×

ОСОРИ РӮДАКӢ ҲАМЧУН ПАЙВАНДГАРИ ДИПЛОМАТИЯИ ФАРҲАНГӢ ДАР ҶАҲОНИ МУТАМАДДИН

Бозгашт ба мавод

ОСОРИ РӮДАКӢ ҲАМЧУН ПАЙВАНДГАРИ ДИПЛОМАТИЯИ ФАРҲАНГӢ ДАР ҶАҲОНИ МУТАМАДДИН

ИОМДОА Сиёсат 23-09-2026 ш.Душанбе
ОСОРИ  РӮДАКӢ ҲАМЧУН ПАЙВАНДГАРИ ДИПЛОМАТИЯИ ФАРҲАНГӢ ДАР ҶАҲОНИ МУТАМАДДИН

Сардафтари адабиёти тоҷику - форс Абуаб­дуллоҳи Рӯдакӣ дар асрҳои IX-Х, дар давраи Сомониён    гулгулшукуфии фарҳанг, илм ва ҳунарҳои Шарқ зиндагӣ ва эҷод кардааст. Маҳз дар асрҳои IX-X давлатдории тоҷикон таъйид ва халқи тоҷик ташаккул ёфтааст.

     Бояд махсус таъкид кард, ки осори намояндагони барҷастаи адабиёти классикии тоҷику форс на танҳо дар кишварҳои форизабони Шарқ маъруф аст. Осори Абӯабдуллои Рӯдакӣ, ҳамчун намунаи  дипломатияи фарҳангӣ ба забонҳои олмонӣ, фаронсавӣ, англисӣ, арабӣ ва дигар забонҳо тарҷума шуда, инчунин мероси фарҳангии мардуми тамоми ҷаҳони мутамаддин гардидааст.

     Ховаршиноси маъруфи англис Э.Браун дар бораи шукуфоии илму шеър дар замони Рӯдакӣ сухан ронда, форсизабонҳоро “Гаҳвораи олимони машҳур ва шоирони беҳамто” номидааст. Сабаби шуҳрат ёфтани назми асрҳои IX-XV дар Аврупо файласуфи олмонӣ Г.Готхелл, ки  ҳамасри Э.Браун мебошад чунин арзёбӣ кардааст: “Шеъри -тоҷикӣ форсӣ бо ишқи худ ба зиндагӣ, ғановати тахайюлот, роҷеъ ба ҳиссиёти инсондӯстонаи шахс барои мо аз дигар ашъори Шарқӣ карда мақбултар аст”.  Ҳамзамон, пеш аз ҳама, осори мунтахаби панҷ классики адабиёти тоҷику форс: Фирдавсӣ, Хайём, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ мавриди таҳлил қарор гирифтааст.

     Олими барҷастаи австриягӣ Ҳаммер фон Пургштал низ дар омӯзиши назми тоҷикӣ-форсӣ саҳм гузошта, анъанаи илми ховаршиносиро дар Австрия асос гузошта, сипас ин анъанаро дар Олмон идома додааст. Соли 1818 ин донишманд асари худ “Таърихи шеъри форсӣ”-ро  ба табъ расонд, ки дар он 200 шоири тоҷику форс муаррифӣ шуда аст. Ҳ.Пургштал “Таърих”-и худро ба забони олмонӣ дар асоси асари “Тазкират-уш-шуаро”-и Давлатшоҳи Самарқандӣ  рӯи чоп овардааст.  Мутаассифона, ӯ бо маълумотҳои зиндагинома ва чанд шеъри Рӯдакӣ маҳдуд шуда буд.

Дар ин маврид  ховаршиноси машҳури фаронсавии асри XIX Амабл Журденро зикр кардан лозим аст, ки асари бунёдии “Форс”-ро дар панҷ ҷилд навиштааст. Ҷилди панҷуми ин асари илмӣ пурра ба адабиёти форс-тоҷик бахшида шудааст. Ӯ тавонистааст, ки ҷойгоҳи ҳар як классики Шарқро дар ташаккул ва рушди шеъри форсизабонҳо муайян кардааст.

     Ҷолиб аст, ки Ҳ.Эте ба гул-гулшукуфии илму фарҳанг дар замони Сомониён, ки дар он давра Рӯдакӣ зиндагӣ мекард, ишора кардааст. Ҳ.Эте тавонист, ки маъхазҳои заруриро гирд оварад, инчунин 50 порчаи ашъори мутааллиқ ба  Рӯдакиро пайдо карда, ба нашрҳои пешини ашъори шоир  илова намояд. Хидмати олими намоёни  олмонӣ Ҳ.Эте боз дар он аст, ки ӯ собит сохт Рӯдакӣ нобинои модарзод набудааст. Вай менависад: “Нигоҳи Рӯдакӣ ончунон равшан буд, ки гоҳо ҳақиқат доштани ривоятро зери шубҳа мегузорем, зеро дар он ашъоре, ки аз ӯ боқӣ мондааст, рангҳо нақши ғайричашмдошт акс ёфта   ба назари мо ӯ... нобиноии худро аз ҳад зиёд фаромӯш мекунад. Рӯдакӣ шоири тавоно, сарватманд, муваффақ, соҳиби чашмони равшан  буд”.

     Баъд аз даҳ сол ховаршиноси фаронсавӣ Ҷ. Дарместерер танҳо фар­зияи Х.Этеро такрор мекунад. Ҷ.Дарместерер дар монографияи худ “Тазкираи форсӣ” Рӯдакиро бо файласуф, мутафаккир, хунёгари Юнони қадим, ки барбатро зебо менавохт, бо Ҳомери нобино муқоиса менамояд. Вай инчунин хидмати Рӯдакиро дар бахши шеър ва ҳунари шеърхонӣ қайд мекунад. Аммо хидмати ӯ дар ин аст, ки ашъори Рӯдакиро ба дарборӣ, ошиқона, навмедона ҷудо месозад.

     Х.Эте дар рисолаи худ  “Рӯдакӣ – шоири Сомонӣ” одилона қайд мекунад:

“Кулли ҳамасрони Рӯдакӣ мерос ва хидматҳои ӯро ҳамчун асосгузори адабиёти тоҷику форс эътироф намуда, ӯро “шоири барҷастатарин”, “Шоҳи шоирон”, “Сари шоирон”, “Устоди устодон”, “Одам-уш-шуаро”, ин­чу­нин шоире, ки осори худро дар як “Девон” ҷамъ овардааст, медонанд. Рӯдакӣ барҷастатарин шоири тамоми давру замон аст”. Ба андешаи Ҳ.Эте, Рӯдакӣ ягона шоирест, ки “Шоҳасарҳои манзуми Эронро ихтироъ карда, дубора онҳоро тавассути калид-забон боз кардааст”.

     Ин ҷо суханони олими англис Денисон Россро, ки низ осори  Рӯда­киро омӯхтааст, овардан бамаврид аст. Ӯ ба ин бовар аст, ки аз “Девон”-и Рӯдакӣ  ашъори кам боқӣ мондааст ва бисёр шеърҳои бо номи ӯ ёд шуда ба Қатрон тааллуқ дорад, ки як аср баъд зиндагӣ кардааст. Денисон Росс бо таҳлили сатҳӣ гӯё “собит” кардааст, ки бештари ашъори Рӯдакӣ ба Қатрон, шоире, ки дар асри XI зиндагӣ кардааст, тааллуқ дорад.

         Рубоиётеро, ки бешак, ба Рӯдакӣ тааллуқ дорад, баррасӣ мекунем:

                Эй аз гули сурх ранг бибурдаву бӯ,

                Ранг аз пайи рух рабуда, бӯ аз пайи мӯ.

                Гулранг шавад, чу рӯй шӯйӣ, ҳама ҷӯ,

                Мушкин гардад, чу мӯ фишонӣ, ҳама кӯ.

         Ва ё:

               Бихандад лола бар саҳро, ба сони чеҳраи Лайло,

                Бигиряд абр бар гардун, ба сони дидаи Маҷнун.

     Дар шеъри Рӯдакӣ ҳар як тимсол табиӣ ва мухтасар аст. Рӯдакӣ ҳам қасидаҳои мукаммал ва ҳам “тағаззул” (ғазал)-ҳои ошиқона офаридааст. Ҳарду жанр фарогири тобиши амиқ ва ҳикмат аст.

     Соли 1897 ховаршиноси маъруфи олмонӣ Паул Ҳорн “Луғати форс”- и Асадии Тӯсиро нашр кард. Дар муқаддимаи ин китоб ӯ дар бораи порчаҳои гумшудаи достонҳои Рӯдакӣ “Калила ва Димна” ва “Синбод­нома” менависад, ки 16 ҳазор байт ба достони аввал ва чаҳор ҳазор байт ба “Синбоднома тааллуқ дорад. П.Ҳорн дар китоби худ “Таърихи адабиёти Эрон” дар бораи зиндагиномаи Рӯдакӣ ва достони гумшудаи ӯ “Калила ва Димна” маълумот медиҳад. Дар баробари ин вай, пеш аз ҳама, услуби ниҳоят содда ва фавқуллода баланди бадеии ашъори Рӯдакиро дар эҷоди шеър қайд мекунад.

 Лаҳзаи муҳими таърихӣ он аст, ки  ховаршиносӣ бузурги олмонӣ   Т. Нелдеке аввалин шахсе аст, ки  сатрҳои зеринро., ки зерин Ҳамосаи машҳури Рӯдакиро  мушахас кардааст :

Бӯи ҷуйи Мулиён ояд ҳаме,

Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.

  Албатта хидмати ховаршиносони аврупоӣ, ки ашъори зебо, содда ва дар айни  замон достонҳои “Калила ва Димна” “Симбоднома”-ро тарҷума кардаанд, бебаҳо аст. Онҳо хонандагони арупоиро  бо дурдонаҳои назми Рӯдакӣ, бо замони зиндагӣ ва эҷодиёти ӯ, бо забони шоири бузург ошно кардаанд. Рӯдакӣ 1155 сол пеш зиндагӣ кард, офарид, аммо осори бузурги ӯ он замон зинда буд, ҳоло зинда аст ва солҳои зиёд ҷовидон хоҳад монд!

 

ВОҲИДОВА Санавбарбону

мудири шуъбаи Аврупои

Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,

доктори илмҳои таърих