони экологӣ, низоъҳои геополитикӣ ва хатари силоҳи қатли ом, хатарҳои биологиву тандурустӣ ва ғайраҳо сарҳад надошта, новобаста аз сатҳи рушди сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварҳои олам, таъсири манфӣ мерасонанд.
Бояд қайд намуд, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳояшон таъкид месозанд, ки ҷавонону наврасон ояндасози давлату миллат буда, дар марҳалаи ташаккули ҷаҳонбинӣ қарор доранд. Пешвои муаззами миллат ишора ба он менамоянд, ки ояндаи давлату давлатдорӣ аз сатҳи донишу ҷаҳонбинӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон вобаста мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки дар шароити таъсири фарогири фарҳангҳои бегона, тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ миёни ҷавонону наврасони даврони соҳибистиқлолӣ муҳимияти дучанд пайдо мекунад. Тарбияи дурустӣ ватандӯстӣ, мукаммал намудани маърифати сиёсӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҷалби ҷавонон ба фаъолияти иҷтимоӣ фарҳангӣ дар таҳким бахшидани ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва мансубияти миллӣ миёни ин қишри осебпазир мусоидат хоҳад кард.
Ҳамин тавр, Истиқлолияти давлатӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ мафҳумҳои ҷудонашаванда мебошанд. Истиқлолият ҳамчун неъмати бебаҳо ба миллати тоҷик фазоро барои тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ фароҳам овард, чунки доштани ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ кафили сулҳу субот ва рушди имрӯзу фардои давлату давлатдорӣ ва устувории Истиқлолияти давлатӣ мебошад.
САЛИМОВ Акбар,
ходими калони илмии шуъбаи
Осиёи Ҷанубу Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ