×

ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР ШАРОИТИ ТАҒЙИРОТИ ГЛОБАЛӢ АЗ МУКОЛАМАИ МИНТАҚАВӢ ТО ТАШАККУЛИ СУБЪЕКТИЯТИ МУШТАРАК

Бозгашт ба мавод

ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР ШАРОИТИ ТАҒЙИРОТИ ГЛОБАЛӢ АЗ МУКОЛАМАИ МИНТАҚАВӢ ТО ТАШАККУЛИ СУБЪЕКТИЯТИ МУШТАРАК

ИОМДОА Сиёсат 22-09-2026 ш.Душанбе
ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР ШАРОИТИ ТАҒЙИРОТИ ГЛОБАЛӢ АЗ МУКОЛАМАИ МИНТАҚАВӢ ТО ТАШАККУЛИ СУБЪЕКТИЯТИ МУШТАРАК

Рӯзҳои 17-19 сентябри соли 2026 дар Каденаббияи Италия мулоқоти байналмилалии коршиносон таҳти унвони «Осиёи Марказӣ дар шароити тағйироти глобалӣ: стратегияҳои миллӣ, амнияти минтақавӣ ва ташаккули ҳамкории нав» баргузор гардид. Ин чорабинӣ нишон дод, ки Осиёи Марказӣ дигар танҳо объекти рақобати геополитикӣ нест, балки кишварҳои минтақа тадриҷан ба иштирокчии фаъол ва ташаббускори равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ табдил меёбанд.

Дар мулоқот намояндагони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон - вакилони парламент, кормандони сохторҳои сиёсати хориҷӣ, олимону коршиносон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд. Чунин ҳайати гуногун нишон медиҳад, ки ҳамкории минтақавӣ танҳо вазифаи ҳукуматҳо нест. Барои ҳалли масъалаҳои мураккаб иштироки парламентҳо, марказҳои таҳлилӣ, ҷомеаи илмӣ ва фазои иттилоотӣ низ зарур мебошад.

Раиси Бунёди Конрад Аденауэр Аннегрет Крамп-Карренбауэр зимни муроҷиат ба иштирокчиён аҳамияти стратегии Осиёи Марказиро махсус таъкид намуд. Ӯ гуфт, «Ман хуб медонам, ки минтақаи шумо то чӣ андоза муҳим аст, чӣ аҳамияти стратегӣ дорад ва то чӣ андоза метавонад нерумандтар гардад». Ин андеша ба яке аз воқеиятҳои муҳими замони муосир ишора мекунад. Мавқеи ҷуғрофии Осиёи Марказӣ, захираҳои табиӣ, роҳҳои нақлиётӣ, иқтидори энергетикӣ ва аҳамияти он барои амнияти Авруосиё таваҷҷуҳи давлатҳо ва созмонҳои байналмилалиро бештар кардааст.

Аммо аҳамияти стратегӣ худ аз худ ба рушди устувор табдил намеёбад. Агар кишварҳои минтақа танҳо ҳамчун бозори ашёи хом ё долони транзитӣ арзёбӣ шаванд, имкониятҳои воқеии онҳо пурра истифода нахоҳанд шуд. Нерумандии Осиёи Марказӣ пеш аз ҳама аз қобилияти давлатҳои он барои муайян кардани манфиатҳои муштарак, ҳамоҳанг сохтани сиёсатҳо ва пешниҳод намудани ташаббусҳои минтақавӣ вобаста аст.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ солҳои зиёд сиёсати хориҷии бисёрсамтаро ҳамчун воситаи ҳифзи тавозун миёни марказҳои гуногуни қудрат истифода мебаранд. Ин равиш барои диверсификатсияи шарикӣ ва пешгирии вобастагии якҷониба муҳим аст. Бо вуҷуди ин, шароити нави байналмилалӣ танҳо мувозинат миёни шарикони берунаро талаб намекунад. Имрӯз зарур аст, ки худи минтақа ҳамчун фазои дорои ирода, манфиат ва рӯзномаи муштарак амал намояд.

Субъектияти минтақавӣ маънои таъсиси иттиҳоди баста ё яксон кардани сиёсати ҳамаи давлатҳоро надорад. Он қобилияти кишварҳоро барои муайян намудани масъалаҳои умумӣ, таҳияи мавқеъҳои мувофиқашуда ва пешбурди лоиҳаҳои муштарак ифода мекунад. Обу энергетика, тағйирёбии иқлим, нақлиёт, тиҷорат, амнияти озуқаворӣ, муҳоҷират, рақамикунонӣ ва мубориза бо таҳдидҳои фаромиллӣ аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки дар доираи сарҳади як давлат ҳал намешаванд.

Аннегрет Крамп-Карренбауэр низ таҳкими мавқеи Осиёи Марказиро ба рушди пайгиронаи ҳамкории байни давлатҳои минтақа, амиқсозии муколамаи сиёсӣ ва ташаккули механизмҳои устувори ҳамкорӣ вобаста донист. Дар ҳақиқат, вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, афзоиши робитаҳои иқтисодӣ ва густариши машваратҳои коршиносӣ нишон медиҳанд, ки кишварҳои минтақа ҳарчи бештар худ афзалиятҳои рушди минтақавиро муайян мекунанд.

Дар муҳокимаҳои Каденаббия амният танҳо аз нигоҳи ҳарбӣ баррасӣ нагардид. Устувории сиёсӣ бо рушди иқтисодӣ, дастрасӣ ба обу энергия, ҳифзи муҳити зист, ҳамлу нақли боэътимод ва сатҳи эътимоди байни ҷомеаҳо пайваст мебошад. Ин фаҳмиш барои Осиёи Марказӣ махсусан муҳим аст, зеро тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо ба низоми обию энергетикӣ, кишоварзӣ ва шароити иҷтимоии миллионҳо нафар таъсир мерасонанд.

Пайвастагии нақлиётӣ низ ҷузъи амният ба ҳисоб меравад. Рушди долонҳои байналмилалӣ метавонад минтақаи аз баҳр дурро ба пайванди муҳими тиҷорати Авруосиё табдил диҳад. Вале барои истифодаи чунин имкониятҳо танҳо сохтани роҳ кофӣ нест. Ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ, стандартҳои ягона, рақамикунонии тиҷорат ва муҳити пешгӯишавандаи сармоягузорӣ низ заруранд.

Дар соҳаи обу энергетика манфиатҳои кишварҳои болооб ва поёноб ҳамеша яксон нестанд, вале онҳо зиддияти ҳалнашаванда ҳам нестанд. Муколамаи доимӣ, мубодилаи мавсимии об ва неруи барқ, реҷаи мувофиқашудаи истифодаи обанборҳо, маблағгузории муштараки инфрасохтор ва механизмҳои ҷуброн метавонанд вобастагии мутақобилро ба омили ҳамкорӣ табдил диҳанд. Маҳз чунин масъалаҳо ба платформаҳои коршиносӣ мазмуни амалӣ мебахшанд.

Муовини якуми директори Институти таҳқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Акрамҷон Неъматов ба ҳайати намояндагии мулоқот таваҷҷуҳ намуда, зикр кард, ки дар як майдон сиёсатмадорон, вакилони парламент, кормандони сохторҳои сиёсати хориҷӣ ва коршиносоне ҷамъ омаданд, ки солҳои зиёд барои таҳкими ҳамкории минтақавӣ фаъолият мекунанд.

Арзиши чунин вохӯриҳо дар он аст, ки иштирокчиён метавонанд берун аз қолабҳои музокироти расмӣ мавқеъҳои миллиро муқоиса намоянд, нуқтаҳои ихтилофро ошкор созанд ва самтҳои имконпазири созишро пешакӣ баррасӣ кунанд. Бисёр қарорҳои сиёсӣ аввал дар шакли идея ё тавсияи коршиносӣ пайдо мешаванд. Агар муколама мунтазам бошад, он метавонад байни донишҳои илмӣ ва қабули қарорҳои давлатӣ пул эҷод намояд.

Бунёди Конрад Аденауэр омодагии худро барои дастгирии чунин раванд баён намуд. Аннегрет Крамп-Карренбауэр гуфт «Ман хеле хушҳолам, агар мо низ аз ҷониби худ, аз ҷумла тавассути табодули афкори имрӯза, дар ин раванд саҳми муайян гузошта тавонем. Ин барои ман боиси хушнудӣ ва ифтихор аст». Барои минтақа чунин шарикӣ дар сурате судманд мебошад, ки он ташаббусҳои худи кишварҳои Осиёи Марказиро тақвият диҳад ва ба ташаккули иқтидори таҳлилӣ, робитаҳои институтсионалӣ ва лоиҳаҳои муштарак мусоидат намояд.

Интихоби Каденаббия барои баргузории мулоқот маънои рамзӣ дошт. Villa La Collina бо фаъолияти нахустин Канслери федералии Олмон Конрад Аденауэр пайванди таърихӣ дорад. Ҳангоми будубош дар Италия ӯ дар ин макон на танҳо истироҳат мекард, балки корҳои давлатиро идома медод, меҳмонони хориҷиро қабул менамуд ва масъалаҳои сиёсати дохилию байналмилалиро баррасӣ мекард.

Имрӯз Бунёди Конрад Аденауэр ин анъанаро идома дода, Каденаббияро ба фазои муколамаи сиёсӣ ва коршиносии байналмилалӣ табдил додааст. Аннегрет Крамп-Карренбауэр ба иштирокчиён изҳор дошт, «Умедворам, ки фазои хос ва рӯҳи ин макон ба шумо илҳом бахшида, дар фаъолияти минбаъдаатон дастгирӣ хоҳад кард». Таърих дар ин ҷо танҳо хотира нест, он ҳамчун ёдоварӣ хизмат мекунад, ки эътимод ва ҳамкорӣ дар натиҷаи мулоқотҳои пайгирона ва иродаи сиёсӣ ташаккул меёбанд.

Аннегрет Крамп-Карренбауэр аз 1 январи соли 2026 раиси Бунёди Конрад Аденауэр мебошад. Ӯ 19 декабри соли 2025 ба ин вазифа интихоб шуда, Норберт Ламмертро иваз намуд. Таҷрибаи сиёсии ӯ фарогир аст, солҳои 2011–2018 сарвазири замини федералии Саар, солҳои 2018–2021 раиси Иттиҳоди насронӣ-демократии Олмон (ХДР) ва солҳои 2019–2021 вазири федералии мудофиаи Олмон буд.

Ин таҷриба ба ӯ имкон медиҳад, ки масъалаҳои ҳамкории байналмилалӣ, амният ва рушди институтсионалиро аз дидгоҳи амалӣ арзёбӣ намояд. Таваҷҷуҳи роҳбарияти нави Бунёд ба Осиёи Марказӣ метавонад барои идомаи барномаҳои омӯзишӣ, муколамаи сиёсӣ ва ҳамкории марказҳои таҳлилӣ имкониятҳои нав фароҳам оварад.

Мулоқоти Каденаббия бори дигар собит намуд, ки ояндаи Осиёи Марказӣ на танҳо аз муносибати қудратҳои беруна, балки аз сатҳи ҳамкории дохилиминтақавӣ вобаста аст. Афзоиши субъектияти минтақа дар ҳолате имконпазир мегардад, ки давлатҳо муколамаи сиёсиро ба механизмҳои устувор, лоиҳаҳои муштарак ва натиҷаҳои барои аҳолӣ эҳсосшаванда табдил диҳанд.

Барои ин, тақвияти робитаҳои байни парламентҳо, вазоратҳои корҳои хориҷӣ, муассисаҳои илмӣ, марказҳои таҳлилӣ, воситаҳои ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ муҳим мебошад. Платформаҳои коршиносӣ метавонанд идея пешниҳод кунанд, аммо татбиқи онҳо ба иродаи сиёсӣ, захираҳо ва низоми пайгирии натиҷаҳо ниёз дорад.

Осиёи Марказӣ дорои имкониятҳои бузург аст, вале қудрати воқеии минтақа на танҳо бо захираҳои табиӣ ё мавқеи ҷуғрофӣ муайян мешавад. Он аз сатҳи эътимод, қобилияти ҳамоҳангсозӣ ва омодагии кишварҳо барои табдил додани манфиатҳои муштарак ба амалҳои муштарак вобаста мебошад. Маҳз дар ҳамин сурат минтақа метавонад дар низоми ҷаҳонии тағйирёбанда на ҳамчун майдони рақобат, балки ҳамчун субъекти масъул, устувор ва ташаббускор ҳузур дошта бошад.

ДОРОНШОЕВА Некбахт Шоқосумовна

мудири шуъбаи ШМА ва Канадаи

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,

номзади илмҳои сиёсӣ,